(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъияти мутамаддуни демократӣ бо роҳи эҳёи экологияи таърих ва фарҳанги ниёгон ба туфайли тадбирҳои зиёди иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ғоявӣ-ташкилӣ, маънавӣ, илмӣ-назариявӣ, тарбиявӣ-маърифатӣ барпо мегардад. Дар асарҳои Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» консепсияи давлатии дорои салоҳияти тавонои илмӣ, самтҳои истифодаи самарабахши таҷрибаи рўзгори ниёгон, алалхусус, осори моддӣ ва маънавии онон дар дурнамои тараққиёти иқтисодӣ ва мадании Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

(1) Мувофиқи барномаи эҳёи экологияи таъриху фарҳанг мероси тамаддуни аҷдод мавриди арзёбӣ қарор мегирад, тармиму таъ- мир мегардад, музейификатсия ривоҷ меёбад, эҳтироми мақому манзалати нобиғаҳои миллат ва фарзандони фарзонаи кишвар ба ҳукми анъана медарояд, номҳои таърихии кишвари тоҷикон эҳё мешаванд.

(2) Беш аз ин эҳёи экологияи таъриху фарҳанги бисёрҳазорсола дар тарбияи ахлоқи ҳамида, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, фаъол намудани дарки хештаншиносӣ, афзун гаштани эҳсоси ватандўстиву масъулияти меҳандорӣ, баҳри нерўмандии ваҳдати мардуми Тоҷикистон ва пайванди тоҷикони ҷаҳон хидмат менамояд.

Бояд зикр намуд,ки солҳои охир дар маркази вилояти Суғд корҳои зиёд дар самти эҳё ва тармими ёдгориҳои таърихӣ ба роҳ монда шудаанд. Мисоли боризи он бунёди боғи истироҳативу фарҳангии ба номи Хоҷа Камол дар шафати Куҳандиз- Арки таърихии шаҳри Хуҷанд махсуб меёбад. Ҳунармандони ватаниву хориҷӣ тармими боғро соли 2014 оғоз намуда, дар арафаи ҷашни Наврўзи соли 2015 онро мавриди истифода қарор доданд. Дар ифтитоҳи боғи мазкур сарвари давлатамон, Президент Эмомалӣ Рахмон ширкат варзида, ба кори тармимгарон баҳои баланд доданд. Дар боғи мазкур муҷассамаи Хоҷа Камол, мақбара ва хонаи рамзии ў ва боғи ҳавлигии ин шоири ширинкалом бунёд гаштаанд. Дар тўли ҳафтсад сол аз замони Сомониён то ғасбкориҳову тафриқаандозии Шайбониёну Сафавиён (асрҳои Х-ХVI) дар фазои бекарон аз Бағдод то Қошғар, аз халиҷи Форс то Даштҳои Евроосиё, дар хиттаҳои Хуросону Мовароуннаҳр, Эрону Хоразм мил- лати ягона ва бузург бо исми аъзами «тозик», «тозикон» - «тоҷик», «тоҷикон» дар эҷоди неҳзати созандагиву бунёдкорӣ, таҷаддуди иқтисодиёту фарҳанг бо номи Ренессанси Шарқ нақши бориз гу- зоштанд.

(3) Ҷаҳонишавию интишорёбӣ, барқарорӣ ва пойдо- рии этноними «тоҷик» дар ақсои дунёи муосир аз самараи хуби истиқлолияти воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти таърихии тоҷикон ба сифати халқи саноатгар, саромади фарҳанг, маориф, илму ҳунар, бунёдкори пешаҳо, миллати шаҳрсоз ва тоҷир барои аҳли диёр ва халқҳои ҳамҷавори Осиёи Муқаддам, Кавказ, Европаи шарқӣ ва ғарбӣ, Чин, Ҳиндустон ар- зишманд ва судманд буд ва ҳаст. Ин рисолати тоҷикон зиёдтар дар бино намудан ва тараққӣ кардани шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Истаравшан, Хуҷанд, Фарғона, Хева, Урганҷ, Балх, Нишопур, Ҳирот, Марви шоҳиҷон, Рай, Ҳамадон, Кобул ҳамчун марказҳои бузурги ҳунармандӣ, косибӣ, тиҷорат ва дорои осорҳои оламшу- мули моддиву маънавии қадиму ғанӣ таҷассум ёфтааст.

Алъон дар ҳудуди Тоҷикистон ба феҳристи қасабаҳои дорои статуси «шаҳр» бештар аз 20 адад манзилҳои аҳолинишин дохил гардиданд. Аз ҷумла, Хуҷанд, Кўлоб, Ҳисор, Истравшан, Душанбе дар замони Каёниён, Ҳахоманишиён, Шоҳигии Юнону Бохтар дар ҳазорсолаи якўми пеш аз мелод, Канд (Конибодом), Исфара, Хисте- варз, Нов, Сомғор, Ашт, дар даврони Кўшониён (асрҳои I-IVм.н.), Панҷакент дар айёми нашъунамои Суғд (асрҳои V-VI) ҳамчун шаҳрҳо ва шаҳракҳо барпо гаштанд ва тараққӣ намуданд. Онҳо дар мақоми муҳаррики пешрафти ҷомеа, сарҳалқаи робитаҳои дохилӣ ва хориҷии масири Шоҳроҳи абрешим ва ҷодаҳои дорои аҳамияти вилоятӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ амал намуданд.

Роҷеъ ба рисолати рукнҳои таърихӣ-меъморӣ, низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги Хуҷанд, хоса, Куҳандиз бо Арк- Кремл, қасабаи қадими аҳолӣ бо номи «Шаҳристон», ки ҳанўз дар аҳди бостон сиришти шаҳри аввала буд, маҳал бо номи «Рабаз», ки ҷойи иқомат ва арсаи фаъолияти меҳнатию эҷодии пешаварон (ҳунармандон, косибон), тоҷирон, кишоварзон, ҳайъати хидматра- сон (аробакашон, ҳаммолон, машкобчиён, осиёббонҳо, қассобон ва ғайра) зумраи донишмандон, муҳаққиқон, кишваршиносон дар асрҳои ХVIII-ХХ мулоҳизаҳо ва қайдҳои хешро баён кардаанд. Чунончӣ, мушовири корҳои шаҳрвандӣ аз Русия Мирсолеҳ Бекчурин, шарқшинос П.И. Пашино ҳамон соли 1866-уми фоҷиабори забти Хуҷанд аз ҷониби артиши Русияи подшоҳӣ ба ин шаҳру ви- лоят сафар намуда, бахшҳои таърихӣ-меъморӣ, низомӣ- фортифи- катсионии онро зикр карданд. Ҳокими музофоти (уезди) Хуҷанд, полковник А.А. Кушакевич, археолог ва этнограф А.А. Кун бо лақаби Искандартўра, муаррих В.П. Наливкин бо тахаллуси Ҷаҳонгиртўра тўли солҳои 70-80-уми асри ХIХ оид ба мероси ма- данияти моддӣ ва маънавии Хуҷандиён, аз ҷумла осори таърихӣ- меъмории он китобҳо, мақолаҳо ва хабарҳои ҷолиби илмӣ таълиф ва дарҷ намуданд.

Саҳми олимони бузург М.С. Андреев, В.В. Бартолд, А.А. Семенов дар омўзиши осори таърихии Хуҷанд дар охири асри ХIХ, Михаил Массон, Зариф Раҷабов, Александр Маҷӣ, Нўъмон Неъматов, Татяна Беляева бахшида ба таърих ва маданияти Хуҷанд асарҳои пурарзиш навиштанд. Сонитар силсилаи китобҳои Н.О. Турсунов, дар мавзўъҳои «Шаҳри офтобӣ», «Таърих ва фарҳанги мардуми Хуҷанд», «Таърихномаи Хуҷанд», асарҳои А.К. Мирбо- боев «Историческое наследие Худжанда», «Муқаддимаи таърихи Хуҷанд» ба табъ расиданд.

Имрўз дар ҳудуди кунунии Тоҷикистон - Хуҷанд бешак ба нақши қадимтарин шаҳри барҳаёти диёр соҳиб аст. Он дар қаъри ҳазорсолаҳо дар резишгоҳи рўдаки Хоҷа Баҳорон ва соҳили дарёи Сир ташаккул ёфт ва тараққӣ намуд. Фикри мо бобати муаммарии (дарозумрӣ) Хуҷанд бо санадҳои зайл тақвият меёбад: 1) асосгу- зор ва бинокори аввалини Хуҷанд саввумин шоҳи каёнӣ Кайхус- рав будааст. Аз рўи ҳисоби Аллома Абўрайҳони Берунӣ подшоҳи зикр шудаи каёнӣ 944 сол қабл аз замони Искандар яъне дар асрҳои ХIII-ХII пеш аз мелод ҳукмронӣ кардааст; 2) бино ба маълумоти соҳиби фарҳанги Онандроҷ (асри ХVI) Хуҷанди бостонро шоҳаншоҳи каёнӣ Кайхусрав бино кард ва подшоҳ Доро онро таъмир намуд ; 3) шаҳри Хуҷанд дар ғарби Фарғона дар ҷараёни вақти бебозгашт, дар як арзи таърихӣ, ҳудуди кунунӣ сохта шуд ва муддавом гашт; 4) Хуҷанд аз ваҷҳи археологӣ дорои қабатҳои сершумори маданӣ бо бозмондаҳои ашёҳо, олотҳои раф- тагон мебошад. Дар ниҳоди он сохторҳо ва унсурҳои фарҳангии аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи ҷадид дар ҳолати махлут маҳфуз мебошанд.

Муаллифи фарзи мазкур дар партави донишҳои илмии таърихӣ-этнографии аз манбаъҳои қаламӣ, моддӣ-археологӣ, сарчашмаҳои улуми нажодшиносӣ ва пажўҳиши майдонӣ-саҳроӣ дарёфт шуда, бо такя ба таҷрибаи беш аз панҷоҳсолаи тадқиқоти хеш, бо тақозои вазифаҳои марҳилаи кунунии пешравии ҷамъият мулоҳизаҳо, пешниҳодот ва тавсияҳоро доир ба тармим, таъмири музей-мамнўъгоҳи давлатии Хуҷанди бостон бо рукнҳои таърихӣ- меъмории он баён менамояд.

Зикри Куҳандиз бо Арк (Кремл), Шаҳристон ва Раба- зи Хуҷанд дар мероси хаттии шарқӣ ва ғарбӣ. Ҳастии топоними Хуҷанд аз забонҳо ва лаҳҷаҳои ориёӣ-авастоӣ, сакоӣ-суғдӣ «Ҳваҷанд» ба маънои «Хуршедшаҳр» (Солнцеград – Н.Т.) дар ниҳодаш мафҳумҳои «hvar» - «офтоб» ва «kanda» - «қалъа, диз, шаҳр»-ро бо ҳам васл намудааст. (6, с.1369) Дар шафати «Диз» бахши «Шаҳристон» ҳамчун қасабаи фарогири маҷмааи кўшки фео- дали қудратманд ва теъдоди муайяни кохҳои деҳқонони хешутабо- ри вай ташаккул ёфт. Яъне таърихи Хуҷанд бо сохтмони «қалъа, диз бо арк (кремл) ҳамчун пояи мақоми сиёсӣ-давлатӣ оғоз ёфт. Аниқтараш, Хуҷанд мисли дагар шаҳрҳои ҷаҳон дар асоси базиси иқтисодии саноат, тиҷорат ва зироати молӣ ва ба сифати унсури забарбинои сиёсӣ (надстройка) арзи вуҷуд кардааст. Раванди бу- нёд ва инкишофи Хуҷанд дар мартабаи маркази маъмурии воҳаи бузурги маданӣ ва бодияи ғарби Фарғона, қароргоҳи ҳокими ви- лояти аҳолии бумӣ ва кўчӣ дар осори адабии давраҳои Сосониён «Бундаҳишн» ишорат шудааст: «Рўди Хуҷанд (бо номҳои «Ҷахша- Арта» - («гавҳари пок»), Хашрат, Сайҳун, Яксарт, Сир низ маъруф аст – Н.Т.) ба миёни Самарқанд ва Фарғона биравад ва ўро рўди «Ҷахшарт» хонанд» (7) Пас дар давраи атиқа (асри IV пеш аз ме- лод – асри IV баъд аз мелод) ва ибтидои асрҳои миёна (садаҳои VI-VII мелодӣ) Хуҷанд дар радифи Самарқанд, Фарғона (Косон Н.Т.), маркази сиёсӣ ва маъмурии вилояти мустақил, соҳиби куҳандиз, бо арк-(кремл) ва дигар унсурҳои давлатдорӣ – зарроб- хона (ҷое, ки пули мис, биринҷ, нуқраю тилло сикка мезананд), зарродхона (коргоҳе, ки аслиҳа месохтанд ё нигоҳ медоранд) буда- аст. Ин суннати худмухторияти сиёсии Хуҷанд дар аҳди Сомони- ён, Қарохониён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Улуси Чағатой, Тему- риён, Шайбониён, Ҷониён хониҳои Бухоро, Хўқанд аз асри Х то ХIХ идома дошт.

Муаррихи тоҷикнажоди арабизабон ат-Табарӣ (солҳои 839- 922) мавриди тасвири ҳамлаи лашкари Хилофати Араб таҳти фар- мони волии Хуросон Қутайба ибни Муслим ба Хуҷанд, соли 94 ҳ.қ./712-713 мелодӣ Диз ва Ҳисори бахши Дарун ва Рабаз бо де- вору дари Беруниро хотиррасон кард. (8) Таърихнигори ҳаводиси ҷангҳои истилогаронаи Хилофат – Балозурӣ (асри IХ) оид ба ўрдугоҳи лашкари араб (лагери ҳарбӣ-низомӣ – Н.Т.) дар Хуҷанд сухан рондааст. Ба мулоҳизаи мо маҳалли ҷойгирифтаи ўрдугоҳи арабҳо минбаъд Ғозиён ном гирифт. Бино ба маълумоти олими зу- фунун Яъқубӣ (асри IХ) дар айёми истилои арабҳо дар Хуросон, Мовароуннаҳр ва Хоразм аз соли 644 то 715 вилояти Хуҷанд чун воҳиди сиёсиву маъмурӣ ба ҳайати билоди (мамлакати) Суғд шо- мил буд. Олими барҷастаи Араб аз ал-Ҷазира (байни Даҷла ва Фу- рот) Ибн ал-Асир (асрҳои ХII-ХIII) дар пайравӣ ба Табарӣ роҷеъ ба сохторҳо, таърихӣ ва вазифаҳои мақомоти иҷроияи ҳукумати Хуҷанд иттилоот овардааст. (9, с. 2811-2812) Инчунин истилоҳот ва ибораҳои «Шаҳристони Хуҷанд» (сукунатгоҳи истиқоматии шаҳриён дар замони пеш аз ислом), «подшоҳи Хуҷанд» бо лақаби «деҳқон» (ашрофи кабир, заминдори калон), «анҷумани бузургони Хуҷанд» (маҷлиси олии аъёну хосон – Н.Т.) мавриди истифодаи Табарӣ ба Ибн ал-Асир қарор ёфтаанд.

Муаррихони маъруфи тафсилоти ҷангҳои муғулон бо роҳбарии Чингизхон дар сарзамини тоҷикон солҳои 1219-1223 Атомалики Ҷувайнӣ ва Фазлуллоҳи Рашиддудин ҷараёни ба да- руни ҳисори Хуҷанд паноҳидани арбобони шаҳр ва муқовимати лашкари Темурмалики қаҳрамонро баён кардаанд. (10) Ҳамчунин таърихшиносон аш-Шабонкораҳӣ, Вассоф (асри ХIV) Шарафуд- дин Алии Яздӣ (асри ХV), Мирхонд, Хондамир (асрҳои ХV- ХVI), Абулғозихон (асри ХVII), далелҳоро бобати бахшҳои таърихии Хуҷанд, хусусан Ҳисори олии Темурмалик дар ҷазираи мобайни шохобҳои рўди пурталотуми Сайҳун (Сирдарё) сухан рондаанд.

Шоир ва таърихнигор Муҳаммад Солеҳ (асри ХVI) ба муқобилияти шадиди мардуми Хуҷанд дар рўзҳои пурошўби таҷовузи ўзбекҳои бадавӣ бо роҳбарии Муҳаммад Шайбонихон дар соли 1503, ки шаҳрро ба истеҳкоми дастнораси фарогири Дарун ва Берун бо ҳисори бағоят маҳкам, баланд ва дастнорас баҳои баланд додааст.

Аз ҷуғрофидонҳои давраи қуруни вусто ал-Истахрӣ, Ҳавқал, Абулқосими Ҷайҳонӣ (асри Х) Куҳандиз, Шаҳристон, Рабаз, Масҷиди ҷомеъ, Сарои аморат (Қасри ҳукумат) Хуҷандро зикр намуданд.12 Бобур Мирзо (1483-1530) хоса Куҳандизи Хуҷандро таҳти унвони «Қалъа» вирд намуда, маҳалли ҷойгиршавии онро дар соҳили чапи Сайҳун дар масофаи партоби тири камон нишон дода буд. Ў афзудааст: «Ў (рўд – Н.Т.) аз Қалъа (Куҳандиз – Н.Т.) дар масофаи парвози як тири камон ҷой дорад. Дар тарафи шимоли Қалъа ва рўд кўҳ аст. Он «Мевағул» ном дорад. Мегўянд, ки дар кўҳ кони санги фирўза ва маъданҳои дигар пайдо мешаванд».

Бино ба қайди муаллифи номаълуми рисолаи «Зафарно- маи Хусравӣ», ки солҳои 1862-1863 таълиф шудааст, Арк-кремли Куҳандизи Хуҷанд дар асри ХIХ барҷо буд. Ба гуфти он муаллиф амири Бухоро Насруллоҳ соли 1843 «дар Дарбанди Тангӣ (байни кўҳаки Рухак ва Сирдарё – Н.Т.) гузашта, ба шаҳри Хуҷанд, ки «Арўси олам» аст, озим шуд ва ба Арк нузул намуд».

Куҳандиз бо Арк-кремл, бору (девори атрофи шаҳр – Н.Т.) бо дарвозаҳо ва иншоотҳои дигари аҳамияти сиёсӣ, таърихӣ- фарҳангӣ ва низомӣ доштаи Хуҷанд, Уратеппа, Кандибодом, Исфара, Панҷакенти давраи охири феодализм, хусусан, асри ХIХ-аввали асри ХХ дар мероси хаттии русӣ баррасӣ гардида- аст. Рисолаҳои Е.К.Мейендорф (1820), В.В.Велҳяминов-Зернов (1849), Мирсолеҳ Бекчурин (1866), А.А.Кушакевич (1867-1875), М.Н.Галкин-Враской (1868), А.И.Макшеев (1871), А.Ф.Костенко (1880) асарҳои афсарҳои баландрутба – генералҳо М.А.Терентьев (1900), А.Абаза (1903), полковник А.К.Серебренников, китобҳои ҷамъбастии Элизе Реклю (1890), В.И.Масалский (1913) роҷеъ ба осори моддӣ ва маънавии Хуҷанду Хуҷандиён маводи арзишмандро дарбар гирифтаанд.

Манзараҳои Ҳисор, Диз, Арк ва ҷойҳои ҷолиби дигари Хуҷанд дар маводи муҷассамкунандаи айёнӣ: суратҳои фотографӣ, расмҳои графикӣ, тасвирҳо, харитаҳо ва нақшаҳо ба маҷмўаҳои илмӣ ва мусаввар бо номи «Туркестанский альбом» (1871), «Турке- станский сборник», (1880-1916), саҳифаҳои маҷаллаҳо, нашрияҳо ва матбуоти даврии ҳукумати подшоҳии Русия сабт шудаанд. Аз ҷумла, намои Арк-Кремли Хуҷанд бо қисми Ҳисору Куҳандиз аз ҷониби Регистон ва бозори ҳезуму шибоғи Мевағул дар сура- ти фотографии аксбардор Н.Нехорошев, кишваршинос капитан П.Кривстов, Ҳисори дусафа ва яксафаи шаҳр дар гўшаи шимолу шарқӣ ва соҳили чапи рўди Сир, дар расми графикии Д.Вележев шоҳсутунҳои Масҷиди ҷомеи Шайх Маслиҳатдин дар силсилаи расмҳои нигоришгар манзараҳои ҷанг В.В. Верешагин дарёфт шуданд. Инчунин чеҳраҳои акобирони хуҷандиён дар соли 1866, эҳтимол қиёфаҳои амалдорони бонуфузи вақт – сарвар ва ташкилотчии мудофиаи шаҳр аз 17 то 24 майи соли 1866, сароқсақол Хўҷа Амин, шаҳрдор ва бозургон Азаматхўҷа, тоҷири номвар, иштирокчии ярмаркаи Нижний Новгород дар солҳои 40-50-уми асри ХIХ, яке аз донандагони мумтози забони русӣ Назарбой Боқиев бо тахаллуси «Ҳоким», қозиқалон Юсуф Ҳоҷӣ аз ҷониби В.В.Верешагин дар силсилаи суратҳо акс ёфтаанд. Ҳамаи асарҳои ин суратгари номӣ, ки дар Хуҷанд эҷод намудааст, дар бойгонии Музейи давлатии русӣ дар Санкт-Петербург маҳфузанд.

Хуллас, намунаҳои пешниҳодшудаи осори қаламии шарқию ғарбӣ, фотоиллюстрасияҳо ва расмҳои таърихӣ барои барпо на- мудани Музей-мамнўъгоҳи таърихи меъмории Хуҷанди бостон ба сифати манбаи гаронбаҳо хидмат менамоянд.

Ҳатман ба таркиби Музей – мамнўъгоҳи мазкур чор рукни таърихӣ-меъморӣ иборат аз Куҳандиз бо Арк-Кремл, Регистон, инчунин Чорбоғи Хоҷа Камол, ансамбли Ҳазрати Бобо дохил мешаванд. Ҳар яки рукни номбаршудаи комплекси таърихӣ аз ҷиҳатҳои зерин баррасӣ мешаванд: 1) маълумоти мухтасар доир ба ёдгорӣ; 2) тавсифи сохтор ва иншоотҳои таркибии ёдгорӣ дар дарозои таърих; 3) тавсияҳо роҷеъ ба тармим, таъмир ва музейи- фикатсияи объект; 1.Куҳандиз бо Арк-Кремл Маълумоти мухтасари таърих. Бино ба ақидаи донишман- дон В.В.Бартолд, В.И.Абаев, И.М.Оранский, В.А.Лившитс наму- наи «шаҳр» дар забони форсии қадим дар шакли «хšavra» маънии «манзили шоҳ»-ро ифода мекард. Аз нигоҳи илми этимология решашиносӣ вожаи «шаҳр» ба маънои «қароргоҳ», мақар(р), ҷойгоҳ, нишемангоҳи шоҳ, подшоҳ, ҳоким» истифода шуда, бо мафҳуми «диз», «кўҳандиз», яъне «қалъа», «ҳисор» (ҳисн), «қўрғон» баён мегардад. Мувофиқи асноди таърих «Диз», «Куҳандизи Хуҷанд бо арк-Кремл – Қасри шоҳ ҳамчун нахустин ҳастии шаҳр дар замони пойдории Давлати Каёниёни эрониёни шарқӣ – сириш- ти этникии тоҷикони бостон бунёд гардид. Таҳқиқоти тўлонии ҳайати археологӣ (1955-1985) осори моддии маркази калони шаҳри Хуҷандро бо Диз ва Шаҳристони мутааллиқ ба асри VII пеш аз мелод дар минтақаи мобайни соҳили чапи рўди Сир ошкор наму- данд. Диз ва Шаҳристони Хуҷанди замони Ҳахоманишиён асрҳои VI-IV пеш аз мелод дар нақша шакли мураббаъ дошт ва масоҳати он қариб ба 20 гектар баробар буд. Аз ин масоҳат Диз майдони 6 гектар, Шаҳристон бошад, ҳудуди беш аз 12 гектарро ишғол ме- намуданд.15 Бино ба хулосаи муҳаққиқон Дизи (Куҳандиз) давро- ни Ҳахоманишиён асоси шаҳри қадим буд. Он деворҳои похсагии дорои пойдевори сангину тагарча, бурҷҳо ва дигар иншоотҳои ҳарбию инженерӣ дошт. Дар қасру айвони Арки Диз ҳокими вило- яти Хуҷанд бо хонаводааш мезист. Дар даруни Куҳандизи Хуҷанди бостон корхонаҳои аслиҳасозӣ, порчабофӣ, лашкаргоҳ, зиндон, маъбади (ибодатгоҳи) офтоб, оташкада ҷой доштанд. Куҳандиз ва Арк – Кремл бо оби ошомиданӣ ба туфайли шаҳрруди марказӣ, ки дар давраи асрҳои миёна Қўрхона (Аслиҳахона) ном дошт ва аз рўди Хоҷа Баҳорон кашида шуда буд ва роҳрави зеризаминии махфӣ бо номи «обдузд» бо оби Сирдарё таъмин мегардиданд.

Дар давоми беш аз 1500 сол то аҳди мусалмонӣ дар Хуҷанд се бахши таърихӣ: Диз, Шаҳристон ва Рабаз вусъат ёфтанд ва тараққӣ намуданд. Дар айёми мусалмоншавӣ, ба ислом гаравидани марду- ми тарсо (христиан), зардуштӣ ва буддопарасти Осиёи Миёна, ки ба солҳои 40-60-уми асри VIII рост меояд, Дизи Хуҷанд дар тарафи шимоли шаҳр, мавзеи соҳили чапи Сайҳун, дар маҳалли муҳими ҳарбӣ-стратегӣ ҳамоно мақоми ҷойгоҳи дастгоҳи ҳокимияти дав- латиро иҷро менамуд. Масоҳати росткунҷамонанди Диз бароба- ри 320х200 м аз ҷанубу шарқ ба шимолу ғарб тўл кашид. Гўшаи шимолии Дизро Арк – Кремли баландиаш беш аз 25 метр аз сатҳи замин ишғол менамуд.(16) Шаҳристони Хуҷанд бо анбўҳ иморат ва биноҳои зич дар кўю маҳалҳо ва кўчаву тангкўчаҳои беру- ни Диз, дар шафати ҷанубӣ ва ғарбии он воқеъ буд. Дар ҳудуди Шаҳристон «оташкада»-и зардуштиён бинои мўҳташам маҳсуб меёфт. Баъди пирўзии хеш арабҳо «оташкадаро» вайрон карданд ва ба ҷои он Намозгоҳ – Масҷиди бузурги исломӣ, мусалло барои гузориши намозҳои идӣ, ҷумъа ва панҷвақта сохта шуд.

Шаклёбии шаҳри феодалии Осиёи Миёна, аз ҷумла, Хуҷанди асрҳои миёна дар замони Сомониён (солҳои 875-999) дар ҳудуди Рабази дуввум, ки Панҷшанбе ном дошт оғоз ёфт ва дар аҳди Қарохониён (асрҳои ХI-ХII) ба итмом расид. В.В.Бартолд ба исти- нод ба маълумоти манбаъҳои хаттиии арабию форсӣ шаҳри замони Сомониёнро чунин тасвир кардааст: «Хуҷанд аз ҷумлаи шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр буда, Куҳандиз, Шаҳристон ва Рабаз дошт. Дар Куҳандиз - зиндон, дар Шаҳристон - Масҷиди одина (ҷомеъ), дар мобайни майдони Рабаз - Сарои аморат (Бинои ҳукумат) ҷойгир буданд. Шаҳр бо ангурзору боғҳои мевадораш шўҳрат дошт ва саршумори аҳолиаш чунон зиёд буд, ки ҳосили киштзори атроф кифоят намекард ва ғалларо барои хуҷандиён аз Фарғона ва Уструшана меоварданд. Мобайни шаҳр шаҳррўде ҷорӣ буд, ки эҳтимол онро на аз рўди Сир, балки наҳри Хўҷа Баҳорон канда- анд»(17) Суннати ҷой доштани зиндон дар Куҳандиз, Масҷиди ҷомеъ – Намозгоҳ дар Шаҳристон, Бинои ҳукумат дар Рабаз то охири давраи феодализм давом дошт. Дар айни ҳол Куҳандиз бо Арк-Кремл мудом қароргоҳ – резиденcияи ҳукумати мулки Хуҷанд ва ҷойгоҳи дастгоҳи давлат – Девон, амир ва лашкар, хази- на ва зарробхонаи барориши сиккаҳои мисӣ, биринҷӣ, нуқрагӣ ва тиллоӣ шуда хидмат мекард. Қаср, сарои подшоҳи мулк, ҳокими вилоят, волиёни хонҳову султонҳо маҳз дар даруни Куҳандиз ва Арк-Кремли он амал менамуданд. Аз ҷумла, волии подшоҳи Сомонӣ Нўҳи дуввум ибни Мансур (солҳои 976-997), ҳокими ҳамонвақтаи вилояти Хуҷанд амир Ибни Асад, гумоштаҳои сиё- сии давлатҳои Қарохониён, Салҷуқиён, Темурмалик – ҳокими ва- колатдори султон Алоуддин Муҳаммад Хоразмшоҳ (солҳои 1200- 1221) аз Куҳандиз ва Арк-Кремли он қаламрави хешро идора менамуданд. Дастнишондоди садоқатманди Улуси Чағатой соҳиби тийулу танхоҳ, бозургони хоразмӣ Маҳмуди Ялавоч ва писари ў – Бурҳонуддини Масъудбек дар муддати беш аз 60-сол (1225-1289) Хуҷандро чун маркази идории шаҳрвандии Мовароуннаҳру Тур- кистон истифода бурданд. Куҳандиз бо Арк-Кремл таъмир ва бозсозӣ шуд. Аз охири асри ХIII то соли 1370 Хуҷанд мақарри (қароргоҳи) хонзодаго- ни муғул Алғухон, Қайдухон, Дувахон, Байон Салдуз, Боязиди Ҷалоир, писарони ў Баҳром, Одинашоҳ ва дигар шоҳзодагону ҳокимони чағатойӣ ба ҳисоб мерафт. Яъне таи 150 сол Куҳандиз бо Арк-Кремли Хуҷанд ба мақоми Идораи умумидавлатии Осиёи Миёна соҳиб гашт.

Дар давраи ҳукумати амир Темури Ланг (1370-1405) Хуҷанд аҳамияти сиёсии умумидавлатӣ, истиқлол ва худмухтории собиқаи хешро аз даст дод ва мутеи ҳокимияти марказии Самарқанд гардид.

Куҳандиз бо Арк-Кремл ба дараҷаи қароргоҳи ҳукумати вилоят баргашт. Чунончӣ, дар давраи Темуриён Қамбаралӣ ном хоҷаи мулкҳои Хуҷанд, Исфара ва Кандибодом дар Арк-Кремли шаҳр мезист.

Мартабаи Хуҷанд ва Куҳандизи он бо Арк-Кремл дар охири давраи феодализм (асрҳои ХVI-ХIХ) ҳамчун пойтахти мул- ки мустақил дар радифи Тошканд, Хўқанд, Хева, Туркистон боз аз нав барқарор гардид. Дар замони ҳукумати соҳибистиқлоли Хуҷанд таҳти роҳбарии Муҳаммад Оқбўтабек ва Худоёр Валламӣ дар сохторҳои таърихии Хуҷанд: Дарун ва Беруни он тағйирот рух дод. Шаҳр ободу маъмур шуд. Куҳандиз, аз ҷумла Арк-Кремл, ки дар он қасри ҳоким ҷой дошт, тармим ва таъмир гардид.

24 майи соли 1866 баъди мудофиаи якҳафтинаи ватандўстони Хуҷанд, ҳалокати 2600 нафар шаҳриёни осоишта ва ҳимоятгарони диёр, кушта шудани 12 нафар аскарони ҳукумати подшоҳии рус истилогарон вориди шаҳри Дарун шуданд ва Куҳандизро ишғол намуданд.(18) Идораи ҳокимияти низомӣ ва шаҳрвандии Русияи подшоҳӣ бо сардории коменданти ҳарбӣ якҷоя бо подагон (гарнизони) аска- рони рус, казармаи артиш, гаупвахта дар Куҳандизи Хуҷанд қарор гирифтанд. Аз соли 1867 идораи сардори музофоти Хуҷанд ва кон- селярияи уезд дар Куҳандиз фаъолият намуданд. Сонитар бинои Идораи уезд дар ҳудуди Гузари русҳои Хуҷанд сохта шуд (алъ- он иморати Матбааи рақами 1) ва тамоми маъмурони дастгоҳи ҳукуматӣ ба онҷо кўчиданд. Ротаи понтонии аскарони рус то октябри соли 1917 дар Куҳандиз қарор дошт. 1. Тавсифи сохтор ва иншооти суннатии Куҳандиз ва Арк (Кремли) Хуҷанд Аз оғози биношавии Хуҷанд то имрўз ҳастии аслӣ, сириш- ти нахусти шаҳр – истеҳкоми дорои аҳамияти сиёсӣ, давлатӣ, маъмурӣ, низомӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ дар ҷараёни ҳаводис бо номҳои «Диз», «Куҳандиз», «Ўрда», «Қалъа» ном иваз кардааст. Имрўз онро дар ниҳоди Музей – мамнўъгоҳи давлатии таърихӣ-меъмории Хуҷанди бостон «Маҷмааи Куҳандиз бо Арк- Кремл» номидан ҷоиз аст. Куҳандиз ба ҳудуди шаҳри архаистӣ – мансухи асрҳои VII-VI пеш аз мелод мувофиқат мекунад. Сохтмони ў ба чор сўи атроф нигаронида шуда, ба азимут ба андозаи 25 дараҷа майл дорад. Ан- дозаи умумии Куҳандиз дар тарҳ ба росткунҷа баробар буда 320 х 200 метр ё худ 6 гектарро ташкил мекунад. Дар собиқ Куҳандиз бо Арк-Кремл бо деворҳои мустаҳками похсагии баланд ва бурҷҳои такягоҳии дарозиашон беш аз 1000 метр печонида шуда буд. Куҳандиз ду дарвозаи хуруҷу вуруд: дар девори шарқи – Дарвозаи Регистон, дар девори ҷануб – Дарвозаи Шаҳристон дошт.

То охири асри ХIХ дар даруни Куҳандиз осори нодири меъ- мории мўҳташами сабки халқӣ, обидаҳо, биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, хазоин, аз қабили Қасри ҳоким дар Арк, лашкархона, зарробхона, ҳарамхона, хазинахона, Иморати девони ҳукумат, Масҷиди ҷомеъ, Мазор, ошхона, корхонаҳои порчабофӣ зар- родхона (дўкони аслиҳасозӣ), тўпхона, доругархона (муассисаи борутсозӣ) ва ғайра маҳфуз буданд. Сиёсати мустамликавии Русияи подшоҳӣ, ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ беэътиноӣ ва беҳурматӣ нисбати осори таъриху фарҳанги ниёгон боиси несту нобудшавӣ ва ба адам рафтани қариб тамоми иншоотҳои собиқи давлатӣ, ҳукуматӣ, низомӣ, молиявии Куҳандиз гардид. Алъон дар ҳудуди Куҳандиз ягон ёдгории таърихӣ-меъморӣ, ки муносиб ва шоистаи манзури сайёҳони дохилӣ ва хориҷи кишвар бошад вуҷуд надорад. Куҳандизи Хуҷанд то замони ғасби Русияи подшоҳӣ ва барқарории режими мустамликавӣ аз маҷмааи иншооти бузургу боҳашамат, биноҳои ҷолиби таърихӣ-меъморӣ иборат буд. Ин мулоҳизаи моро акси фотографии Н. Нехорошев, ки ба муҷаллади мусаввар бо номи «Туркестанский альбом» (соли 1871) ворид шудааст, тасдиқ мекунад.

Муаллифи ин фарзи мазкур барои таълифи пешниҳоди хеш ба се сарчашма: натиҷаҳои пажўҳишҳои таърихӣ-этнографии майдонӣ-саҳроии хеш дар Хуҷандшаҳр, ки соли 1966 амалӣ гардидааст, суратҳои фотографии нодир ва камшумори мутааллиқ ба охири асри ХIХ-ибтидои асри ХХ; далелҳои аз адабиёти илмӣ ба дастомада, амсоли рисолаи профессор М.С. Андреев ва доктори илмҳои таърих О.Д. Чехович «Арк (Кремль) Бухары»18 такя на- муда, онҳоро самаранок истифода бурд.

Тасвири Арк (Кремл). Майдони кушоди назди Дарвозаи Ре- гистон, дар даромадгоҳи (вурудгоҳи) Арк «ҷилавхона» ном дошт. Амалдорон, аъёну ашрофи ҳозиршуда дар ин ҷо аспони савораи худро ба саисбонҳо месупориданд ва вориди Арк мегаштанд. Зинапояҳои баромад ба болои Арк, ки дар мергандаваки девори шарқӣ соз шуда буданд, «тахтапул» ном доштанд. Даромадгоҳи асосии Арк – «Дарвозахона» аз ду ҷониб дуто бурҷ – «гулда- ста» дошт. Бурҷҳои кунҷҳои Аркро бо истилоҳи «чилбурҷ» ё худ «кунҷак» ифода менамуданд. Майдончаҳо – ҷойгоҳи баланди наз- ди бурҷҳо – «гулдастаҳо – «суфаҳо» ҳамчун нишастгоҳи ташрифо- варандагон хидмат менамуданд. Қабати дувуми дарвозахонаро айвони кушод бо номи «Нақорахона» ишғол менамуд. Корафто- дагон бо воситаи Дарвозахона ба бинои қабули ҳоҷатмандон – бо номи «Саломхона» ворид мешуданд. «Саломхона» - бинои асосии ҳозиршавии ҳокими вилоят ва қабули арзкунандагон маҳсуб меёфт. Дар теппаи Арк қасри ҳоким иборат аз «миёнсарой» (вестибюлҳ- Н.Т.), хонаҳои истиқоматӣ, «хобхона», «даҳлез», «айвон», «ма- дон – таҳоратхона», инчунин «шарбатхона» (ҷойи нигаҳдорӣ ва пешкашкунии нўшобаҳо ва нуқлу наво) воқеъ буд. Ҳавлии қасрро «пойтахт» меномиданд.

Муассисаи Арк бо номи «Хазинахона» ба сифати ганҷури ҳифзи сиккаҳо, сабикаҳои зару нуқра, сангҳо ва ашёи гаронбаҳо, либосҳои фохира ва тўҳфаҳо хидмат менамуд. Калиди ганҷурро хазинабон бо супориши ҳоким ба худ нигоҳ медошт. Шафати ми- ёнсаройро ўрда- ҳарамхона - ҷойи истиқомати занону духтарон, канизон ишғол мекард. Дар самти ғарб ва ҷануби саҳни васеи куҳандиз бинои «до- рухона» - бо коргаҳи тирсозӣ ва анбори борут, ки дар хумҳои сафолии он «доруи милтиқ» нигоҳ дошта мешуд, воқеъ буданд. Инчунин ҳуҷраҳои «тўпчибошӣ» – фармондеҳи тўпҳо ва масъу- ли амнияти истеҳкоми Куҳандиз бо арк (кремл) он, «кафисхона» - корхонаи таъмир бо ҳайъати устоҳои дуредгар, хишткор, гил- кор, наққош, «сиккахона» - муассисаи зарбзании тангаҳои мисӣ, нуқрагӣ ва тиллоӣ, «заргархона» - утоқи сохту пардохти зеварҳо, ороишҳо аз зару сим, гавҳар ва дигар сангҳои қимматбаҳо, амсо- ли ангуштарӣ, дастпона, гўшвора, камарбанд, зинати абзоли асп ҷойгир буданд. Утоқҳои нигаҳдорӣ ва тақсими нон – «нонхона», тайёр намудани намудҳои нўшобаҳо ва шириниҳо – «шарбатхо- на», осиёи бо қувваи сутурон гарданда – «харосхона», «ҷувозхона» - коргаҳи равғанкашӣ, инчунин «қорихона», масҷид, мазор дар ҳудуди куҳандиз – ўрда амал менамуданд. 3. Тавсияҳо роҷеъ ба тармим, таъмир ва музейификатсияи Куҳандиз бо Арк (Кремл) Бунёди Музей-мамнўъгоҳи давлатии таърихӣ-меъмории Хуҷанди бостон, аз ҷумла, таъмиру тармими Куҳандиз маблағи калон, фаъолияти мудаввоми шумораи зиёди мутахассисони му- зейшинос, меъморон, таъмиргарон, эҳёгарон, устоҳои похсасоз, хишткор, гилкор, дуредгар, наҷҷор, зинатгарон, лоиҳакашон, тарроҳонро металабад. Ҳатман мутахассисони таъмир ва тарми- ми ёдгориҳои таърихро аз хориҷи кишвар, дар навбати аввал аз Ҷумҳурии исломии Эрон ҷалб намудан зарур аст. Зеро дар ин киш- вари ба мо дўсту бародар садҳо куҳандизҳо бо тамоми рукнҳояшон дар ҳолати аслӣ мавҷуданд ва шумораи зиёди муассисаҳои тарроҳии, ёдгориҳои таъриху фарҳанг амал менамоянд. Марҳилаҳои бунёдкорӣ иҷрои корҳои зеринро тақозо менамоянд: -Таъмири деворҳои шарқӣ, ҷанубӣ ва ғарбии куҳандиз -Барқарор кардани Дарвозаи Регистон ва Дарвозаи Шаҳристон -Тармими тахтапул ва роҳи баромад ба Арк -Сохтмони Қасри Ҳоким дар болои теппаи Арки собиқ дар шимолу шарқи куҳандиз бо намуди аслии он -Таҳияи лоиҳаҳои таҷдиди осори таърихӣ-фарҳангӣ ва рукнҳои зикршудаи Куҳандиз бо Арк (Кремл).

II. Регистони Хуҷанд Собиқаи таърихӣ. Бино ба нақли куҳандонони шодравони хуҷандӣ, ки соли 1966 инҷониб сабт намудааст, дар давраи қадим дар шафати Куҳандиз аз ҷониби шарқ, дар поёноби шаҳррўде, ки бахши Шаҳристонро шодоб мекард, майдони васеи бо регу сан- греза пўшида мавҷуд буд. Бо фармони яке аз мулукон пастхами- ро бо реги кашонда тахту ҳамвор карданд. Аз он замон ин мавзеи шафати Куҳандиз бо Арк (Кремли) Хуҷанд майдони Регистон ном гирифт. Майдони Регистони Хуҷанд дар радифи Куҳандиз бо Арк (Кремл) бино шуда, аз замони шаклёбии қароргоҳи ҳукумат вуҷуд дорад.

Бо гузашти айём Майдони Регистон ба «форум» – майдони асосии ҷамъиятӣ ва маркази тиҷоратию пешаварии шаҳри қадим табдил ёфт. Агар Куҳандиз бо Арк-Кремл қароргоҳи сиёсӣ ва маъмурӣ ва ҳастии аввали қасабаи шаҳрӣ бошад, пас майдони Регистон бо силсилаи корхонаҷоти саноатӣ доду ситод (дўконҳо) ва муассисаҳои тиҷоратӣ (бозор, тим, чорсу, раста, хон, корвонсарой, саррофхона ва ғайра), маркази иқтисодӣ ва маъвои мубодилаю муовизаи молу коло, макони шаклёбии муносибатҳои бозургонӣ буд. Сохтори таърих. Майдони Регистон дар ҳошияи Куҳандиз масоҳати дарозии беш аз 300 метр аз ҷануб ба шимол ҷониби соҳили рўди Сайҳун ва бараш беш аз 100 метр аз ғарб то шарқро ишғол мекард. Вайро аз тарафи шимол соҳили чапи Сирдарё бо мавзеи дарахтзор таҳти унвони «Чорлахт», аз шимолу шарқ маҷмўаи обидаҳои Ҳазрати Бобо, бо пойгаҳ-истгоҳи заврақҳо, амадҳо ва киштиҳо ва маҳаллаҳои Миршабхона (Яъқубдевонбегӣ), Ҳазрати Бобо, Чармгарон, аз шарқ сайронгоҳ бо номи «Гулбоғи ҳоким» ва самти ҷанубу шарқ растаҳо, тимҳо, корвонсаройҳо ва каппонҳои бозори Чоршанбе бо дўконҳои сохту пардохти маснуот ва абзор, шумораи зиёди фурўшгоҳҳо иҳота менамуданд. Аз назари муосири имрўза майдони Регистон аз Боғи истироҳат ва маданият, майдони фаввораи мобайни бинои Почтамт ва Осорхонаи таърихи вилояти Суғд то бинои Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷой гирифта буд. Аз ҷануб маҳаллаҳову гузарҳои Намозгоҳ, Пири сорбон, Эшони вабо буд ва ҷойгоҳи Мусаллои қадим – Намозгоҳ бо майдони Регистон ҳамшафат буданд.

Намуди Бозори Чоршанбе дар майдони Регистон дар расми фотографии соли 1871 инъикос ёфтааст. Ҳар рўз дар он бозори гарми пурҷамъият бо хариду фурўш ва намоиши амвол ва ҷинсҳо бо ширкати фурўшандагон ва муштариёни бисёр барпо мегашт. Бахшҳои Бозори Чоршанбе бо номҳои Растаҳои баззозон, вофурўшон (пойафзолфурўшон), аллофон (фурўшандагони ғалладона бо каппонҳои орд, биринҷ, зағир, кунҷит), оҳангарон, челонгарон, мисгарон, заргарон, кордгарон, сафи дўконҳои баққолӣ, нонвойӣ, қассобӣ, қаннодӣ, ҳалвогарӣ, ошхонаҳо бо ун- вони «каллапазхона», «кабобхона», «моҳипазӣ» амал менамуданд. Дар миёнаи асри ХIХ дар ҷануби Майдони Регистон биноҳои закотхона, раисхона, идораи қозикалон ҷой доштанд.

Регистон ҳамчунин маркази расмии ҳаёти ҷамъиятии мардум: ҷойгоҳи гузаронидани ҷашнҳои диниву дунявӣ – Иди Рамазон, Иди Қурбон, Соли нав – Наврўз, майдони гирдиҳамоии шаҳриён барои ҳамаи масъалаҳои доғи рўз эътироф шуда буд. Мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии «Ҷанги лагад» байни аҳолии деҳаҳои Раззоқ ва Қалъаи нав аз Майдони Регистон оғоз мешуд. Яъне Майдони Регистони Хуҷанд мисли Регистонҳои Самарқанду Бухоро сайронгоҳи идонаи мардум, бозору фурўшгоҳҳои доимӣ, ярмаркаҳои мавсимӣ, ҷои барпошавии ҷашнҳои халқӣ ташкили маъракаороии гўштингирону дорбозон ва қатлу ба дор овехта- ни гунаҳкорони азим буд. Аз замонҳои қадим майдонро бо регу сангрезаҳо мепўшониданд, ки ҳамвор ва гарду хок тоза бошад. Шояд бад-ин сабаб он Майдони Регистон ном гирифтааст. Дар рўзҳои сайрҳои умумихалқӣ дастаи ҳофизони шашмақомхон аз Нағорахонаи болои Дарвозахонаи Арк (Кремл) ва саҳнаи баланди мобайни Майдони Регистон, бар қолинҳои густарда нишаста овозхонӣ менамуданд ва мардуми ҷамъомада гўшу ҳуш шуда, осори бузурги фарҳанги мусиқиро шунида фараҳманд мегаштанд. Майдони Регистон инчунин ҷойи сафороии лашкар баъд аз пирўзиҳои навбатӣ ҳисоб меёфт.

Неҳзатҳои оммаҳои халқ алайҳи зулму истибдоди забардастони замон ва бар зидди истилогарони аҷнабӣ маҳз дар майдони Регистон ба авҷи олӣ мерасид. Чунончӣ, маркази шўриши марду- ми Хуҷанд баҳори соли 1872, исёни сарбозони ротаи понтонӣ дар Куҳандиз ҷой гирифта, ҳаракати миллӣ–озодихоҳии зиддиимпери- алистии меҳнаткашони Осиёи Миёна 4 июли соли 1916 аз Майдони Регистон оғоз гардида буд.

Назирҷон Турсунов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...