(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён» Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зиёда аз 50 нафар фаъолони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷандро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, ба эшон Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ аз ҷумла гуфт, ки «Истиқлолияти ганҷи бебаҳо ва неъмати азизтарин барои мардум аст. Зеро маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба сар барем. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Нерўи бузурги мардуми кишвари мо, пеш аз ҳама, дар ягонагӣ ва ваҳдати шаҳрвандони он зоҳир меёбад».

Бинобар ин, барои мо таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи фазои орому осоишта барои зиндагиву фаъолият аз ҳама арзишҳои дигар муқаддамтар шуморида мешавад.

Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба эълон гардидани «1300 Рўзи ободонию созандагӣ» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд. Обод гардидани садҳо километр роҳҳо, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тиб ва фарҳанг аз дастовардҳои муҳими солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, ин комёбиҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар Ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву меҳанпарварона барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рўзгори ободро фароҳам меоварем.

Ба таъкиди Роҳбари шаҳр Давлату Ҳукумати мамлакат ҳамагуна амалҳои созандаро истиқбол намуда, барои дастовардҳо ва хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедоранд. Сарфарозгардонӣ бо мукофоти давлатӣ шакли олии қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба ашхоси алоҳидаи заҳматпеша мебошад. Дар ин радиф, имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд як қатор фаъолон барои меҳнати пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа ва корҳои ободонию созандагӣ бо ифтихорнома қадрдонӣ карда мешаванд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамагон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамдастию шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ваани маҳбубамон ҳамаи тавонмандии худро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои банақшагирифташуда ва сазвор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷидду ҷаҳод намуда, онро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Сипас, беш аз 50 нафар шахсони фаъолони пурсамари касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд, ки дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат, рушду пешрафти ҷомеа ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ доштанд, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...