(2 овоз, миёна 3.50 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Қадимтарин сарчашмае, ки дар он исми Маҳастӣ зикр ёфта ва маҳз он боиси тавлиди баҳс дар сари муаммои давраи зинда- гии шоира шудааст, «Луғати фурс»-и Асадии Тўсӣ мебошад.

Аз асри ХII асари ҳамосавии Ҷавҳарӣ “Қиссаи Амир Аҳмад ва Маҳастӣ” то мо расидааст, ки сужети ҷолиб дошта, ба наср иншо шудааст ва ҷо-ҷо пораҳои шеърӣ низ дорад. Дар асри ХIII сарчашмаи хеле муҳим ва мўътамаде, ки аз Маҳастӣ ном мебарад ва намунаҳое чанд аз рубоиёти ўро ба- рои тасдиқ ва таъйиди матлаб чун шоҳиди маънӣ ба кор меги- рад, «Ал-мўъҷам фи маойир-ул-ашъор – ул- аҷам» - асари Шамси Қайси Розӣ (2) мебошад, ки соли 1233 ба қалам омадааст. Дар боби дуввуми қисми дуввуми «Ал-мўъҷам» муаллиф чунин зикр менамояд: «Ва ба тақлиди ў (Саноиро дар назар дорад – М.М.) Меҳситии дабир гуфтааст:

Бо рўи чу навбаҳору бо хўи дайӣ,

Бо мо чу хумору бо дигар кас чу майӣ.

Бахти бади мо ҳамекунад сустпайӣ

В-арна ту чунин сахтгумон низ найӣ».

Дар боби шашуми ин асар рубоии дигари Маҳастӣ сабт шуда:

Fам бо лутафи ту шодмонӣ гардад,

Умр аз назари ту ҷовидонӣ гардад.

Гар бод ба дўзах барад аз кўи ту хок,

Оташ ҳама оби зиндагонӣ гардад.

«Ал-мўъҷам» рубоии мазкурро ду маротиба бо беҳтарин тавсифот овардааст.

Яке аз манобеи муҳими адабии асри ХIII “Нузҳат–ул- маҷолис”, ки дар солҳои 1225 – 1251 аз ҷониби Ҷамолиддин Халили Шарвонӣ мураттаб шудааст, 60 рубоии Маҳастиро дар бар мегирад. Ба қавли Муҳаммадамини Риёҳӣ, ки ин китобро дар Теҳрон соли 1366 ҳ. ба табъ расонидааст, намати 39-ум аз боби ёздаҳуми он 90 рубоии дигарро муштамил аст, ки низ бештараш ба ин шоира мансуб аст.

Дар асри ХIV тақрибан соли 1342 Бадриддини Ҷоҷармӣ маҷмўаеро бо номи «Мўнис – ул-аҳрор» мураттаб намудааст, ки дар он 34 рубоии Маҳастиро ҷой медиҳад.

Аз асри ХIV боз ду сарчашмаи муҳим, ки ба мо дастрасанд ва дар бораи Маҳастӣ маълумот додаанд, яке “Таърихи гузида” ва дигаре “Сиҳоҳ-ал-фурс” мебошанд. Аз ҳамин давра ду асари дигар - яке баёзи “Маҷмаъ-ул-буҳур ва сокинат- ул- ҷумҳур” ва дигаре “Ҷунги Искандарӣ” низ бо зикри рубоиёти Маҳастӣ боқӣ мондаанд.

Қадимтарин тазкирае, ки дар бораи Маҳастӣ маълумот медиҳад, “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ аст, ки соли 1487 таълиф шудааст. Муаллифи тазкира Маҳастиро муосири Султон Санҷар ва як идда шуарои бузург ҳисобида, ри- воятеро дар бораи маҳорати суханварии ў нақл мекунад. “Шу- арои бузург, ки дар рўзгори Султон Санҷар будаанд ва мадҳи султон гуфта василаи тарбият ёфтаанд, инҳоанд: Адиб Собир аст ва Рашиди Ватвот, Абулвасеи Ҷабалӣ ва Фариди Котиб, Анва- рии Хоразмӣ ва Малик Имод, Зўзанӣ ва Саид Ҳасани Fазнавӣ ва Маҳастӣ – дабире, ки маҳбубаи султон ва зарифаи рўзгор буда. Нақл аст, ки шабе дар маҷлиси султон буд, чун берун омад, султон истифсори ҳаво мекард ва барф меборид. Маҳастӣ ин рубои- ро бадеҳан назм кард ва ба арз расонид:

Шоҳо, фалакат аспи саодат зин кард

В-аз ҷумлаи хусравон туро таҳсин кард.

То дар ҳаракат саманди зарриннаълат

Бар гил наниҳад пой, замин симин кард.

Султонро ин рубоӣ дар маҳалли қабул ва мулоимии табъ афтод ва минбаъд Маҳастӣ муқарраби ҳазрати Султон шуд”.

Тазкирае, ки аз асри ХVI ба мо расида ва ҳамчун нахустин тазкираи занони суханвар пазируфта шудааст, “Ҷавоҳир-ул- аҷоиб”-и Фахрии Ҳиравӣ (8) мебошад, ки ба унвони “Тазкират- ун-нисо” низ мавсум аст. Ахбори ин сарчашма дар бораи Маҳастӣ ба тариқи зайл аст: “Маҳастӣ аз нажоди мардуми ҷалилулқадр буда, дар маҷлиси Султон Санҷар эъзозу икроми тамом дошта ва он чӣ аз Маҳастӣ ва амир Аҳмад нақл мекунанд, ғайри воқеъ аст ва Маҳастиро ба давлати Султон Санҷар касрати молу ҷоҳ буда”.

“Фарҳангнома”-и Ҳусайни Вафоӣ,“Ҳабиб-ус-сияр”- и Хон- дамир, қомуси маъруфи ҷуғрофӣ ва тазкираи «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ, тазкираи «Арафот-ул-ошиқин»-и Авҳадӣ Тақиуддин Балёнии Исфаҳонӣ, “Сафинаи Хушгў”-и Биндробан Доси Хушгў, «Оташкада» – и Озар, «Махзан-ул- ғароиб»-и Алиаҳмад Ҳошимӣ ибни шайх Ғуломмуҳаммади Синдулуии Лакҳнавӣ, «Ниш- тари ишқ»-и Ҳусайналихони Азимободӣ ва ғайра Маҳастиро ба ҳайси шоире волотабъ ва хушадову зариф муаррифӣ кардаанд.

Таҳлили иҷмолии манобеи мухталиф: тазкираҳо, фарҳангҳо ва осори илмиву назарӣ ба хулосае меоранд, ки аллакай дар поё- ни қарни ХIХ дар иртибот бо шахсият ва аҳволу осори Маҳастӣ масъалаҳое ба вуҷуд омаданд, ки ахбори сарчашмаҳо роҷеъ ба онҳо пурихтилофанд ва онҳоро ба тариқи зер метавон тасниф кард:

1. Дар кадом давра ва дарбори кадом султон зиндагӣ кардани Маҳастӣ.

2. Аз кадом маҳал: Ганҷа, Хуҷанд, Нишопур ё Бадахшон будани шоира.

3. Тахаллус ё ном будани “Маҳастӣ ”.

4. Тарзи талаффузи номи шоира: Маҳастӣ, Меҳситӣ, Махсатӣ, Меҳистӣ.

Хулосаҳои умумие, ки аз сарчашмаҳо бармеоянд, чуни- нанд, ки Маҳастӣ зане хеле зебо ва ҳунарманде тавоно буда, дар зарофатгўӣ ва санъати ҳаҷв низ маҳорати тамом доштааст. Баъзе маохиз ба рубоӣ майл доштани ўро зикр кардаанд, аммо аз хусусиятҳои бадеии ашъори ў ҷуз тавсифоти умумӣ дар ин давоир ҳанўз чизе нест. Нусхабадалҳои ашъори Маҳастӣ низ дар ин дав- ра таваҷҷуҳи муҳаққиқонро кам ба худ кашидааст.

Ҳақиқати зиндагии Маҳастӣ бо афсонаву ривоятҳо ончунон омезиш ёфтааст, ки имрўз гумон аст кашфи воқеии он имконпазир бошад. Дар бораи ин шоираи соҳибзавқ ва нозукхиёл чандон қиссаҳои пуробуранге бофтаанд, ки феълан таъйини ҳам замону макони зиндагиаш, ҳам аслу насабаш ва ҳам мероси адабиаш ихтилофоти зиёде эҷод мекунанд.

1. Ба фикри мо, Хуҷанд будани зодгоҳи Маҳастӣ аз эҳтимол дур нест, зеро дар дастхатҳои қадимие, ки аз Ганҷа ва Табрез ёфт шудаанд, зикр ёфтани шаҳри Хуҷанд тасодуфӣ нест. Бахусус ки дар тазкираҳои маъруфи қадимӣ ҷои иқомати шоира Ганҷа, Ни- шопур, Балх ва ҳатто Бадахшон зикр шуда, вале зодгоҳаш мах- сус таъкид нашудааст. Ва далели дигар ин аст, ки аслан хуҷандӣ будани Маҳастиро онҳое ёдовар шудаанд, худашон аз Хуҷанд нестанд ва на аз Тоҷикистон (масалан, Мираббос Боғиров, Ис- моили Амирхезии Табрезӣ, Рашиди Ёсамӣ, Салими Муширӣ) яъне ашхоси холис ва беғаразанд, ки танҳо ба сарчашмаҳо ис- тинод овардаанд. Ин ҷо бамаврид аст, ки аз мақолаи Мираббос Боғиров ёдовар шавем. Соли 1929 дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» мақолаи мавсуф «Шоира Маҳастӣ аз шаҳри Хуҷанд ё аз вилояти Ганҷа?» аз чоп баромад, ки дар маҳастишиносии асри ХХ кашфиёти тоза буд. Дар асоси ду дастхате, ки яке дар хонаи Мирзо Саиди Урдубодӣ дар Боку ва дигаре дар китобхонаи шах- сии Муҳаммадалӣ Муллоев дар Ганҷа нигоҳ дошта мешавад, муҳаққиқ исбот кардааст, ки Маҳастӣ аз аҳли Хуҷанд будааст. Бино ба қавли Мираббос Боғиров, дар китоби аввал зиндагии Маҳастӣ аз оғоз то вафоташ ва дар китоби дуюм қиссаи ошиқии ў бо пури Хатиб инъикос ёфтаанд.

Ва он нукта низ қобили пазироист, ки зиндагии Маҳастӣ ғолибан дар Ганҷа сипарӣ шудааст ва ба ин даъво шоҳид рубои ёти худи Маҳастист.

Аммо чунин таассуроте низ ҳосил мешавад, ки Маҳастӣ шахси сафаркарда ва ҷаҳондида будааст. Ва дар рубоиёт омадани номи кишварҳои дигар низ шояд тасодуфӣ набошад:

Зад лола парер дар Нишопур озар,

Дӣ барзад аз оби Марв нилуфар сар.

Имрўз чӣ шуд, боди Ҳарӣ ҷонпарвар,

Фардо ҳама хоки Балх гардад анбар.

* * *

Ман Маҳситиям, аз ҳама хубон шуда тоқ,

Машҳур ба ҳусн дар Хуросону Ироқ.

Эй пури Хатиби Ганҷа, аз баҳри Худо,

Магзор чунин бисўзам аз дарди фироқ.

Ҳаройина Маҳастӣ дар ғурбат умр ба сар бурда ва аз ранҷи сафар шикоят доштааст:

Дар ғурбат агарчӣ бахт ҳамраҳ набувад,

Боре душман зи ҳолам огаҳ набувад,

Донӣ, ки чаро гузидаам ранҷи сафар?

То мотами шер назди рўбаҳ набувад.

2. Давраи зиндагии Маҳастиро бархе замони Маҳмуди Fазнавӣ ва бархе дигар Султон Санҷар ва атобаки ў Маҳмуд ибни Муҳаммад гуфтаанд, ки даъвои дуюм бештар қобили қабул менамояд. Аммо дар «Луғати Фурс»-и нусхаи Ҳорн ва «Таъри- хи гузида»-и Муставфӣ аз Маҳастӣ ёд кардани муаллифон домани баҳсро хеле дур кашондааст.

Аксари донишмандон нусхаи «Луғати Фурс»-ро, ки Иқбол таҳия кардааст, саҳеҳ мешу- моранд ва асноди Муставфиро чунин меҳисобанд, ки гўё дар паҳлўи Маҳмуд ба ҷои ибни Муҳаммад тасодуфан Fазнавӣ сабт шуда бошад. Ва ин далоилро боэътимод ҳисобидан мумкин аст ба ду бурҳон:

а). Шайх Аттор дар «Илоҳинома» дабираи Султон Санҷар будани Маҳастиро махсус зикр кардааст:

Маҳастии дабир он покҷавҳар,

Муқарраб буд пеши тахти Санҷар.

б). Маҳастӣ ба Адиб Собир шеъре бахшидааст ва Адиб Собир дар асри ХII умр ба сар бурдааст:

Собиро, номаи гиромии ту,

Рўҳи афсурдаро равон бахшид.

Мурғи килки ту ба фанни адаб Равоне бар зуломи ҷон бахшид.

Маҳситиро каломи шевоят Роҳати ҷисми нотавон бахшид.

3. Номи шоираро муҳаққиқон Манижа, Маниҷа, Мўниса, Мўнияча ва тахаллусашро Маҳастӣ, Меҳситтӣ, Меҳистӣ, Маҳсатӣ гуфтаанд. Аз ин миён номи Манижа бештар такрор шудааст ва дар Тоҷикистон ғолибан талаффузи Маҳастиро қабул кардаанд.

Дар ин мавзўъ мулоҳизаҳои зиёди олимони тоҷик Тоҷӣ Усмон ва С. Асадуллоев низ ба қалам омадаанд ва аввалӣ номи Маҳастӣ ва дуюмӣ Меҳситиро дуруст шуморидаанд. Мо ба хушояндии талаффузи тоҷикии Маҳастӣ ва абёти Аттору баъзе абёти худи шоира такя карда, тахаллуси «Маҳастӣ»-ро пазируфтем. Шайх Аттор гуфтааст: «Маҳастии дабир он покҷавҳар…» ё ки:

«Ки Моҳастӣ дар он ҷо буд бо моҳ…».

Абёти зерин низ аз ўст:

Маҳастӣ пеши султон чанг мезад,

Навое бас баландоҳанг мезад..

* * *

Маҳастӣ чун шунид он байт аз шоҳ,

Бияфтод аз канораш чанг аз роҳ.

Худи Маҳастӣ, ки дар ду рубоӣ исми хешро «Маҳситӣ» овардааст, дар матлаи ғазалаш тахаллуси худро «Маҳастӣ» зикр карддааст:

Ҳамдаме дилсўзтар набвад Маҳастиро зи шамъ,

Худ бибояд ашк резад дар азои хештан.

Аммо талаффузҳои дигар низ маъмул мебошанд.

Ман Маҳсатиям, аз ҳама хубон шуда тоқ,

Машҳур ба ҳусн дар Хуросону Ироқ.

* * *

Гў дар сари роҳ

Маҳсатиро дидам,

К-аз орзуи ту ҷони ширин медод.

Ҳарчанд ки то имрўз девони Маҳастиро чандин нафар, аз он ҷумла Тоҳирии Шаҳоб, Тоҷӣ Усмон, Фритс Мейер, Саъдулло Асадуллоев, Мирзо Муллоаҳмадов, Зафар Зарифов, Рафаил Хусейнов, Суҳайлии Хонсорӣ тартиб додаанд, ҳанўз нусхаи комил ва боэътимоде ба даст наёмадааст.

Он нукта қобили зикр аст, ки дар миёни занони суханвари форсизабон Маҳастӣ бо тавоноии табъ ва завқи саршори худ мақоми шоиста ва сазоворе пайдо кардааст. Намунаҳои ашъо- ри асили ў, ки аз манобеи мўътабар ва боэътимод то ба мо ра- сидаанд, дасти қавии ин сухансарои озодандешро дар таълифи чаҳорпораҳои суннатӣ собит мекунанд ва имкон медиҳанд ўро дар радифи беҳтарин шуарои рубоисарои ҷаҳон ҷо бидиҳем. Бо ҳама аҷзу фақр, ки занон аз давраи падаршоҳӣ то имрўз доранд ва қолабҳову қафасҳои асливу маҷозӣ, ки эшонро мунҳасир кар- даанд, боз ҳам як-як афроде аз миёни бонувон сару садо баланд намуда, бо фазилатҳои хосаи худ шамъе дар маҳфили аҳли сухан афрўхтаанд. Агар ин қавл саҳеҳ намебуд, магар метавонистем бовар кунем, ки зане дар қарни ХII бо камоли ҷасорату шуҷоат истеъдоди шоирию мусиқишиносӣ, ҳофизию дабириро аз худ ба зуҳур оварда, ҷаҳони порсигўёнро бо ҳунари волои худ фатҳ намояд ва ниҳоят, ба дарбори Султон Санҷар, ки аз салоти- ни соҳибзавқ ва дерписанд дар таърихи давраи Салҷуқиён пази- руфта шудааст, ба ҳайси ҳакимаву дабира ва муқарраб роҳ ёбад. Хоса, ки дар он рўзгор пеши дабирон вазоиф ва аҳдофе гузошта мешуд, ки зуфунунӣ ва фитрати ҷибиллӣ тақозо дошт.

Ба ин далоил фикр мекунем, ки Маҳастӣ бо тамоми шўридасариву зарофатгўӣ, ҳозирҷавобиву тундзабонӣ бояд ҳамчун як зани озодманиш ва покизасират дар маснади ҳукамои соҳибэҳтиром ҷо бигирад ва ба рўи кулли ривоёти таҳқиромез хати батлон кашида шавад. Ҳамчунин бо вуҷуди адами бурҳони қотее, ки соли таваллуду вафот ва зодгоҳи ўро зикр карда бо- шад, кашокашҳое миёни муддаиён роҷеъ ба ватани ў бояд хотима ёбанд, зеро хидмати Маҳастӣ ба адабиёти мо беш аз тамоми ни- коти дигар муҳимтар аст. Мақому манзалат, хидмат ва ибтикори Маҳастӣ дар адаби форсӣ дар заминаҳои зерин қобили эътироф ва арҷгузорист:

Нахуст, ў аз пешоҳангони занони суханвари форсизабон буд. Аз миёни шуарое, ки қабл аз Маҳастӣ зистаанд, дар шеъри форсӣ асомии Робеаи Балхӣ аз асри Х ва Оишаи Самарқандӣ аз асри ХI то ба мо расидаанд. Вале аз ҳарду ҳам миқдори хеле ками абёт боқӣ мондааст, бинобар ин муайян кардани хусусиятҳои ашъори онҳо имконпазир нест. Аввалин зане, ки беш аз ҳазор мисраи манзумаш дар кутуби қадимӣ – тазкираву баёзу ҷунгҳо, таърихномаҳову осори илмии адабӣ сабт аст, Маҳастӣ мебошад. Агар тавзеҳи сабки шоирии Робиаву Оиша ба илали камии мероси адабии эшон имкон надошта бошад, рубоиёти Маҳастӣ, хушбахтона, барои хулосаҳо заминаи мувофиқ фароҳам меоранд. Дар ин ҷода душвории кор танҳо дар рубоиёти саргардон аст, ки ба номи Маҳастӣ дарҷ шудаанд. Дар сурати ҷудо кардани ру- боиёти асил аз рубоиёти махлут миқдори ашъори боқимондаи шоираро метавон муайян кард ва хасоиси тозаи сабки фардии ўро равшан намуд.

Сониян, Маҳастӣ дар замоне зиндагӣ карда буд, ки шеъри форсӣ, бахусус, рубоӣ давраи боландагии худро аз сар мегуза- ронид. Дар рубоисароӣ бузургмардони зиёде чун Умари Хайёму Масъуди Саъди Салмон, Амир Муиззиву Саноӣ, Рашиди Ватвоту Асириддини Ахсикатӣ, Хоқонӣ ва даҳҳо нафари дигар гўи сабқат аз дигарон бурда буданд ва панҷа задан бо эшон барои як нафар зан кори саҳлу содда набуд. Аммо Маҳастӣ тавонист таваҷҷўҳи ҳамагонро сўи ашъори худ кашад ва бовар кунонад, ки дар адабиёт на ба хотири зан буданаш, балки ба хотири ҳунари волояш эътироф шудааст.

Кор аз лаби хушку дидаи тар бигузашт,

Тири ғами ў зи ҷону дил бар бигузашт.

Обем тунук намуд бас оташи ишқ,

То бигзарамаш, фиғон, ки аз сар бигузашт

* * *

Дарёи сиришк дидаи пурнами мост

В – он бор, ки кўҳ барнатобад ғами мост.

Дар ҳасрати ҳамдаме бишуд умри азиз,

Мо дар ғами ҳамдамему ғам ҳамдами мост.

* * *

Хат бин, ки фалак бар рухи дилхоҳ навишт,

Бар гул рақаме бунафша бегоҳ набишт.

Хуршед ба бандагиш медод хате,

Коғаз магараш набуду бар моҳ набишт.

Солисан, Маҳастӣ аввалин шоире буд, ки дар қолаби рубоӣ силсилаи бузурги шаҳрошўб офаридааст.

Он ёри кулоҳдўз, ки тоҷи сари мост,

В – он моҳ, ки тарфи кулаҳаш дархури мост.

Омўхт кулаҳдўзии давлат зи фалак,

Яъне сари ҳар ки ҳаст, дар чанбари мост.

* * *

Он кўдаки наълбанди дос андар даст

Чун наъл бар асп баст аз по бинишаст.

З – ин нодиратар кӣ дид дар олами паст,

Бадре ба суми асп ҳилоле барбаст.

* * *

Зебобути кафшгар чу кафш орояд,

Ҳар лаҳза лаби лаъл бар он месояд .

Кафше, ки зи лаъли шаккараш олояд,

Тоҷи сари хуршеди фалакро шояд.

Шаҳрошўб дар шеъри форсӣ то Маҳастӣ ҳам вуҷуд дошт, аммо шуарое, ки дар ин ҷода ҳунар озмудаанд, дар қолабҳои ғайрирубоӣ шеър гуфтаанд. Чунончи, шаҳрошўби Масъуди Саъди Салмон, ки иборат аз 92 пораи шеърист, дар қолаби қитъа гуф- та шудааст.

Ниҳоят, Маҳастӣ аз аввалин занони сухансарое буд, ки бунёди тасвирҳои занонаро поя гузошт. Дар замони зиндагии ў адами намунаҳои шеъри занон ва тарвиҷи тасвирҳову нигоҳи мардона ба зиндагӣ кори ин бонуи суханварро хеле сангин карда буд ва ў мебоист бо роҳе равад, ки дигарон ҳанўз по нагузошта буданд. Бо вуҷуди он ки дар бархе рубоиёташ шеваи маъмуливу мутадовили замон роҳ ёфт, Маҳастӣ муваффақ шуд, ки дар чанде аз тасвирҳояш нигоҳи занона ва тарзи баёни хоси бонувонро ҷо диҳад.

Ин хушписарон, ки аслашон аз Чигил аст,

Субҳоналлаҳ, сиришташон аз чӣ гил аст.

Ширинсухану шакарлабу симбадан,

Ё Раб, ки чунин оби ҳаёт аз чӣ гил аст.

* * *

Моро ба дами пир нигаҳ натвон дошт,

Дар ҳуҷраи дилгир нигаҳ натвон дошт.

Онро, ки сари зулф чу занҷир бувад,

Дар хона ба занҷир нигаҳ натвон дошт.

* * *

Оташ бивазиду ҷомаи шўм бисўхт,

В – аз ҷомаи шўм нимаи рўм бисўхт.

Бар пой будам, ки шамъро биншонам,

Оташ зи сари шамъ ҳама мўм бисўхт

Бо далоили фавқ ба хулосае мерасем, ки Маҳастӣ аз поягу зорони назми занони суханвари форсизабон буда, бо хидматҳои бесобиқааш дар адабиёти салаф, шоистаи арҷгузорӣ гаштааст.

Ҳамин тариқ, зане соҳибҷамол ва соҳибфазл, шўхтабъу за- рифа, ҳакимаву дабира, Маҳастӣ дар салосати баён ва фасоҳати маънӣ, илму дониш ва иффату покдоманӣ чунон шахсияти нодир ва рўшане будааст, ки ногузир таваҷҷўҳи аҳли адабро дар тўли нўҳ қарни баъди зиндагиаш ба худ маҷзуб намуда, боиси ба қалам омадан ва интишор ёфтани даҳҳо қиссаву ривоёт, ғазалу достон ва роману осори саҳнавӣ шудааст. Аз он ҷумла, маснавии «Илоҳинома»-и Шайх Аттор, қиссаи «Маҳастӣ ва Пури Хатиб»-и Заргари Бухороӣ, ашъори Фақири Деҳлавӣ, Туғрал, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷамолиддин Каримзода, Озод Аминзода, Норинисо, Фарзона, романи «Шамшер ва қалам»-и Мамад Саид Урдубодӣ , достони «Маҳастӣ»-и Марвориди Дилбозӣ , «Маъвои дил»-и Раҳим Ҷалил, романи «Ситораи ашк»-и Аъзам Сидқӣ, асарҳои саҳнавии Саидамин Ҷило, Кимиёхон Атоӣ ва ғайра аз он шаҳодат медиҳанд, ки аҳли адаб ба шахсияти нотакрор ва ҳунари камназири шоираи шаҳир Маҳастӣ эътимод доштаанд.

Матлубаи Мирзоюнус

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...