(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум оғоз гардид.

Раиси иҷлосия, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди гузаронидани муқаррароти пешбинишуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум аз 40 нафар вакилони интихобшуда ҳамагон ҳузур доранд ва ҳамчунин дар кори он роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд. Дар иҷлосияи мазкур муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ низ ширкат дорад.

Сипас, Хайрулло Нурматов раиси комиссияи шаҳрии интихобот аз рўи масъалаи якуми рўзнома «Оиди тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум баромад намуда, доир ба вакилони интихобшуда маълумоти муфассал дод.

Вакилони тозатаинтихоб дар иҷлосия савганд ёд намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 40 нафар вакилони интихобшударо ба муносибати эътирофи ваколатҳояшон ва ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб шуданашон муборакбод намуда, барояшон тансиҳатӣ ва дар хизмати софдилонаатон ба халқу Ватан бурдбодиҳо орзу намуд.

Вакилони иҷлосия баъди интихоб ва тасдиқи котибот ба баррасии рӯзномаи он шуруъ карданд. Ҳамин тавр вакилон масъалаҳои гуногун, аз ҷумла: «Оид ба тасдиқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум» , «Оид ба тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум», «Ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ва интихоби ҳайати онҳо», «Оид ба тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр», «Оид ба пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2» ва ғайраҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, № 1380 ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2019, № 14 интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 баргузор мегарадад. Пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ аз 11 марти соли равон оғоз ёфтааст. Дар асоси моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳо дар суръати мавҷуд будани кворум пешбарӣ карда мешаванд. Қарори иҷлосия дар бораи пешбарии номзад бо аксарияти овози вакилони Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ба таври пинҳонӣ қабул карда мешавад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Нури Аҷам, № 26 Муъмин Шарифзода номзадии МАдина Набизода, директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Пре-зидентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстони вилояти Суғдро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешбарӣ намуд. Вакилон пешниҳоди мазкурро якдилона дастгирӣ намуданд. Сипас вакилони шаҳрӣ номзадро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ райъ доданд.

Баъди раъй додани вакилон раиси комиссияи ҳисобӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Себзор, №7 Наим Маликисломӣ иттилоъ дод, дар бораи натиҷаҳои овоздиҳии пинҳонӣ оиди пешниҳоди номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2, иттилоъ дода аз ҷумлаа афзуд, ки ба тарафдории Мадина Набизода ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 40 нафар вакилон райъ доданд. Ва дар ин бора қарори дахлдор қабул карда шуд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд мўҳтарам Анвар Яъқубӣ баромад намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки вакилони тозаинтихоб дар пешрафту ободкориҳои шаҳри бостонии Хуҷанд тибқи барномаҳои пешазинтихоботии хеш сайъю кӯшиш меваранд. Ҳамагон Наврӯзи байналмилалро бошукуҳ таҷлил хоҳем кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иҷлосияро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳар кадоми моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчӣ бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро барои пешрафти давлати соҳибихтиёри худ ва ба қатори кишварҳои пешрафта ва мутамаддини дунё расонидани Тоҷикистони азизамон таъмин намуда, барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти иқтисоди миллиамон ва амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату Ҳукумат ва истиқболи меҳмонони олиқадр бо азму талоши дучанд заҳмат мекашанд. Тамоми донишу таҷриба ва кӯшишу ғайратамонро барои зиндагии орому осуда ва босаодати халқамон сафарбар намуда, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузург сазовор пешвоз хоҳем гирифт.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашумро хотима бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...