(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барқароркунандагони сохти конститутсионии мамлакат ва фаъолон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, сокинони Хуҷандшаҳри бостониро ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду мустақил табрик намуд.

Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: “Қабули Конститутсияи нав дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи тақдирсоз пеш аз ҳама барои Тоҷикистон аҳамияти дохилии ҳуқуқтаъсискунӣ, меъёрмуқарраркунӣ ва танзимнамоӣ дошт. Дар муҳокима ва қабули он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Сарвари давлат дар мавриди Конститутсияи мо чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Зикр гардид, ки дар тўли ин солҳо Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Он барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардидааст.

Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд зимни баромади хеш таъкид дошт, ки қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани ин санади сарнавиштсоз, нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рўҳияи ватандўстиву худшиносии мардум гардид. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш баён доштанд: «Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид фароҳам оварда шавад».

Зикр гардид, ки бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот карданд, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари мардуми мо таҳмилшуда наметавонад сокинони сулҳдўсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созад. Воқеан ҳам, мо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли олам тавлиди давлати навини демократии ҳуқуқбунёду дунявиро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи кишварамонро эълон доштем. Президенти худро ҳамчун кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории давлат, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шахсияти сарвари бо маънои томаш ҷонфидову халқпарвар ва некандешу ояндабин Эмомалӣ Раҳмон интихоб намудем.

Иттилоъ дода шуд, ки солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои тақдирсози халқу миллат ва кишвар – Рўзи Истиқлолияти давлатӣ ва Рўзи Ваҳдати миллӣ барҳақ мавқеи хосаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию маънавиро дорост. Мояи ифтихор аст, ки таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ Конститутсияи моро аз ҷумлаи демократитарин ва инсонпар-варонатарин конститутсияҳо арзёбӣ намуданд ва имрўз ҳам ин ақида тағйир наёфтааст. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро эътироф мекунад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки Истиқлолият ибтидои давлатсозӣ ва давлатдории муосири тоҷикон буда, ҳамчун рамзи олии Ватану ватандорӣ барои халқи мо имкони воқеии амалӣ намудани орзуву ормонҳои гузаштагонамонро фароҳам оварда, роҳи пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.Соҳибистиқлолӣ ва инкишофи мустақилонаи давлат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро рўи кор оварда, барои ислоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт. Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар ҷомеа андешаи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ зарурати қабули Конститутсияи нави кишвар ба миён омад. Зеро ҳама хуб дарк мекарданд, ки танҳо бо қабули Конститутсияи нав ҳимояи заминаҳои истиқлол ва муаррифии расмии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои пешрафтаи олам муяссар мешавад, амнияти милливу давлатӣ ва оромии вазъияти ҷомеа таъмин мегардад ва бо ҳамин роҳ пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлате, ки қадамҳои нахустини худро мегузошт, устувор мегардад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу печида ва зудтағйиёрбандаи онвақтаи арсаи олам низ дар баробари вазъияти ноорому таҳдидангези сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии дохили кишвар ба мазмуну мундариҷаи таҳаввулоти ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мардуми мо ва умуман ҳастии давлати навини тоҷикон таъсири амиқ ва торафт афзоянда дошт ва дар назди давлату ҷомеа вазифаи басо муҳим ва ҳамзамон бо ин, масъулияти ниҳоят ҷиддиро гузошта буд. Бинобар ин, бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ғайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рў ба рў мегардид. Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар даврони истиқлолият ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрўзу ояндаи давлату миллат таъмин гардад.

Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки имрўз мо ҳама мардуми тоҷик дар фазои сулҳу осоиш ва тинҷию оромӣ умр ба сар мебарему созандагӣ мекунем ва дар рушду нумўи кишвари азизамон, эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки рукни асосии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, саҳм мегирем. Зеро чунин кафолатро ба мо Конститутсия – бахтномаи миллат додааст.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори умедворӣ намуд, ки мардуми сарбаланди шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо саъю талоши пайваста ва дастҷамъона барои ободии Ватани азизамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории фарзандон, инчунин ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намуда, парчами Тоҷикистонро дар фазои амну ободи Ватан партавафшонӣ менамоянд.

Барномаи фарҳангии санъаткорони шаҳри Хуҷанд бо сурудҳои ҷаззоби ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз670
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3432
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7577
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта21426
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37817
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта89602
mod_vvisit_counterҲамагӣ2348035