19 Декабр 2019
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, кормандони нозироти андози шаҳр, сардорон ва мудирони шуъбаҳои дахлдори шаҳрдорӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар масъулин баргузор гардид.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи ҷаласа вазъи иҷрои қонунгузории андоз дар қисми пардохти саривақт ва ба пуррагии андозҳо, сабабҳои афзоиши бақияи андоз, дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ ва кам кардани бақияи қарзи андоз дар 11-моҳи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода зимни баромади худ қайд кард, ки ба ҳолати 01.12.2019 сол нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Хуҷанд аз рӯи ҳамаи намуди андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 559 млн 586 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 505 млн 808 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 90,4% таъмин гардидааст, ки аз нақшаи пешбинигардида 53 млн 777 ҳазор сомонӣ андозҳо кам ҷамъоварӣ карда шудааст. Таҳлил нишон дод, ки яке аз сабабҳои асосии пайдоиши қарзи андозҳо саривақт иҷро накардани ӯҳдадориҳо аз ҷониби андозсупорандагон, бо ин сабаб зиёд шудани маблағи фоизҳо ва аз тарафи масъулини мақомоти андоз истифода набурдани механизмҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда, камфаъолиятии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад.
Ҳамчунин, аз тарафи баъзе соҳибкорони бемасъулият танҳо бо мақсади гирифтани даромади муфт бо роҳи пинҳон кардани манбаи андозбандшаванда қасдан аз пардохти андоз саркашӣ намуда, даст ба ҷиноят мезананд, ки ин низ боиси зиёд шудани бақияи қарзи андоз гардидааст.
Авазҷон Назарзода афзуд, ки аз тарафи прокуратураи шаҳр дар давраи 11-моҳи соли ҷорӣ нисбати 5 нафар роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ барои саркашӣ намудан аз пардохти андоз ва дигар ҷиноятҳо дар соҳаи андоз парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти прокуратураи шаҳр дар 11 моҳи соли 2019 баҳри кам кардани бақияи қарзи андоз ба 51 андозсупоранда амр дода, ба буҷа маблағи зиёда аз 6 млн. сомонӣ ситонидааст.
Сипас сардори нозироти андози шаҳри Хуҷанд Дилшод Ҳакимзода, сардори Раёсати молияи шаҳр Абдусалом Бобоҷонзода, сардори шуъбаи андозсупорандагони калони вилоят Фарзон Оқилзода, сардори шуъбаи андозсупорандагони миёнаи вилоят Баҳодур Алиев доир ба самти фаъолият ва муаммову мушкилоти пешомада маълумот доданд. Ҳамчунин ҷиҳати дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ, ҷоннок намудани фаъолият дар самти ҷамъоварии маблағ андешаю пешниҳодоти хешро ироа намуданд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода ба як қатор роҳбарони идораву муассисаҳои шаҳр, аз ҷумла ДДҲБСТ, ДИСДТТ, бонкҳои “Эсхата”, “Матин”, “Арванд, “Имон интернешнл” корхонаи муштараки “Ҷавонӣ” ҷиҳати масъулияти баланду риояи фарҳанги андозсупорӣ миннатдорӣ баён карда, аз роҳбарони як қатору идораву ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати саривақт насупоридани маблағҳои андоз интиқод намуд.
Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти соҳибкорон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва фазои мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст, вале мутаассифона бархе соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои муқарраргардида қонуншиканӣ мекунанд. Зикр шуд, ки дар сурати ислоҳ нашудани вазъият аз ҷониби мақомоти дахлдор нисбати эшон чораҳои қонунӣ татбиқ карда мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки баррасӣ шудани вазъи иҷрои қонунгузории андоз дар 11-моҳи соли 2019 дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр масъулияти роҳбарони идораву ташкилот, бахусус сектори молиявиро бештар намуда, бояд эшон дар ин самт хулосаҳои зарурӣ ва дахлдор бароранд.
Шаҳрдор бо таҳлили вазъи воқеъии соҳа таъкид дошт, ки то ҳол сарчашмаҳои ошкорнашудаи андозбандӣ мавҷуд буда, раисони кумитаи маҳаллаҳо ҳамкории худро бо мақомоти андози шаҳр зич ба роҳ монда дар ин самт тадбирҳо андешанд.
Таъкид шуд, ки аз вазъи иҷрои буҷаи давлатӣ масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз роҳбарону масъулини дахлдорро зарур аст, ки то охири соли ҷорӣ дар ин самт тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Дар анҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд баҳри тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва ба буҷети давлат ситонидани бақияи қарзи андозҳо қарори дахлдор қабул карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд