(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Ин гуфтори кўтоҳро ба расми савғоту раҳовард дар сафари 12 ҷавлои 2010 аз кишвари Покистон ба Хуҷанд барои дўстони тоҷикӣ дар Хуҷанд, бавижа, профессор Абдулманнони Насриддин бурда будам. Ин гуфтор дар ҳамон рўзгор дар маҷаллаи «Рўдакӣ», Душанбе, шумораи 26 ва 27, соли 1389 шамсӣ нашр шудааст. Ба мурури замон, иттилооте мазид дар ин мавзўъ ба даст омад, ки акнун бар он гуфтор афзуда шудааст. Ва инак таври қанди мукаррар пешкаши дўстони тоҷикӣ мешавад.

Гар қабул афтад, зиҳӣ иззу шараф…

Алоқаи ман ҷустуҷўи осори хаттӣ аст ва дар ин ҷустуҷў ба осори хаттии муаллифони ҳар билоду шаҳр ва қаря, ки дар он ҷо забони форсӣ маъмулу роиҷ будааст, бармехўрам. Дар ин мақола чанд асари хаттии муаллифони хуҷандитаборро, ки дар китобхонаҳои мухталифи Покистон вуҷуд дорад, ба дўстон муаррифӣ мекунам. Будани ин осори нависандагону шоирони хуҷандӣ дар гўшаву канори Покистон, худ далели муҳкам бар ра- вобити фарҳангии дерина ва доду ситади илмӣ дар гузаштаҳои дуру дароз аст. Аз лиҳози ҷуғрофиёӣ мо алъон аз якдигар каме дурем, вале ҳузури бузургони Хуҷанд ҳамеша дар сафаҳоти таъ- рихи фарҳангиву адабии Шибҳи Қора будааст. Дар соли 1996 вақте Академияи адабиёти Покистон мехост шоире орифмашраб аз кишвари Тоҷикистон интихоб кунад ва ашъори вайро ба за- бони урду тарҷума намояд, ҳеч шоире дигар набуд, ҷуз Камоли Хуҷандӣ. Доктор Муҳаммадсиддиқи Шиблӣ 101 ғазали Камолро баргузид ва бо номи «Тоҷикистон ке сўфӣ шоир Шайх Камоли Хуҷандӣ» (Шоири сўфии Тоҷикистон Шайх Камоли Хуҷандӣ) ба урду тарҷума кард ва дар 231 сафҳа чоп намуд.

Дар васфи Камоли Хуҷандӣ: Дар нусхаи хаттии «Асрору-л-хат» (таълифшуда дар 1102 ҳ) ин байт дар васфи Камоли Хуҷандӣ дидаам: Он кӣ шеъраш чу меваҳои Хуҷанд Ҳаст ширинтар аз қаноату зи қанд (Асрор-ул-хат, варақи 19 алиф). Агар сафаҳоти тазкираҳову таърихҳоро бо диққат тавриқ кунем, ҳузури даҳҳову бистҳо муаллиф, шоиру донишманди хуҷандиро метавонем дар Шибҳи Қора ёбем, чӣ ҳузури ҷисмиву чӣ ҳузури маънавӣ. Ин мавзўъ ниёз ба таҳқиқи ҷудогонае дорад. Нуқтаи оғози ин муҳоҷиратҳо дар чӣ мақтаи таърих буда?

Ман бар ҳасби тасодуф дар шарҳи ҳоли Шайх Фаридаддин Масъ- уди Ганҷшукр (ваф. 664/1266) орифи маъруфи Шибҳи Қора, ки дар Покистон мадфун аст, дидам, ки модари эшон духтари Мавлоно Ваҷеҳуддини Хуҷандӣ буда ва ин хонавода аз чанд насл пештар аз Хуҷанд ба Кобул ва аз он ҷо ба Панҷоб ҳиҷрат карда буд. Пас, нуқтаи оғози ин муҳоҷиратҳо, ҳатто қабл аз қарни дувоздаҳуми мелодӣ бармегардад ва дар асри тиллоии Темуриёни Ҳинд, чун аз мағзҳову истеъдодҳо истиқболи фаровон мешуд, корвонҳои му- софирону муҳоҷирони билоди Мовароуннаҳр ба Ҳинд пурбор- тар мешаванд ва мубодилаҳои фарҳангии ташдид пайдо мекунад.

Муҳаммад ибни Садри Тоҷи Абдусии Ахситони Деҳлавӣ (700-752 ҳ) муаллифи «Басотин-ул-унс» ва муншии Муҳаммад Ғиёсуддин (721-725 ҳ) ва Муҳаммад ибни Туғлуқ (725-752 ҳ) дар 726 ҳ гармозадаву мариз шуд ва дар Деҳлӣ бо муолиҷоти таби- би донишманд Муҳаммади Хуҷандӣ сиҳҳати куллӣ ёфт. Ахси- тони Деҳлавӣ аз ин табиби хуҷандӣ бо алқоби баланди болову ҳазоқати ў ёд кардааст ва ин табиб назди подшоҳони силси- лаи Туғлуқ дар Ҳинд иззату шараф дошт. Гуфтаи муаллифи «Басотин-ул-унс» чунин аст: «Ҳам дар аснои ин ҳоли душвор мавлоно ва саййидино малик-ул-атиббо, қудват-ул-ҳукамо, бадо- ул-ҳаққи ва-д-дини муъзаму-с-салотини кошифу-р-румузи-л- ҳикмата-й-йунонийати, фотеҳу кунуз-ул-ъулуми-л-бурҳонийати, шафа-л-ъоламин Муҳаммади Хуҷандӣ домат маёмина анфосиҳи ва баракоти иқдомиҳи аз сафари дарё бар сарвақти ин заиф ра- сид ва он баҳри узби Фурот бар ин ташнаи оби ҳаёт омад. Табибе муҳаққиқ, ҳакиме муфаллиқ, шифои оҷил бо давои ў чун арз бо ҷавҳари мулозиму эътидоли бадан ба мушоҳидаи муҳайёи ҳаётафзои ў ба сони зиллат аз мағфирати мафориқ, дасте чун дами Исо, қадаме чун қадами Хизр дар маърифат ташреҳи аб- дон ва кайфияти таркиби инсон гўи сабқату раҷҳон аз ҳукамои ҷолинусманзалат ва атиббои буқротмартабат рабуда, агар ҳадиси самуми қотил бар забони шукрбораш биравад, мизоҷи нўшдоруву тарёки акбар гирад ва агар ёди боди самуми оташи феъл дар хотири ҳикматосораш бигзарад, дар латофат бо боди сабои дилгушо дами тафаввуқ занад. Имдоди ҳусни тадбираш аз кўраи оташ чашмаи оби ҳаёт бигшояд ва хоки касифро чун ҷурми ҳаво латиф гардонад. Дақоиқи илоҷаш гўши асамми бунафшаро шунавову забони алкани савсанро гўё ва дидаи акиммаи наргис- ро бино кунад ва ба аъмоли фикрати соиб миёни табоеи мухолиф мувофиқат чунон падид орад, ки то интиҳои муддати бақо олами унсурӣ ғубори мухолифату мубойинат бар аҳволи эшон наниши- над ва ба диққат ҳикмати рўҳро бо ҷисм чунон улфату пайванд диҳад, ки то ҳашр арвоҳу ашбоҳи ҳабли матин мувосилати эшон ба ҳеч ҳодиса воҳиву гусаста нагардад ва ба касрати мумосират куллиёту ҷузъиёти ин илми шарифро набазосо дар банони тасар- руф овардаву ба изҳори манофеъву фавоиди таҷоруби дароз ола- ти асқоми қавӣ аз аҷсоми заиф ва дар исботи фазилати ин санъа- ти дақиқ далоили возеҳу бароҳин лоеҳ намуда. Фалаки ҳикматро бадрест доим-ул-анвор ва дарёи донишро дуррест шоҳвор, дар маҷмаи атиббои забон (казо:замон) садрнишине билистиҳқоқ ва дар ҳалқаи ҳукамои овон собиқе билиттифоқ… ва бо ин фазоили собиқа ба мадади табъи латифу хотири равшан дар соири анвои улуми ақливу нақлӣ ба насибе вофири маҳфуз (маҳзуз) гашта ва ба васоили фазоили бемунтаҳо, на ба фазоили васоили мунтаҳо, дар ҳазрати салотини фалакмакону тахтнишинони ҷамнишон иззи қурбату шарафи ихтисос ёфта ва мувофиқу мухолиф ба камоли дониш ва вуфури ҳазоқату юмни қадаму хуҷастагии дам ва илми комилу амали шомили ў гувоҳӣ дода» (Басотин-ул-унс, саҳ. 23-24).

Яке дигар аз ин навъ мисолҳои муҳоҷирати хонаводаҳои хуҷандӣ хонаводаи Бадруддини Акбарободӣ ибни Ҳофиз Баҳоуддин ибни Шайх Ғуломмуҳаммад, аз аҳфоди Абдуллоҳ ибни Салом саҳобии Расул, саллаллоҳу алайҳи васаллам, аст. Падарони ў аз Хуҷанд ба Ҳинд ворид шуданд ва дар рўзгори Акбар (963-1014ҳ) қазои Фатҳпури Сиякриро ба ўҳдаи худ доштанд. Бадриддини Акбарободӣ дар 1550/1737-1738 аз Фатҳпури Сиякрӣ ба Ҳайдарободи Дакан рафт ва чандин осор ба ёдгор гу- зошт, ки машҳуртарини онҳо «Бадр-уш-шурўҳ» – шарҳи девони Ҳофиз аст ва дигар осори ў бад-ин қарор аст: «Сифот-ул-имон», «Шарҳуллоҳи сидрат-ул-ислом», «Хулосат-ул-ҳикам», «Айн-ул- маонӣ», «Мабдаъ ва маод», «Шарҳи «Гулистон»-и Саъдӣ». «Бадру-уш-шурўҳ» дар шавволи 1321ҳ. мутобиқи 1904м. дар мат- бааи Муҷтабоии Деҳлӣ чоп шуд ва дар хотимаи табъ омада, ки ин чоп бар асоси нусхаи хаттие буда, ки Муҳаммад Муслиҳиддин ибни Шайх Алоуддин ибни Шайх Ғуломмуҳаммад ибни Ҳофиз Шаҳобуддин ибни Ҳофиз Қозӣ Алоуддин, (ки ин яке бародари бузурги шореҳ аст) дар таърихи 1254ҳ китобат карда буд ва дар ки- тобхонаи Мавлавӣ Зафаруддин ибни Аслаҳиддини Акбарободӣ маҳфуз буд. Мавлавӣ Зафаруддин низ аз ахлофи шореҳ буд.

Ду хуҷандӣ дар Авч Шайх Ҷамолиддини Хуҷандӣ ва наваи Шайх Разийадди- ни Ганҷилм дар Авч мадфунанд. Шайх Разийиддин алломаи рўзгору шайхи тариқат ва аз хулафои хоси Шайх Рукниддини Олими Мўлтонӣ (735/1335) буд. Ў устоди Махдуми Ҷаҳониён Ҷаҳонгашти Бухорӣ (707-785ҳ.) низ буд. Махдуми Ҷаҳонгашт дар таъйиди яке аз фатовои Шайх Разийиддин иборате навишт, ки нишонаи бузургӣ ва эҳтироми вай аст: «Асоба фимо аҷоб-ал- устоз-ул-аҷал-ул-муршид-ул-комил-ул-акмали шайхӣ аш-Шайх Разийиддин Ганҷилм нафаъналлоҳу ва иййокум биъилмиҳи ва камолиҳи ва афозаллоҳу ъалайно фуйузаҳу ва наволаҳу» (Таъри- хи Авч, саҳ.13, хитаи поки Авч, саҳ. 189).

Пире аз табори хуҷандӣ дар Ҳинд Сайид Иноятуллоҳ ибни Сайид Муҳаммад ибни Илаҳдоди Ҳусно, пире аз тариқаи «Нақшбандия» буд, ки ниёгони ў аз Хуҷанд ба Ҳиндустон омада буд ва ин пир дар Ҳинд зода шуд. Ў муриде бо номи Шамсиддин дошт, ки китоби «Иноёти улуҳия»- ро дар 1162/1749 дар шарҳи ҳоли ў навишт ва ман нусхаи хаттии ин китобро (шумораи 1556-1961) дар Осорхонаи Музеи миллии Покистони Карочӣ дидаам. Хулоса, бояд рўи так-таки хонадонҳои Хуҷанд, ки ба Шибҳи Қора ҳиҷрат карданд, таҳқиқ анҷом бигирад, то нақши онон дар таъмими фарҳанги муштарак равшантар шавад. Ман дар ин ҷо бинобар фурсате, ки доштам, як гўшаи бисёр хурди таърихи фарҳангеро гирифтаам ва аз як хонаводаи илмии хуҷандӣ, ки ба Панҷоб ҳиҷрат кардаву дар он ҷо сукунати доим гирифта буд ва ба баракати илму дониши худ дар он сомон мақому эҳтиром ба даст оварда буд, ишора кардаам.

Дар ин гуфтор фақат чаҳор муаллиф ё шоири хуҷандитабор ба тартиби замонӣ баргузидаам ва осори хаттии онҳо нишон дода шудааст. Дар муаррифии нусхаҳои осор фақат ба як нусха иктифо шудааст, албатта, ин бад-он маъно нест, ки аз осорашон нусхаҳои дигар дар Покистон вуҷуд надорад. Дар ин феҳристи муаллифон номи Соиниддин Алии Туркаи Хуҷандии Исфаҳониро амдан на- ёвардам, чӣ ҳам аз назари теъдоди муаллифот ва ҳам аз назари теъдоди нусахи хаттӣ, ҳар яке осораш дар Покистон ба ҳадде фа- ровон аст, ки аз зикри онҳо сарфи назар кардаам.

Абдулҷаббори Хуҷандӣ, қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ / сездаҳуми мелодӣ Китобе манзум бо номи «Мадхал» дар илми ситорашиносӣ билумум ба Хоҷа Насириддини Тўсӣ (вафот 672/1274) мансуб мешавад. Вале дар нусхаи Донишгоҳи Теҳрон номи сарояндаи он Абдулҷаббори Хуҷандӣ ва соли сурудан ҷимодиуссонии 616 ҳиҷрӣ, мутобиқ 1219 мелодӣ омадааст. Нусхаҳои мутааддиди ин китоб дар Покистон дида шудааст, аз ҷумла – дар Маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистони Исломобод, шумораи 3389 бо таърихи китобати 903 ҳ. дар сафаҳоти 224 то 251 (Феҳристи муштарак. – Ҷ.1.– саҳ.298).

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (вафот 800 ё 803 ҳиҷрӣ, мутобиқ 1397 ё 1400 мелодӣ Аз «Девон»-и Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ – шоири ном- дори Хуҷанд нусхаҳои мутааддид дар китобхонаҳои Покистон мавҷуд аст. Дар ин ҷо фақат ба ду нусха ишора мешавад. Яке дар Китобхонаи Ҷӣ Муиниддин Марҳуми Лоҳур мавҷуд будааст, бо таърихи китобати 850 ҳ 129 варақ. Нусхаи дигар дар Маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистони Исломобод, шумораи 867 бо таърихи китобати 944 ҳ дар 422 сафҳа мавҷуд аст (Феҳристи муштарак. – Ҷ.7.– саҳ.479). Алоуддин Аҳмади Хуҷандии Бурҳонӣ (ваф.830/1427). «ал-Қусорӣ» дар сарфи забони арабии таълифи Алоуддин Аҳмади Хуҷандии Бурҳониро шореҳе номаълум ба форсӣ шарҳ кардааст ва нусхаи хаттии ин шарҳ дар Маркази таҳқиқоти фор- сии Эрону Покистони Исломобод, шумораи 10530, дар 104 сафҳа мавҷуд аст (Феҳристи муштарак. – Ҷ.13.– саҳ.2653). Ҳоҷӣ Халифа дар «Кашф-уз-зунун» нисбати муаллифро «Ҳуҷандӣ» навишта- аст, ки тасҳифи «Хуҷандӣ» аст.

Низомуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад Рустам ибни Абдуллоҳи Хуҷандӣ (тав.1063/1653). Низомудин Муҳаммад – яке аз муаллифони хуҷандитабор дар асри Аврангзеби оламгир, подшоҳи темурии Ҳинд (1658- 1707м) Дар Амнободи Панҷоб зиндагӣ мекард. Аҷдоди ў аз Хуҷанд ба Амнобод ҳиҷрат карда буданд. Падари ў Муҳаммад Рустам қозии Амнобод буд. Низомуддин Муҳаммад ҳам дар дар- бори Аврангзеб бор дошт. Тамоми умрашро дар татаббуъ дар сираи набавиву шарҳ кардани қасоид дар мидҳати Расули карим ба сар кард ва осори мутааддиди форсӣ дар ин замина ба ёдгор гузошт. Осоре, ки аз қалами ў ҳанўз мавҷуд аст, ба шарҳи зер аст: «Шарҳи қасидаи Муҳаммадия». Вай ду шарҳ бар ин қасида навишта буд, яке баланду дигаре кўтоҳ. Аз шарҳи кўтоҳ, ки дар соли 1094/1683 нигошта буд, нусхае дар Маркази таҳқиқоти фор- сии Эрону Покистони Исломобод, шумораи 2151 бо таърихи ки- тобат 1255 ҳ. сафҳаи 42 то 93 мавҷуд аст (Феҳристи муштарак. – Ҷ.8.– саҳ.992).

«Шарҳи «Шамоилу-н-набийи» ат-Тирмизӣ»-ро дар рабе- ъуссонии 1108/1696 нигошт. Нусхаи хаттии он дар Маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистони Исломобод, шумораи 639 бо таърихи китобати 1116 ҳ. 803 сафҳа мавҷуд аст (Феҳристи муштарак. – Ҷ.10.– саҳ.199-200). «Шарҳи «Наът-ун-Набӣ». Шарҳи қасидаи Бонат Суод аст дар мадҳи ҳазрати Расули акрам, ки дар 1113/1701-1702 навишта буд. Нусхаҳои мутааддид дар Покистон аст, аз ҷумла – дар Маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистони Исломобод, шумораи 2255 дар 134 сафҳа низ мавҷуд аст (Феҳристи муштарак. – Ҷ.8.– саҳ.991). «Шарҳи қасидаи Абулъалои Мааррӣ»-ро дар 1114/1702-1703 навишта буд. Як нусха дар китобхонаи Ҷӣ Муиниддини Марҳуми Лоҳур дар 246 сафҳа мавҷуд будааст (Феҳристи муштарак. – Ҷ.8.– саҳ.993). «Шарҳи дуруди мустағос». Нусхае дар китобхонаи шахсии Мавлоно Муҳаммад Алӣ, Макҳад, дар бахши Атаки Панҷоб дар 50 сафҳа мавҷуд аст (Феҳристи муштарак. – Ҷ.3.– саҳ.1595). «Шарҳи қасидаи Бурда». Нусхае дар китобхонаи Диёлсинг- тар аст, Лоҳур, шумораи 730, дар 138 варақ мавҷуд аст (Феҳристи муштарак. – Ҷ.8.– саҳ.992).

Низомуддин Муҳаммади Хуҷандии Амнободӣ шоир низ бу- дааст ва «Низом» тахаллус дошт. Дар ин ҷо намунаи шеъри ў аз дебочаи «Шарҳи қасидаи Бонат Суод» оварда мешавад: Ҳазор ҳамд, ки наъти ҳабиби Рабби ибод, Марост вирди шабу рўз, қути рўҳу фуод. Ҳазор шарҳ ба арабиву форсӣ созам, Зи шарҳу матн ба ҷуз зикри Дўст нест мурод. Зи ҷўши ишқ навиштам шурўҳи наъти ҳабиб, Ба ғайри ишқ, ки дилро ба рўи теғ ниҳод. Ба дасти ишқ дилам наътро нигоштааст. Дилам, ки бар дами шамшери ғайри ишқ ниҳод. Гул аст наът зи бўстони қудсу аз сари шавқ, Низоми дин аст бар-ў андалеби пурфарёд. Зи ҳусни наъту зи ишқи Низоми Амнобод, Шуда-ст ҳусн ободу шуда-ст ишқ обод. Чунонки дар ин ашъор омадааст, шоир ҳеч алоқаву ишқи дигар ба ҷуз наъту мидҳати ҳабиби Худоро надошт ва осори ў гувоҳи ростин бар ин амр аст.

Ҳакими Чанобӣ яке аз шоирони Панҷоб, ки ҳамватану ҳамзабони Низомуддин буда, дар ситоиши ў чунин гуфтааст: Низомиддин ба ҷои Мавлавӣ ҳаст, Ки комил бо камоли маънавӣ ҳаст. Чу падараш меҳрубон устод ўро, Ки додӣ қобилият дод ўро. Сухан меронд з-истеъдодаш аксар, Набудаш, эй магар шогирди дигар. Ҳузури подшоҳон борҳо шуд, Ба хурдӣ пир з-ин сон корҳо шуд. Шуда равшан зи хуштақририи ў, Ба Оламгир оламгирии ў. Ба Дакҳан шоҳ васфи ў шунида, Гувоҳи фазли ў шарҳи қасида. Вале чун ҷанг бо куффор будаш, Таваҷҷуҳ ин тараф душвор будаш. Ба радду қадҳ кас нокарда хўе, Ки дар шарҳи қасида бурда гўе (Туҳфат-ул-Панҷоб). Дар байти охир шоир бо камоли ҳушёрӣ ҳам ба «Шарҳи қасидаи бурда»-и Низомуддин ишора кардааст ва ҳам гўй бурдан аз дигар шореҳон дар шарҳ кардани ин қасида. Ҳакими Чанобӣ дар ситоиши Муҳаммад Рустам падари Ни- зомуддин низ ашъоре дорад. Ин байт аз он ҷост: Хуш он қозии Амнобод Рустам, Ҳама инсоф, адлу дод Рустам (Туҳфат-ул-Панҷоб). Абдуллоҳи Хуҷандии хушнавис

Чанде пеш дуктур Ато Хуршед тасовири авроқе аз як Қуръони маҷиди дастнавис барои ман фиристод, ки котиби он «Абдуллоҳи Хуҷандӣ» аст. Вай ин нусхаро дар 1191 ҳ. ба хати хуши насх китобат кардааст. Нусхаи тазҳиб низ дорад. Асли нусха дар маҷўаи Институти Китобхонаи Озоди Донишгоҳи Исломии Алигарҳи Ҳинд мавҷуд аст.

Умедворам ҳунари дўстони ин хушнависи хуҷандиро бишиносанд.

Орифи Навшоҳӣ

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...