(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТавре, ки иттилоъ дода будем, санаи 1 марти соли ҷорӣ интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар 64 участкаҳои интихоботии ҳудуди шаҳри Хуҷанд муташаккилона баргузор гардид.

Дар ин маъракаи интихоботӣ шаҳрвандон дар баробари вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ҳамзамон вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷандро интихоб намуданд.

Бино ба иттилоъи Раиси комиссияи шаҳрии интихобот Хайрулло Нурматов дар 40 ҳавзаи шаҳр ҳамин миқдор вакилон интихоб шуданд.

Ваколати вакилони тозаинтихоб дар аввалин иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум тасдиқ мегарданд.

Ҳамин тавр, Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Тиллокон, № 37; Абдуаҳат Ҳакимӣ- раиси кулли ҶДММ «Дороинвест», узви ҲИИТ, аз ҳавзаи интихоботии Сайҳун, № 27; Азимова Моҳира, директори литсейи физикӣ-математикии № 1 ба номи Осимӣ, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Масҷиди Савр, № 3; Азимова Муқаддас, директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Сирандуд, № 39; Анварова Маърифат, мудири кафедраи филологияи араби факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Хубҷам, № 33; Атохонова Машҳура, мудири ширхоргоҳ-кўдакистони №28, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Истиқлол, № 22; Болтуев Искандар, директори ҶДММ «Тоҳиров А.И.», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, № 15; Болтуева Заррина, соҳибкори инфиродӣ, узви ҲАТ, аз ҳавзаи интихоботии Темурмалик, № 38; Бобоев Илҳом, раиси кулли ҶС «Сатн», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Тути калон, № 8; Ғайбуллозода Хайрулло – муовини якуми раиси шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии Сари баландӣ, № 20; Ғафурзода Носир, директори генералии КВДК «Хуҷандобуканал», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Мевағул, № 32; Ғафуров Иброҳим, роҳбари кулли ҶДММ «Ҷавонӣ», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Дўстии халқҳо, № 24; Ғафуров Хуршед, директори генералии ҶДММ «КФ Фортуна-Ко», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Раззоқ, № 1; Давлатов Маҳмадӣ, директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, № 34; Зиёбоев Шерозҷон, муовини директори ҶДММ «Зиннат», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, № 9; Иброҳимзода Азимҷон- муассиси ҶДММ «7 Ганҷ», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Пахтакор, № 5; Исмоилова Фарангис, мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №3 «Ғунчаи Истиқлол», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Сулҳ, № 18; Каримов Ҷумабой, муовини омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии 1 Май, № 21; Каримов Мирзоҷамшед, роҳбари ҶДММ «Таҷ Пэт», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Наврўз, № 36; Кенҷазода Манучеҳра, директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Хуросон, № 29; Қаҳҳорзода Меҳрдод, мудири филиали №24 БДА «Амонатбонк» дар вилояти Суғд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Дуредгарон, № 6; Маликисломӣ Наим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Себзор, № 7; Мамадова Адибахон, директори Муассисаи давлатии «Маркази саломатии №1»-и шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аз ҳавзаи интихоботии Қалъаи Хуҷанд, № 17; Махсудова Шоиста, директори генералии ҶДММ «Муродҷон-М»-и шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Қорираҳмат Қурбонов, № 4; Мирзобаҳодурова Шаҳноза, декани факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Ситора, № 13; Муҳидинов Ҳабибулло, сартабиби Муассисаи давлатии «Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи профессор Амонулло Орипов», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Рифъат Ҳоҷиев, № 28; Набиҷонова Маҳфуза, сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, узви ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии Суғдиён, № 31; Негматов Муйдинҷон директори ҷамъияти муштараки дорои масъулияташ маҳдуди «Олимпия», узви ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аз ҳавзаи интихоботии Рўдакӣ, № 12; Нуруллозода Фирўза- муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Дўстӣ, № 25; Пўлотов Абдуваҳҳоб, директори маркази савдои «Абдулазиз», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Шарқ, № 14; Почоев Иномҷон, сардори истеҳсолоти риштарангкунии ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», узви ҲКТ, аз ҳавзаи интихоботии Хебитат, № 40; Дилафрӯз Саидӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Маҳастӣ, № 2; Салимова Мадина, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10; Самадов Сўҳроб сардори Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Дониш, № 19; Собиров Собирҷон сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С.Қутфидинов», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Ваҳдат, № 30; Тўрахонов Фирдавсхон, сардухтури Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Содирхон Ҳофиз, № 16; Умаров Махсудҷон, сардори Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, узви ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аз ҳавзаи интихоботии Ватан, № 35; Фаттозода Сарфароз-роҳбари намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Навбаҳор, № 23; Ҷаборова Муҳиба, сармуҳосиби ҶДММ «МИН», узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Инқилоб, № 11 ва Муъмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, узви ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии Нури Аҷам, № 26 ҳамчун вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум интихоб шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...