(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеъ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2019 баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки дар он ду масъала: таҳлили нишондодҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2019 ва рафти корҳои иҷрошуда бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар баробари роҳбарону масъулини дахлдор ва фаъолони шаҳр ҳамзамон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Насим Олимзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҳузур доранд.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода доир ба натиҷаҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригашта иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар ҷараёни саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, шаҳри Хуҷанд ҳамчун минтақаи саноатии вилоят дар таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт, ҷиҳати вусъат бахшидан ба истеҳсоли маҳсулотҳои саноатии воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори молҳои ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шуда истодааст.

Боиси қайд аст, ки соли сипаригашта барои ин соҳа аз нигоҳи инкишофи босуръат воқеан бобарор буда, новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна ва дар шароити рақобатпазирии маҳсулотҳои истеҳсолшуда, дар шаҳр 16 адад корхонаҳои нав, ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ зиёд шудани иқтидори истеҳсолии соҳа мусоидат намуд. Дар натиҷа, дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида аз ҷониби 172 адад корхонаҳо ба 1,3 миллиард сомонӣ расида, ҳаҷми он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз афзудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи шабакаҳои барқи шаҳр ба миқдори 554 миллиону 700 ҳазор килловат/соат нерўи барқ интиқол карда шуд. Маблағи пардохти умумии он 160 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ё 100,0 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 69 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ё 100,9 фоизро ташкил менамояд.

Таъкид гардид, ки дар раванди таҳким бахшидан ба робитаҳои хориҷӣ, имрўз шаҳри Хуҷанд бо 35 мамлакатҳои дуру наздик ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар натиҷа ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 392 миллиону 100 ҳазор доллари амрикоӣ расида, аз он ҳаҷми воридот 363 миллиону 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва содирот 29 миллион доллари амрикоиро ташкил намудааст. Баҳри таъмини бомароми рушди итисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 23 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 18 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ ва 5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Зикр гардид, ки ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ, ба раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ таваҷҷуҳ ва тақвияти бештар дода шуда, дар шаҳр бо истифода аз тамоми имконоту захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 311 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дода, ба маблағи 215 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба соли 2018 мутаносибан 18,1 ва 4,6 дар сад зиёд мебошад. Илова бар ин, ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашудаи корхонаҳои пудратӣ ба 188 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расидааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳар як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд боиси ифтихори сокинон гашта, он барои инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазо мегузорад. Соли сипаригашта низ, Пешвои муаззами миллат ҳангоми 2 сафарҳои кориашон ба шаҳри Хуҷанд дар ифтитоҳи 12 адад иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодӣ иштирок намуданд, ки ин иқдомҳо аз идомаи сиёсати пайгирона ва хирадмандонаи Сарвари муаззами кишвар шаҳодат медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2020 бунёди боз 10 адад корхонаҳои истеҳсолӣ ва як қатор иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Фирӯза Нуруллозода дар идомаи баромади худ доир ба фаъолияти самтҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр маълумоти муфассал дод.

Сипас, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мудирони шуъбаву сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ, аз ҷумла мудири шуъаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ, масъул оид ба соҳаи тандурустӣ Абдулмуталиб Каримов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр Султон Раҳмонзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ, сардори бахши фарҳанг Таҳмина Абдуқаҳҳорзода, мудири бахши ҷавонон ва варзиш Абдувосит Ғафуров, мудири шуъбаи саноат ва энергетика Мӯъминҷон Тошматов, сардори шуъбаи нозироти андози шаҳр Дилшод Ҳакимзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳо Мурод Раҷабов, сардори Раёсати омори шаҳр Садриддин Исомаддинӣ, роҳбарони сохторҳои ободонию коммуналӣ ва хизматрасонии шаҳр ва дигар масъулин доир ба самтҳои фаъолият ва муаммоҳои бавуҷудомада пурсиш ба амал оварда шуд ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо муҳлатҳо дода шуд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Аюбҷон Раҳматзода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуда, оид ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059, яъне раванди омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 341 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 510 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр давоми соли 2019 7 маротиба ситоди корӣ гузаронида шуда, ҳамзамон дар ҳар як маҷлисҳои ҷамъбастии семоҳа, шашмоҳа ва нўҳмоҳаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр бо фаъолон, инчунин дар Иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулину аъзоёни гурўҳи корӣ вазифагузориҳои мушаххас дода шуд. Ин буд, ки дар соли 2019 корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода шуда, дар ин замина дар шаҳр як қатор иншоотҳои гуногуни хизматрасонию маишӣ ва саноатию истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Иттилоъ дод, ки дар маҷмўъ дар соли 2019 зиёда аз 72 банди нақшаи чорабинӣ иҷро гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 274 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Давоми солҳои 2018-2019 бошад, дар умум 120 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 343 адад иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуданд, ки ин иҷоиши 67,25 фоизи иншоотҳои ба нақша гирифташударо дар бар мегирад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарeза корбарӣ намуда, барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ва бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баромад намуда, дар баробари таҳлили вазъи соҳаҳо дар соли сипаришуда, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои нақшаву барномаҳо дар пешистода, аз ҷумла маъракаҳои муҳими сиёсиву фарҳангии соли 2020, аз қабили интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҳаллӣ, ҷашнҳои Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд, Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, таҷлили 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм, 700 солагии шоир Камоли Хуҷандӣ ва омодагиҳои комил ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ин маъракаву ҷашнвораҳо дастуру супоришҳо дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Насим Олимзода дар баромади худ таъкид дошт, ки аз рўи ҳисоботи муовини Раиси шаҳр муайян гашт, ки дар соли 2019 72 банди нақшаи чорабинӣ иҷро гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 274 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ва имрӯз дар шаҳри Хуҷанд раванди корҳои ободонию созандагӣ босуръат пеш меравад, вале мо набояд бо он қаноат намоем. Бештар ба корҳои ободонӣ саҳмгузорӣ намуда, дар рушди шаҳрсозӣ ва фароҳам овардани шароити созанда ва арзанда ба мардум мусоидат намоем.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо вазифагузориҳои мушаххас барои фаъолият дар соли 2020, аз ҷумла семоҳаи аввали он ба ҷаласаи фаъолон ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...