19 Май 2020
Аёдати оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа асоси сиёсати раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад.
Татбиқи амалии ин сиёсат дар шаҳри Хуҷанд низ эҳсос мегардад.
Ҳамарӯза аз ҷониби роҳбарияти шаҳр, ашхоси саховатманд, вакилон ва дигарон оилаҳои ниёзманд мавриди аёдат қарор дода мешаванд.
Дирӯз аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Дуредгарон» №6 Меҳрдод Қаҳҳорзода 5 нафар оилаҳои ниёзманди маҳаллаи Чорчароғи шаҳр мавриди аёдат қарор гирифтанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд