15 Май 2014
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова, кулли ҳозиронро бо Рӯзи байналхалқии оила аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода табрик намуд. Дар баробарӣ баргузории ин чорабинӣ озмуни «Арӯси диёр» баргузор гашт. Бонувон дар назди ҳозирон аз рӯи шартҳои озмун маҳорати худмуаррифӣ, сарфаи буҷаи оилавӣ ва баромадан аз ҳолати ногуворро намоиш доданд.
Дар ниҳояти озмун «Шоҳҷоиза» насиби Саодат Турсунова, ҷойи якумро бошад Нодира Қӯзиева соҳиб гашт.
Ҳамчунин барои 20 нафар хатмкунандагони «Мактаби духтарони пешво», ки дар назди Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд амал менамояд, гувоҳномаи хатм супорида шуд.
Чорабинии мазкур хотирмон ва пуршукӯҳ гузашт.