(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз дар Kохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилоят бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода конференсияи XXII ҳисоботӣ- интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир шуд.

Баъди гузаронидани муқаррароти расмии конфронс, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ оид ба фаъолияти дуюнимсолаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳисоботи муфассал дод. Дар ҳисоботи кумиҷроия таъкид гардид, ки дар давоми солҳои 2017-2019 шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ 15 адад зиёд шудааст. Агар дар оғози давраи ҳисоботӣ теъдоди умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 217 адад бошад, пас ба ҳолати имрӯза ин нишондиҳанда 232 ададро ташкил медиҳад. Таҳлили рафти афзоиши аъзои ҳизб нишон медиҳад, ки давоми ин солҳо теъдоди аъзои ҳизб 3845 нафар афзудааст. Айни замон шумораи аъзои ҳизб дар шаҳри Хуҷанд 17 677 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 11360 нафар занон ва 8466 нафар ҷавонон мебошанд.

Зикр шуд, ки тибқи натиҷаи ҷамъбасти интихоботи соли 2015 –ум 40 нафар вакилон ба маҷлиси шаҳрӣ интихоб гардиданд, ки аз ин теъдод 35 нафарашон аз ҲХДТ мебошанд.

Вобаста ба дастгирӣ намудани кӯдакони ятиму бепарастор Кумиҷроия ҳамасола дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак 70 - нафарӣ хонандагонро сарҷамъ сохта, бо ташкили консерти идона ва супоридани туҳфаҳо хотири онҳоро болида гардонид.

Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба санаву рӯйдодҳои муҳим ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар фаъолияти худ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сиёсӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, 1078 чорабинии фарҳангӣ, сиёсӣ ва оммавӣ доир намуд. Ҳамчунин дар ин давра 72 мусобиқаҳои варзишӣ дар байни наврасону ҷавонон доир карда шуд.

Баъд аз ҳисоботи раиси кумиҷроияи шаҳрӣ вакилони конференсия сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд Баҳодур Мӯъминов, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ, омӯзгори литсейи ДДҲБСТ Рустамҷон Рустамов ба музокира баромаданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Матлуба Сатторзода фаъолияти кумиҷроияро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлил қарор дода, баён дошт, ки дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бояд боз ҳам бештар ба сафи ҳизб ҷавонону занонро бештар ҷалб намонем. Аз натиҷаҳои интихоботи гузашта хулосагирӣ намуда, корҳои таблиғотию ташвиқотиро дар маҳаллаҳо ҷоннок намоем. Баҳри маърифатнокии ҷомеа, баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҳизбиён саъю талош варзем ва бештар миёни омма бошем.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки дар таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ бешубҳа нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун қонуни асосӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хамчун ҳизби созандаву бо эътимод хеле калон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 7 феврали соли равон баён доштанд: «Робитаи қавӣ доштан бо халқ ва ифодакунандаи армонҳои бисёрсолаи он будан ҷавҳари асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил дода, садоқат ба он ва дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан асоси муваффақиятҳо ва эътимоди мардум ба он мебошад. Ба ибораи дигар, ҳизби мо мардумӣ ва зодаи даврони истиқлол буда, дар асоси ормонҳои халки шарифи кишварамон таъсис ёфтааст».

Таъкид шуд, ки омили зуд маҳбубият пайдо намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа маҳз бо мардум сарукор гирифтану аз розу ниёзи онҳо огоҳ будан аст. Ин ниҳоди созанда ҷомеаи моро ба маҷрои дуруст ҳидоят намуда, ба сулҳу созиши миллӣ, ваҳдат расонд, таҳти роҳбарии он ҷомеа ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ворид шуд.

Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз мавсимӣ набуда, туфайли сафарбарии фаъолонаи аъзоён он ҳама самтҳои ҳаёти мардумро фаро мегирад ва ҳамеша фаъол аст.

Таъкид шуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд яке аз ташкилотҳои муқтадир буда, дар сафҳои он наздики 19 ҳазор аъзо дар 5 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 232 ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд. Ин қувваи бузург, ки сиёсати давлатии кишварро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ муаррифӣ мекунад, дар ҳама чорабиниҳои шаҳр фаъоланд. Махсусан, аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву барҷомонда, ятимону бесаробмондагон дар якҷоягӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳамчунин ҳамагуна ҷашну маросимҳо дар ҳамбастагӣ доир карда мешавад. Мақомоти иҷроия дар ташвиқу тарғиби ҳадафҳои стратегӣ такя ба аъзоёни ҳизб мекунад. Зеро 698 нафар аъзоёни ҳизб соҳиби унвони илмӣ буда, 74 нафарро докторону профессорон, 624 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059, амри Раиси шаҳр аз 7 июни соли 2018, №109 нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст.

Боиси зикр аст, ки дар раванди бунёдкорию созандагӣ аъзоён ва алоқамандони ҲХДТ нақши арзанда доранд ва парчамбардори иқдомҳои ватандӯстона мебошанд. Раиси шаҳр аз вакилони конференсия даъват ба амал овард, ки дар тарғибу ташвиқи бандҳои Барномаи ҲХДТ, ки бо самтҳои стратегии давлат ҳамрадифанд фаъолияти бештар зоҳир намоянд.

Дар идомаи конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз моҳи апрели соли 2017 то моҳи октябри соли 2019 шунида, ҳайати нави Кумиҷроия ва комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, сармуҳарири нашрияи «Шафақ» ва вакилон ба Конференсияи 13–уми ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб гардиданд.

Ҷоиз ба зикр ас, ки ба вазифаи сармуҳаррири нашрияи «Шафақ» журналисти варзида ва сермаҳсул Абдусабури Абдуваҳҳоб интихоб ва тасдиқ карда шуд.

Барои иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои Барномавии ҳизб, саҳми арзанда дар раванди бунёдкорию созандагӣ ва ба муносибати 25 - солагии таъсисёбии ҳизб наздик ба 70 нафар аъзоёну фаъолон дар қисмати ташкилии конференсия бо нишони ҷашнӣ, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Конференсияи XXII ҳисоботӣ- интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо қабули қарорҳо ва Муроҷиатнома ба аҳли ҷомеа вобаста ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ хотима бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...