(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади дар амал татбиқ намудани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои суннати ниёгон, ҳифзи урфу одатҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими заминаи мусоид барои оилаҳои ҷавон, пешгирии амалҳои номатлуб , ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва ҷилавгирӣ аз бегонапарастӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акадмик Муҳаммад Осимӣ ҳамоиш таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем...” баргузор гардид.

Муяясара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд ҳамоишро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки таваҷҷӯҳ ба масъалаи тарбияи маънавии инсон, бунёди ҷомеаи солим ва тарбияи насли солим, дар меҳвари фаъолияти сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад. Мардуми сарбаланди тоҷик дорои фарҳанг, таърих ва маданияти қадима мебошанд. Мо бояд ба масъалаи аҷр гузоштан ба арзишҳои миллиамон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем ва ба таърихи гузаштаи хеш нигоҳе афканда, барои эҳёи либосҳои миллии тоҷикона саъю талош намоем.

Таъкид гардид, ки либос ва либоспўшӣ-ҷузъи фарҳанги ҳар як миллат буда, шаҳрвандон онро бо мақсади ҳифзу ҳимояи бадан аз таъсири манфии муҳити атроф, инчунин ба хотири зебоипарастӣ ва муарифии намуди зоҳирии хеш ба бар мекунад. Либос тассуроту ҷаҳонбинии одамонро низ муайян намуда, мақому манзалати иҷтимоии ўро равшан мегардонад.

Либосҳо ба навъҳо тақсим шуда, ба либосҳои расмӣ, ҷашнӣ (идона), фароғатӣ, истироҳатӣ, соҳавӣ, театрӣ, ҳаррўза, хонагӣ, истеҳсолӣ, мавсимӣ ва маросимӣ ҷудо мешаванд. Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати таҳкими Истиқлолият ва сулҳу субот тамоми рукнҳои давлатдории худро эҳё карда, бо фарҳанги волои худ дар олам машҳур гаштааст. Либоспўшӣ низ ҷузъи ҳамин фарҳанги тавоно буда, риояи он дар тамоми қаламрави кишвар ҳатмӣ мебошад. Либоспўшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ карда, бо тарзи дўхт, нақшу нигор ва истифодаи он ба куллӣ тафовут дошт ва як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб меёфт. Аз ин рўи, риоя кардану аз бар намудани либосҳои миллӣ бояд барои ҳар як соҳибватан шараф бошад.

Сипас, устоди ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ганҷинаи Шуҳрат, ходими илмии МД “Маҷмааи Истиқлол” Дилбари Илҳом ва номзади илмҳои педагогӣ Хайринисо Темирова дар мавзуъҳои вобаста ба фарҳанги либоспӯшӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ баромад намуданд.

Зикр гардид, ки донистани тарзи либоспўшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд. Шахс бо намуди зоҳирӣ ва маданияти либоспўшӣ мавқеи худро дар ҷамъият нишон дода, бо ин роҳ метавонад дар миёни атрофиён соҳибэҳтиром гардад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба маданияти либоспўшӣ диққати аввалиндараҷа диҳад: бо кадом либос ҳузур доштани худро дар хона, назди ҳавлӣ гирду атроф, ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаву муассиса, чорабиниҳои гуногун донад ва хешро бо тарзи дурусти либоспўшӣ муаррифи намояд. Маҳз, бо либосҳои миллӣ духтарони тоҷик боз ҳам зеботару нозанинтар ҷилвагар мешаванд ва мо боварӣ дорем, ки қабули қонуни мазкур дар таҳрири нав ба манфиати аҳли ҷомеа аст.

Изҳори нигаронӣ карда шуд, ки занону духтарони мо бояд аз урфу одатҳои бегона худдорӣ намуда, аз ҷумла дар либоспӯшӣ ба фарҳанги ғайр пайравӣ накунанд. Таассуфовар аст, ки солҳои охир бархе аз занону духтарони тоҷик ба либоспӯшии хонумони турку араб тақлид намуда, мисли онҳо либос ба бар мекунанд. Ин ба миллати мо хос набуда, тамоман бегона аст. Иддаи дигар либосҳои нимурён ва танги аврупоӣ мепӯшанд, ки он ба зану духтари тоҷик намезебад. Набояд фаромӯш кард, ки либоси миллӣ шиносномаи миллат буда, онро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Барои духтарон ва бонувон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастаи бадан намоён мешаванд, либосҳо, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия намешаванд.

Сипас, аз ҷониби донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ як қатор намунаҳои либосҳои тоҷикона муаррифӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...