(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Мардуми ориёинажоди сакоӣ, суғдӣ ва ворисони онҳо – тоҷикон аз қадимулайём дар радифи дигар манотиқи Варорӯд мавзеи кунунии шаҳри Хуҷандро маскани истиқомат қарор дода, бо фаросату дониш ва меҳнати зиёд ба як шаҳри ободу зебо ва дилнишину дилоро табдил додаанд.

Хуҷанд аз даврони қадим инҷониб яке аз шаҳрҳои бузурги Варорӯд буда, дар рушду нумӯи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа нақши муҳим доштааст. Ин бостоншаҳр дар мавқеи хуби ҷуғрофӣ, даромадгоҳи водии Фарғона ҷой гирифтааст, ки аз васати он дарёи мафтункунандаи Сир гузашта, қад-қади самти шимолиашро кӯҳи боҳашамати Мевағал (“ғал” ба маънии “кӯҳ”) чун девори бузурги табиӣ иҳота менамояд. Фаслҳои сол дар Хуҷанд паси ҳам бо як назму силсилаи хос ҷой иваз карда, баҳораш хеле фораму нозанин, тобистонаш гарми офтобӣ, тирамоҳаш заррину меваҳояш ширин ва зимистонаш сарди нисбатан кӯтоҳ аст. Киштзорҳои Хуҷанди бостониро аз замонҳои қадим рӯди Такоб, ки аз қуллаҳои барфии кӯҳи бузурги Туркистон сарчашма гирифта, аз самти ҷанубии шаҳр суфакӯҳи Рухакро бурида мегузарад, бо оби ширину серғизо сероб мегардонад. Иқлими мусоид, оби фаровон, хоки ҳосилхез ва аз ҳама муҳим мардуми бофарҳангу меҳнатдӯсташ асбоби ободию зебоии шаҳр ва деҳоти атрофаш гаштаанд. Нафаре ки бори нахуст вориди Хуҷанд мегардад, аз табиати зебо ва мардуми хушрафтори он ба ҳаяҷон омада, аз дилу забонаш андешаю каломи таърифу таҳсин мегузарад. Тавсифи ҷуғрофӣ, табиӣ ва таърихии Хуҷанд пас аз маншур шудани дини ислом дар Варорӯд сурат гирифта, ҷуғрофидонҳо, кишваршиносон ва муаррихон дар осорашон аз он чун макони поку ботароват ва шигифтангезу дилбаранда ёд кардаанд. Махсусан, замони давлатдории сомониён шаҳру деҳаҳои минтақаи мазкур хеле ободу пурбаракат ва мардумаш ғаниву сахӣ будаанд. Ҷуғрофидони машҳур ва сайёҳи арабнажод Абулқосим Муҳаммад ибни Ҳавқали Тамимӣ (в. 988 м.), ки аз Мағриб то Машриқ сафарҳои зиёд анҷом додааст, дар ин бобат дар “Сурату-л-арз” чунин навишта дорад: “Мовароуннаҳр дар саросари дунё ба фарохии неъмат ва сафою хуррамӣ ва пурбаракат будан маъруф аст. Мардумони он ба некӣ роғиб ва дорои ҳадафи муқаддасанд. Ба зердастон ва бандагон бахшиш мекунанд ва дорои шавкат ва маноат ва қувват ва далерӣ ва бузургворӣ ва дониш ва салоҳанд ва афроди бисёр созу барг доранд. Аммо, фарохии неъмат он чунон аст, ки дар ҳамаи ақолиме, ки дар ин китоб зикр шудааст, қаҳтӣ рӯй медиҳад, вале Мовароуннаҳр ҳаргиз қаҳт намебинад ва агар гоҳе сармо ё гармо, ё офате ба кишти он ҷо бирасад, аз навоҳии дигар ниёзмандиҳои мардуми он таъмин мешавад. Саросари Мовароуннаҳр шаҳрҳо ё деҳаҳо аст, ки ба василаи оби чашма ё борон сероб мешавад...”. Яке аз аввалин нафароне, ки дар васфи Хуҷанд чанд нуктаи муҳим баён намудааст, Абӯабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исҳоқи Ҳамадонӣ, маъруф ба Ибни Фақеҳ, ҷуғрофидон – кишваршиноси нимаи дувуми асри IХ ва аввали асри Х аст. Ӯ дар асараш “Китобу-л-булдон” мегӯяд: “Хуҷанда шаҳри покиза ва пурбаракату нек аст, яке аз мардуми он ҷо дар васфаш гуфт: Ва лам аро балдата бозоа шарқин, Ва ло ғарбин би анзаҳи мин Хуҷанда. Ҳийа-л-ғарроъу туаъҷибу ман рааҳа, Ва ҳийа бил форисия “Дилбибурда”. (Шояд асли ин калима “Дилбаранда” бошад, – С. У.) Баргардони ин порчаи назмӣ дар тарҷумаи мухтасари “Китобу-л-булдон” (мутарҷим Ҳ. Масъуд) чунин омадааст: “Ман дар ховарону бохтарон шаҳре ба покизагӣ ва солимҳавоии Хуҷанда надидаам. Хуҷанда шаҳрест зебову хушманзар, ки бинандагони худро дар шигифтӣ фурӯ барад ва он дар форсӣ ба маънои “Дилбибурда” аст”. Хуҷанд, махсусан, замони подшоҳии сулолаи сомониён (с. 819–992 м.) хеле ободу зебо будааст, ки Абӯисҳоқ Иброҳими Истахрӣ (в. 957), аз бузургтарин ҷуғрофишиносони тамаддуни исломӣ, дар асараш “ал-Масолик ва-л-мамолик” (соли 952 м.) васфи шаҳри Хуҷандро чунин овардааст: “Хуҷанда шаҳре машҳур бар Мовароуннаҳр, дар канори Сайҳун. Шаҳре хушобу ҳаво, ки дар минтақа беназир ва дорои беҳтарин меваҳост. Рӯде дар васати он ҷорист ва кӯҳе низ ба он муттасил”. Вазири аъзами Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ – Абӯабдуллоҳи Ҷайҳонӣ (в. 941 м.) дар асари ҷуғрофии “Ашколу-л-олам” мавқеи ҷуғрофӣ, сохтори меъморӣ, табиат, иқлим ва мардуми Хуҷандро нисбати сарчашмаҳои дигар пурратар баён менамояд: “Хуҷанд наздик аст ба Фарғона ва аз аъмоли (мулки – С. У.) Фарғона ва аъмоли он ҷудогона аст, аммо дар ҷумлаи Фарғона овардем. Ва он шаҳрест ба ҷӯи Шош (Сирдарё – С. У.)дар ҷониби ғарби он ва дарозии шаҳр бештар аз арзи он бошад ва дарозӣ мекашад ба як фарсанг. Дар аъмоли он ҳеҷ шаҳри дигар нест, магар Канд. Ва ин Хуҷандро шаҳристону кӯҳандиз аст ва масҷиди ҷомеъ дар шаҳр ва сарои аморат дар майдон. Ва шаҳрест дар ғояти хушӣ ва покӣ ва бад-он ҷо меваҳо фаровон, чунончӣ аз эшон зиёдат меояд ва ба навоҳии дигар мебаранд. Мардуми эшон боҷамол ва хуб ва муошир ва бо муруввати тамом. Аммо, навоҳии он фарох нест ва зироати зиёдат надорад ва ғаллаи эшон андак аст. Ва ба харҷи эшон вафо намекунад ва аз навоҳии дигар аз Усрушана ва Фарғона бад-он ҷо меоваранд ва аз ҷӯи Шош киштиҳо бад-он ҷо меояд”. Муаллифи ношинохтаи асари машҳури ҷуғрофиёии “Ҳудуду-л-олам мин-ал машриқ илал мағриб”, ки таълифаш соли 982 м. итмом ёфтааст, Хуҷандро ин гуна тавсиф мекунад: “Хуҷанд шаҳрест ва он қасабаи он ноҳиятест ва бо кишту барзи бисёр аст ва мардумони бомурувват ва аз вай анор хезад”. Минбаъд Абулқосим Муҳаммад ибни Ҳавқали Тамимӣ, ки зикраш пештар гузашт, дар “Сурату-л-арз” Хуҷандро чунин таърифу тавсиф мекунад: “Аммо Хуҷанда ба Фарғона пайваста ва дар ҷумлаи он аст, лекин аъмоли он ҷудост ва дар мағриби рӯди Чоч (Сирдарё – С. У.) ва бар канораи он қарор дод (дорад ¬¬– С. У.). Тӯли он аз арзаш бештар ва Канд дар як фарсахии он аст. Хуҷанда саросар токистону боғ аст ва дар аъмоли он шаҳре ҷуз Канд вуҷуд надорад. Боғҳо ва хонаҳои он ба таври пароканда аст, қаряҳои маъдуде дорад ва низ дорои шаҳру қӯҳандиз аст. Ва масҷиди ҷомеи он дар шаҳр ва доруламмора дар майдон, воқеъ дар рабаз (макони истиқомати аҳолӣ, ҷойи дӯконҳо ва коргоҳҳо). Ва зиндон дар қӯҳандиз аст, шаҳре аст босафо ва дорои меваҳои хуб ва мардумонаш зебо ва ҷавонмардонанд. Киштҳои он ҷо мардумонро кифоят намедиҳад ва аз ин рӯ аз соири навоҳии Фарғона ва Усрушана ғалла бад-он ҷо оранд”. Ҷуғрофидон ва кишваршиноси дигари араб Шамсуддин Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Мақдисӣ (в. 991 м.) дар “Аҳсану-т-тақосим фӣ маърифату-л-ақолим” дар васфи Хуҷанд чунин навиштааст: “Хуҷанд шаҳри ботароват аст, дар ин ҷониб шаҳре аз он поктар нест, аз васати он дарё ҷорӣ аст ва кӯҳ ба он муттасил. Ва он аввали сарҳад буда, ҳақиқатан оқилон онро ситоиш кардаанд ва шоирон васф намудаанд”. Дар боби “Иқлими Шарқ” ва фасли “Ҷониби Ҳайтал (Варорӯд – С. У.)” Хуҷандро дар радифи дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр ин гуна мавриди тавсиф қарор додааст: “Бидон, ки ин сӯи рӯд (Амударё – С. У.), зархезтарин заминҳои Худо аст. Саршор аз некиҳо, ободонӣ, донишпарварӣ, фиқҳ, диндорӣ, нерӯмандӣ, гарданситабрӣ, пайгирӣ, дилпокӣ, ҳамзистӣ мебошад. Мардум сарватманд, покдоман, некӯхоҳ, меҳмоннавоз, донишмандпараст ҳастанд. Хулоса, ислом дар он ҷо шодоб, давлат нерӯманд, додгарӣ устувор, фақеҳон доно, сарватмандон солим, пешаварон моҳир, фақирон коргар ҳастанд, он ҷо камтар дучори қаҳтӣ мешаванд (ва аз душманон дар амонанд). Минбарҳо беш аз андоза, ноҳиятҳояш густурдатар аз марзи тавсифпазирӣ аст, вале ман ба андозаи тавони худ кӯшидаам. Суғди гаронқадр, Самарқанди бузург, Хуҷанди шигифтангез (дар нусхаи аслии асар, ки ба забони арабӣ аст “аҷиба” омадааст – С. У.) дар он ҷо аст, ки донишгоҳҳо ва пешвоёни бузург ва идора ва қудратманд ва ҷангҷӯёни далер ва корвонсароҳо ва саворон ва меваҳо ва ангур ва бардагон ва канизон ва баррасиҳои шабонарӯзӣ ва қарордодҳо ва коргузориҳо гароиши бисёр ба адабу ҳунару ҳадис доранд. Пас, он ҷо акнун ҳам марзи ҷангӣ ва ҳам маркази илмӣ ва ҳам ҷойгоҳи иршод аст. Бидъат ва аҳкоми золимона дар он ҷо дида намешавад. Конҳои он ҷо гаронбаҳо, корвонсароҳояш фаровон, обҳояш сабук, беҳдошташ солим аст. Назди султонаш некӯхоҳоне чун Шайх Алӣ ибни Ҳасан дида мешаванд”. Дар асари гаронқадри қомусии “ал-Ансоб” Абӯсаъд Абдулкарим ибни Муҳаммад ас-Самъонӣ (т. 1112 м.) дар радифи маълумоти муҳим оиди шахсиятҳои бузурги таърихӣ, макони таваллуди онҳоро низ хеле равшан баён намудааст. Аз ҷумла оиди шаҳри Хуҷанд чунин гӯяд: “Хуҷанд “ба замми “хо”, ба фатҳи “ҷим”, сукуни “нун” ва сипас бо “дол” яке аз шаҳрҳои бузург ва некиҳои вофир дар наздикии Сайҳун аз билоди машриқ аст”. Ёқути Ҳамавӣ (1179 м. – 1229 м.), ки аз ҷуғрофидонҳои беҳтарини охири асри ХII ва аввали асри ХIII будааст, шаҳри Хуҷандро бо ишора ба мансубияти иқлимӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, шароити табиӣ ва сифати меваҳо дар “Мӯъҷаму-л-булдон” ин гуна тавсиф мекунад: “Бо доли бенуқта дар иқлими чаҳорум аст, дар арзи ҷуғрофиёӣ он 92 дараҷа ва ним ва паҳноии ҷуғрофии он 39 дараҷа ва як шашум бошад. Шаҳре маъруф дар Варорӯд дар каронаи Сайҳун аст. Аз он ҷо то Самарқанд даҳрӯза роҳ аст ба самти ховар. Шаҳре хушобу ҳаво аст, ки дар он сарзамин беҳтар аз он ва хушмеватар аз он набошад. Рӯдхонае аз миёни он мегузарад ва кӯҳ дар канори он аст”. Абулфазл Муҳаммад ибни Умар ибни Холид, машҳур ба Ҷамоли Қаршӣ (т. 1231 м.) аз зумраи олимону нависандагони машҳури нимаи дувуми асри ХIII, ки ба Хуҷанду хуҷандиён (шогирди Бурҳонуддини Кабири Хуҷандӣ) дилбастагии зиёд дошта, ду дафъа солҳои 1279 ва 1289 м. дар ин ҷо будааст, дар асари хуби таърихиаш «Мулҳақот би-с-Сурох» фазилату некиҳои шаҳрро чунин дарҷ менамояд: “Хуҷанд дар покизагию пурсамарӣ ҷаннат аст ва бо саршорӣ аз раёҳину гулҳо ва киштиҳои раванда дар Сайҳунаш фирдавси замин аст ва осмонаш бо сайёраҳои улуму ситораҳои дурахшон зебост”. Муаллифи “Тақвиму-л-булдон” (в. 721 ҳ. – 1321 м.) Абулфидо Исмоил бо иқтибос аз навиштаҳои Аҳмади Котиб (в. 1273 м.– 1331 м.), Ибни Ҳавқал (в. 983 м.) ва муаллифи асари “ал-Боб” чунин овардааст: “Аз Хуҷанда то Самарқанд ҳафт марҳала аст ва аз Хуҷанда то Шош чаҳор марҳала”. Ибни Ҳавқал гӯяд: “Хуҷанда аз музофоти Фарғона аст”, соҳиби “ал-Боб” гӯяд: “Хуҷанд шаҳри бузурге аст бар канораи Сайҳун ва онро “Хуҷанда” ба зиёдатиҳо низ гӯянд. Бар сарзамине аст ҳамвор, бӯстонҳо ва меваҳои некӯ дорад”. Муаррих Ҳофизи Таниш ибни Мирмуҳаммад Бухорӣ оиди кишваркушоиҳои Абдуллохони II Шайбонӣ (1534–1598 м.) дар “Шарафномаи шоҳӣ” қайду дарҷҳо намуда, дар хусуси чаҳор шаҳри ободи Мовароуннаҳр, аз ҷумла Хуҷанд чунин мегӯяд: «Аввал – Бухоро, манбаи илму фазл ва хоки он фахри Руму Чин; дуввум Самарқанд, макони салтанат, соҳиби шаъну шараф, ҳамчун нигин дар қиёси шаҳрҳои дигар ва гавҳари тоҷ; севум Тирмиз, маъвои авлиёву саҳобагон, лаби дарё ва сароби обҳои равони дунё; ва чаҳорум, Хуҷанд ҷойи фароғат, мавзеи покон, макони сўфиён ва ҳадде, ки аз он ҷаҳон оғоз меёбад». Муаллифи “Тазкирату-ш-шуаро” Амир Давлатшоҳ ибни Алоуддавла Бахтишоҳ ал-Ғозӣ, машҳур ба Давлатшоҳи Самарқандӣ низ бо такя ба дигар сарчашмаҳо Хуҷандро ҳамчун “Арӯси олам, вилояти назиҳ ва васею дилкушо” қайд кардааст. Муҳаммадҳодӣ Ризоқулихони Ҳидоят дар “Анҷуманорои Носирӣ”, ки тадвинаш соли 1870 м. ба охир расидааст, Хуҷандро ин тавр васф менамояд: “Шаҳрест аз иқлими панҷум ба Фарғона, бар канори рӯди Сайҳун дар панҷ фарсангии шаҳри Андиҷон ва онро “Арӯси дунё” хонанд. Гӯянд, онро Кайхусрав бунёд ва бино ниҳода ва баъд аз харобӣ Дороб таъмиру тамом намуда”. Шоирон низ ба шаҳри Хуҷанд ва мардуми бофазилати он маҳбубияту дилбастагии хоса доштаанд, ки онро дар риштаи назм кашидаанд. Асируддин Абулфазл Муҳаммад ибни Тоҳири Ахсекатӣ (в. 1213 м.), шоири намоёни асри ХII, яке аз вассофони Оли Хуҷанди Исфаҳон (асрҳои ХI–ХIII), аз аввалин нафаронест, ки дар васфи Хуҷанд чунин қасидаи баландмазмун эҷод намудааст: Ба хоку буми Хуҷанд осмон тафохур кард, Ки ному мартабати ӯст осмони Хуҷанд, Хуҷандро маталаб дар саводи ҳафт иқлим, Ки бартар аст зи ҳафт осмон макони Хуҷанд! Ҳар он, ки меваи инсоф ҷусту мояи ман, Замона гуфт бад-ӯ роҳи бӯстони Хуҷанд. Зи ҳашт соҳати ҷаннат касе чу даргузарад, Расад ба пояи аввал зи остони Хуҷанд! Забони даҳр ба насли хуҷандиён хабар аст, Ки хайр бод ба насли бақо забони Хуҷанд. Чу дудмони Хуҷанд аст посбони ҷаҳон, Худои азза ва ҷалл бод посбони Хуҷанд! Дар ҳақиқат меваҳои Хуҷанд аз замонҳои қадим хеле маъруфу машҳур буда, онҳоро ба мамолики дигар низ мебурдаанд. Махсусан, васфи анори Хуҷанд дар осори бузургони илму адаб хеле зиёд омадааст, ки ҳазрати Шайх Камоли Хуҷандӣ дар ин бора чунин гуфтаанд: Гуфтам аз себи самарқандӣ беҳу аз анори Хуҷанд, Бо занахдону лаби чун қанд гуфто: “Беҳ набувад”. Шамсуддин Муҳаммад ибни Алӣ, машҳур ба Сӯзании Самарқандӣ аз шуарои маъруфи қарни ХII низ дар чанд маврид аз анори Хуҷанд, ки машҳури офоқ будааст, чунин ёдовар мешавад: Нор чу лаъли ту аст гар ба ду нима кунӣ, Аз сари пуршири он донаи нори Хуҷанд. *** Ба меҳри ту дилам эй мубтадову маншаи ҷуд, Ба сони нори Хуҷанд аст, банд андар банд. Амирзодаи темурӣ – Муҳаммад Заҳируддин Бобур (1483–1530м.) низ дар ин бобат дар “Бобурнома” чунин навиштааст: “Шайх Маслаҳат ва Хоҷа Камол аз Хуҷанд будаанд. Мевааш бисёр хуб мешавад ва анораш ба хубӣ машҳур аст, чунончӣ, себи Самарқанду анори Хуҷанд мегӯянд”. Аз хуҷандиёни машҳур шоир Мирзо Шӯхии Хуҷандӣ, фарзанди шоир Мир Саййид Шоҳ Лутфуллоҳ, ки мулаққаб ба Эшони Шайдо (в. 1745 м.) аст, бо як меҳру муҳаббати беандоза дар тасвири шаҳри Хуҷанду мардумаш маснавии “Дар тавсифи Хуҷанди арҷманди фирдавсмонанд” иншо намудаанд, ки васфи манзараҳои зебои шаҳр, дарёи чу баҳр, кӯҳи боазамат, имороти боҳашамат ва хиёбонҳои боназофати онро дарбар мегирад: Қаламро сар кунам минқори тўтӣ, Бигўям чанд аз он гулзори хубӣ. Чӣ шаҳре, к-аз ҳавояш аҳли ҷаннат, Чу маҷнунанд дар домони ҳасрат. Зи васфаш ҳар замон бар хештан дил, Биболад чун арўсони чаман дил. Зиҳӣ, хуррамзамини хушҳавое, Ки фирдавс аз биноҳояш биное. Ҳавояш рўҳро қувват фазояд, Насимаш ғунчаи хотир кушояд. Агар гўям биҳишт аст ин сазовор, Бувад мисдоқи «Таҷрӣ фиҳа-л-анҳор». Ба зери кўҳаш он дарёи Уммон, Намудӣ кўҳи Қофу баҳри ҳайвон. Дар ин даъвӣ хамўш аз чуну чандаш, Фалак саҳнест аз «Боғи баланд»-аш. Рафеъулқадр «Арк»-ашро чӣ пурсӣ? Фурўтар пояҳояш Аршу Курсӣ. Шуда ҷаннат аз он девонаи ў, Ки то бинад «Қаландархона»-и ў. Ба баҳр оварда наздик ин «Ҷиболаш», Ки бинад то дар ў акси ҷамолаш. Бале, хубон кунанд худро тамошо, Ниҳанд дар пеши рў оинаеро. Аҷаб дарёи соҳибшўри хунхор, Фитода зери кўҳаш аждаҳовор. Намудӣ «Ҳавз»-и ў чун чашми хубон, Ниҳолон дар канораш ҳамчу мижгон. Ба рўи оби софаш мавҷаи ў, Парешон кокуле афтода бар рў. Имороташ зи ҳамдигар барин аст, Қусури чархи воло кай чунин аст? Мухаммар карда аз Кавсар бинояш, Зи мушки суда хоки кўчаҳояш. Дару девори ў чандон мусаффо, Ки аз як ҷо тавон дидан саропо. Ба ҳар сў ҷўи оби он гулистон, Чу рагҳо рафта бар аъзои хубон. Мисолаш кай тавон дидан ба дунё? Магар акси худаш бинӣ зи дарё. Ҳисораш гашта з-он гардиш мудаввар, Бағал бикшодаву бигрифта дар бар. Чунон олӣ ҳисораш карда меъмор, Ки сақфи осмонро гашта девор. Чу омад дар назар дарвозааш ҳафт, Ҳароси ҳафт дари дўзах зи дил рафт. Нишеманҳо чунон барҷо фитода, Ки аз ҳар сў дари боғе кушода. Парирўён дар он гулзори ишрат, Чу ҳурон ҷилвагар дар боғи ҷаннат. Ба ҳар сў мутрибони нозуковоз, Дар он гулшан чу булбул нағмапардоз. Зи гардун ин наво доим баланд аст, Арўси шаҳрҳо шаҳри Хуҷанд аст. Арӯси волааш шаҳри Бухор аст. Ба кўҳ овора маҷнунаш Ҳисор аст Яман аз ҳасрати ў лаб газида, Бадахшонро зи чашмаш хун чакида. Зи бўяш гашта аҳволи Хито танг, Зи рангаш сабзаи Кашмир беранг. Сухан кўтаҳ, чунин шаҳри муқаддас, Надида ҳеҷ кас, нашнида аз кас. Шаҳе, к-ин шаҳрро ҳоким набошад, Ҳамон беҳ, к-аз нигин номаш тарошад. Шоири алҳол ношинохтаи дигар дар тавсифи Арки Хуҷанд (иқтибос аз “Маноқиби Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ), ки кӯҳантарин ва бузургтарин ёдгории таърихии Хуҷанд асту бо иродаи мустаҳкаму дасту панҷаи пурқуввати хуҷандиёни асил иморат шудааст, чунин меорад: Яке қитъае дид олиҷаноб, Шуда хоки ў афсари офтоб. Нўҳум чарх курсии девори ў, Қамар хишту Ҷибрил меъмори ў. Зи баҳри сууду қарораш малак, Чу тайрон намудӣ ба боми фалак. Агар пар задӣ то дами растахез, Зи зераш надидӣ ба ҷуз хокрез. Ба гирдаш яке хандақи бекарон, Чу баҳри муҳите ба гирди ҷаҳон. Фалак сўйи ин баҳри гардунмисол, Чу шасти зар андохтӣ аз ҳилол, Ҳанўз аз лабаш норасида ба так, Ки мазбут гаштӣ ба ҳалқи самак. Шоир Авазмуҳаммад Нозили Хуҷандӣ (1788-1876м.), ки дар шаҳри Хӯқанд вафот кардааст, низ бо муҳаббати хоса дар шаъну шарафи Хуҷанду хуҷандиён чунин ғазали олиро сурудааст: Сандуқаи орифон Хуҷанд аст, Ба ҷисми фусурда ҷон Хуҷанд аст. Дар торикии шаби залолат, Равшангари раҳравон Хуҷанд аст. Дарвозаи ҷаннату-л-муалло, Бе шубҳаву бе гумон Хуҷанд аст. Атровари ҳар димоғи тира, Аз гулшани ломакон Хуҷанд аст. Монанди алиф миёнаи ҷон, Пайдо шуда дар миён Хуҷанд аст. Аз чашми бади замона доим, Дар ҳифзи Худо амон Хуҷанд аст. Аз баҳри сууди боми улвӣ, Фориғ зи ду нардбон Хуҷанд аст, Оварда барои Муслиҳуддин, Аз дори ҷинон ҳамон Хуҷанд аст. Бо меҳру мурувват аст барпо, Аз ҷумла дар ин замон Хуҷанд аст. Аз хайли билоди одамобод, Бугзидаи хусравон Хуҷанд аст. Аз баҳри шуури ҳақпарастӣ, Омодаи бузургон Хуҷанд аст. Мизбон нашунида ҳам диҳад нон, Ҷон дода ба меҳмон Хуҷанд аст. Аз лутфи зарофаташ чӣ гӯям? Нозил шуда з-осмон Хуҷанд аст. Аз мусташриқини машҳур академик В. В. Бортулд дар “Туркистоннома” бо такя ба сарчашмаҳои асили ҷуғрофӣ ва таърихӣ Хуҷандро шаҳри муҳими водии Фарғона ва Варорӯд донистааст. Ӯ навиштааст, ки “Шаҳри Хуҷанд, ки пеш аз қарни даҳуми мелодӣ (чаҳоруми ҳиҷрӣ) ҷузви Фарғона шумурда мешуда, дар қарни даҳуми мелодӣ (чаҳоруми ҳиҷрӣ) воҳиди идории алоҳидаеро ташкил медода. Дар даврони пеш аз ислом низ аз “Мулки Хуҷанд” сухан рафтааст, гарчи вай зоҳиран тобеи подшоҳи Фарғона буда. Хуҷанд яке аз шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр буда, қуҳандиз ва шаҳристону рабаз дошта, зиндон дар қуҳандиз ва масҷиди одина дар шаҳристон ва кох дар миёни майдони рабаз қарор дошта. Боғистонҳо ва токистонҳои ин шаҳр машҳур буда ва ҷамъияти он чандон зиёд буда, ки маҳсулоти мазореъ перомуни ниёзмандиҳои мардумро рафъ намекарда ва аз Фарғонаю Усрушана гандум барои масрафи шаҳр ворид мешудааст. Ҷӯе дар васати шаҳр ҷорӣ буда, ки муҳтамалан на аз Сирдарё, балки аз Хӯҷа Бакирхон (Хоҷа Боқирғон – С. У.) мутафарраъ мегашта, чунонки пештар гуфтем шаҳри Канд низ ҷузв ноҳияи Хуҷанд буда”. Хулоса ин аст, ки имрӯз ҳам шаҳри Хуҷанд бо шарофати осоишу ваҳдат ва ҷидду ҷаҳди мардуми ватандӯсту фарҳангпарвараш дар зебогию ободӣ машҳур аст. Камина пешниҳод менамудам, ки навиштаҳои мазкури бузургон дар лавҳаҳои махсус бо ороиши зебои миллӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷойҳои таърихӣ ва истироҳатию мадании шаҳри азизамон – Хуҷанд насб шаванд.

Содирхон УМАРОВ

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...