(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили Корманди шоистаи ҷумҳурӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, профессор Усмонҷон Ғаффоров рафта, эшонро бо 75 солагии рӯзи милодаш табрику таҳният намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳми профессор Усмонҷон Ғаффоровро дар ҷаҳони маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муассир арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки хизматҳои эшон дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҷавонон назир надорад ва он бемисл аст.

Усмонҷон Ғаффоров аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст. Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ- педагогӣ ва адабӣ- ҷамъиятии худ 80 китоб, беш аз 1500 адад мақолаҳои публитсистӣ дар матбуоти даврӣ ва 300 адад асарҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои бонуфуз ба нашр расонидааст.

Усмонҷон Ғаффоров аз ин таваҷҷуҳ болида гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии сиёсати оқилона ва раъиятпаваронаашон миннатдорӣ баён карда, таъкид дошт, ки дар баробари давлати пирӣ рондан алҳол дар таҳияи 4 китоб: аз ҷумла китоби дуҷилда иборат аз 700 саҳифа бахшида ба рӯзгори ибратбахши Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, доир ба зиндагиномаи ҳофизи мардумӣ Маъруфхӯҷа Баҳодуров, ровии мумтоз Маҳмудҷон Воҳидов ва нависандаи забардаст Сотим Улуғзода заҳмат кашида истодааст. Дар оянда низ ҳар як соату дақиқаи умрашро барои ин миллат сарф хоҳад намуд.

Дар ҳамин ҷо профессор Усмонҷон Ғаффоров нахустин нусхаи китоби “Сотим Улуғзода”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки муаррихи номвар ва ходими намоёни ҷамъиятиву сиёсӣ, олим, олим, публитсист ва омӯзгори варзида Усмонҷон Ғаффоров дар рушду нумӯи муҳити илмиву таълимии кишвар хизматҳои бузург ба сомон расонида, беш аз 50 сол инҷониб ба таълиму тарбияи ҷавонон ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи таърих дар мӯътабартарин муассисаҳои олии мамлакат саҳми арзанда мегузорад. Фаъолияти илмию омӯзгории мавсуф бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун ассистент, аспирант пайванди маҳкам дошта, марҳилаи оғози пажӯҳишоти илмиатон дар ҳамин муассисаи бонуфузи илмии кишвар сурат пазируфтааст. Баъди солҳои тӯлонӣ фаъолияти хешро ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон ¬Ғафуров пайваст. Дар ҷараёни фаъолияти пурсамари хеш дар ин боргоҳи илму маърифат дар вазифаҳои муаллим, сармуаллим, дотсент, профессор, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, инчунин декани факултети таърихро ба дӯш дошта, барои ташаккули муҳити маънавӣ ва маърифатии донишгоҳ, тарбияи насли наврас, ба камон расонидани шогирдони зиёде муваффақ гардида, симои худро омӯзгори асил, устоди соҳибназар ва олими соҳибмактаб муаррифӣ карда тавонист. Ширкати фаъолонаи прфессор Усмонҷон Ғаффоров дар ҳаёти ҷамъияти вилоят ва ҷумҳурӣ аз саҳми назаррасаш дар густариши корномаҳои мухталиф дар ҷомеа паём расонида, садоқат ва вафодории хосаашро ба ормонҳои давлатдории миллии тоҷик бозгӯӣ мекунад. Ба унвони Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили қонунгузории мамлакат ва таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ, хоса дар бахши маориф ва илм хидматҳои шоистае аз худ зоҳир намудааст ва он дар таърихи низоми қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт гардидаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...