(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Бо ворид намудани Парчами миллӣ ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ба чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.

Сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Олимҷон Бурҳониён чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар сатҳи баланд ин пеш аз ҳама шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар яки моро водор месозад, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоем.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рўзи милитсияи тоҷик бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст. Дар робита ба ин, Давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусан тайи солҳои охир ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният диққати махсус медиҳад. Бо ин мақсад дар марҳалаҳои амалисозии ислоҳоти сохтори давлатӣ ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии кишвар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо низ мунтазам идома дода шуда, дар баробари дигар сохторҳои низомии кишвар мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ба мақомоти дорои нуфузу эътибори хоса ва мактаби муҳими ба камол расонидани муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки тадбирҳои то имрӯз амалигардида ҷиҳати қавӣ гардонидани эътимоди шаҳрвандон ва густариши ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ мусоидат намуда, дар самти таъмини адолати иҷтимоӣ, тарбияи ҳуқуқиву ахлоқии ҷомеа ва ҳимояи сулҳу субот дар кишвар нақши муҳим бозиданд. Тавре, ки Шумо иттилоъ доред, моҳи августи соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои иловагии шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси вазорати корҳои дохилӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо харҷи наздик 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Бинои нав аз 10 утоқҳои кории барҳаво барои муфаттишони шуъбаи мазкур, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст, толори хурд, толори варзишӣ, толор барои машқи тирпарронӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Шаҳрдор гуфт, ки мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти дохила вобастагии мустақим дорад. Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Таъкид гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Аз даврони ташкилёбии он дар тӯли ин солҳо ба ӯҳдаи ин кормандони мақомоти корҳои дохила вазифаҳои басо мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб мекард. Дар шаҳри Хуҷанд низ дар чунин шароит барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя мерасиданд.

Инҷо мехоҳам ёдовар шавам, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд низ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории тоҷикон ҳиссаи арзандаи худро гузошта, 26 нафари онҳо ҷони азизи худро нисор намудаанд, ки номи онҳо дар таърихи милитсияи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд.

Ёди ин абармардони шаҳид ҳамеша ҷовидон дар дилу дидаи мардум боқӣ хоҳад монд.

Зикр шуд, ки дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуқтаҳо мунтазам дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода алоҳида таъкиди худро ёфтаанд. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар душвортарин шароит барои ягонагии кишвари азизи худ каҳрамониву мардонагӣ нишон дода, тавонистанд, ки сулҳу оромиро дар кишвар пойдор созанд. Дар ин асно мо бояд ҳаргиз меҳнату заҳматҳои собиқадорони милитсияро фаромӯш насозем, ки беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ҳифзи осоиштагии мардум намудаанд. Кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ имрўз низ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона адо карда истодаанд. Дар баробари ин вазъи ҷамъиятӣ - сиёсӣ ва оперативӣ - ҷиноӣ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам вақти худоромкунӣ фаро нарасидааст, зиракии сиёсиро аз даст набояд дод.

Содир гардидани ҷиноятҳои дорои раванди террористӣ ва экстремистӣ, коррупсионӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ва одамон, мухоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандон масъулияти кор-мандони милитсияро дучанд намуда, мубориза бо ин қабил ҷиноятҳо аз корманди милитсия малакаи дониши баланд ва таҷрибаи бойи кориро талаб менамояд.

Таърих гувоҳ аст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамаи чорабиниву амалиётҳои зидди қонуншиканӣ дар сафи пеши мубориза қарор доштанд. Дар ин замина иштироки онҳо дар таъмини амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта, қаҳрамониҳои онҳо моҳи ноябри соли 1998 бар зидди гурӯҳи ҷинояткорон, ки мақсади халалдор сохтани тинҷиву оромии вилоят ва бо роҳи зӯроварӣ ба даст овардани ҳокимиятро доштанд, пеш-гирии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар минтақаҳои вилоят, муайян ва дастгир намудани аъзо ва пешвоёни иттиҳодияҳои ҷиноӣ, ҳизбҳои ғайриқонунии амалкунанда, ки зидди сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ва даҳҳо ингуна ҳодисаҳо шоёни таҳсин аст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори умедворӣ намуд, ки кулли кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба касбу кори худ содиқу вафодор буда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини суботи устувори ҷомеаро аз ҳар гуна манфиатҳои шахсиву гурўҳӣ боло мегузоранд. Ва доимо дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қарор дошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз менамоянд.

Сипас аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба як қатор пешсафони хизмати мақомоти корҳои дохилӣ барои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватану миллат ва ба халқи худ, пуршарафона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, саҳми муносиб барои баланд бардоштани нақши мақомоти корҳои дохилӣ, иштироки фаъолона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ба 10 нафар эҳтиёҷмандони қитъаи замини наздиҳавлӣ Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин низ супорида шуд.

Барномаи рангини устодони санъати шаҳри Хуҷанд табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...