(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Беш аз 20 000 нафар сокинони шаҳри Хуҷанди бостонӣ ба муносибати 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз Маҷмааи давлатии «Истиқлол» тариқи хиёбони Исмоили Сомонӣ то саҳни театри Камоли Хуҷандӣ роҳпаймоӣ намуданд.

Иштирокдорони роҳпаймоӣ таҳти шиорҳои «Муборак бод пирӯзии нур бар зулмот!», «Муборак бод бунёди Роғун бар миллати нурофари тоҷик!», «Муборак бод пирӯзии Роғун ба Сарвари ҷоннисори давлат!», «Муборак бод фараҳи нур ва сафои рӯшанӣ ба мардуми некманиши тоҷик!», «Нурборон бод зиндагии халқи некӯманиши мо!» «Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем» ва ғайраҳо бо сурури шодмонӣ изҳори хушнудӣ карданд.

Аксарияти иштирокчиёни роҳпаймоӣ ҷавонон буданд ва изҳор доштанд, ки Истиқлололият нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон мебошад.Мардуми шарафманди тоҷик ва қувваҳои солими ҷомеаи мо зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон доданд. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо — тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳаммияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад ва ноил гаштан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад.

Воқеан ҳам бунёдкориҳои Роғун намунаи ибрат буда, сабақи бемисл ба ҳар шаҳрванд, бахусус ҷавонон медиҳад. Зеро бо дидани ин ҳама созандагию бунёдкорӣ, ин ҳама ҷоннисориву таҳаммулпазирӣ, ин ҳама муҳаббати баланду фидокорӣ шахс ба куллӣ инсони дигар мешавад; агар ноумед бошад, саршори умедҳо мегардад, агар тарсу бошад, далеру қавидил ва агар дилмонда аз дунё бошад, эътимод ва бовар ба худ, ба Ватан, ба дунё пайдо мекунад. Чунки ин рӯҳияи баланди миллӣ, соҳибватанӣ ва фидокориву садоқат, ҷоннисорӣ, ки дар ин ҷо ҳукмрон аст, ҳамагонро фаро мегирад ва бинандаи шоҳкориҳои НБО «Роғун» худро узви ин ҷараёни бузурги фидокориҳо эҳсос мекунад. Пешвои воқеан муаззами миллат, ки саркору раҳнамову раҳкушои ин ҳама бунёдкории азим мебошанд,сохтмонеро роҳандозӣ намуданд, ки дар тасаввур ғунҷонидани он душвор аст ва ин ҳама эътиқоду эътимод, муҳаббат ва бовар ба Ватани соҳибистиқлол, ба даҳчанд афзун мегардад.

Бешубҳа тамоми дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ – истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳаввулоти азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаҳои ҳаётан муҳим – маорифу тандурустӣ бевосита ба фаъолияти созанда ва хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...