(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Забон сарвати бебаҳои маънавист, ки аз насл ба насл мегузарад, муносибати наслҳоро барқарор дошта, ганxинаи илму маданиятро ҳифз ва насиби авлоди оянда мегардонад.

Забони тоҷикӣ дар фосилаи мавҷудияти таърихии хеш бо низоми муайян ташаккулу таҳаввул ёфта меояд. Дар муддати бештар аз ҳазор сол авзои сиёсӣ, дигаргуниҳои куллии сохториву ҳукуматӣ, мазҳабиву фарҳангӣ ва суннативу маросимӣ ба таркиби луғавӣ, хусусиятҳои грамматикии он таъсири бевоситаи худро гузоштаанд.

Ташаккули таркиби луғат, аз ҷумла лексикаи расму оин ба ҳаёт ва таърихи офаринандаи он - халқ алоқаманд мебошад.

Истилоҳоти хешутаборӣ дар як халқ вобаста ба ҷойи зист (шаҳр, ноҳия, деҳот ва ҳатто маҳал), табақаи иҷтимоӣ бо тарзҳои вижа истифода мешаванд. Масъалаи мазкур, ки як қисми ҳаёти мардум аст, мавриди таҳлилу тадқиқ қарор гирифтааст.

Барои ифодаи истилоҳоти хешутаборӣ мардуми Хуҷанд мафҳумҳои зеринро кор мефармоянд: дадо, бува, ако, уко, буча, оча, бӯво ва ғайраҳо.

Бисёре аз ин истилоҳот на танҳо нисбат ба хоҳару бародарони хунӣ, бобою бибии худ, балки ба як қатор хешони дуру наздик ва ашхоси бегонае, ки дар ҳамин синну сол мебошанд, кор фармуда мешаванд. Ин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки хешии хунӣ ду хел мешавад: наздик ва дур. Мувофиқи гуфтаҳои ахбордеҳамон, ба гурӯҳи хешони наздик се насл дохил мешаванд. Наслҳои дигарро, ки пас аз насли сеюм меоянд, хеши дур меноманд. Ин таснифот на танҳо дар байни халқи тоҷик, балки дар миёни дигар халқҳои Осиёи Миёна низ вуҷуд дорад. Хеши наздик, ки аз се насл иборат аст, падар, писар ва невара, навера (набера)-ро дар бар мегирад. Хеши дур бошад, наслҳои пас аз насли сеюм ояндаро дар бар мегирад. Дар Хуҷанд ин наслҳоро эвара (абера), чевара (чабера), пушти дар ва бегона меноманд.

Ҳангоми таҳлили истилоҳоти хешутабории Хуҷанд пай бурдан мумкин аст, ки аксарияти ин истилоҳот маънои гурӯҳӣ доранд ва доираи зиёди ашхосро дар бар мегиранд. Масалан, падари волидайн ва бародарони падари волидайнро бо истилоҳи бӯво (бобо) ифода мекунанд. Дар бархе аз оилаҳо бародари калонии падарро низ бо ҳамин истилоҳ ном мебаранд. Ба ғайр аз ин, ҳамаи мӯйсафедонро ҳангоми муошират ҳамин тавр меноманд. Чунончи, ба ин гурӯҳ истилоҳоти амак, ако, укоро дохил кардан мумкин аст.

Бо истилоҳи амак, ба ғайр аз бародарони падар, мардони бегонаро низ ҳангоми муошират ном мебаранд.

Истилоҳи ако- ро на танҳо ба бародари калонии гӯянда, балки ба он ашхосе, ки аз гӯянда калонтар аст, истифода мебаранд.

Бо истилоҳи уко бародари хурдии худ ва шахсони бегонаи аз худ хурд ифода мешаванд.

Истилоҳоти хешутабории занона ба монанди оча, хола, буча, кеноя ва ғайра низ аз ҳамин қабиланд.

Ҳамин тавр, истилоҳоти мазкур характери истилоҳоти умумии муомиларо ба худ касб кардаанд. Мардум ин вожаҳоро барои муомила бо ашхоси бегона бо назардошти синну сол истифода мебаранд.

Истилоҳоти хешутабориро аз ҷиҳати мансубият ба ин ё он тараф ба гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст:

а) истилоҳоте, ки хешовандони тарафи падарро ифода мекунанд, ба монанди амма, аммоя, аммача, амак, амакпочо, амакбачча, аммабачча, амакбӯво ва ғайра; ,

б) истилоҳоте, ки хешовандони тарафи модарро ифода мекунанд, ба монанди хола, ойхола, тағо, тағобачча, холабачча, тағобӯво ва ғайра;

в) истилоҳоте, ки барои ҳар ду тараф баробар истифода мешаванд, ба монанди оча, она, бува, оя, ая, бӯво, ойтета (гунаи ойтӯта низ дар лаҳҷаи Хуҷанд мавриди истифода аст), катта, каттаоя ва ғайра.

Зикр бояд кард, ки дар таркиби лексикаи маросимии тӯй истилоҳоте, ки маҳфуми хешу таборро ифода мекунанд, хеле фаровон аст. Дар натиҷаи барпо кардани тӯйи арӯсӣ истилоҳоти хешутабории нав ба вуҷуд меоянд. Ба монанди қудо, қудою анда, келин, домод, қайно, қайинсинӣ, қайнӣ, авусун, боҷа, қайнокалон, қайнобува ва монанди инҳо.

Аксарияти ин истилоҳот барои ҳар ду тараф: тарафи арӯс ва тарафи домод як хел истифода мешавад. Яъне модари арӯс барои домод ва модари домод барои арӯс қайно ҳисоб мешавад. Ё ки ҳар ду тараф якдигарро бо истилоҳи қудо ном мегиранд. Дар байни ин истилоҳот вожаҳое вуҷуд доранд, ки барои ҳар ду тараф баробар истифода намешаванд, ба монанди авусун, боҷа ва ғ.

Вақте ки мардуми Хуҷанд ба хона арӯс меоваранд, ӯро бо истилоҳи келин ном мебаранд. Оилае, ки духтарашонро ба шавҳар медиҳанд, шавҳари духтарашонро бо истилоҳи домод ном мебаранд. Ҳар дуи онҳоро дар якҷоягӣ зану шў меноманд: Духтарама имрўз хонава бийо гуфтагӣ будам, аҷойибот зану шў ҳаддошон омдан.

Ҳангоми муроҷиат ба аъзои оила ва хешовандони ҳамдигар, арӯсу домод он истилоҳотеро кор мефармоянд, ки ҳар кадоми онҳо нисбат ба оилаи худ истифода мебаранд. Масалан, агар домод модарашро бува гӯяд, арӯс ҳам модари домодро ҳамин тавр мегӯяд. Аммо дар мавриде, ки арӯс ё домод дар бораи он кас гуфтанӣ мешаванд истилоҳи қайно, қайнобуваро кор мефармоянд. Аз ин бармеояд, ки ин истилоҳот ду хел кор фармуда мешаванд: ҳангоми шахси мавриди назар шахси дуюм (мухотаб) қарор гирифтан ва ҳангоми шахси мавриди назар шахси сеюм (ғоиб) қарор гирифтанд.

Ин таснифотро дар ҷадвали зерин меорем:

Аъзои оилаи домод барои арӯс Шахси дуюм (мухотаб) Шахси сеюм (ғоиб)

Модар Бува (айа) Қайно, қайнобува

Падар Дадо (дада) Амак

Бародар Ако, поччо Қайнӣ

Хоҳар Буча (ава) Қайинсинӣ

Ҳамсари бародар Кеноя Авусун

Шавҳари хоҳар Поччо Поччо

Модаркалони домод Оча (бува, ойтӯта, она…) Қайнокалон

Аъзои оилаи арӯс барои домод

Модар Бува (айа) Қайно, қайнобува

Падар Дадо (дада) Амак,амакпоччо

Бародар Ако Қайнӣ

Хоҳар Буча (ава) Қайинсинӣ

Шавҳари хоҳар Поччо Боҷа

Ҳамсари бародар Келин, кеноя, кемча

Келин, кеноя, кемча

Мисолҳо: Имшаб хонава амакаму қайном мебийон. Ойилошон ҷудойам калон, се-та қайинсинию чот-та қайним ҳайан. Дина хонава буви авусунам омдаги будан…

Истилоҳоти қудою анда, қайину бӯйин, қудомаддак, қудозанак, қудохола, қудопоччо ва ғайра низ аз қабили калимаҳои хешутаборӣ ба ҳисоб меравад.

Аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки истилоҳоти хешутабориро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:

1) истилоҳоте, ки шахс аз давраи таваллуд онҳоро кор мефармояд;

2) истилоҳоте, ки пас аз оиладоршавӣ ба вуҷуд меоянд.

Машҳура Ҳасанова

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1496
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта6779
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта32723
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта39625
mod_vvisit_counterҲамин моҳ130573
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта165428
mod_vvisit_counterҲамагӣ3921058