(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар рӯзи нахустини фасли баҳор ва дар остонаи Рӯзи Модар, ки бо ҳам тавъам аст, як гуруҳ занҳои собиқадор ва хизматнишондодаи шаҳри Хуҷандро айёдат намуда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои идона тақдим доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо ёдатшудагон Фотима Самадова, муаллимаи хизматнишондодаи Иттиҳоди Шӯравӣ, Бималика Холматова, табиби халқии ИҶШС, Ҳамроҳ Тоҳирова, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, орденҳои Ленин ва «Ситораи Сурх», Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва Мукаррам Бузрукова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд аз ҷумла таъкид намуд, ки аввалин омўзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомўзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ў тарбия мекунад. Бузургии зан - модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ў посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид доштаанд: “Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд аст”.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор сохтааст, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рўҳияи ватан-дўстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд. Мо бо чунин модарон фахр менамоем.

Бояд қайд намуд, ки Фотима Самадова муаллимаи хизматнишондодаи Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками №1- шаҳри Хуҷанд ба ҳайси омӯзгори математика-физика солҳои тӯлонӣ фаъолият намудааст. Собиқадори соҳаи маориф умри бобаракати худро дар тарбияи насли наврас сарф намудааст ва хизматҳояшро давлату Ҳукумат пайваста қадршиносӣ мекунанд.

Бималика Холматова дар беморхонаи шаҳрии №1 беш аз 40 сол ба сифати табиб муваффақона кору фаъолият намудааст. Меҳнати зарбдор мавсуфро ба назр гирифта бори аввал дар Тоҷикистон ба ӯ унвони баланди касбӣ «Духтури халқии ИҶШС»- тақдим намудаанд. Бималика Холматова бо маҳорати баланди касбӣ, хушмуомилагӣ, дилёбӣ ва ташкилотчигиаш дар дилу дидаи ҳазорон нафар маъво гирифтааст. Соҳиби 5 фарзанд, 12 набера ва 15 абера мебошад.

Мукаррам Бузрукова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд солҳои зиёд дар соҳаи маориф кору фаъолият намуда, имрӯз низ яке аз занони пешқадам ва пешбарандаи сиёсати Давлату Ҳукумат мебошад.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳироваи 96 сола аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, шукронаи амнияту оромии давлатро намуда, таъкид дошт, ки чунин давлати орому осуда, ҷаннати рӯйи заминро дар хоби шабаш ҳам надидааст. Зеро аз сари ин бонуи рӯзгордида чӣ гуна рӯзҳои мудҳишу ҷонгудоз гузаштааст.

Бояд қайд намуд, ки соли 1965 дар ҳаёти Ҳамроҳ Тоҳирова воқеаҳои фараҳбахш рух доданд. Мавсуф вакили анҷумани ХХIII КПСС интихоб гардид, гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, орденҳои Ленин ва «Ситораи Сурх» ва насибаш гашт. Ў вакили анҷумани ХХIV КПСС ва съездҳои ХIV, ХV, ХVI, ХVII, ХVIII Партияи коммунистии Тоҷикис-тон низ будааст. Ҳарчанд номи Ҳамроҳ Тоҳирова дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ машҳур шуд, ў савори аспи ғурур набуд, балки фурўтан монд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҳамроҳ Тоҳирова аз аввалин бонувони шаҳри Хуҷанд аст, ки соли 1974 ба муносибати 50-солагиаш ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шарафёб гардид ва ҳамон сол ба нафақа баромад. Чилу панҷ сол аст, ки нафақа мегирад, вале аз корҳои ҷамъиятӣ дар канор нест, дар ҷамъомад аз таҷрибаи зиндагии хеш ҳикоя мекунад, роҳҳои пешрафти худ ва пешбурди коргоҳро ба ҷавонони навкор нишон медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...