(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд сокинони ин шаҳри бостонӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу Ваҳдат ва шамими озодиву нусрат 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабинии тантанавиро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар арзиши муҳиму олӣ маҳсуб меёбад. Зеро даврони Истиқлолият, ки марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳиму тақдирсози халқи мо мебошад, мақоми кишварро дар арсаи ҷаҳон ба шоистагӣ муайян сохт, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гардид, ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва робитаҳои дипломатиашро бо бисёр кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуд. Дастоварди бузургтарини Истиқлолият барои мардуми тоҷик давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ мебошад, ки ин ҳама бо азму ирода ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Сипас, Паёми табрикотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба самъи фаъолони шаҳри Хуҷанд расонд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: Мардуми Тоҷикистон Рӯзи истиқлолияти давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ ҳар сол ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд. Соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад.

Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст. Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст.

Чунонки аз сарнавишти бисёр қавму миллатҳои сайёра бармеояд, соҳибистиқлолӣ насиби ҳар халқ намегардад. Зеро ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлати соҳибихтиёр ғайр аз ин, ки бо имконияти таърихии ҳар халқу миллат иртибот дорад, инчунин аз ҳар фарди миллат бедориву ҳушёрӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кӯшиши доимиро талаб мекунад.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ номаи тарбикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Боиси қадрдониву сарфарозист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият бисёр рӯзҳои сахт ва маҳрумияту маҳдудиятҳои зиёдеро таҳаммул карданд ва Ватану давлати худро ҳифз намуда, суботу оромии онро таъмин сохтанд.

Имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки маҳз ба шарофати азму иродаи устувор, таҳаммулгароӣ ва хиради мардуми шарифамон мо тадриҷан ба шоҳроҳи рушди устувор баромадем. Ҳадафҳои бузургу стратегии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат танҳо ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Бо татбиқи сиёсати иҷтимоие, ки инсон дар маркази он қарор дорад, мо минбаъд низ саъю талош хоҳем кард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон худро соҳиби иззату эҳтиром ва таҳти ғамхории доимии давлат бинанд, татбиқи ҳуқуқу озодиҳояшонро воқеан эҳсос намоянд ва дар маҷмӯъ, зиндагии шоиста дошта бошанд. Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Мардуми мо сазовори ҳама гуна ғамхориву дастгирӣ мебошанд ва ҳуқуқи пурраи маънавӣ доранд, ки зиндагии аз имрӯза беҳтару осудатар дошта бошанд».

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки Имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад. Дар чунин марҳила тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он сафарбар карда шаванд ва Истиқлолият ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванд мубаддал гардад. Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳамаи мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки андешаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тӯли садсолаҳо зинда буд.

Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави шаҳр 163 адад корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ арзи ҳастӣ намуданд, ки аксари онҳо бевосита бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди ифтитоҳ қарор дода шудаанд. Илова бар ин, аз ҷониби Пешвои миллат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани рушди саноатикунонии кишвар имрўз тамоми соҳибкорони бо нангу номуси шаҳрро водор кардааст, ки меҳнати худро дучанд намуда, барои бештар намудани корхонаҳои хурду миёна боз ҳам тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ин аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамасола афзоиш ёфта, дар давраи нимсолаи аввали соли 2019 ин нишондиҳанда ба 589,0 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба андозаи 493,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.Боиси тазаккур аст, ки қисми хароҷоти буҷети шаҳр дар даҳ соли охир 5,2 маротиба афзуда, соли равон он ба маблағи 187 млн. 600 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ин болоравии нишондиҳандаҳо ба мо имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншоотҳои муҳими иҷтимоиву маданиро зимнан афзун намоем.

Тайи солҳои охир, аниқтараш дар давоми даҳ соли охир маблағгузорӣ ба соҳаи ҳаётан муҳим - тандурустӣ 6,2 маротиба афзуда, он аз 7 млн. 786 ҳазор сомонии соли 2009 то ба 48 млн. 670 ҳазор сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд. Ин гуна иқдомҳо дар дигар соҳаи ҳаётан муҳим - маориф низ татбиқ мегарданд. Танҳо дар солҳои 2009 - 2019 маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи шаҳрамон низ 6 маротиба зиёд гардида, он аз 15 млн. 962 ҳазор сомонии соли 2009 то ба 95 млн. 611 ҳазор сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд, ки ҳамаи ин аз самараи Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад.

Шаҳрдор таъкид дошт, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат аз тарафи раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода эълон гардидани 1300-рўзи ободониву бунёдкорӣ, дар шаҳри Хуҷанд сохтмони зиёда аз 500 адад иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ шудааст. Дар ин радиф бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр садҳо адад иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва истеҳсолию саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум заминаи воқеӣ гузошта, ба ҳусну таровати шаҳр шукўҳу шаҳомати хосае зам намуданд. Тавре ҳамагон огаҳӣ доранд, дар доираи сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд дар рўзҳои таҷлил аз истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр даҳҳо иншоотҳои гуногуни иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ҳамаи ин дастовардҳо аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон мебошад.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори умедворӣ намуд, ки мардуми пуршарафи тоҷик истиқлолияту озодиро нишонае аз талошу муборизаҳои ҳазорон нафар фарзандони фарзона, бонангу номус ва далеру ғаюри худ ҳисобида, тамоми саъю талош ва ҳиммату ғайрати хешро ба хотири ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо сафарбар месозад. Мо бояд Ватанамонро баробари ҷонамон дӯст дорем ва ҳиммату заҳмат ва ғайрат мулкамонро ободу мунаввар созем.

Сипас, барномаи фарҳангии тараннумгари ормонҳои миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз854
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10216
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20392
mod_vvisit_counterҲамин моҳ47340
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта80782
mod_vvisit_counterҲамагӣ2267956