(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТоҷикон аз қадимулайём бо камоли муруввату мадоро ва басо олиҳимматона фарҳанги аслии хешро доро буданд. Ҳамеша эҷодкор ва ганҷури тамаддуни ориёӣ буда, дар тули ҳазорсолаҳо дар руҳияи ҳамзистӣ, рафоқат, бародарӣ ва дӯстӣ зиндагӣ доранд. Муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардуми моро дар роҳи пешгирии ҳама гуна мушкилиҳо ғайрату нерӯ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Дар таърихи гузашта низ миллати сарбаланду таҳаммулпазири тоҷик дар роҳи душвори зиндагӣ ҳангоми сар задани шароити вазнин дасти ҳамдигарро мегирифтанд, дӯсту тифоқ буданд ва баҳри барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ якҷоя кушишу ғайрат менамуданд. Нишонаи аслии урфу одат, қабл аз ҳама одоби аҷдодии мо ин дастгирии ҳамдигар, амалҳои солеҳи инсонпарварона ва корҳои хайру нек ба назар мерасанд.

Бемории коронавирус ва дар миқёси ҷаҳон босуръат паҳн шудани он барои инсоният, аз ҷумла миллати сарбаланди тоҷик санҷиши нахустини сарнавишт нест. Агар гузаштани начандон дурро ба хотир орем, дар минтақаи Осиёи Марказӣ бемориҳои сироятӣ тез–тез хурӯҷ намуда, бар асари онҳо ҳазорон нафар ҷони худро аз даст медоданд.

Хирадмандон зиндагиро маҷмӯаи бешу кам номидаанд ва он аз ҳодисаву ҳолатҳои ғайричашмдошт ва ғайриинтизор пур аст. Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз касе ба гӯшаи хотир намеовард ва оварда ҳам наметавонист, ки мардуми сайёра ҳоло ба чунин хатар рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳар як рӯйдоди ҳаёт барои инсон панду андарз аст. Мо бояд аз рӯи онҳо натиҷагирӣ ва хулосабарорӣ намуда, роҳу шеваи дурустро интихоб кунем. Рӯзҳои сиёҳу сахти умри гузарон бояд аҳли ҷомеаро боз ҳам тифоқу аҳлтар созанд, ғамхорию дастгирӣ ва меҳрубонии инсонҳоро нисбати якдигар бештар кунанд.

Мардуми сайёра дар интиҳои соли 2019 аз пайдоиш ва паҳншавии бемориии коронавирус дар музофоти Юҳани Ҷумҳурии мардумии Чин огоҳӣ пайдо намудаанд ва дар кишвари мо вобаста ба пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемории мазкур андешидани чораҳои амалӣ аз ҳамон вақт оғоз ёфта буд ва то ҳол бомаром идома дорад.

Дар асоси дастуру супориши ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишу ғайрат, пеш аз ҳама, ба он нигаронида шуд, ки ин вирус ба мамлакатамон ворид нагардад. Аҳли ҷомеа худ шоҳид ҳастанд, ки дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 7 ҳазор нафар шаҳрвандон аз давлатҳои хориҷа ба Ватан баргашта бо карантин фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, тамоми гузаргоҳҳо маҳкам карда шуданд.

Имрўзҳо дар шабакаҳои интернетӣ хабарҳои зиеди умедбахш ба чоп расида истодаанд ва ҳамаи онҳо аз одоби бародарӣ, тифоќию ҳамдастӣ, дўстию мутаҳидии миллати мо шаҳодат медиҳанд. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар наҷоти ҳаёти ҷомеа нақши бузург дорад. Бешубҳа, ҳамаи ин натиҷаи таълиму тарбияи инсонпарваронаи аҷдоди бузургамон ва сиёсати мардумсолоронаи Пешвои миллат буда, моро вазифадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он бештар кушиш намоем.

Вале, мутаассифона дар ин айёми душвору сангин дар қатори мардуми хайрхоҳу босабру таҳаммули тоҷик, ашхоси бадхоҳ ва бадбин бо афкору ақидаи фитнаангези худ оромию осудагии мардумро халалдор намуда, барои расидан барои мақсадҳои ночизи худ аз фурсати муносиб истифода бурда истоданд ва дар расонаҳо хабару ҳангомаҳои бардуруғ ангехта истодаанд. Бархе аз сиёсатбозон ва ба ном мухолифони давлати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳои хабарии хориҷӣ кӯшиш мекунанд, ки суботу оромии мардуми кишвари моро халалдор намоянд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз оғози пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус як гурӯҳ ашхосон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии дурӯяи фурӯхташуда, ва душманони давлати миллат ин бадбахтии ба сари халқи ҷаҳон омадаро дидаю дониста барои ба таҳлука андохтани халқ, паҳн намудани овозаҳои беасосу бепоя, дурӯғ ва сиёҳ намудани давлату Ҳукумати кишвар истифода бурда истодаанд. Ин тоифа иқдому ташаббусҳо, корбариҳои назарраси баанҷомрасида ва ҳамдилию ҳамовозии мардумро намебинанд ва дидан ҳам намехоҳанд.

Чанд муддат вирди забони бадгӯёну бадхоҳон ҳамин буд, ки гӯё роҳбарияти кишвар ва дар умум мақомоти расмӣ ҳодисаи гирифторшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба бемории коронавирусро пинҳон медоранд. Ашхоси мазкур ҳатто барои тобиши дигар додани ба ҳодисаи марги чанд нафар бисёр кӯшиш ҳам намуданд, то давлат ва ҳукуматро сиёҳу бадном намоянд.

Аҳли ҷомеа, чи хурду чи калон, бояд як нуктаи муҳимро хуб дарк намоянд: аз пинҳон намудани пайдоишу паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла короавирус ба давлату Ҳукумат манфиате нест. Баръакс, пинҳон доштани вабои мазкур ва бепарвоӣ нисбати он бар зиёни ҳамагон аст.

Он ки то ба наздикӣ дар Ватанамон ҳодисаи гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашуда буд, ҳақиқатро пинҳон намудани мақомоти расмӣ не, балки самараи неки чораву тадбирҳои андешидашудаи саривақтӣ мебошад.

Ҳоло дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолияти худро ба таври густурда ба роҳ мондааст. Ҳар чи маҳдудияте, ки муваққатан ҷорӣ мегардад, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва ҳифзи саломатии аҳолист.

Тариқи расонаҳои ахбори оммае, ки воқеиятро холисона инъикос менамоянд, аз омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, дар умум хоҷагии халқ, захираҳои маводи доруворию таҷҳизоти тиббӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра воқиф шуда истодаем. Ба бозору фурӯшгоҳҳо маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ ворид гардида, нархҳо ҳам ба танзим даромада истодаанд ва барои хавотирию нигаронӣ ягон баҳонаю сабаб нест.

Пешвои муаззами миллат дар пиёдасозии иқдому ташаббусҳои ватандӯстона барои аҳли ҷомеа ҳамеша намунаи олии ибрат мебошанд. Музди меҳнати якмоҳаи вазифавиашонро барои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили коронавирус гузаронида, дилсӯзӣ нисбати халқ ва ҳиммати баланд доштанашонро бори дигар нишон доданд.

Дар чунин вазъияти ҳассос моро зарур аст, ки аз ин хатарҳо ва таҳдидҳо наҳаросида, роҳҳои табдил додани онҳоро ба имкониятҳои нав ва мусоид барои таъмини сиҳатии мардум пайдо намоем. Таърихи тамаддунофари тоҷикон худ собит месозад ва шароити имрӯзаи вазнину номусоиди ҷаҳон низ тақозо менамояд, ки танҳо ба он халқу миллатҳо роҳи баромадан аз мушкилиҳо ва шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам месозад, ки қудрати бебаҳои табдил додани бадиҳоро ба некиҳо доранд.

Бартарии бузурги Тоҷикистон дар баробари баъзе давлатҳо дар шароити буҳронии солҳои охири ҷаҳон маҳз сарчамъии мардуми сулҳпарвару аҳлу тифоқ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, моҳият ва арзиши ягонагию сарҷамъии мардуми мо ҳамчун сабақи ибратомӯз имрўз барои ҳамагон ниҳоят муҳим мебошад. Чунки дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир ҳамдастӣ, муттаҳидӣ ва ягонагӣ барои мардуми мо омили асосии сиҳатии ҷомеа, кафили боэътимоди амнияти давлат ва шарти асосии пешрафту ободии кишвари азизамон мебошад.

Тавре болотар ишора кардем, бемории коронавирус барои сокинони Тоҷикистон ҳам як навъ санҷиш ва имтиҳони зиндагист. Чуноне муҳтарам Президенти кишвар дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, мо борҳо аз чунин санҷишу имтиҳон гузаштаем ва ин бори низ сарбаландона хоҳем гузашт. Айни замон аз ҳамагон сабру таҳаммул ва тоқату истодагарӣ тақозо мешавад.

Бинобар ин, барои ноил шудан ба пирўзии комил дар мубориза бо вабои аср ва таъмини рӯзгори босаодати мардуми кишвари маҳбубамон ҳамаи мо - ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем, ки дар ин кори хайр саҳмгузор бошем. Хушбахтона бо ҷаҳду талоши фарзандони содиқи халқи тоҷик, ҳамзамон муҳоҷирони бо нангу номусу саховатпешаи тоҷик, майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва хости мардуми бонангу номуси Тоҷикистон, саломатӣ ва оромии мардуми мо дар кишвар ва берун аз он ҳарчӣ зудтар барқарор гардида истодааст.

Дар ҳақиқат имруз сокинони бонангу номус ва сарбаланди кишвари азизамон ботаҳаммул, қавиирода ва ҳадафмандона рафтор намуда, саъю талоши онҳо баҳои дастгирии табибон, ниёзмандону муҳтоҷон ва дар ин ҷода намунаи инсондӯстӣ нишон медиҳанд. Бо эътимоди комил ба ин фазилати мардуми соҳибмаърифату сарбаландамон, ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз бори дигар орзу менамоем, ки дар хонадони ҳар яки шумо чароғи муқаддаси оромӣ, саломатии бардавом ва хушрӯзию саодат ҳамеша фурӯзон бошад.

Бигзор, дар Тоҷикистони азизи мо то ҷовидон саломатии комилу бардавом, маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад!

Гулбаҳор Назирӣ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...