(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо иқдоми Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ маҳфили илмӣ адабӣ таҳти унвони “Забони миллат – ҳастии миллат” бо иштироки олимону адибон ва кормандони китобхона доир карда шуд.

Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси КИВ ҲХДТ зимни баромад кулли иштирокчиёни чорабиниро бо ин санаи мубораку муқаддас табрик гуфта, баён дошт, ки имрӯз мову шумо Рӯзи забонро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ дар замони давлатдории миллӣ таҷлил менамоем. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

Муҳаббат Ӯрунбонва, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд номаи муборакбодии кумиҷроияи шаҳрии ҳизбро ба самъи ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон нақш ва мақоми забон ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро маҳз забон асолати таърихии ин миллатро то замони мо оварда расонд. Маҳз забони ноби тоҷикӣ аст, ки имрӯз мо бо гузашти беш аз 1000 сол аз шеърҳои оламшумули қофиласолори назми оламгир Рӯдакии бузургвор баҳраи беш мегирем.

Дар ин росто ёдоварӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони ноҳияи Зафаробод айни муддаост.

Сарвари давлат бо як руҳияи бузург ва ифтихор аз Ватану Ватандорӣ баён доштанд, ки забони тоҷикӣ – забони шеър аст. Ва инро хориҷиён низ эътироф кардаанд. Бо ин забони ноб дар сайёра беш аз 150 миллион нафар муошират менамояд. Садҳо нашрияву миллионҳо теъдод китобҳо ба табъ мерасанд. Аксари олимони ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар сурати азхуд намудани забони тоҷикӣ, ки онро забони форсӣ- дарӣ низ мегӯянд, шахс ба ҷаҳонӣ маънавиёт бештар ғӯтавар мешавад, аз уқёнуси дуру гуҳари сухан ва сухангустарӣ як ҷаҳон маънӣ ба худ касб мекунад. Пас моро мебояд, ки дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва аз байн рафтани баъзе аз забонҳо асолати забони модарии худро гум накунем, ба он арҷ гузорем, барои поку беолоиши он пайваста талош варзем.

Баъдан директори Китобхонаи вилоятии оммавӣ Баҳрои Мирсаидов дар мавзӯи “Масоили вобаста ба таърихи забони тоҷикӣ дар осори Пешвои миллат”, саркитобдорӣ шуъбаи маълумотдиҳӣ – библографии Китобхонаи вилоятии оммавӣ дар мавзӯи “Забони модарӣ – сарчашмаи ифтихори миллат” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Композитсияи адабӣ – мусиқӣ дар иҷрои хонандагони мактаби “Нурафшон” чорабиинро шукуқҳу шаҳомати дигар бахшид. Ба китобдорони фаъол дар вазъияти тантанавӣ сипосномаву тӯҳфаҳои таъсиснамудаи кумиҷроияи шаҳрӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...