(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори навбунёди ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо ҳузури муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр, мудирони кӯдакистонҳо, директорони коллеҷу муассисаҳои таълимии миёнаи махсус, раисони кумитаи волидайни муассисаҳои таълимии шаҳр, нозирони кор бо ноболиғони мақомоти милитсияи шаҳр ва дигар масъулин баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи ҷаласа вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва пешгирии қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон дар 9 моҳи соли ҷорӣ” натиҷагирӣ ва таҳлилу баррасӣ карда мешавад.

Сипас аз рӯйи масъалаи номбурда прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки мақсад аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ин пурзӯр намудани масъулияти падару модар вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд буда, қонуни мазкур онҳоро ўҳдадор намудааст, ки ҷиҳати дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани фарзандони худ чораандешӣ намоянд. Падару модаронро мебояд баҳри таълиму тарбияи дурусти кўдаконашон чораандешӣ намуда, ўҳдадориҳои худро таъмин намоянд. Чун аз тарафи давлату Ҳукумат баҳри донишандўзии наврасону ҷавонон ҳамаи шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи талаботи моддаи 5-и Қонуни мазкур таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Давлат барои таълиму тарбия ва ҳифзи кӯдакони ятим ва маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Новобаста аз он, ки меёърҳои қонунгузорӣ масъулияти падару модаронро дар мавриди таълиму тарбияи дурусти кўдакон дуруст муайян кардааст ва ҳарчанд дар муассисаҳои таълимӣ назорат аз рафтору кирдори хонандагон пурзўр карда шудааст, вале то ҳол бемасъулиятии баъзе аз волидайн дар мавриди бе назоратӣ дар таълиму тарбияи фарзандонашон дида мешавад. Ин буд, дар ин давраи соли равон нисбати 34 нафар падару модарон бинобар риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуданд.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода таъкид дошт, ки монеъгӣ намудан барои гирифтани таҳсилоти ҳатмӣ ягон нафар ҳуқуқи маънавӣ надорад. Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ бар дўши падару модар аст. Агар тарбия, таҳсил, омўзиш, насиҳат, маслиҳат, таъмини низоми рафтор, ахиран, намунаи рафтори худи падар дар зиндагӣ таъсир расонида натавонад, охирон ҳадде, ки ўро метавонад аз нобудии маънавӣ ва албатта ҷисмонӣ ҳам наҷот диҳад, ба писар омўзонидани тавони фаҳми таҷрибаи зиндагии инсонист. Тарбияи дурусти фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ ва хайрхоҳӣ ба камол расонидани онҳо аз ҷониби волидайн вазифаи пурмасъулият ва заҳматталаб аст.

Мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки нисбат ба тарбия ва ояндаи фарзандон хунукназарӣ намуда, бетарафиро ихтиёр мекунанд, онҳоро ба ҳоли худашон мегузоранд, ки ин амал боиси ба ҳар кори нодуруст ва кирдорҳои номатлуб даст задани онҳо мегардад.

Сипас, аз руйи масъалаи мазкур Баҳром Раҷаббзода сардори Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншинканӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд баромад намуда, андешаҳои хешро баён дошт.

Зимни баромади худ Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид дошт, ки баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷониби сохтору шуъбаҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуда, ҳамчун ҳамоҳангсози қонуни мазкур фаъолият намуда истодааст. Дар ин давра дар 8 ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак вобаста ба масъалаҳои таъмини ҳифзи ҳуқуқи кўдакон, муайян намудани тартиби муошират бо кўдаки ноболиғ, фарзандхондӣ, муваққатан ҷойгир намудани кўдакон ба муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кўдак”-и шаҳри Хуҷанд ва пешниҳод намудани санаду хулосаҳои дахлдор 203 масъала маврии баррасӣ қарор дода шуда, баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кўдакони ноболиғ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Ҳамзамон дар ҳамаи 47 муассисаҳои таълимӣ ва 22 маҳаллаҳои шаҳр Комиссияҳои ҷамъиятӣ ташкил карда шуда, фаъолияти онҳо баҳри амалигардонии қонуни мазкур, пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, худкушӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб равона карда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани маънавиёт, тафаккур ва маърифати ҳуқуқии падару модарони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ фаъолияти университети падару модарон пурзўр карда шуда, аз рўи нақшаи намунавии машғулиятҳо корбарӣ намуда истодаанд.

Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон, доир ба таблиғу ташвиқ ва фаҳмонидани мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гўшаву овезаҳои махсус барои омўзгорон, хонандагон ва падару модарон ташкил карда шуда, фаъолияти мунтазами равоншиносон ба роҳ монда шудааст, ки самти асосии онҳо кор бо хонандагони душвортарбия мебошад. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода бо вазифагузориҳои мушаххас ба кори ҷаласа ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1039
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2511
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта17203
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта19032
mod_vvisit_counterҲамин моҳ38825
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта92208
mod_vvisit_counterҲамагӣ2178659