(2 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Ба озмуни беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат»

Таҷрибаи зиндагӣ собит месозад, ки мустаҳкам ташаккул ёфтани оилаи ҷавон ва ноустувор гардидани он аз сатҳи маърифат, таҷрибаи ҳаётӣ, оиладорӣ, шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва амсоли инҳо алоқамандии қавӣ дорад. Дар баробари ин, муносибати аъзои оила, махсусан, модаршў ба пойдории оилаҳои ҷавон таъсири бевосита дорад. Агар модаршў бо арўс муносибати некў дошта бошад, он оила метавонад яке аз оилаҳои намунавӣ дар ҷамъият гашта бошад, баръакси ҳол пошхўрии оилаҳои ҷавонро метавон мушоҳида намуд.

Маълумоти оморӣ бозгўкунандаи он аст, ки дар Тоҷикистон агар соли 2018 - 82413 оилаи ҷавон барпо гардида бошад, 11000 ё 13,3%-и он барҳам хўрдааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз пошхўрии оилаҳо таъкид менамоянд, ки “ҳар сол аз шумораи умумии ақди никоҳи оилаҳои бақайдгирифташуда 10 фоизи онҳо, бахусус, оилаҳои ҷавон бекор мешаванд”. Сарвари давлат омилҳои асосии ба миён омадани низоъҳоро дар таҳсил накардани зану шавҳар, наомўхтани касбу ҳунар, эҳтиром надоштан нисбат ба падару модар, калонсолон, нозукиҳои муносибати хонаводагӣ дар муҳити нав, пастиву баландии рўзгор ва дигар масъалаҳои ҳаёти мустақилона, ки ин ҳама ба хонавайронӣ расонида, таъсири манфиаш аз ҳама бештар ба худи ҷавонон аст, маҳсуб медонанд. Ин ҳолат дар давлатҳои пасошўравӣ ва дигар мамлакатҳо низ нигаронкунанда мебошад.

Баландтарин нишондиҳандаи шумораи бекоршавии никоҳ нисбат ба издивоҷҳо дар Русия (560 ба 1000 ақди никоҳ), Украина (435), Молдовия (431) ва Белорусия (416) мушоҳида мешавад. Дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ки анъанаи нигоҳ доштани якҷоягии оила мустаҳкамтар аст, ҷудошавӣ камтар мушоҳида мешавад. Масалан, дар муқоиса бо дигар кишварҳо дар Тоҷикистон парокандагии оилаҳо камтар мебошад, ки ба 1000 ақди никоҳ 95 пошхўрӣ рост меояд. Таҳлилҳо шаҳодат аз он додаанд, ки дар байни ҷудошавии оилаҳои ИДМ қисми зиёдро (тақрибан сеяки онҳо) оилаҳои ҷавоне ташкил медиҳанд, ки дар давоми панҷ соли аввали издивоҷ рух додааст.

Дар Норвегия оилаҳои ҷавон мустақил зиндагӣ мекунанд. Ба арўсони онҳо сухани модаршў таъсире надорад. Оилаҳои ҷавон муаммоҳои худро мустақилона ҳал менамоянд ва агар эҳтиёҷе ба кўмак пайдо шуд, ба мутахассисони равоншинос муроҷиат менамоянд. Зану шавҳар танҳо дар рўзҳои ид бо волидайни худ вомехўранд. Дар Мексика муносибати арўсу модаршў хеле наздик ва мисли дугонаҳо сурат мегирад. Дар зиндагии якҷоя арўс сирри шахсӣ ва муаммоҳои оилавиро ба модаршў мегўяд ва модаршў низ на ин ки мушкилӣ эҷод мекунад, балки проблемаҳои бавуҷудомадаи оилаҳои ҷавонро ҳал менамояд. Дар Ҷазираҳои Соломонӣ низ арўсу модаршў дар як оила ҳаёт пеш мебаранд, вале муноқишаҳо хеле кам ба мушоҳида мерасад. Аз рўи расму оинҳои маҳал арўс ва модаршў дар як бино машғули кор намешаванд ва анҷом додани ин ё он кор мумкин нест. Аз ин рў, барои пайдо нашудани низоъ байни онҳо ҳамаи корҳои хона баробар тақсим карда мешаванд. Шиори онҳо «Нест кори якҷоя – нест низоъ» мебошад. Дар Ҷумҳурии Халқии Корея писари хурдӣ бо волидайн зиндагӣ менамояд. Тибқи маълумоти сотсиологии соли 1979 ва 2010 дар Корея 58% духтарон бинобар талаботи сахти модаршў дар рўзгордорӣ ва тарбияи онҳо ба фарзанди хурдӣ ва яккаписарҳо хоҳиши хонадор шуданро намекунанд, зеро арўс дар зери итоати ҳамешагии модаршў мемонад. Барои ҳамин, интихоби писарони калонӣ аз ҷониби духтарон бештар мушоҳида мешавад. Муносибати модаршўҳои Итолиё ҳам чунин аст, ки арўс бояд ба ў итоат намояд ва ба корҳои ў низ дахолат мекунад. Ба ақидаи итолиёиҳо модаршў пешрафт ва мушкилотро дар зиндагӣ аз навхонадорон хубтару бештар медонад. Барои ҳамин сухани онҳо шикастнопазир аст.

Дар Тоҷикистон аз рўи урфу одат писарони бузургтар дар хонаю ҳавлиҳои мустақил ва хурдӣ ҳамроҳ бо падару модар умр ба сар мебаранд. Аз волидайн ҷудо зиндагӣ кардан ё танҳо гузоштани онҳо ҳангоми пиронсолӣ ноэҳтиромиро нисбат ба калонсолон эҷод намуда, зери танқиду эроди ҷомеа қарор мегирад ва ин амал писанди аксарияти ҷомеаи муосири тоҷик нест. Чаро? Барои он ки волидайн онҳоро ба камол мерасонад, соҳиби илм, оила, макони зист ва обрўю эътибор гардонида, умед мебанданд, ки фарзандон дар овони пирӣ ба таъбире асои онҳо шаванд ва ин тадбир солҳост, ки ба ҳукми анъана даромада, чун урфу одатҳои миллӣ риоя карда мешавад. Аз ин лиҳоз, пас аз хонадоршавии оилаҳои ҷавон ҷудо зиндагӣ кардани арўсу модаршў ё зану шавҳар аз волидайн хеле кам ба мушоҳида мерасад. Ҳадафи модаршў ҳамчун зани ботаҷриба ва рўзгордида на эҷоди мушкилӣ, балки арўсро ба муҳити оилаи худ мутобиқ сохтан (аз лиҳози анъаноти хонаводагӣ, меҳмоннавозӣ, хўрокпазӣ, тозагӣ, дўзандагӣ, эҳтиром гузоштан ба калонсолон ва ғайра, ки дар оилаҳои тоҷик ба шаклҳои гуногун қабул ва риоят карда мешавад) мебошад. Волидайни арўс низ то барпо намудани оила баҳри омўзиши санъати оиладорӣ ва анъаноти миллӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд. Аммо на ҳамаи модарон ин рисолати афзалиятнокро анҷом дода метавонанд. Хулоса, нигоҳи манфии модаршў ҳаёти навхонадоронро хира, ба рушди мустаҳкамии он монеа ва то расидан ба бекоршавии ақди никоҳ мубориза мебарад, ки вазифаи асосиро дар ин ҳаёти мураккаб модаршў ва арўси навроҳ мебозанд. Аксарияти низоъҳо пинҳонӣ ва ё пўшида дар муҳити оила сурат гирифта, дар ҳолате ба мақомоти дахлдор ва ё шахсони барўманду руҳониён муроҷиат мешавад, ки барқарор намудани муносибати хонаводагӣ имконнопазир мегардад.

Дар ин ҷо саволе ба вуҷуд меояд, ки арўс бояд дар итоати шавҳар ё модаршў бошад ва ё кореро бо иҷозат ва ба ризогии кӣ анҷом диҳад? Арўс, ба оилаи нав чӣ гуна давраи мутобиқшавиро паси сар менамояд ва аз кӣ бояд сабақи зиндагӣ гирад? Оё маҳз модар - модаршў барои вайроншавии оилаҳои ҷавон боис шуда метавонад? Муаммо дар сари беэътиноии волидон ё тарбияи нодурусти фарзандон ба оиладорист?... Ба ин саволҳо посух ёфтан лозим аст.

Маврид ба зикр аст, ки вожаи “модаршў” дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» чунин шарҳ дода шудааст: Модаршў (й) модари шавҳар нисбат ба арўс. Модаршў дар оилаҳои тоҷик, ки суннатӣ бунёд мешаванд, роҳбалади зиндагии оилаҳои ҷавон, дорои таҷрибаи ҳаёти пурмашаққат ва донандаи нозукуҳои рўзгордорӣ мебошад ва ҳангоми ворид шудани арўс ба оила ҳамчун оинаи ибрат ба ў муносибат менамояд. Яъне, аз муносибати хуби модар ё модаршў арўс дарси ҳаёт меомўзад.

Барои муайян намудани сабабҳои сар задани низоъҳо байни ҷавонон пурсиши афкор дар мавзўи «Сабабҳои пошхўрии оилаҳои ҷавон аз нигоҳи ҷавонон» гузаронида шуд ва ҷавобҳои онҳо аз тарафи мутахассисон – равоншиносон таҳлил гардид. Натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда дар факултетҳои геоэкология, филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” оид ба сабабҳои пошхўрии оилаҳо чунин буд: Хонадоршавии барвақт – 26%; Носозишӣ бо модаршў – 22%; Муносибати тарафайн – 18,0%; Тафаккури пасти ҷавонон – 9%; Зўроварӣ дар оила – 6,7%; Маҷбуран хонадоршавӣ – 5,5%; Шабакаи интернет ва телефони мобилӣ – 5,6%; Шароити иқтисодӣ – иҷтимоӣ – 3,8%; Хиёнат – 2%; Муҳоҷирати меҳнатӣ – 1,9%.

Аз таҳлил ва тадқиқоти сотсиологӣ бармеояд, ки 26% пурсидашудагон ҳамчун нишондиҳандаи баландтарин барвақт оиладор шудани ҷавононро интихоб карданд. Агар аз нигоҳи ҳуқуқиву динӣ, равонӣ ва ҷисмонӣ таҳлил намоем, мувофиқи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории ҷумҳурӣ иҷозат додааст, ки навхонадорон, хоса, духтарон аз синни 18-солагӣ ба шавҳар бароянд. Илова бар ин дар ҳолатҳои истисноӣ суд метавонад синни никоҳро на бештар аз 1 сол кам намояд.

Вақте ки оилаи нав бунёд мешавад, хоҳ нохоҳ арўс ба муҳити бегона ворид шуда, бевосита бо шавҳар, модаршў, падарарўс ва дигар аъзои он рў ба рў мешавад ва муносибат мекунад, ба иштибоҳ ва хатоҳо роҳ доданаш амри воқеист. Ба синну соли ҷавонӣ ва тамоман ба фазои бегона ворид шудани арўсро ба инобат нагирифта, аз ў анҷоми корҳоеро талаб ва интизор шудан худ як навъ низоъхоҳист. Давраи аз ҳама мушкил барои арўс дар он зоҳир мегардад, ки бояд ў ба хонаи шавҳар мутобиқ шавад ва урфу одатҳои оиларо азхуд намуда, онро риоя созад. Ҳар як хонавода анъанаҳои хоси худро дорад.

Тибқи сарчашмаҳо дар омода намудани духтарон ба рўзгордорӣ тибқи Барномаи таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои маълумоти миёнаи умумӣ дарсҳои махсус, аз қабили пазандагӣ, дўзандагӣ, бофандагӣ, тайёр намудани хуришҳо, нонпазӣ ва “Маърифати оиладорӣ”-ро меомўзанд. Аз нигоҳи динӣ чун духтарон ба синни балоғат расанд, барпо намудани оила ҷоиз аст. Хоҳ нохоҳ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва равонӣ низ худро ба ҳаёти мустақилона ва оиладорӣ мутобиқ месозанд. Аммо муаммои асосӣ на дар барвақт оиладор шудани фарзандон, балки аз таваҷҷуҳи падару модар ва нафароне, ки тарбияи онҳоро ба уҳда доранд, дур мондани фарзандон аст. Кору фаъолият ва ташвиши зиндагии баъзан волидайн фарзандонро аз тарбия дур сохтааст. Дар ҳоле, ки онҳо бояд ба рўзгордорӣ мутобиқ шаванд, эҳтироми волидайну калонсолонро ба ҷо оранд, тарзи муоширатро омўзанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки арўс бояд дар хонаи шавҳар ҳамчун келин-хизматгор қабул карда шавад. Зеро бештари баҳогузории аъзои оила ба арўс ба сифати анҷом додани корҳои хонагӣ, пухтани хўрок ва иҷро намудани супоришҳои шавҳар ё модаршў мебошад. Дар асл модаршў низ метавонад арўсро ба хонаи худ мутобиқ созад, ба идомаи таҳсил ҳидоят намояд, бидуни таҳқиру суханҳои зишт дар зери тарбияи худ гирад, шароити мусоидро фароҳам орад ва ба ҳаёти солиму созанда роҳнамоӣ кунад.

Аз сабаби коста гардидани тарбия дар оила ва ниёз доштани навхонадорон ба ҳаётгузаронӣ 22% ё наздик аз чор як қисми пурсидашудагон аз муносибати созгор надоштани арўс бо модаршў изҳори андеша намуданд, ки сабаби ба вуҷуд омадани низоъҳо ва вайроншавии оилаҳои ҷавон шудааст. Ҳаёт собит месозад, ки дар баъзан ҳолатҳо на ин ки навхонадорон, балки модаршў ба арўс рашк мебарад, дар зиндагӣ монеаҳои сунъӣ амсоли ҳамдигарнофаҳмӣ, аз хоб дер хестан, дер пухтани хўрок, дер аз кор омадан, пул кор накардан, ҳадя накардан, кори хонаро иҷро накардан ва ғайра эҷод мекунанд, ки марҳала ба марҳала байни якдигар ҳисси нобоварӣ, тарсу ҳарос, бадбинӣ, дурўғгўӣ, ноэҳтиромӣ, қасосгирӣ ва ғайра пайдо мешавад. Ба ин маънӣ Аҳмади Дониш дар “Наводир-ул-вақоеъ” рашки модаршўро хеле равшан баён дошта, ки ба андешаи ин мутафаккир модар бо сабаби он омили пайдоиши низоъ дар хонавода мегардад, ки “фарзанд қитъаи гўште наифу оҷиз буд, ки ба саъю таваҷҷуҳ ва тарбияти ман (яъне модар-модаршў) рушду камол ёфта ва басе айёми рўзҳо ба шаб овардаам ва дар тарбияташ зунҳо ошомида ва барои талаб ва хавфи талафи ў басо ба кўча-бозор давида. Ҷазои ин эҳсон ҷуз ин нест, ки саранҷом фатҳу ратқи маҳоми фарзанд ба дасти ихтиёри ман бошад ва ў бе савобдид ва маслаҳати ман набояд ки даме об биёшомад”. Ба андешаи Дониш сабаби пайдоиши низоъ дар рашк ва хусумати модаршў буда, зани навроҳ дар хонавода таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб намудаву фарзанд ба модар камэътибор мегардад. Дар ҳоле, ки то ин замон ў, яъне модаршў фармонгузору садрнишини хона буд ва манзалату мартабаи хос дошт. Ва дар ин маврид модаршў барои аз байн нарафтани обрўву мартаба омода аст, ба муносибати оилаи навроҳ дар ҳама ҳолат бевосита дахолат намояд ва ба гуфтори насиҳати судманди касе гўш надиҳад, ки ин дахолат ба низоъ ва билохира бо шикасти оила поён пазируфтанаш мумкин аст...

Дар шароити муосир низ тақдири оилаҳои ҷавон дар баъзан ҳолат бо таъсири модаршў боиси пароканда шудани оила гардидааст. Чунончӣ, духтаре арз медорад: «…яке аз муаммоҳои ҷудошавӣ аз якҷоя зиндагӣ кардани падару модари шавҳар бо наварўс мебошад. Дар баъзан маврид, бо маслиҳати модаршў мардҳо маҷбуранд аз оилаи худ ҷудо шаванд. Сабаб: кори хонаро бо тезӣ иҷро накардан ё аз уҳдаи говҷўшӣ набаромадан…». Ин муаммо бевосита бо дахолати модаршў ва ба эҳтироми модар аз ҷониби шавҳар сар мезанад.

Дар чунин ҳолат, низоъ метавонад дар баъзан оилаҳо ба вуҷуд ояд ва дар қисмати дигар не. Ин ҳама аз таъсири муҳите, ки ўро иҳота кардааст, аз рашк, сатҳи маърифат, тарбия ва эҳтироми якдигари арўс ва модаршў вобаста мебошад.

Аслан интихоб ва бунёди ҳар як оила бо хоҳишу розигии ҷавону духтар сурат мегирад. Пас аз назарсанҷиҳои ҳар ду тараф ва писанд омадани оилаҳо барои қабули қарор дар интихоби ҳамсар падарону модарон ба фарзандон розигӣ медиҳанд. Ҷавонон назар ба духтарон дертар оиладор мешаванд, то ки соҳиби маълумоти олӣ ё касбу кори гуногун гарданд, дар зиндагӣ мустақилият пайдо намоянд ва ҳаёти хешро пеш баранд. Дар дигар ҳолат падарону модарон аз сабаби шароити мусоид доштан пас аз хатми мактаби маълумоти миёна ба синну соли ҷавонии онҳо нигоҳ накарда, ба писарони худ ҳамсареро интихоб менамоянду зери тобеи худ ё дастнигари худ ба камол мерасонанд. Аз назари дигар, новобаста ба шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва суннусолӣ дар доираи расму оинҳои миллӣ тўю маъракаҳои навхонадорон бо шавқу завқи оилаҳои ҳар ду тараф бошукўҳу шаҳомати хоса ва шодию сурур ташкил мегардад, ки ба хотири ҳама фаромўшнопазир боқӣ мемонад. Шавҳар, падару модар ва ҳама узви оила арўсро бо чеҳраи кушод, самимият, муносибати гарм истиқбол мегиранд. Дар марҳалаи гуногуни зиндагӣ тарбия ва таҳсили минбаъдаи арўсро низ ба дўш мегиранд… Орзую ҳавас амалӣ мегардад ва навхонадорон ҳам бо як умед ба ҳаёти мустақилона қадам мегузоранд. Аз ин лиҳоз, наварўсон эҳсоси гарми модаршўро ҳис намуда, ягон эътирозе надоранд, баръакс ба зиндагӣ ҳамчун кўмакрасон, роҳнамо ва тарбиятдиҳанда ҳис мекунанд. «… Маро дар ҳаёт модаршўям тағйир дод, давоми зиндагии 25-солаам аз ў дар оила ягон маротиба сухани қабеҳ нашунидаам. Бароям чун модарам модаршўи ман гарон меистад …».

Ҷавонон мехоҳанд оилаашон аз даст наравад, вале ба хотири дилгир накардан ва розигии модар (модаршў) писар бо қалбҳои дарднок бо роҳу усулҳои гуногун дар дохил ё хориҷи кишвар истода оиларо барбод медиҳад. Ин мушкилот танҳо дар сурати пайдо гардидани нишонаҳои рашки модаршў, таъназании якдигар, рост наомадани хулқу атвори арўсу модаршў ва иҷро накардани баъзан супоришҳои ў аз ҷониби арўс мебошад. Дар натиҷа, ин ҳолатҳо барои фарзандон аламовар боқӣ мемонад.

Ҷавонон ҳамеша ниёз ба таълиму тарбия доранд. Дар баъзе маврид ҳатто худи падару модар муҳтоҷи тарбия буда, оддитарин муносибати инсониро риоя карда наметавонанд ва фурсате дар насиҳату дилгармӣ ба зиндагии фарзанд надоранд. Аз ин арўси навроҳ кори зани таҷрибадору калонсолро талаб мекунанд. На ҳамчун аз нигоҳи арўси бетаҷриба. Ё агар давоми зиндагӣ модаршў ранҷу азоб ва шиканҷаро аз ҷониби модаршўи худ дида бошад, хоҳиши иҷрои онро аз арўси худ талаб менамояд, ки замоне аз сар гузаронидааст. Ба ҷониби дигар, духтарро дар қатори фарзандони худ надида, муваффақияти ўро ночиз мешуморад. Таваҷҷуҳу самимият ва эҳтироме, ки ба писар ва духтаронаш менамояд, ба арўси худ дареғ медорад. Зеро вай келин аст ва ўро дар масофаи муайян нигоҳ медорад...

Модаршў арўсро маҷбур месозад, ки ба хотири гўё ноэҳтиромӣ ва ё муаммои ночиз байни модаршў шавҳарашро рақиб гузорад. Дар натиҷа, фақат аз тарбияи нодуруст ва амали нуқсондори арўс ҳарф мезанад, ки он оҳиста-оҳиста ба ҳисси нобоварӣ, бадбинӣ ва қасосгирӣ оварда мерасонад. Ва бо ҳар роҳу васила ба фарзанд шикоят мекунад ва баҳона пеш меовард, ки “ман туро бо ин умед бузург кардаам, ки ба гуфти зан дароӣ ва маро аз сари косаву навола манъ фармоӣ; ва маро зердасти зан кунӣ ва ба даста нон диҳӣ, ва дар ҳар кўю манзил модарон бар сари хони фарзандон соҳибихтиёранд ва занону ходимони эшон чокарон ва мутеон.”

Ба ақидаи Аҳмади Дониш агар дар ин ҳолат мард ба ризои модар равад, бояд зан мавриди хусумат ва шиканҷа қарор дода шавад. Ва ҳатто аз боиси рашк модаршў омода аст, молу мулки хешро сарф кунад, то фарзанд занашро аз хона бадар намояд. Барои ин гуна модаршўҳо фарқ надорад, фарзандашон чанд маротиба оила барпо мекунанд ва ё баръакс ҷудо мешаванд. Барои онҳо муҳим мавқеъ ва мақоми худро аз даст надодан аст. Таҷрибаи фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» дар шаҳри Хуҷанд нишон медиҳад, ки «хушдоманҳои ҳар ду тараф нисбати арўс ё домод ноқисиҳои якдигарро мекобанд ва таъназанӣ мекунанд». Ҳисси нобоварию бадбинӣ, ки дар оила пайдо шуд байни зану шавҳар низоъҳо ба вуҷуд меоянд. Дар ин ҳолат, албатта, оила чун пештара солим буда наметавонад ва дар мафкураи онҳо аллакай тарсу ҳарос, ҷустуҷўи камбудиҳои якдигар, фишору зўроварии рўҳию равонӣ ва ниҳоят ҷисмонӣ ба вуҷуд меоранд. Пас, дар роҳи бекор кардани никоҳи баъзан фарзанди худ модаршўҳо низ бетаъсир намемонанд.

Ин муаммо ва ҳалли пурраи он хеле баҳснок аст. Инҷо пурра наметавон пошхўрии оилаҳоро танҳо ба модаршў рабт дод. Навхонадороне низ ҳастанд, ки ба суханҳои наздикону дугонаҳо гўш дода, рафтору муносибати худро дар оилаи худ тағйир медиҳанд, ки дар натиҷа, ҳаёти худро хира месозанд. Ҳар оила талаботу низоми худро дорад. Тағйир додани муносибати арўсон ва ё ҷорӣ намудани таҷрибаҳои зиндагии дигар оилаҳоро баъзан оилаҳо хуб намеписанданд. Аз ҷониби дигар, баъзан наварўсон низ ба зиндагии мустақилона омода набуда, давраи мутобиқатшавии худро дер мегузаронанд. Кўмаки модаршў ва ё насиҳатҳои ўро ҳамчун эроду камбудӣ қабул менамоянд. Нисбати модаршў ноэҳтиромӣ, дурўғу фиреб ва ранҷу азиятро пеш мегиранд, ки баъзан амалу рафтори онҳо аз доираи одобу аҳлоқ нест. Масалан, «...аз рўзе, ки арўс ба хонаам қадам гузошт, аввал файзу баракат аз хонаам парид, баъд гапи хонаам ба берун баромад, дар охир худам аз хона берун шудам. Келинам дар пеши писарам шарт гузошт, ки ё ман ё модарат. Ман низ ба хотири хушбахтии писарам роҳи бозорро пеш гирифтам. Акнун бигўед, ман чӣ хел ин келинро дўст дорам?». Чунин ҳолатҳо зиёданд, вале дар назди виҷдон ҳалли ин муаммо хеҷ аст.

Бо назардошти гуфтаҳои болоӣ ва исботи таҷрибаҳои ҳаётӣ метавон сабаби асосии ба вуҷуд омадани муноқишаҳоро байни арўсу модаршў чунин арзёбӣ намуд:

– рашки беасоси модаршў (барои худ арўсро ҳамчун рақиб қабул мекунад), танқидкунии бемаврид, бераҳмӣ, муносибати дағалона, бахилӣ;

–хислатҳои беаҳамиятӣ, бадфеълӣ, бемасъулиятӣ, худпарастии арўс – омода накардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона аз ҷониби волидайни ҳар ду тараф;

– никоҳи барвақтии духтарон ва надоштани маърифати оиладорӣ;

– суст мутобиқшавии арўс дар оила;

– нофармонӣ, такаббур ва ноэҳтиромии зан нисбати модаршў ва дигар аъзои оила;

– хабаркашии сирри оилавӣ ба модар ва дугонаҳо, тариқи телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ;

– дуруғгуӣ, фиребгарӣ, тафриқаандозӣ, миннат ва берун баровардани муносибат ва шароитҳои хубу бади дохилиоилавӣ;

– мустақилият, озодӣ надодани модаршў ба навхонадорон дар сарфи маблағ, истифодаи ашё, молу мулки хона, харидории чизҳои қиматбаҳо;

– монеъ шудани модаршў ба таҳсили арўс, интихоби касбу ҳунар, аёдати падару модар ва назорати сахт.

Ин амалҳо ба норозигӣ, қаноатманд нагардидани аъзои оиларо ба вуҷуд оварда, ниҳоят ба парокандашавӣ бурда мерасонад.

Барои хушбахтии оила ҳам модаршў ва ҳам арўс бояд кўшиш ба харҷ диҳанд.

Ба ақидаи баъзе таҳлилгарон аз байн бурдани низоъҳои арўсу модаршў комилан имконнопазир аст. Зеро ин мубориза байни ду зан аст.

Дар замони худ Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ масъалаи низои арўсу хушдоманро ба риштаи танқид кашида, дар асари ҳаҷвии «Ақоид-ун-нисо» перомуни ин масъала андешаҳояшро матраҳ карда буд. Аз ҷумла, дар як боби ин асараш навиштааст: «Иҷмои уламост, ки арўс бо модари шавҳар ва модаршўй бо арўс албатта душманӣ кунанд, ҳарчанд дар дил бо ҳам дўст бошанд, дар зоҳир албатта-албатта душман бошанд ва Бибӣ Моҷон гуфта, ки бояд аъзои якдигарро ба дандон гиранд ва дар ниҳояти шиддат ва ғазаб бикананд. Ва Бибӣ Шоҳ Зайнаб аз қавли муршиди худ Иблиси лаъин гуфта, ки ҳар чӣ модари шавҳар гўяд, арўс бояд акси онро ба амал оварад бар арўс воҷиб аст, ки рўзу шаб дурўғ ва ифтирои бисёр аз қавли Шайтони лаъин ба шавҳар нақл кунад ва ҳар вақт, ки модари шавҳар аз пеши арўс гузарад воҷиб аст, ки дар ақиби ў ишора ба панҷа кунад ва инро дар истилоҳ бўғама гўянд, воҷиб аст, ки ба шавҳар бигўяд, ки ҳар вақт, ки хоҳараш биёяд меҳрубонӣ ва муҳаббат накунад, шояд, ки бо ин сабаб камтар биёяд».

Аз ин пораи мансур хулоса кардан мумкин аст, ки масъалаи низои арўсу модаршў таърихи тўлонӣ дошта, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ сабаби онро аз таъсироти шайтон – яъне Иблис медонад.

Занони тоҷик метавонанд, ки бо роҳи нексиголӣ барои аз байн бурдани хусумати арўсу модаршў кўмак расонанд. Зеро анъана, урфу одат ва фарҳанги шарқиёна таҳкурсии мукаммалест, баҳри рафъи ин муаммоҳо. Барои раҳоӣ бахшидан аз низоъҳои байни арўсу модаршў дар амал татбиқ намудани корҳои зерин мувофиқ аст:

1. Дар навбати аввал асоси зиндагии осоишта ва аз даст надодани он аз муносибати худи навхонадорон сарчашма мегирад. Шавҳар тамоми урфу одат, эҳтироми волидайн ва муносибатҳои оилавиро ба ҳамсар ҳамчун ҳамсоли худ фаҳмонад. Зеро дар ин ҳолат аз якдигар намеранҷанд. Фаҳмонидани психологияи муошират, тарзи рузгордорӣ ва риояи талабу дархости оила ҳамдигарфаҳмиро дар муносибат бо модаршў ва дигар аъзои он хуштар месозад;

2. Модаршў пеш аз омадани арўс бояд «Барномаи мутобиқшавии арўс»-ро таҳия ва амалӣ намояд. Бидуни сарзаниш тарзи муносибат ва рўзгордориро фаҳмонад, омўзонад ва ба ҳаёти оилавии худ мутобиқ созад. Кўшиш намояд, ки дар ҳолати дармондагӣ маслиҳати муфид диҳад ва дар дили ў тарсро ҷой надиҳад. Модаршўи бомаърифат ва аз таҷрибаи зиндагӣ огоҳ фикри муноқишаро надорад ў моҳирона ҳамаи баҳсҳоро дар алоҳидагӣ паси cap карда метавонад. Метавон мустаҳкамии оиларо дар муҳаббат, иззату эҳтиром ва боварии тарафайн арзёбӣ кард.

3. Саранҷоми маҳомми манзилӣ бо ақлу кифоят тамом шавад. Пас дар ҷое, ки кор ба дасти беақлон афтад, самара пушаймонӣ ва надомату хусумат ва ғаромат бувад.

4. Бештари модарон мехоҳанд духтарони беҳтарин ва баҳуснро арўс намоянд. Кадом духтар барои писараш мувофиқ аст, аллакай модар пешакӣ нақша мекашад ва ё муайян менамояд. Вай писарро тарбия дод, аз вай инсони хуб ба воя расонид, барояш ҳаёти нав ҳадя сохта ба камол расонид. Вакте ки ба хона арўси нав омад, вай ба корҳои рузгордорӣ ва хоҳишу талаби онҳо омода нест. Аз ин ҷо муноқишаҳо cap мезанад. На бояд танқид ва эрод гирифт, балки ўро бе баҳсу сарзаниш ба ў фаҳмонид ва омўзонид. Арўс ҳам бояд ба расму оинҳо ва хоҳишу талаби аъзои оила мутобиқ шавад. Агар арўс шавҳарро дуст дорад, бояд модаршўи худро низ самимӣ дуст дорад.

5. Ба мақсад мувофиқ аст, ки бояд модаршў арўсро ба хонаи худ ҳамчун келин - духтар қабул намояд ва арўс низ баробари эҳтироми шавҳар модаршўи худро ҳамчун модар пазироӣ намояд. Зеро дар холати ҳамдигарфаҳмӣ, дўст доштану бахшида тавонистани якдигар ва ба волидайн хизмати шоиста намудан оила ҳамон қадар мустаҳкамтар мегардад. Аз ҷониби дигар муҳити беруна низ ба оила таъсир расонида наметавонад ва дар ин маврид натанҳо модаршў, балки шавҳар низ ўро хуш меписандад. Ба ин маънӣ Худованд дар сураи Анкабут, ояти 8 низ мефармояд: «Ва ба одамӣ амр кардем, ки ба падару модари худ некўӣ кун...». Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки гуфт: «Марде назди паёмбар омада гуфт: Эй Расули Худо, кадом касе ба хушрафториам сазовортар аст? Фармуд: Модарат, Гуфтам, боз кӣ? Фармуданд, модарат. Боз кадом? Фармуданд, модарат. Боз кадом? Фармуданд, падарат». Мегуянд: «Ба хок молида шавад бинии он, ки яке аз волидайнашро ва ё ҳардуро хангоми калонсолӣ дарёбад, вале ҳаққашонро адо накарда бошад, пас ў ба биҳишт дохил нагардад». Эҳтиром гузоштани фарзандон ба модар, хусусан, модаршў, некӣ кардан ва хидмати онҳоро дар пиронсолӣ ба ҷо овардан аз гузаштагон мерос аст. Аз таҷрибаҳои зиндагии оилаҳои ҷавон ва дар муқоиса бо кишварҳои хориҷӣ низ маълум гардид, ки дар Тоҷикистон падар ва модарро қадр менамоянд ва онҳо низ дар зиндагӣ роҳнамо ҳастанд.

6. Дар зиндагӣ арўсу модаршў муносибати созгорро бояд пайдо намоянд. Агар натавонистанд, пас фарзанди худро аз сабаби муноқишаҳои байнишахсӣ ва рашк ҷудо насозанд. Оиладор намудани фарзанд шояд осон аст, аммо мустаҳкам нигоҳ доштани оила мушкилтар аст. Соҳибмаърифат будан, муоширати хуб доштан, меҳнатдўст будан, боинтизомӣ, покизакорӣ, ташаббускорӣ, сарфакорӣ омилҳоеанд, ки муносибати ду занро наздик месозанд.

7. Вақте модаршў бо арўс муносибати дурустро ба роҳ мемонад, онҳо ҳар ду худро дар як вақт хушбахт ҳис карда метавонанд. Барои он ки муносибати хуби модаршўю арўс ба хона оромию хушбахтӣ меоварад. Дар муносибати онҳо аз ҳама роҳи дуруст - ин гуфтушуниди тарафҳо мебошад, ки барои сар назадани як қатор низоъҳо ёрӣ мерасонад. Фаҳмидан муҳим аст, ки муносибати ду зан танҳо муносибати онҳо аст ва мард набояд ба он дахолат намояд.

8. Модаршўҳо орзу менамоянд, ки барои писаронашон арўси арзанда харидорӣ намоянд ва бениҳоят кам ба чашм мерасад, ки ба писару арўси худ нияти ғаразнок дошта бошанд. Танҳо муоширати нодуруст, якдигарнофаҳмӣ, бахшида натавонистани якдигар ба решаи хушбахтии оилаҳои навроҳ рахна мезанад. Албатта, модаршўву аруси хуб шудан мушкил аст, барои ин бояд андеша кард ва роҳи халосиро ёфт. Мо яктарафа ва ба яке баҳои манфӣ дода наметавонем. Зеро баҳс байни ин ду ҷинси латиф аст.

9. Дар ҳолати сар задани хушунати оилавӣ бисёр ҷавондухтарон онро пинҳон нигоҳ медоранд. Барои гирифтани ёрӣ ба марказҳои тиббӣ, равоншиносӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оиди хушунати рўйдода муроҷиат намекунанд. Падару модар духтарро ба дасти шавҳар дода, хоҳиши шунидани мушкилоти оилаи ўро надоранд. Модаршўву шавҳари арўс зери фишору зўроварӣ ўро мунтазам сарзаниш мекунанд. Аммо ўро аз чанголи амалу рафтори даҳшатноки онҳо эмин нигоҳ дошт. Зеро муаммои ўро гўш карда натавонистан, дар роҳи ҳалли он кўмак накардан, аҳамият надодани волидайн ва наздикон аз эҳтимол дур нест, ки наварўсон худро дар роҳи халосӣ даст ба ҳодисаҳои нохуш зананд.

10. Иштибоҳи калон дар ҷомеаи мо он аст, ки зан ба шавҳараш оид ба модаршўаш шикоят мекунад ва модаршў оид ба арўс. Ин муамморо бояд шавҳар босаброна ва бешитобкорӣ дар доираи инсонгароӣ бартараф намуда, онро вобаста ба хислати арўсу модаршў ҳаллу фасл намояд. Дар ин бобат довари асосии адолати оилавӣ мард шуда метавонад.

11. Барои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, равонӣ ва тиббӣ тайёр кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва рў ба рў нашудани модаршў, шавҳар ва арўс ба муаммоҳои рўзгордорӣ, тарзи муошират, омўхтани ҳаққу ҳуқуқи зану шавҳар ва пеш бурдани ҳаёти мустақил ба мақсад мувофиқ аст, ки дар назди сабти асноди ҳолати шахрвандии мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот марказҳои омўзишӣ барои навхонадорон ва модароне, ки бори нахуст масъулияти модаршў шуданро бар дўш мегиранд таъсис дода шавад ва навхонадорону модаршўҳо аз курси хатмии он пеш аз маъракаҳои тўйи арўсию домодӣ гузаранд. Омўзиши ин тадбир аз ҷониби равоншиносону омўзгорону собиқадорони пуртаҷриба ва мутахассисони соҳаи тиббу дин аз манфиат холӣ нест.

12. Таъсиси Марказҳои илмӣ ва тадқиқотӣ –сотсиологӣ дар сатҳи маҳал бо гузаронидани пурсишҳои афкори умум барои ҳалли муаммоҳои мавҷуда имконпазир мебошад ва дар ин замина, таҳияи Барнома ва ё нақшаҳои дурнамо аз манфиат холӣ нест. Зеро натиҷаи дурусти фаъолияти Марказҳои илмӣ– тадқиқотӣ дар ин раванд метавонад таъсири бузурге дар пешрафти ҳаёти ҷавонон, ҳалли масъалаҳои муҳим, бартараф кардани нуқсону камбудиҳои оилаҳои навроҳ саҳм гузорад.

Фаридун Ҳодибоев, номзади илмҳои фалсафа,

дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...