(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯз ба муносибати 25 солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Масири олӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Масири олӣ» аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Моҳинисо Ҳакимбоева, ки солиёни зиёд бо тиҷорати таҷҳизоти ороишии хона, аз ҷумла пардаҳои истеҳсоли хориҷӣ машғул аст, бунёд гардидааст. Дар таҳхона ва ошёнаи якуми бинои мазкур мағозаи фурӯши мебелҳои истеҳсоли Туркия ва як қатор кишварҳои Аврупо ҷойгир буда, бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон гардонида шудааст.

Дар ошёнаи дуюм мағозаи фурӯши пардаҳои дӯхти муосир, ки асосан истеҳсоли кишвар Туркия мебошад, ҷойгир карда шудааст. Ҳамзамон дар қисмати рости бино сехи хурди дӯхти пардаҳо низ фаъол буда, соҳибхоназанҳои маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши дастрас таъмин карда шудаанд.

Маҷмуъан наздик 20 нафар сокинони шари Хуҷанд бо баробари истифодабарии он бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Қарор аст, ки дар ошёнаи 3-4–уми бинои мазкур меҳмонхонаи муосир бунёд карда мешавад, кидар як вақт барои беш аз 50 нафар хизмат расонида мешавад.

Дар ҳамин ҷо аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 4 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат туҳфа ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд. Роҳбари вилоят ин ҳама тадбирҳои ободониро самараи сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуда, таъкид дошт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ соҳикборони ватанӣ доимо дастгирӣ меёбанд ва дар самти мубодилаи молу коло бо хориҷи кишвар тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассиси маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Масири олӣ» дастур дод, ки бо истифода аз имконот коргоҳи нави истеҳсоли мебелҳои ҳозирамонро бо шарикони тиҷоратии хориҷӣ бунёд намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...