(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштагии кишвар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони шаҳр маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маъруф Муҳаммадзода Раиси шаҳри Хуҷанд дар оғози чорабинӣ ҳамагонро бо Рӯзи Президент табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрўву нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дар маҷмўъ ин ҳама ба салоҳиятнокиву фидокорӣ, садоқатмандии фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Мақсад аз рўзи ид муайян кардани рўзи 16 ноябр ҳамчун “Рўзи Президент” дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рўзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтани шакли идоракунии Президентӣ ва ба иҷрои вазифаи хеш шурўъ намудани Президенти тозаинтихобгардидаи кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаста ва номбардоре вомехўранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрўву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани миллати мо саҳми худро Шоҳ Исмоили Сомонӣ асосгузори аввалин давлати тоҷикон гузошта, пас аз ҳазорсолаҳо, дар эҳёи нави миллати тоҷик чунин нақши барҷастаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозиданд.

Шаҳрдор гуфт, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри бошукўҳи Арбоб воқеаи таърихӣ – Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуд, ки он минбаъд ба таърихи Тоҷикистону тоҷикистониён ҳамчун иҷлосияи наҷотбахш ба ҳисоб меравад. Чун Иҷлосияи наҷотбахши Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди барўманди халқи тоҷик, эҳёгари давлати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба давлати Тоҷикистонро дода, ҳамзамон ба дўши он кас вазифаи мураккаб, вале муқаддаси бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократиро гузошт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзи нахустини ба мақоми олӣ интихоб шуданашон ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хомўш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии интизоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналхалқиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил, балки бо гузашти вақт падид меояд, дар баробари ин сулҳу суббот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».

Таъкид шуд, ки воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун парчамбардори миллат на танҳо дар раванди эҳёи миллӣ кўшиш намуданд, балки дар муттаҳид намудани тоҷикони ҷаҳон ва баҳамоии онҳо нақши равшан гузоштанд. Сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои муаззами миллат ҳамчун асосгузор ва таблиғгари боэътимоди сулҳи саросари кишвар дар анҷуманҳои сиёсии ҷаҳоншиносон мавқеи тозаеро касб намудааст, зеро ин фарзанди фарзонаву худогоҳ, бедордилу равшанзамир дар ҳама ҳолат ва дар ҳар замон бахти баланди худро дар саодати халқи худ дидаанд. Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки бо сарварии хирадмандонаи Пешвои муззами миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ симои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олами маънавии он ба куллӣ тағйир ёфт. Тоҷикистон аз давлати аграрию саноатӣ ба давлати саноатию аграрӣ табдил, дар татбиқи ҳадафҳои созандаву ободгаронаи стратегии худ устуворона пеш меравад.

Имрўз Пешвои муаззами миллат сиёсати давлатро ба масъалаи боз ҳам беҳтар намудани зиндагии ҳар як шаҳрванд равона намудаанд. Таъмини тартибу низом, сулҳу салоҳ, ҳамзистии осоиштаи ҳамаи мардум новобаста аз миллату эътиқоди динӣ, ҳадафҳои муҳимми сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбанд. Халқи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат имрўзҳо ҳадафи бузург – бунёди давлати соҳибистиқлол, аз лиҳози сиёсӣ мустаҳкам, дунявӣ ва демократиро, ки дар он некўаҳволӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоии мардум таъмин аст, сарбаландона амалӣ менамояд.

Афзоиши босуръати иқтисодиёти кишвар, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар саросари ҷумҳурӣ, боло рафтани ҳисоби миёнаи дарозумрии аҳолӣ, ҳамчунин қабул гардидани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, ки дар асоси он чор омил – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар меистад, аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошад, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодаанд.

Зикр гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳурмату эҳтироми насли калонсол, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ аз хизматҳои содиқонаи ҷавонон, занону духтарон, тарбияи насли ҷавони ояндасози миллат, дастгирии ятимону бепарасторон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа ба ҷо оварда шуда, онҳо ба ғамхорию дастгирии ҳаматарафа фаро гирифта шудаанд. Мо мардуми шарафманди тоҷик пеш аз ҳама ифтихор аз он дорем, ки чунин Пешвою раҳнамо, ҳидоятгари сулҳофарин ва Асосгузори воқеии Тоҷикистони мустақил моро ба сўи музаффариятҳои нав, созандагиву бунёдкориҳо ҳидоят намуда, кафили зиндагии осоиштаву ободии кишвар гардиданд.

Раиси шаҳр гуфт, ки боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба мо муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Обод гардидани садҳо киллометр роҳҳо, бунёд ва ба истифода додани садҳо иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва корхонаҳои нави истеҳсолӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ мебошанд.

Танҳо соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорö ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат аз тарафи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода эълон гардидани 1300-рўзи ободониву бунёдкорӣ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорони ватандўстў меҳанпараст дар ҳудуди шаҳр садҳо адад иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва истеҳсолию саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум заминаи воқеӣ гузошта, ба ҳусну таровати шаҳр шукўҳу шаҳомати хосае зам намуданд.

Албатта ҳамаи он дастовардҳое, ки ба мо муяссар гардид, аз заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии халқи азизамон аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Сокинони ватандўсти шаҳри Хуҷанд аз ибтидои даврони сохибистиқлолии Ватани маҳбубамон ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида, бо меҳнати бунёдкоронаи худ дар пешрафт ва ободиву шукуфоии давлати соҳибистиқлоламон саҳми шоиста гузошта истодаанд, ки дастовардҳои дар болозикргардида гувоҳӣ он мебошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ, таъкид дошт, ки мардуми шаҳр бо пуштибонӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ баҳри ободонии Ватани азизамон саҳмгузор гардида, якҷоя ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ таҷлил хоҳанд намуд.

Барномаи фарҳангии аҳли санъати шаҳр, ки ғояи баланди ватандӯстиро ифода менамуд, табъи ҳозиринро болида сохт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...