(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки васеъи корхонаҳои саноатии шаҳр ва устодону хатмкунандагони донишкада ярмаркаи «Интихоби мутахассисони арзанда» баргузор гардид. Дар саҳни ҳавлии донишкада беш аз 60 корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар гӯшаҳои алоҳида молу маҳсулоти хешро муаррифӣ намуданд.

Хуршед Мақсудов, муовини директори донишкада зимни ифтитоҳи ярмаркаи «Интихоби мутахассисони арзанда» номаи табрикотии директори донишкада Дилафрӯз Саидиро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: «Ҳамасола дар донишкадаи мо баргузории чорабинии «Ярмаркаи интихоби мутахассисони арзанда» ба ҳукми анъана даромадааст. Ин тадбири муҳим ба хотири боз ҳам қавитар намудани робитаи донишкада бо ташкилоту корхонаҳо роҳандозӣ гардида, барои таъмини ҷойи корӣ ба хатмкунандагон ва ҳамчунин интихоби кадрҳои болаёқат ба роҳбарони коргоҳҳо мусоидат менамояд. Дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани мутахассисони касбӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар мадди аввал қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ таъкид медоранд, ки бобати фароҳам овардани ҷойи корӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд».

Таъкид гардид, ки эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илмҳои дақиқ буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои олии стратегии мамлакат мусоидат хоҳад намуд. Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои хеш зикр дошта буданд, ки бояд курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ҳунарро таъсис дода, ҷавонони бешуғлро ба он фарогир кунем, то онҳо тавонанд ҳунар омӯхта, соҳибкасб шаванд. Мутобиқ ба ин дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли хониши 2017- 2018 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада курсҳои кӯтоҳмуддат дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаи дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки умумиҷаҳонӣ ташкил гардиданд. Дар натиҷа зиёда аз 500 нафар ниёзмандон соҳиби сертификат гардида, имрӯз дар соҳаҳои таъмини барқ, нақлиёт ва дӯзандагӣ фаъолияти пурсамар бурда истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта донишкадаро 813 нафар хатм карда, тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 96, фоизи хатмкунандагон сохиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Аз он ҷумла тариқи ярмаркаи “Интихоби мутахассисони арзанда” зиёда аз 94 хатмкунандагон соҳиби ҷойи корӣ шуданд. Соли равон бошад донишкадаро 818 нафар донишҷӯён хатм хоҳанд кард. Мутмаъинам, ки дар ярмаркаи мазкур низ хатмкунандагони болаёқат соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Таъкид гардид, ки роҳбарияти донишкада бо мақсади қавитар сохтани ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо тасмим гирифтааст, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор, робитаҳоро мустаҳкам намояд. Зимни вохӯриҳо бо роҳбарони соҳаҳои кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, маҳсулоти хӯрока, энергетика, сохтмон ва меъморӣ мушкиливу муаммоҳо гуфта шуд. Зикр шуд, ки ҷараёни таҷрибаомӯзиҳо тақвият мехоҳад. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки донишкада дар назди ташкилоту муассисаҳои корхонаи муштараки “Ҷавонӣ”, коргоҳҳои “САТН”, “Тиниал”, “Суғдшаҳрофар-М” бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, шабакаҳои барқии вилояти Суғд, филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳҳомии “АРЗ -4” ва “Асотсиатсияи АББАТ” кафедраҳои сайёри худ таъсис дод.

Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ ин анъана идома ёфта, дар назди ҶДММ “Суғдшаҳрофар” - кафедраи дизайн ва меъморӣ, дар назди ҶДММ "МТИИ Ассотсиатсияи АВВАТ" - кафедраи автомобилҳо ва идораи нақлиёт таъсис ёфта, ҳамкориҳо бо ҶСП ТАҚҲ “Имон” ба сифати нав бароварда шуданд. Мо аз он изҳори қаноатмандӣ мекунем, ки бо ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Равзана пласт», «Старпласт», бонкҳои «Спитаменбонк», «Бонки Эсхата» «Бонки байналмилалӣ», «Имон Интернешнл», коргоҳҳои истеҳсолии «Дӯсти Амирхон», «Зода», «Яхмоси 33» , «Файзи Расул», «Ҷавонӣ», Ҷаъмияти саҳомии «Сорбон», «Барқи тоҷик» робитаи хуби ҳамкорӣ дорем ва ин робитаи мо минбаъд низ бо дигар ташкилоту коргоҳҳо бештар хоҳад шуд. Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сол аз сол вазъи пояи моддиву техникии худро беҳтар намуда, вазифаи асосиаш омода сохтани мутахассисони воқеан ҳам арзандаи соҳаҳо ва саҳм гузоштан ба чор ҳадафи стратегии мамлакат мебошад. Дар ин ҷода таъсиси озмоишгоҳҳои замонавӣ барои тақвияти дониши устодону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад. Мусаллам аст, ки солҳои 2019- 2021 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳоли мардумӣ эълон гардидааст, ҳадафи асосии ҳамаи ин корҳои донишкада тайёр намудани муттахассисони саводноки соҳаи саноати хӯрокаи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Ҳамчунин назди мо иҷрои вазифаҳои мушаххас -кушодани ихтисосҳои нав вобаста ба талаботи бозори меҳнат, таъсиси шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди донишкада, вусъати забономӯзӣ ва боз ҳам мутобиқтар намудани шароити таълим ба талаботи ҷаҳонӣ меистад.

Сипас, сардори Сарраёти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода, муовини директори генералии ширкати “Арча—мебел Нарзулло Дадобоев ва дигарон баромада намуда, ташкил ва баргузории ярмаркаи «Интихоби мутахассисони арзанда» ба манфиати тарафайн арзёбӣ намуданд.

Шуъбаи кор
бо ВАО

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...