28 Октябр 2019
Дар шаҳри Хуҷанд олами ҷонварони экзотикӣ бо номи “Зверополис” ифтитоҳ ёфт, ки назираш дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд вуҷуд надорад.
Маркази мазкур барои фароғату инкишофи кӯдакону наврасон нигаронида шуда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Парвина Исҳоқӣ таъсис ёфтааст.
Бо баробари ифтитоҳи марказ 6 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Хорпуштаки африқоӣ, маймун, рӯбоҳ, намудҳои гуногуни морҳо, паррандаҳо, тимсоҳ, сангпушт ва хазандаву ҳайвоноти гуногун дар ин марказ ҷамъоварӣ карда шуданд.
Дар расми кушоди “Зверополис” намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Муяссар Қаҳҳорӣ иштирок намуда, ин иқдомро амали нек арзёбӣ карда,аз ҷумла зикр дошт, ки ифтитоҳи чунин марказ баҳри рушди ақлониву равонии кӯдакону наврасон мусоидат менамояд. Ҳамзамон хислатҳои раҳмдилӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ ва мубориза ба худпарастиро тақвият мебахшад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Парвина Исҳоқӣ чунин марказ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Краснодари Федератсияи Руссия низ ифтитоҳ гардидааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд