(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

НАЗАРЕ БА РӮЗГОРИ БУЗУРГОНИ ХУҶАНД

Шахсияти дигари таърихии маъруфи Хуҷанд шоири машҳур – Эшони Шайдо аст, ки замони зиндагияш ба охири асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII рост меояд. Ин бузургвор шоир ва пайрави тариқати “Нақшбандия” буда, аз шахсиятҳои машҳури замони худ будааст ва солҳои зиёд дар мадрасаҳои Хуҷанду Бухоро таҳсили илм кардааст.

Пайи ҷустуҷўҳои дурудароз моро муяссар шуд, ки нусхаи насабномаи ин бузургворро дастрас намоем. Аз рўи матни ин насабнома маълум шуд, ки номи аслии ин бузургвор Мир Саййид Шоҳ Лутфуллоҳ буда, насабаш бо 30 пушт ба ҳазрати Алӣ (р.т) – амўзода ва домоди Муҳаммад (с) пайваст мешудааст, ки мухтасари онро манзури шумо мекунем:

“Насабномаи ҷаноби сиёдатпаноҳӣ ва рифъатдастгоҳӣ, он муҳрими боргоҳи Илоҳӣ, Мирсаййид Шоҳ Лутфуллоҳ ал- Хуҷандӣ, мулаққаб ба Шайдо ва ҳува ибни Мирсаййид Шоҳ Ла- тиф ва ҳува ибн Мир Саййид Муҳаммадамин Шоҳ ва ҳува ибн Саййид Баҳоваддин ал-машҳур ба Мирзохоҷа ибн Бобурмир- зо ва ҳува … ибн Шоҳмирзо ва ҳува ибн ... Мавлоно Миршоҳ ва ҳува ибн Мир Саййид Аҳмад, ал- муштаҳир ба Мир Нақиб ва ҳува ибн … Мир Саййид Маҳмуд ва ҳува ибн … Мир Сай- йид Абдуллоҳ ал-машҳур би Шариф ва би ал-Ҳайронӣ ва ҳува ибн… Амир Саййид Маҳмуд ва ҳува ибн Амир Саййид Исмоил ва ҳува ибн … Амир Саййид Ҳусайн ва ҳува ибн … Амир Саййид Мушарраф ва ҳува ибн ... Амир Саййид Комил ва ҳува ибн … Амир Саййид Ашраф ва ҳува ибн ... Амир Саййид Абдулваҳҳоб ва ҳува ибн … Амир Саййид Рофеъ ва ҳува ибн … Амир Саййид Ҳишом ва ҳува ибн … Амир Саййид Мунтахаб ва ҳува ибн … Амир Сиддиқ ва ҳува ибн … Амир Саййид Козим ва ҳува ибн Саййид Закӣ ва ҳува ибн … Саййид ал-Аъло ва ҳува ибн Сай- йид Иброҳим Ризо ва ҳува ибн Имом Мусо ал-Козим ва ҳува ибн Имом Ҷаъфар Содиқ ва ҳува ибн ... Имом Муҳаммад ал-Боқир ва ҳува ибн Имом Алӣ Зайнулобидин ва ҳува ибн Имом Ҳусайн ва ҳува ибн … Алӣ ибни Абитолиб ва Фотимаи Заҳро ва ҳийа бинт Муҳаммад Мустафо, саллаллоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва асҳобиҳи”.

Дар насабномаи мазкур номи яке аз аҷдоди Эшони Шайдо Саййид Абдуллоҳ, мулаққаб ба аш-Шариф ва ал-Ҳайрон омадааст, ки мувофиқи мазмуни насабномаи “Абдурраҳимхоҷа”он бузургвор аз Мадина ба Фарғона расида будаанд ва нақли он дар насабномаи мазкур чунин омадааст: “Ҳазрати Саййид Абдуллоҳ дар нияти сафар қасд карда ба тарафи билоди Туркистон хостанд, ки равон шаванд. [Ҳамон] буд, ки се хурмо аз он ҳазрати меҳтари олам ва баргузидаи авлоди Одам ва Расули Ара- бу Аҷам ва садри ҳанифаю ҳунафо, яъне Муҳаммади Мустафо, салаллоҳу алайҳи ва саллам, расида. Ва баъд аз расидани се хур- мо аз Мадинаи Шариф сафар карданд ва ба вилояти Фарғона, аънӣ балдаи Андигон (Андиҷон-С.У.) аз тавобеъи он, ба мавзеъи Симҷакон қадам намуда мутаваттин шуданд”.

Дар тариқат Эшони Шайдо аз аозими хулафои Мирзо Баҳодур Ширбаданӣ, пири тариқати “Кубравия” будаанд ва солҳои зиёд дар хизмати эшон касби камолот карда, иҷозаи иршод гирифтаанд. Мирзо Баҳодур дар шаҳри Бухоро тахминан дар нимаи охири асри XVII ва рубъи аввали асри XVIII зиндагӣ карда, дар тариқати “Кубравия” муриди Мир Ҳасанхоҷа Соктарӣ вай муриди Саййид Муҳаммад Поянда Ахсӣ вай муриди Ҳасанхоҷа Хоразмӣ вай муриди Хоҷӣ Муҳаммад Ҳайушонӣ бу- дааст, ки бо ҳамин тартиб силсилаи муршидонаш ба чанд восита ба Амир Саййид Алии Ҳамадонӣ ва ба воситаи ў ба Наҷмуддини Кубро пайваст мешудааст. Дар китоби “Маҷмаъ-ул-ансоб ва-л- ашҷор” номи Эшони Шайдо дар зумраи муридони шоир Охунд Муҳаммадӣ, мулаққаб ба Эшони Имлои Бухороӣ (1690 – 1754м) ҳамчун “Мулло Шайдои шоир” низ қайд шудааст. Дар “Тўҳфат-уз-зоирин” чунин мазмун омадааст, ки Эшони Имло аз муршидони чаҳор тариқат: “Ишқия”, “Кубравия”, “Ҷаҳрия” ва “Хуфия” иҷозати иршод доштааст ва дар тариқати “Кубра- вия” муриди Мирзо Баҳодури Ширбаданӣ будааст.

Дар “Музокираи дарвешон” нақле омадааст, ки далели ис- боти хизматҳои шоистаи Эшони Шайдо дар назди пираш – Мирзо Баҳодур аст: “Ҳазрати Мирзо Баҳодур чанд рўз бемор шуданд, дили муборакашон харбуза талабид, зомуча нав пухта буд. Муридон ҳар рўз ба Регистон рафта зомуча намеёфтанд. Эшони Шайдои Хуҷандӣ, ки сардафтари муридон буданд, як шаб баъди намози иъшо аз шаҳр баромада ба деҳе расиданд, ки ба Калла Осиё мавсум буд. Деҳқонони он ҷо зомучафурўш буданд. Ҳашт зомучаи калон-калони ширин харида омаданд. Баъд аз ишроқ ва истихора муридон ба Регистон барои зомуча рафтанд.

Эшони Шайдо чаҳор зомучаро ба ҳазрати эшон дароварданд. Эшон якеро хўрданд, якеро ба ёрон доданд ва дуи дигарро ба хона доданд. Рўзи дигар пурсиданд, ки “Боз зомуча дорӣ? ” Эшон гуфтанд, ки “Бале дорам” Гуфтанд: “Барор!” Чун бароварданд, пурсиданд: “Аз куҷо ёфтӣ?” Эшон воқеаро баён карданд. Ҳазрати Мирзо Баҳодурро ин хидмат хуш омад, чизе зери лаб гуфтанд. Занни ғолиб ин, ки Шайдои Хуҷандӣ ҳар миқдоре, ки камол ёфт, сабаби ин хидматаш бошад.” Эшони Шайдо дар навбати худ низ соҳиби иршод ва каромот будаанд, ки ба ин маънӣ нақлеро аз “Музокираи дарвешон” меоварем: “Касе аз назди Эшони Шаҳид ба назди Эшони Шайдо ҳадя оварда буд. Эшон ҳар рўз ду кулча ва як коса шир барои меҳмон мебароварданд. Чанд рўз ба ҳамин тавр гузашт. Ба хотири меҳмон расид, ки “То ба кай шир мебароранд, қаймоқ чаро намебароранд.” Ҳамон бегоҳ қаймоқ бароварда гуфтанд: “Ба меҳмон қаймоқ мебарорам гуфта мушавваш шудам, зеро ки то мо аз халқа баромадан бачагон қаймоқро хўрда мерафтанд. Ин бегоҳ аз барои шумо қаймоқ посбонӣ кардем”. Меҳмон гуфтанд, ки “Меҳмон гуфта, ки мо аз қаймоқ хўрдан тавба кардем, минбаъд инчунин накунанд”. Якрўз як либос карбос баровар- да ба меҳмон гуфтанд, ки “Ин ба шумо, курта дўзонем ё яктаҳ дўзонем?” Меҳмон гуфтанд, ки “Мо ҳанўз куртапўш нашудаем, бояд яктаҳ дўзонанд.” Эшон гуфтанд: «Хуб аст». Баъд аз дарома- дани эшон ба хотири меҳмон хутур кард, ки “Аз дасти ин ҷаноб курта пўшем ҳеҷ кас айб намекард”. Эшон гашта баромада гуфтанд: “Аз моён яктаҳ пўшонидан хуб намеояд, курта пўшонидан сазовор аст”. Меҳмон гуфта, ки “Ҳамчунин шавад”. Чун ба ҳавлӣ даромаданд, боз ба хотири меҳмон гузашт, ки “Ман ба як курта пўшидан дарвеш намешавам, чӣ лозим буд, ки тақозои курта кардам». Ҳазрати Шайдо дар соат аз ҳавлӣ баромада гуфтанд, ки “Ба хотири ман мерасад, ки карбосро яктаҳ дўзонем, зеро ки кашида пўшидани яктаҳ осон аст, ҳар вақт дарвеш мешавед, баъд курта мепўшед.” Билохира яктаҳ дўзонида пўшидаанд.

Одати Эшони Шайдо ин буда, ки ҳар киро мураххас ме- карданд, мегуфтанд, ки хонаи инро тороҷ кунед. Рўзе касеро, ки мураххас мекарданд, гуфтанд, ки “Аввал хонаи инро тороҷ кунед!” Он кас ба хонааш касеро фиристод, ки занон асоси даркории хонаро гирифта бираванд, ки тороҷиҳо мераванд. Занон ҳар чизе, ки ба рўзгор зарур мешавад, гирифта ба ҳавлии ҳамсоя рафтанд. Дар хона ба ҷуз бўрё ва мундии шикаста ва калиди он ва қасқони ғирбол чизе намондаанд. Тороҷиҳо рафтанд, ки хона ба тороҷ рафтааст, ҳар чизе, ки монда буд, гирифтанд. Ин воқеа ба ҳазрати Эшон маълум шуд, гуфтанд, ки “Туро рухсат намекунем, ҳанўз чизе нашудаӣ.”

Шахси дигарро гуфтанд: “Ту хонаатро тороҷ кун!” Ў хона филфавр тороҷ кард. Дар ҳалқа нишаста буданд, ки аз ғайб асбе ҳозир шуд. Касе, ки хонаро тороҷ карда буд, ўро ба он асб савор карданд. Асб ўро ба ҳаво бурд аз назар ғоиб шуд. “фаҳима ман фаҳама». Ҳазрати эшон гоҳ-гоҳ ғазалҳои батаъсир ҳам мегуфтанд, чунончи ин як байташонро табаррукона овардем. Байт:

Кабўтаре, ки расад бар мазори мо Шайдо,

Ҷавоби номаи худ хонад, кабоб шавад”

Нақли дигар: “Рўзе касе шахсеро дар хоб дид, ки мегўяд: “Маро дарёб”. Чун бедор шуд девона шуд ба Хуҷанд омад. Ҳазрати Эшони Шайдоро зиёрат карда тақрири хоби худ кард. Эшони Шайдо гуфтанд, ки “Ҷўйӣ меёбӣ.” Баъд аз он ба Хўқанд омад, ба саҳрои Қануқ шуд. Дид, ки аҳли он саҳро дар нола ва хурўш буданд ва чун фардо шуд, аҳли саҳро ба Намангон равона шуданд, бо эшон рафоқат намуд. Чун ба Бештерак ома- данд дар он ҷо Асадуллоҳхоҷаи Бештеракиро зиёрат намуданд, тасаллии хотир бар он ҷавон ҳосил шуд. Баъд он саҳроиён ба тарафи Намангон озим шуданд, ў дар он ҷо бимонд ва қиссаи худ ба Асаддулоҳхоҷа тақрир намуд. Баъд аз он пурсид, ки: “Он саҳроиён киён бошанд?” Асадуллоҳхоҷа гуфтанд, ки: “Ҳама, муриди Домулло Бозоранд. Шунидаанд, ки Домулло Бозор вафот кардаанд, бинобарон гирён ва нолон рафтанд. Баъд аз он ин шахс ҳам ба Намангон рафта бузургонро зиёрат мекард ва то ки ба қабри ҳазрати Домулло Бозор омад”.

Мир Саййид Шоҳ Лутфуллоҳ, яъне Эшони Шайдо писаре бо номи Эшони Шоҳ Дардо доштаанд, ки шояд ҳамон шоири шаҳир Шўхии Хуҷандӣ бошад. Пешвои тариқати “Нақшбандия” – Мўсохоҷа ибни Исоҳоҷаи Даҳбедӣ дар асри XVIII, ҳангоми сафараш ба Хуҷанд ба ҳавлии ў меҳмон шуда, бо назари ҷозиба ба ҳоли ў тасарруф кардааст, ки ба ҳамин мазмун нақлро аз китоби “Музокираи дарвешон” меоварем: “Ҳазрати Мўсохон ба тарафи Хўқанд омаданӣ шудан[д], чун ба Хуҷанд расиданд, ба мазори хонақоҳи Шайх Маслаҳатдин нузул карданд. Чун бегоҳ шуд, Эшони Шоҳ Дардо, яъне писари Эшони Шайдо ба ҳалқаи ҳазрат омада нишастанд. Баъд аз фароғи халқа ҳазратро зиёрат карда, ба ҳавлиашон таклиф карданд. Ҳазрат қабул карда гуфтанд, ки “Шумо пештар равед, мо аз ақиб хоҳем рафт” Чун Шоҳ Дардо рафтанд, касе аз ҳазрат пурсид, ки “Шоҳ Дардоро чӣ гуна фаҳмиданд?” Ҳазрат гуфтанд, ки “Ҳанўз фанои қалб ҳосил накарда будаанд, лекин ҳамин бегоҳ аз самими қалб таваҷҷўҳ кар- дем. Дидем, ки номи ўро ба дафтари авлиёуллоҳ навиштанд, зеро ки то фанои қалб ҳосил нашавад, малоика номи ўро ба дафтар нанависанд. Ва то мақбули назари авлиё нашавад, авлиё намешавад”. Эшони Шайдо девони ашъор ҳам доштааст ва ғазалҳои ир- фонии ҷаззоб мегуфтааст, ки гулчине аз онҳоро Эргашалӣ Шодиев дар «Тазкираи шоирони Хуҷанд», профессор Абдулманнони Насриддин дар “Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд” чоп кардаанд. Алъон нусхаи интиқодии “Девон”-и Эшони Шайдо бо эҳтимоми адабиётшинос Мавлуда Неъматова дар “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” нашр гардидааст.

Баъд аз вафоти Эшони Шайдо ҷасади ўро дар атрофи мазори Шайх Маслаҳатдин ба хок супорида будаанд, ки далели ин гуфта иқтибоси зерин аз “Маноқиб” аст: “Ва дигар мазори Эшо- ни Шайдо аст, дар ҷониби ҷанубии ҳазрати Шайх тахминан сӣ қадам аст” . Имрўзҳо аз мадфани Эшони Шайдо осоре боқӣ намондааст. Тибқи нақли Имом-хатиби масҷиди ҷомеъи “Шайх Маслаҳатдин” Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозада солҳои 80- уми асри XX ҳангоми ибтидои сохтмони хонақоҳи тарафи чапи бинои масҷид, наздик ба мақбара, бинои қабули зоирони мазор вуҷуд доштааст, ки он ҷои дафни Эшони Шайдо будааст. Пеш аз оғози сохтмони хонақоҳи мазкур бо мақсади иваз кардани ҷойи дафни маййит ин қабрро кушодаанд, вале аз дохили он ҳеҷ осоре пайдо нашудааст. Шояд ҷойи қабр нодуруст таъин шуда будааст, зеро давоми қариб 250 сол фаромўш шудани ҷойи аслии он аз эҳтимол дур нест.

Ҳарчӣ набошад ҳам ҷойи мадфани ин бузургвор дар ҳудуди ин макони муқаддас қарор дорад ва шояд замоне ҷойи аслии он пайдо шавад. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд маҳаллае аст, ки ифтихоран онро “Эшони Шайдо” мегўянд. Дар ҳавлии яке аз наводагони ин бузургвор – Муҳиддинов Қутфиддинхон, истиқоматкунандаи кўчаи “Кўлҳавз” №5, дарахти тути азимҷусса бо дарозии даврааш зиёда аз 4 метр вуҷуд дорад, ки тибқи нақли соҳибони ҳавлӣ ниҳоли шинонидаи Эшони Шайдо аст. Мардуми қадршиноси шаҳри Хуҷанд то ба имрўз аз Эшони Шайдо ба некӣ ёд мекунанд.

Содирхон Умаров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...