(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд маркази ташхисӣ-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд»-ро расман ифтитоҳ намуданд.

Маркази ташхисӣ-табобатӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Хайрӣ Ваҳҳобова дар асоси лоиҳаи меъёрии соҳаи тандурустӣ, дар масоҳати наздики 250 метри мураббаъ, иборат аз 4 ошёна бо таҳхона бунёд гардидааст. Дар марказ шароити замонавии ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар маркази ташхисӣ-табобатии«Дармонгоҳи Хуҷанд» намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ-санитарӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар муассиса ташхису табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, гӯшу гулӯю бинӣ, чашм, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси Марказ ва табибону кормандон дастур доданд, ки ба сифати хизматрасонии тиббӣ, муошират бо беморон диққати ҷиддӣ диҳанд ва ҳамзамон ба ҳамаи қоидаю талаботи санитарӣ, тозагӣ комилан риоя намоянд. Зеро ташхису табобат ва дараҷаи солимӣ, пеш аз ҳама аз иҷрои ин талаботу нишондиҳандаҳо вобастагии калон дорад.

Дар муассиса ҳамаи шароити меъёрии талаботи тиббӣ-санитарии безараргардонӣ, таъмизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ фароҳам буда, дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа дар ҳуҷраи безаргардонӣ ва таъмизгардони пурра таъминанд.

Дар марказ бо таъсиси блоки ҷарроҳӣ бо ҳуҷраҳои пеш аз ҷарроҳӣ, баъди ҷарроҳӣ ва малҳамбандӣ бо муҷаҳҳаз гардонидани дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббии мувофиқ ба талаботи тиббӣ-санитарӣ имконияти гузаронидани ҳамаи намуди ҷарроҳиҳои хурд мавҷуданд.

Аз ҷумла, дар инҷо ҷарроҳиҳои узвҳои дарунӣ, ҷарроҳиҳои урологӣ, узвҳои занона, гӯшу гулӯю бинӣ ва ҳамчунин ҷарроҳиҳои лазерии рагҳои хунгарди пой гузаронида мешаванд.

Дар ин муассисаи тиббӣ ҳуҷраҳои стоматологияи калонсолон ва кӯдакона дар алоҳидагӣ таъсис дода шудаанд.

Ҳуҷраи гинекологӣ бо дастгоҳи муосири тиббӣ-колпаскопӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ки тавассути он якчанд намуди амрози занона, хусусан, бемории гарданаки бачадон бо усули пешрафта, бо истифода аз таҷҳизоти муосири рақамӣ ташхис ва табобат карда мешаванд.

Муассисаи маркази ташхисӣ-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд» бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла сабти барқии дил, дастгоҳи ултрасадои сохти «Ҷенерол-электрик»-и ИМА, дастгоҳи ҷарроҳии лазерӣ, мизҳои муосири чарроҳӣ, дастгоҳҳои офиятбахшӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар муассиса се озмоишгоҳ – клиникӣ, биохимиявӣ ва иммуноферментӣ барои таҳлилҳои умумӣ, таҳлили кори узвҳои дарунӣ ва таҳлили ҳамаи намуди нишондиҳандаҳои хун таъсис ёфтаанд. Дар инҷо барои бистарикунии беморон дар ду ошёна барои 20 кати беморӣ ҳуҷраҳои замонавӣ бо ҳамаи шароитҳои меъёрӣ ташкил гардидаанд. Ҳар як ҳуҷраи бистаринамоӣ бо мебелу таҷҳизоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ таъмин карда шуда, дорои утоқҳои санитарӣ-гигиении алоҳида мебошанд.

Дар муассиса барои табобати офиятбахшӣ ҳуҷраҳои алоҳида таъсис ёфта, гӯшаи гиёҳдармонӣ бо мақсади васеъ истифода бурдани табобату дармонҳо аз гиёҳу растаниҳо ва меваҷоти табиии Тоҷикистони биҳиштосо бо ҳамаи шароитҳо ташкил карда шудааст. Ошхона, толорҳои барҳаво ва долонҳои зебо барои истироҳату фароғати беморон пешбинӣ гардидаанд.

Дар маркази тиббии хусусӣ 25 нафар табибон-мутахассисони дорои донишу таҷриба ва кормандони миёнаи тиб ба кор ҷалб шудаанд. Муассиси марказ ва табибон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамешагии соҳаи тандурустӣ, имкониятҳои васеъ барои ташкили чунин муассисаҳои тиббӣ-хусусӣ баҳри солимии аҳолӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1103
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3715
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта20551
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта29372
mod_vvisit_counterҲамин моҳ12580
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта110370
mod_vvisit_counterҲамагӣ3324689