(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатро баррасӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 25 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» - ро қабул мекунад.

Моддаи 1 Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда, маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд: - занон; - ноболиғон; - мардони аз синни 55 боло; - маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда; - иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд; - шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд; - шаҳрвандони хориҷӣ.

Моддаи 2 Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъйиншуда, аз адои ҷазо озод карда шаванд.

Моддаи 3 Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд, агар: - нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад; - нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад; - онҳо ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд; - онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд; - онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд; - онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257 ва қисми 2 моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ карда бошанд; - онҳо барои содир кардани ҷинояти гирифтани пора (моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ё додани пора (моддаи 320 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ба маблағи то 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардида бошанд; - занҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин зиёда аз дувоздаҳ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо намуда бошанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда; - онҳо ба синни 70 расида бошанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда, ба истиснои шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 104, 138, 139, қисми 4 моддаи 249 ва моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда маҳкум шудаанд; - шаҳрвандони хориҷие, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 1301, 181, қисми 3 моддаи 200, моддаҳои 237, 244, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 247, моддаҳои 281, 284, 3071, 3072, 3073 ва 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда маҳкум шудаанд.

Моддаи 4 Маҳкумшудагони зерин, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд: - маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол аз озодӣ маҳрум сохта шудаанд; - маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд; - маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.

Моддаи 5 1. Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо ё ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муҳлати зиёда аз понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум шуда, то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур воқеан понздаҳ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо намудаанд ва муҳлати адонагардидаи ҷазо нисбаташон то се сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида, аз адои ҷазо озод карда шаванд. 2. Шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти дар қисми 2 моддаи 3073 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод карда шаванд.

Моддаи 6 Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шавад: - оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаҳои 1, 2, сархатҳои ҳафтум, нуҳум, даҳуми моддаи 3 ва қисми 2 моддаи 5 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд; - нисбати шахсоне, ки бори аввал қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд; - нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257 ва қисми 2 моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) - ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд.

Моддаи 7 Муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо амали моддаҳои 1, 2, сархатҳои шашум, ҳафтум, даҳуми моддаи 3, моддаҳои 4 ва 6 Қонуни мазкур татбиқ намегардад, кам карда шавад: - нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷинояти беэҳтиётӣ ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз ду як ҳисса; - нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз ду як ҳисса; - нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз се як ҳисса; - нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз чор як ҳисса.

Моддаи 8 Муқаррароти моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур нисбат ба шахсони зерин татбиқ карда намешаванд: - шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 186, 305, 306, 310, қисми 4 моддаи 319 (агар маблағи пора аз 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ зиёд бошад), моддаи 328, қисми 2 моддаи 330, моддаҳои 401 ва 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд; - шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд; - маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст; - маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳали адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.

Моддаи 9 1. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои занон ва ноболиғон, татбиқ карда намешаванд: - барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61, 62, 63, 64, 65, 66, 67, 68, 69, 70, 74, 104, 105 ва 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961); - барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисми 3 моддаи 110, моддаи 122, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, моддаҳои 130, 1301, қисми 3 моддаи 131, моддаҳои 137, 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 141, қисми 2 моддаи 142, қисми 2 моддаи 1421, моддаҳои 1431, 167, 179, 1791, 1792, 1793, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 1841, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1842, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1843, моддаҳои 1844, 185, 186, 187, 188, 189, 193, 195, 196, 199, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисми 4 моддаи 201, қисми 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 2021, қисми 3 моддаи 2022, қисми 3 моддаи 203, қисми 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 244, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисми 3 моддаи 252, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 289, моддаҳои 305, 306, 307, 3071, 3072, қисми 1 моддаи 3073, моддаҳои 3074, 308, 309, 310, 313, қисми 3 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319 (агар маблағи пора аз 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ зиёд бошад), қисми 2 моддаи 320 (агар маблағи пора аз 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ зиёд бошад), моддаҳои 328, 329, қисми 2 моддаи 330, моддаҳои 331, 332, қисми 3 моддаи 335, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 3351, қисми 2 моддаи 3381, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, моддаҳои 374, 375, 382, 383, 384, 385, қисми 4 моддаи 386, қисми 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998); - нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд; - нисбати шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст; - нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳали адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд; - нисбати шахсоне, ки ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир кардаанд; - нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257 ва қисми 2 моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд. 2. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 1301, қисми 3 моддаи 138, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 139, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, қисми 4 моддаи 200, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, моддаҳои 307, 3071, 3072, қисми 1 моддаи 3073, моддаҳои 3074, 308, 309, 310, 313, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) - ро содир намудаанд, инчунин нисбати занон ва ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисми 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246 ва қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд (агар маблағи зарар аз 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ зиёд бошад), татбиқ карда намешаванд.

Моддаи 10 1. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар судҳо баррасӣ нагардидааст ё мавриди баррасӣ қарор дорад ва ё аз ҷониби судҳо маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад. 2. Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.

Моддаи 11 Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад: 1) мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ - нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии ин мақомот қарор доранд; 2) судҳо: - нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо ба судҳо ворид гардидаанд, вале то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд ё баррасӣ гардидаанд, вале ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо накардааст; - нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ ва фармондеҳии қисмҳои ҳарбие, ки рафтори маҳкумшуда ва хизматчиёни ҳарбиро назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳали иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда ва судҳои ҳарбӣ); - нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳали маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз муҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъйиншуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳали иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда); - нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст); 3) муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: - нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду ба ҳабс гирифта нашудаанд ва ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст; - нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷойи корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҳамчун ҷазои асосӣ маҳкум карда шудаанд; - нисбати маҳкумшудагоне, ки ҳукми суд нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд; - нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд; 4) фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ - нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки нисбаташон пешбурди таҳқиқ ё парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқи қисмҳои ҳарбӣ оғоз карда шудааст.

Моддаи 12 1. Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардани татбиқи Қонуни мазкур нисбати ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад. 2. Қарор дар бораи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, бе даъват намудан ва бе розигии чунин шахсон қабул карда мешавад. 3. Дар сурати нокифоя будани маълумоти зарурӣ баррасии масъалаи татбиқи Қонуни мазкур то дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале ба муҳлати на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.

Моддаи 13 1. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо розигии прокурори дахлдор татбиқ менамоянд. 2. Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.

Моддаи 14 1. Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба инобат гирифта шаванд: 1) сархатҳои якум ва дуюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд, ки онҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир карда бошанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 1301, қисми 3 моддаи 138, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 139, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, қисми 4 моддаи 200, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, моддаҳои 307, 3071, 3072, қисми 1 моддаи 3073, моддаҳои 3074, 308, 309, 310, 313, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ва ҷиноятҳои дар моддаи 8 ҳамин Қонун пешбинишуда набошанд. Инчунин нисбати занон ва ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисми 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246 ва қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки маблағи зарар то 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ бошад), татбиқ карда намешаванд; 2) амали сархати дуюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18 нарасидаанд; 3) амали сархати сеюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати мардоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55 расидаанд; 4) амали сархати нуҳуми моддаи 3 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 70 расидаанд; 5) сархати чоруми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюбони гурӯҳҳои I, II ва ё III дониста шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраргардида дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд; 6) таҳти амали сархати панҷуми моддаи 1 Қонуни мазкур қарор мегиранд: - иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳали зисташон расман ба қайд гирифта шудаанд; - шахсони бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарардида, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба гурӯҳи чунин шахсон дохил карда шудаанд. 2. Ҳангоми татбиқи моддаи 7 ҳамин Қонун қисми муҳлати ҷазои адонагардидае кам карда мешавад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст.

Моддаи 15 1. Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад. 2. Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва ё маҳкум шудаанд, вале қисми мавод ва парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар пешбурди тафтишоти пешакӣ ё судӣ қарор доранд, масъалаи татбиқи Қонуни мазкур нисбати онҳо танҳо баъди қабул намудани қарори ниҳоӣ аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ ё суд, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. 3. Амали сархати якуми моддаи 8 Қонуни мазкур нисбати шахсони дар сархати нуҳуми моддаи 3 ва қисми 1 моддаи 5 ҳамин Қонун зикргардида, татбиқ намегардад.

Моддаи 16 Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.

Моддаи 17 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд.

Моддаи 18 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти дахлдор вазифадоранд: - барои бо ҷойи кор таъмин кардани шахсоне, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шуда, ба маҳали зисташон баргаштаанд, чораҷӯӣ намоянд; - назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд; - шахсони озодгардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони бесаробонро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ҷойгир намоянд.

Моддаи 19 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо озодшударо таъмин намуда, рафтори онҳоро таҳти мушоҳида ва назорат қарор диҳанд.

Моддаи 20 1. Иҷрои Қонуни мазкур дар давоми ду моҳ таъмин карда шавад. 2. Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир намудаанд, пас аз муҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ба миён ояд, Қонуни мазкур аз тарафи мақомоти дар моддаи 11 ҳамин Қонун пешбинишуда бо тартиби умумӣ татбиқ карда мешавад.

Моддаи 21 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баъди ду моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Моддаи 22 Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН ш. Душанбе, 25 октябри соли 2019, № 1648

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 октябри соли 2019, № 1463

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...