(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф намуда, ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ва донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави таҳсил табрику таҳният намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 1 - уми сентябр ҳамчун оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо як ҷаҳон ифтихору саодат аз ҷониби маорифчиён ва аҳли ҷомеа таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, кулли устодону омӯзгорон ва донишҷӯён ин боргоҳи маърифатро табрику таҳният гуфта, дар раванди таълим ва омӯхтани илму маърифат дастовардҳои беназир орзу менамоям.

Нақши муаллим дар афрӯхтани чароғи илму маърифат басо бузург буда, боло рафтани мақому манзалати омӯзгорони заҳматпеша дар ҷомеаи имрӯза боиси хушнудӣ ва ифтихор аст. Омӯзгорон баҳри беҳтар ва густурда ба роҳ мондани раванди таълиму тадрис усулҳои нави таълимро омӯхта, дар фаъолияташон истифода мебаранд, то ки хонандагону донишҷӯён ҳамқадами замон бошанд.

Зикр гардид, ки вазифаи аҳли ҷомеа ва маорифчиёнро дар замони ҷаҳонишавии пурвусъат муқаррар намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид намудаанд: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад». Сол аз сол беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва ба таълиму тарбия фарогирии хонандагони болаёқат, рушди мактабҳои намуди нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, иштирок ва ғолибияти толибилмону донишҷӯён дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, вусъат ёфтани бунёд, сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ – натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат нисбат ба мактабу маориф арзёбӣ мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ба хотири рушди илму маориф, таҳкими пояҳои моддию техникии муассисаҳои соҳа, ба илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Соли равон маблағгузории соҳаи маориф аз 793 миллион сомонии соли 2018 ба 938 миллион сомонӣ расонида шуда, даҳҳо иншооти соҳа мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли нави таҳсилро бо дастовардҳои назаррас натиҷагирӣ намуда, дар рушди нумӯи соҳаи илму маориф ва камолоти маънавии донишҷӯён ҷаҳду талош хоҳанд намуд.

Сипас, профессор Матлубаи Мирзоюнус ва донишҷӯйи соли аввали факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ Дилноза Охунова аз таваҷҷуҳу иқдомоти роҳбарияти Давлату Ҳукумат нисбат ба маориф ва рушди бемайлони соҳа изҳорӣ хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки баҳри тарбияи мутахасисони арзандаи соҳибкасб ва мусаллаҳ бо донишҳои муосир аз тамоми имконот истифода хоҳанд намуд.

Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз Осорхона ва толори гербарияи ботаникии донишгоҳ ошноӣ пайдо намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...