(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altДар толори Муассисаи давлатии “Маркази ҷавонон”-и шаҳри Хуҷанд чорабинии пуршукуҳ ба муносибати 5-солагии гурўҳи ҷавонони “Авангард”-и назди РВКД ҶТ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кулли аъзои гурўҳи ҷавонони “Авангард”-и назди РВКД ҶТ дар вилояти Суғдро ба муносибати 5-умин солгарди фаъолият табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷиҳатаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри азхуд намудани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунар ва ниҳоят муҳайё намудани заминаҳои мусоид баҳри дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат таъкид меёбад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».

Иттилоъ дода шуд, ки дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани гурўҳи ҷавонони “Авангард” тасдиқи гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки такя ба сиёсати имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз ҷавонони фаъоли ин гурўҳ баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон ҳамчун пешоҳанг фаъолият намуда истодаанд. Тавре маълум аст, аз таъсиси ин гурўҳи “Авангард” 5 сол сипарӣ шуда, имрўз ҷавонони бонангу номуси гурўҳи мазкур тавонистанд бо донишу идроки баланд ва ба роҳ мондани робитаи доимӣ бо ҷомеа, махсусан ҷавонон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ҷиҳати арҷгузорӣ намудан ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, дўст доштани обу хоки Ватан ва миллати хеш онҳоро талқин намоянд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Имрўзҳо дар ҷаҳони муосир терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар баробари ин, тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат кўшиш ба харҷ диҳем.

Дар анҷоми суханронии худ Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки айёми пурталотуми имрўза ҳар як узви ҷомеа, махсусан Шумо - ҷавононро талқин мекунад, ки ба ҳар воқеаи сиёсӣ баҳои воқеӣ дода тавонед. Амалӣ сохтани ин тадбирҳо ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ ва ҷустуҷўҳои ҳар яки Шумо ҷавонони гурўҳи “Авангард”-ро хоҳон аст. Ҳамаи ин хислатҳо бояд хоси Шумо - ҷавонони ояндасози кишвар бошанд. Дар ин рўзҳои пурфараҳ, 5-солагии таъсисёбии гурўҳи “Авангард” Шумо ҷавонон ва ҳозирини арҷмандро табрик намуда, орзуманди онам, ки ҳамеша бахти баланд ва саодати зиндагӣ ороишгари саҳифаҳои рўзгори дурахшони Шумо – ҷавонони шарафманди диёри соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошад. Бигзор ҳар яки Шумо ифтихори миллат ва ифтихори авлоди хеш бошед. Соҳибмаълумоту некирода ворисони арзандаи ин давлату миллат буданатонро ботинан эҳсос намоед ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш беш аз пеш сайъу талош варзед.

Сипас, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба гуруҳи ҷавонони “Авангард” ду адад компутер бо таҷҳизоти техникии ёрирасонаш тақдим карда шуд.

Сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Олим Бурҳониён низ гуруҳи ҷавонони “Авангард”-ро бо 5 солагии фаъолият табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки ин гуруҳи ихтиёрӣ бо мақсади боло бурдани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва истифодаи мақсадноки ин нерӯи бузург дар таҳкими давлатдорӣ, афзун намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарварӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳи миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ таъсис дода шуда, аъзои фаъоли он ин рисолати бузургро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

Сипас, ба як гуруҳ ҷавонони фаъоли гуруҳи “Авангард” Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти корҳои дохила супорида шуд.

Барномаи рангини фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз765
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта5108
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта765
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта34204
mod_vvisit_counterҲамин моҳ24723
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта130570
mod_vvisit_counterҲамагӣ2900202