(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Рӯзи таҷлили Рӯзи сарҳадбонон ба Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, марзбонони шуҷоъи ватанро то Иди касбиашон табрику таҳният намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи номаи табрикотии хеш аз ҷумла зикр дошт, ки ба шарофати сиёсати дурбуинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон менамоем, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад. Ҳанӯз дар оғози истиқлолияти давлатӣ яке аз омилҳои асосии саршавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон халалдор гардидани хатти сарҳади давлатӣ буд. Дар он айёми ноором мо ҳанӯз нерӯҳои марзбонӣ ва ҳатто як нафар мутахассиси баландпоя надоштем. Бо истифода аз чунин вазъ, бадхоҳони миллату давлат бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвари мо яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, бо пуштибонии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ва дастгирии гурӯҳҳои ҷинояткор Ватани азизамонро ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Хушбахтона имрӯз тавоноӣ ва қудрати давлатдории мо имкон медиҳад, ки сарҳад аз ҷумла амнияти шаҳрвандонро бо сарбаландӣ дифоъ намоем. Роҳбарияти давлату Ҳукумат бо дарназардошти хусусиятҳои мушкили ҳифзи сарҳади давлатӣ минбаъд низ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ба хотири беҳсозии шароити хизмат ва зиндагии марзбонон тақвият бахшида истодааст.

Таъкид шуд, ки ҳар як пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон бояд барои тамоми афсарону сарбозон азизу муқаддас бошад ва ҳар як низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург ҳисобад.

Баъди анҷоми суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода ба як қатор афсарон ва аскарони қушунҳои сарҳадӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Сипас Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи зиндагӣ ва хизмати афсарону аскарони ин қисми низомӣ аз наздик шинос шуд. Зимни суҳбат бо табибони Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд аз вазъи пешгирии бемориҳо сироятӣ аз ҷумла короновирус иттилоъ пайдо намуда, таъкид дошт, ки дар шароити имрӯза, ки паҳншавии бемории коронавирус боиси ташвишу нигаронии мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари мо гардидааст, моро бетараф гузошта наметавонад. Ҳамарӯза тадбирҳои муҳими пешгирӣ ва мубориза алайҳи ин пандемияи оламгир равона шуда истодааст. Табибони ин қисми низомӣ низ барои мубориза ба он фаъол бошанд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омода аст, ки барои ҳалли масъалаҳои беҳтар кардани таъминоти доруворӣ ва дигар таҷҳизоти тиббӣ тадбирҳо андешад.

Сипас аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ба қисми тиббии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд як миқдор доруворӣ, маводи безараргардонӣ, корҷома, дастгоҳи сунъии нафаскашӣ, маводи озуқа дастрас карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...