11 Май 2014
Сокинони он Қарори Раиси вилояти Суғд - Абдураҳмон Қодириро дар бораи соли 2014 эълон гаштани соли роҳхои обод ва ташаббуси тариқи ҳашар бо ҳамҷоягии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба сомон расондани мумфаршкунии кӯчаҳои аҳолинишин дастгирӣ намуда, якдилона ба ҳашар баромаданд. Ин имкон дод, то дар давоми як рӯз кӯчаи мазкур, ки 30 соли охир таъмир нашуда буд, дар ҳамбастагии мақомоти маҳаллӣ ва сокинон аз таъмири куллии хушсифат бароварда шавад. Қайд намудан ҷоиз аст, ки то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд се километр роҳҳо пурра мумфарш карда шуда, шаш км роҳ таъмири ҷорӣ карда шуданд.