(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум оғоз гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода баъди гузаронидани муқаррароти расмии иҷлосия иттилоъ дод, ки дар иҷлосияи имрўза масъалаҳои зерин, аз ҷумла: “ Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум”, “Оид ба ташкили комиссияи шаҳрии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум” ва “Дар бораи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум” мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 декабри соли 2019, таҳти №1380 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расидааст, ки тибқи он интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 таъин карда шудааст, ҷиҳати татбиқи амалии он ба роҳбарӣ ва иҷро гирифта шавад.

Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳуҷанд барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Зимни баррасии масъалаи дуюми рўзнома «Оид ба ташкили комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум» иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихоботро ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ на дертар аз рўзи даҳуми баъди таъйин гардидани интихобот дар ҳайати аз 7 то 14 нафар аъзои комиссия ташкил мекунанд.

Раис, муовини раис ва котиби комиссия аз ҷумлаи аъзоёни он дар аввалин маҷлиси он интихоб карда мешаванд. Комиссияи шаҳрии интихобот дар бораи ҳайат, нишонӣ ва рақамҳои телефонии худ дар нашрияҳои маҳаллӣ маълумот чоп мекунад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки бо назардошти муқаррароти қонуни мазкур аъзоёни комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум дар ҳайати зерин ташкил карда шудааст:

Абдумаҷид Абдусамадов, сардори шуъбаи компютерии матбааи «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд, Гавҳар Абдуллоева, нозири кадри таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд, Ғафур Дадобоев, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Хуҷанд, Ғафурҷон Донёров ҷонишини директор оид ба таълими мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд, Маҳлиё Ишанова, мутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, Муродҷон Иброҳимзода, ҳуқуқшиноси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, Туҳфа Мамадҷонова мудири муассисаи таълимии томактабии №15-и шаҳри Хуҷанд, Хайрулло Нурматов директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд, Мавсума Носирова, мушовири гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд, Алиҷон Одинаев, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Зулфия Умарова, мушовири фанни таърих ва ҳуқуқи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд.

Сипас, вакилони шаҳрӣ номзадони ирогардидаро ба ҳайати комиссияи шаҳрии интихобот доир ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷандро тасдиқ намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба комиссияи навтаъсис барои иҷрои вазифаҳояшон комёбиҳо таманно намуда, изҳори умедкорӣ кард, ки барои шаффоф ва демократӣ ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, фароҳам овардани майдони баробар барои номзадон ва бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани интихобот саъю кўшиш менамоянд.

Зимни баррасии масъалаи сеюми рўзнома «Дар бораи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд» иттилоъ дода шуд, ки ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр на бештар аз 40 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҳар ҳавзаи интихоботӣ як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ интихоб карда мешавад. Миқдори ҳавзаҳои интихоботиро барои интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҳадди меъёри муқарраркардаи ҳамин Қонун Маҷлиси дахлдор бо назардошти шумораи интихоб-кунандагон, ҳудуд ва шароити дигари маҳаллӣ муқарар менамояд. Мувофиқи маълумоти Раёсати омори шаҳри Хуҷанд шумораи аҳолии шаҳри Хуҷанд ба ҳолати 1 октябри соли 2019 183,1 ҳазор нафарро ташкил дода, шумораи овоздиҳандагони эҳтимолӣ дар участкаҳо бо дурнамо 103392 нафарро ташкил медиҳад.

Меъёри интихобкунандагон барои ҳар як ҳавзаи интихоботӣ ба ҳисоби миёна то 2584 нафар интихобкунанда муқаррар карда мешавад. Вакилони шаҳрӣ барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаи ташкили 40 ҳавзаҳои ҳудудии интихоботро бо меъёри интихобкунандагон муқаррар ва тасдиқ намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода доир ба масъалаҳои гузошташуда, ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдорро муваззаф намуд, ки ба комиссияи интихобот барои амалӣ гардонидани ваколатҳояшон кўмак расонанд, маълумотҳои барои корашон зарурро муҳайё намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...