(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Мафҳуми тафовути мусиқии суннатӣ бо меъёрҳои тафаккури мусиқӣ, лафзу гуфтор, сабк ва тарзу услубҳои хос арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, анъанаҳои санъати мусиқии Хуҷандшаҳр бо шевои хоси сарояндагӣ аз дигар шаҳрҳои бостонӣ фарқ мекунад. Мавҷудияти амалии анъанаҳои мусиқӣ дохилан ба мероси мусиқии нотакрори маҳаллӣ омезиш ёфта, ҷиҳати хусусиятҳои сабку услуби иҷроиш, қоидаҳои мақомбандӣ ва шаклсозӣ ба суннатҳои мусиқии классикии водии Фарғона шабоҳат дорад.

Шояд бо чунин омилҳои санъати сарояндагию навозандагӣ ва муҳити минтақавию музофотӣ дар сабку услуби ҳунармандони Хуҷандшаҳр ба таври хоса зуҳур ёфтааст. Тавре қайд намудем, анъанаҳои сарояндагӣ ва навозандагии мусиқии Хуҷандшаҳр ба мусиқии классикӣ бевосита омезиш ёфта, дар заминаи он ху- сусияти шаклсозии худро пайдо намудааст. Дар ин ҷо бештар мақомҳои силсилавии «Дугоҳ 1,2,3,4», «Баёт 1,2,3,4,5», «Шоҳнози Гулёр», «Сегоҳ», «Савт» ва намунаҳои мақомҳои алоҳида, ба монанди «Қаландарӣ», «Мискин 1,2», «Дилхироҷ», «Тановар», «Мирзодавлат», «Муноҷот» маъмул аст.

Чунин шароити фазои мусиқии маҳаллӣ бо тамоми хусусиятҳои нотакрори иҷрокунандагӣ ҳунармандони арзандаи худро ба майдон овард, ки дар чеҳраи онҳо беҳтарин суннатҳои мусиқии маҳаллӣ ҳифз гардид, мазмунан ташаккул ва сайқал ёфта, ба шаклҳои нави эҷодӣ рў овард.

Содирхони Ҳофиз дар ҳалқаи ҳунармандони ин диёри куҳанзамин (на танҳо дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, балки дар ҳавзаи бурунмарзии ин минтақа) ҳамчун сарояндаи беҳамто дар сафи барҷастатарин намояндагони ин мактаб маҳсуб меёбад. Эҷодиёти ў дар таърихи санъати мақомсароӣ ва дар падидаи эҷодиёти асарҳои сабки классикӣ саҳифаи наву тоза аст. Асарҳои безаволи ҳофиз, ба мисли «Ушшоқи Содирхон», «Қашқарчаи Ушшоқи Содирхон», «Гулёри Содирхон», «Савти Содирхон», «Каримқулбегии Содирхон» ва даҳҳо сурудҳои дигар бо сабки услуби тоза ба вуҷуд омада, аз натиҷаи нави эҷодиёти мақомбандӣ шаҳодат медиҳад. Боиси қайд аст, ки ҳамаи асарҳои тозаэҷод дар иҷрои худи Содирхони Ҳофиз шуҳрати беҳамто пайдо карда, дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтааст.

Сифатҳои эҷодиёти Содирхон Ҳофиз аз дараҷаи баланди фазилати сарояндагӣ далолат медиҳад, ки падидаи он дар меҳру муҳаббат ва эҳтироми халқ пайваста ба ҳунари ў арзёбӣ мегардад. Ин самти эҷодиёт дар фаъолияти пайравони минбаъ- даи ҳунармандон низ идома ёфта, ба ҷониби сайқал ва густариш рў овардааст. Ба ин васила асарҳои ҷовидонаи ҳофиз дар дили ҳазорҳо мухлисонаш ҷо шудааст ва тавассути ворисони арзандаи мактаби ў байни мардум то ба имрўз ба эътибори баланд сазовор гаштааст.

СОДИРХОНИ ҲОФИЗ Дар бораи ин ҳунарманди бузург маъхазҳои гуногун, тадқиқотҳоимахсус, ёддоштҳоиҳамсафонвашогирдон, мақолаҳо, қиссаҳо, очерку хотираҳои муосирон мавҷуд буда, дар он тамоми паҳлўҳои ҳаёту эҷодиёти ў то як дарҷаи арзанда таҳқиқ шудаанд. Аввалин китоб бахшида ба фаъолият ва эҷодёти Содирхони Ҳофиз соли 1946 нашр гардида буд. Муаллифони он Н.М.Зубков ва Е.А.Прокофьев 13 асари эҷодкардаи ҳофизро дар иҷрои шо- гирдаш Мақсудxон Болтуев ба сабти танзим гузарониданд. Дар китоби мазкур пешгуфтори мухтасари муаллифон оид ба сарояндагӣ ва хусусиятҳои эҷодиёти устод пешниҳод мешавад. Дар китоби «Рўзгори соҳибдилон», ки ба қалами рўзноманигорони маъруф Отахон Латифӣ, Абдурофеъ Рабиев мансуб аст, фасли алоҳида оид ба рўзгор ва эҷодиёти ин ҳофизи мумтоз бахшида шудааст. Муаллифони китоб кўшиш карданд, паҳлўҳои гуногуни ҳаёти ҳофизро бо воқеаҳои давру замони ў муқоиса намуда, шарҳи ҳол ва тавсифи роҳи эҷодии пурбаракати эшонро бо далелҳои амиқ баён созанд.

Баробари ин дар асарҳои адабию публиситстӣ низ баъзе маъ- лумот ва тафсилот мавҷуданд. Масалан, устод Ҳоҷӣ Содиқ дар асари публитсистии худ «Камолот» қиссаи аҷиберо аз рўзгори Содирхон бо номи «Нохун» иншо намудааст. Ёддоштҳои мухлисони тошкандии Содирхон дар китоби шоири ўзбек Собир Абдулло «Мавлоно Муқимӣ» оварда мешаванд.

Дар солҳои охир бахшида ба истиқболи 150-солагии ин ҳофизи мумтоз дар маркази методии фарҳанги вилояти Суғд асари тадқиқотии рўзноманигор Муҳаммадҷон Холматзода бо номи «Содирхони Ҳофиз ва пайвандони ў» нашр гардид.

Дар асарҳои адабию публитсистӣ муаллифон таваҷҷуҳи асосиро маҳз ба паҳлўҳои ҷузъии ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти Содирхон зоҳир намуданд. Мавзўи асосии онҳо аз муҳити рўзгор, эҷод ва фаъолияти ҳунарманд, аҳли адабу ҳунари ҳамзамонҳои ў ва инчунин, воқеаҳои фарҳангию маърифатии давру замони ҳофиз хабар медиҳад.

Корҳое, ки махсус ба эҷодиёти асарҳои Содирхон бахшида шудаанд, аҳамияти беҳамто доранд. Хусусан, интишори асарҳои Содирхони Ҳофиз, ки ҳанўз дар солҳои 40-ум ба табъ расида, боиси тазаккур аст. Арзиши асосии маҷмўа дар мазмун ба матлаби замон ҳамоҳанг аст. Боиси қайд аст, ҳанўз солҳои 40-уми қарни гузашта омўзиши эҷодиёти Содирхон, алалхусус амали иҷроиш ва ба нота гирифтани сурудҳои шуҳратманди ҳофиз имконпазир буд. Хусусан, ба ин кори басо пурарзиш шогирд ва дастпарвари Содирхон – Мақсудxон Болтуев бевосита ширкат меварзад ва ҳамзамон, имконият пайдо менамояд, ки асарҳои ҳофиз ба шакли китоб интишор гардад. Дар он лафз ва ширинкориҳое, ки барои сабти нотавӣ дар иҷрои Максудхон Болтуев истифода шудаанд, ба нафаси иҷроиши аслии ҳофиз наздику ҳамоҳанг буд ва чунин маврид дар давраҳои минбаъда, бо гардиши замон, шояд такрор наҳоҳад гашт.

Бо мурури замон сурудҳои Содирхон дар эҷодиёти ҳофизон ва ҳунармандони минбаъда, вобаста бо сабку услуб ва мaҳорати онҳо, ба тағйироти ҷузъӣ дучор омад. Дар ин маврид метавон гуфт, тағйироти садопарда ва зарбу усули сурудҳо, сабки иҷро куллан ба имкониятҳои маҳорат ва эҷодиёти онҳо мутобиқ гашт. Омилҳои мазкур танҳо як паҳлўи масъаларо инъикос менамоянд. Аммо паҳлўи дигаре, ки ба руҳияти мазмуни сурудҳо, интихоби матн, ҷозибаи оҳанг мансубият доранд, ҳувият ва маънияшро гум накардааст. Зеро оғози эҷодиёти он аз маҳорат ва ирфону маърифати муаллифи асилаш сарчашма мегирад.

То имрўз дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ дар бораи ин ҳофизи мумтоз, ба ғайр аз рисолаи номзадии Соҳибҷон Бегматов «Анъанаҳои ҳофизони водии Фарғона», тадқиқоти махсус ба чашм намерасад. Фаъолият ва эҷодиёти Содирхони Ҳофиз гуногунпаҳлў мебошад. Аз ин рў, дар назди муҳаққиқон баъзе аз масъалаҳои ҷиддӣ қарор дорад, ки боиси таҳлил ва таҳқиқ аст. Зеро чунин масъалагузориҳои ғалат метавонад ҳақиқати ҳолро оид ба омўзиши фаъолият ва эҷодиёти ҳунармандони асил каҷравиҳо ба вуҷуд оварад ва хизматҳои арзандаи онҳоро ба гўшаи фаромушӣ бурда, аз хотири мардум дур созад.

Манзури мо дар ин мубоҳиса нисбат ба омўзиши фазои хусусиятҳои эҷодии Содирхони Ҳофиз аз чунин нуктаҳо иборатанд: 1. Муҳити замони эҷод ва ташаккули фаъолияти Содирхони Ҳофиз; 2. Ҳунармандони маҳаллии касбӣ ва эҷодиёти Шашмақом; Суннатҳои мусиқии шаҳрҳои бостонӣ решаҳои хоси таърихӣ доранд, ки аз дигар минтақаҳо бо сабк ва услубҳои хос фарқ мекунад. Хусусан, истедод ва маҳорати нотакрори устодони санъат, ки бо сатҳи дараҷаи ҳунари хеш обрўю эътибор ва шуҳрати беҳамто пайдо кардааст, инчунин, дар ҷараёни эҷодии хеш услуби хоси санъати диёрашро пайравӣ намуда, онро сайқал додаст ва бо асарҳои тозаэҷод ғанӣ гардонидааст. Ба ҳалқаи ҳамин гуна нобиғаҳои санъати шаҳри Хуҷанд номи Содирхони Ҳофиз дар ошёни баланди эҷодиёт мақомашро муайян намудааст.

Дар давру замонҳои мухталиф аҳли фаҳм, олимону орифон, ҳокимону амирон роҷеъ ба ҷустуҷўи шахсони нобиғаву забардаст дар олами назму шеърият, тиббу риёзиёт, хунёгару ҳунарварон мавриди амал қарор мегирифт ва хоҳишмандии доимӣ мусоидат менамуданд, ки онҳо дар марказҳои фарҳангу ҳунар, дар зери назорату сарпарастии дарбор фаъолияту эҷод намоянд. Ҳадаф аз ин амали муносиб дар навбати аввал маърифатпарварию фарҳангпарастии аҳли адабу ашроф ва дарборро муайян намояд, аз ҷиҳати дигар, боиси паҳншавии шуҳрату шаҳомати қудрати мулку давлат бо ҳунару маҳорати онҳо мусоидат мегардид. Боиси тазаккур аст, ки тавоноӣ ва шуҳрати шаҳрҳои марказии фарҳангию сиёсии дарборӣ натанҳо бо намояндагони аҳли илму адаб, фарҳангу маърифатии тафаккури худи шаҳрҳои марказӣ, балки бо анъанаҳои қавию устувор ва намояндагони боэътибори ромишгарони музофотӣ низ ифода меёфт ва хушбахтона, имрўз ҳам ин ақида моҳияти худро гум накардааст.

Далели ақидаҳои моро тақдир ва фаъолияти даҳҳо нафар ҳунармандони забардаст ба монанди Бобо Ҷалолу Бобо Ғиёс, Қорӣ Кароматуллою Усто Шодӣ, Домулло Ҳалиму Левича, Тоҳирҷон Давлатзодаю Маъруфҷони Танбўрӣ, Раҳимхон Ниёзхоҷаю Комил Паҳлавон ва Зебо Парӣ, ки бо тақдири рўзгори зиндагӣ ҳаёт ва эҷодиёти худро ба дарбори аморати Бухоро, Хоразму Хўқанд маҳз бо ҳунарҳои нотакрори хеш пайванд карданду барои рушди санъати мусиқӣ, алалхусус Шашмақом хизматҳои беҳамто гузоштанд, шаҳодат медиҳанд.

Бидуни шаҳрҳои дарбордошта, ҳунарварон ва устодони забардаст дар дигар шаҳрҳои бостонӣ, ба монанди Самарқанду Фарғонаю Хуҷанду Ҳисор, Истаравшану Исфараву Дарвоз, Хатлону Панҷакент фаъолият доштанд, ки сатҳи маҳорат ва аҳамияти эҷодиёти онҳо аз донишу ҳунари устодони Шашмақоми Бухоро тафовути куллӣ надоштанд. Боиси қайд аст, ки мақомҳои маҳаллӣ дар ҷои холӣ эҷод нашудаааст. Зеро ҳунармандони намояндагони мактабҳои мазкур аз назари баланду баҳодиҳии устодони забардасти даврони худ бомуваффақият гузашта, ба ҳалқаи устодони касбӣ бо обрў ва эътибори хоса шомил шуда тавонистанд. Ин гуфтаҳо аз он далолат медиҳад, ки эҷодкорони музофотӣ низ аз низому қоидаҳои мақомхонӣ ва мақомбандӣ комилан бохабар буданд ва аз ҷозибаҳои он бо маҳорати хоса истифода мебурданд. Ҳарчанде ки баъзе аз ҳунармандони соҳибҳунар дар сафи ҳунармандони дарборӣ набуданд, дар назди доираи ашрофони дарборӣ адои хизмат нагузоштанд ва дар муҳити низоми сахти устодони он таълиму тарбия наёфтанд, аммо бо истеъдод ва маҳорати хеш кўшишу талошҳои хоси ҳунаромўзии хеш соҳиби ба дараҷа ва малакаи устодӣ расиданд. Масалан, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ танҳо бо маҳорат ва дониши худ ба қуллаҳои ба- ланди эҷодӣ ноил гадид, ки ўро на танҳо ҳунарманди беназир дар радифи сароидани Шашмақом, балки эҷодкори нобиға дар сам- ти такмили мақомбандӣ низ мешиносанд. Эҷодиёти ў нишонаи пешрафт ва тозакориҳо дар самти санъати ҳирфавии мақомхонӣ ва мақомпардозӣ аст. Асарҳои эҷодкардаи ў, ба монанди «Бебокча», «Гулузорам», «Бозургонӣ», «Ушшоқи Самарканд», «Дўсти Худойим», «Боғи гулҳо» ва даҳҳо дигар, ки аз ҷиҳати сохту таркиб, қоидаҳои пардабандӣ, зарбу усул дар қолаби асосии асарҳои Шашмақом офарида шудааст, нишонаи забардастии ҳунарманд ва далолати тозакориҳои эҷодиёти Шашмақом маҳсуб меёбад.

Эҷодиёти Содирхони Ҳофиз низ падидаи нав дар ҷодаи ҳунари мақомсароӣ ва тозакориҳо дар саҳифаи эҷодиёти асарҳои мақомҳои хоса мебошад. Боиси эътироф аст, ки Содирхон бо баробари соҳиби дараҷаи баланди маҳорати сарояндагӣ, сабки ус- луби хоси иҷрокунандагӣ, боз тавонист асарҳои хоси сабки тоза эҷод намояд. Асарҳои безаволи ў, ба мисли «Ушшоқи Содирхон», «Қашқарчаи Ушшоқи Содирхон», «Савти Содирхон», «Гулёри Содирхон», «Дилхироҷи Содирхон», «Каримқулбегии Содирхон» ва даҳҳо дигар сурудҳое, ки шакли онҳо ба сабки услуби хеш муносиб гардонида шудаасту иҷро гардидааст, байни мардум то имрўз қадру мавқеяшро гум накардааст. Мо наметавонем ба эҷодиёти чунин тоифа ҳунармандон бо қолаби мақомбандӣ ва ё дар чаҳорчўбаи донишу қоида ва мизони Шашмақом баҳогузорӣ намоем ва хулосабандӣ кунем. Ҳаргиз не. Чаро? Чунки, фарҳанг ва суннатҳои ҳунари мусиқии шаҳрҳои таърихии куҳанбунёд бо сабку услуби хоси маҳаллии худ аз ҳамдигар тафовутҳои гуно- гун доранд. Аммо бояд эътироф намуд, ки тафовутҳои суннатҳои ҳунарӣ, дар навбати худ, бо маҳсубиятҳои ин ё он марказҳои ма- данию фарҳангӣ низ ошкор менамоянд ва боиси арзиши иртиботи умумиро низ ба миён мегузорад. Чуноне ки дар боло қайд гардид, агар шаҳри бостонии Панҷакенту Самарқанд бо тарзи муҳити рўзгори зиндагӣ, урфу одат ва бо суннатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бо шаҳри Бухоро шабоҳати наздик дошта бошад, шаҳрҳои таъри- хии Хуҷанду Конибодом, Исфараю Истаравшан бо хусусиятҳои анъанаҳояш ба водии Фарғона ҳамрадиф аст. Бинобар ин, гуногунрангии санъат боиси падидаҳои такомул ва пешрафти мусиқии суннатӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рў, анъанаҳои мусиқии классикӣ, аз он ҷумла, санъати Шашмақом, бо ин тозакориҳои эҷодию ҳунари маҳаллӣ коста нагардадааст, баръакс, тамоюл ва арзиши ҳунарии тарафайнро такмил дода, боз ҳам рушд ёфтааст. Аз ҳамин лиҳоз, сифати ҷараёни пешравиҳои эҷодию ҳунарии намунаҳои мақомҳои маҳаллӣ моҳият ва иқтидорашро дар баро- бари мероси асарҳои санъати миллӣ арзёбӣ шуда, боиси нишонаи қадру қимат ва асолати мероси ҳунарии халқ маҳсуб мегардад.

Дар сатҳи ҷараёни омўзиши имрўзаи Шашмақом баъзан андешаҳо ба мушоҳида мерасад, ки гўё ҳама гуна иҷроиши Шашмақом бо як тарзи сабки муқаррар мутобиқат гардонида, сатҳи иҷрою сабки он ба як самти услуби иҷроиш мутобиқат кар- да шаванд. Доир ба мушоҳидаҳои мазкур бояд тазаккур дод, ки иҷроиши мақомҳоро одатан ба қолаби ягонаи иҷроиш ғунҷонидан ғайриимкон аст. Чунки ин масъала нозукӣ ва паҳлўҳои эҷодии худро дорад. Масалан, ҳар як мактаби сарояндагӣ, сабки услуб, тарзи иҷроиши худро дар муҳити эҷодии муайян ташаккул ва сайқал дода, дар заминаи он падидаҳои иҷроиши муайян пайдо мекунад. Дар партави чунин ҷараён эҷодиёт рушду такомул меё- бад ва тадриҷан аз як насл ба насли дигари эҷодӣ интиқол меша- ванд. Масалан, устодон ва намояндагони мактаби Шашмақоми Бухоро Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов ва Шоҳназар Соҳибов дар самти ташаккул ва инкишофи санъати Шашмақоми тоҷик хизматҳои босазо намуда, барои тарбияи намояндагони ояндаи мақом ва мақомсароӣ низ шогирдони зиёдеро таълим до- даанд. Аз ҷумла, Нерё Аминов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Музаффар Муҳиддинов, Мастона Эргашева ва чанде ди- гарон дастпарварони ҳамин мактабанд. Аммо, дар навбати худ, ҳар яке аз ин ҳунармандон тавонистанд сабки услуби хоси сароян- дагии хешро офарида, ба он соҳиб гарданд ва инчунин, дар роҳи эҷодии минбаъда ба иддаи мазкур содиқ бимонанд. Ягон нафари аз онҳо дар иҷроиши Шашмақом тақлидкорӣ ва нусхабардорро ҷонибдорӣ накарданд, балки, баръакс ҳунари сарояндагиро дар заминаи эҷодии минбаъда ташаккул ва сайқал доданд. Аз ин рў, чеҳраи ҳунарии онҳо (аз ҷумла, дар мақомхонӣ) дар байни мар- дум бо шеваи ба худ хос арзёбӣ гардид ва шуҳрат пайдо кард. Ба ин муносибат чунин ба назар мерасад, ки аз лиҳози мантиқӣ ҷоиз нест иҷроиши Шашмақомро иҷборан дар як сабки услуби муайя- ни иҷро сохтакорона муттаҳид намоем.

Боз як нуктаро бояд қайд намоем, ки дар фаъолияти кунунии дастаи мақомхонони назди телевизион ва радиои тоҷик сабки услуби ягон мактаби сарояндагӣ ба чашм намерасад, чунки дар раванди фаъолияти кори дастаи мақомхононӣ баъд аз устодони номӣ Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва Боймуҳаммад Ниёзов нафаре пайдо нашуд, ки масъулияти вазифаи мураббии дастаро ба ўҳдаи худ гираду сабки дурусти иҷрои Шашмақомро роҳбарӣ кунад. Ин ҳолати ногувор то имрўз идома дорад. Ҳамин тавр, дар даҳсолаҳои охир сатҳу сифати сабки иҷрои устодонаи Шашмақом коста шуда, қадри асили мактаби мақомсароии касбӣ дар байни мардум эътибори худро начандон устувор кардааст. Чунки ҷои устодони асилу соҳибмартаба имрўз холист. Ҳар чанде аксарият ҳунармандони даста, хусусан, ҷавонон истеъдоди хуб ва овози ҷолиб доранд, аммо ҳунари мақомхонӣ танҳо бо овоз боиси шуҳрат нест, агар руҳият ва эҳсосоти ҳунарии устодона дар он ҳамоҳанг набошад.

Дар даҳсолаҳои охир, омўзиши илмию амалии мусиқии классикии Шашмақом хело авҷ гирифт ва нуфузи эътибори он густариш ёфт. Пайдо шудани мактабҳои махсуси омўзиши санъати Шашмақом, шуъбаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таъ- лимии зинаҳои мухталифи мусиқӣ, мактабҳои муҷтамеъ оид ба омўзиши мусиқии суннатӣ ва инчунин таъсиси дастаҳои ҳунарии мақомхонӣ аз гуфтаҳои боло далолат медиҳад.

Ба вуҷуди ин дар пиромуни таълимоти мусиқии суннатӣ фикру ақидаҳои зиёд ба баҳсу мунозираҳои ҳалталаб ба миён омад. Қисми зиёди онҳо роҷеъ ба беҳтар ва мукаммал гардидани масоили мухталифи мақомдонӣ ва мақомхонӣ, рушду нумўи эҷодиёти минбаъда ва инчунин таълимоти он дар макотибу ҳунаристонҳо пайвастагӣ доранд.

Аммо баъзан андешаҳо доир ба равандҳои мақомхонии маҳаллӣ пайдо мешаванд ва ба омили мубоҳисаи илмию эҷодӣ табдил меёбанд. Мувофиқи ақидаи як гуруҳ мақомдонону мақомшиносон чунин хулоса бармеояд, ки гўё намуна ва шакли асарҳои мақомҳои маҳаллие, ки берун аз доираи Шашмақом арзи вуҷуд доранд, ба талаботи мақомҳои асил ҷавобгў нестанд, бинобар ин арзиши онҳо ба дараҷаи Шашмақом баробар шуда наметавонанд. Аз ҳама ҷиҳати тааҷҷубовари ақидаҳо дар он аст, ки гўё иҷро ва сохти пардабандии чунин мақомҳо комилан ғалатанд! Аз хулосаи ақида маълум мегардад, ки дар фазои эҷодиёти мақомҳо танҳо як равиши Шашмақом вуҷуд дораду бас. Дигар намуна ва шаклҳои он, ки берун аз чаҳорчўбаи қавоиди (парда, лаҳн, зарбу шакл) Шашмақом арзи ҳастӣ доранд, аз назари асарҳои мақомҳои асил дуранд ва ё ба қавли нигорандаҳои фикрҳои боло аз ҷиҳати мақомбандӣ коста аст. Чунин баҳогузориҳои «мунаққидона» нисбат ба эҷодиёти мақомҳои маҳаллӣ шояд беасос ва бемулоҳизагӣ бошад.

Ба аҳли фаҳм мусаллам аст, ки эҷодиёти мусиқии классикии Шашмақом қоидаҳои муайяни назарияи нонавиштаи суннатиро дорост, ки дар асоси он ташаккул ва рушд ёфтааст. Бояд эътироф намуд, ки тамоми мактабҳои ҳунарии мақомхонии шаҳрҳои марказӣ Бухорову Хоразм ва Хўқанд дар тасарруфи муҳити дарборӣ қарор доштанд ва ҷараёни эҷодиёту амали иҷроиши он роҳу равиш, қоида ва қонунҳои чиддии худро кашф намудааст. Инчунин таълимоти ҳунаромўзӣ дар тахти назари бевоситаи устодону донишмандон мавриди назорат қарор дошта, рушду такомул ёфтааст.

Аммо боиси нигаронӣ аст, ки эҷодиёти мақомоти дарборӣ ба дигар шаҳристонҳои музофотӣ таъсир ва нуфузи худро гузошта бошад ҳам, паҳлўҳои дигари эҷодиёт, ба масоили дониши мукаммал оид ба ҳунари касбӣ ва ҳирфаӣ, системаи мақомбандӣ, кулли силсилаҳои бахши созиву овозии Шашмақом ва асосҳои таълими мактаби он ба таври мукаммал нарасидааст ва ё худ, мавриди қабули эҷодӣ нагардидааст.

Яке аз андешаҳо доир ба сабабҳои ишорашудаи мақомҳои маҳаллӣ нишон медиҳад, ки аз як ҷиҳат, пояи манбаи онро устувории суннатҳои мусиқии мaҳалҳо ва паҳлўи дигарро дар муҳити эҷодии ҳунармандони таҳҷоӣ (музофотӣ) хоҳем мушоҳида намуд. Аз ин рў, фикру мулоҳизаҳоро оид ба эҷодиёти мақомҳои маҳаллӣ ба чунин андешаҳо ифода кардан мумкин аст:

1. Шаҳрҳои музофотӣ, ба монанди Самарқанду Панҷакент, Хуҷанду Исфараю Конибодому Истаравшан сабки услубҳои хоси худро доранд, ки дар заминаи фазои фаъолияту эҷодиёти ин маҳалҳо ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтааст. Падидаи мазкур аз эҷодиёти озоди ҳунармандон дар рушди мусиқии маҳаллӣ далолат медиҳад.

2. Омили муҳити эҷодии мактабҳои суннатии маҳаллӣ тибқи қоида ва қонунҳои хос идома ва рушд намудааст, ки муқоиса ва нисбати мубодила ба дигар мактабҳои ҳунарию эҷодӣ аз ҷиҳати мулоҳизаи илмию амалӣ қабули таҳлил нест.

3. Муҳити мусиқии маҳаллию музофотӣ ва мактабҳои ҳунарии он ба пояи устувори худ қарор дошта, ба ташаккули гуногунрангии мусиқии классикӣ воситаи муҳими эҷодӣ ва заминаи арзанда мегузорад.

Ба ҳалқаи давомдиҳандагон ва намояндагони мактаби сaрояндагии Хуҷанди бостонӣ ҳофизони маъруф Мақсудхон Болтуев, Ўрунбой Дадобоев, Маъруфхоча Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷўрабек Набиев ворид мегардад, ки ҳар яке бо истеъдод ва маҳорати нотакрори худ дар саҳифаи эодиёти мусиқии Хуҷандшаҳр мавқеи худро соҳибанд.

Дар ин ҷо тасмим гирифтем дар мисоли фаъолияти баъзе аз намояндагони мактаби Хуҷандшаҳр маълумоти муфассал орем. (Давом дорад…)

Султоналӣ Худойбердиев

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Раҳмонзода Султон Раҳмонзода Султон Раҳмонзода Султон Раҳмон бо амри Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2018 ба мансаби сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемолог...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3086
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3478
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9919
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24015
mod_vvisit_counterҲамин моҳ97018
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта112362
mod_vvisit_counterҲамагӣ2628441