(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Деҳаи зебоманзар, пурвусъат ва мардумонаш номвари Рўмон, ки нафақат дар воҳаи Хуҷанд, балки тамоми кишвар машҳур аст, кай арзи вуҷуд кардаву бо чӣ сабабе ин номи дилкашу хушнаво касб намудааст?

Ин маскангоҳ аз нигоҳи таърих барнои тоҷикон бошад ва ё куҳан?

Бархе пирони рўзгордида ва донишмандони пурдони шаҳри Хуҷанд ва деҳаи шакарпайванди ҷониби шимолу бохтарии он бо ифтихор мегўянд, ки умри Рўмон аз чашмаҳои ҳазорсола шодоб аст ва ин зодбуми қудсӣ дар радифи ағлаби рустову шаҳракҳои бостонии канори рудҳои пуроби Сир ва Такоб аз довталабони гаҳвораҷунбони халқи тоҷик маҳсуб мешавад. Албатта, чунин даъво асолат ва ҳақиқати комил дошта метавонад. Вале, мутаассифона, дар хусуси замони пайдоиш ва этимологияи номи Рўмон санадҳои асоснок ва ё ба ҳақиқат наздике мавҷуд нест. Нақлу ривоятҳои мавҷудаи халқӣ (амсоли «рў- монд», яъне гўё бебоку густох шудан, зуҳури берўйӣ намудани бунёдгузори Рўмон) сабукбор буда, тақвият металабанд.

Кишваршиноси рус А.А.Кушакевич аз чӣ бошад, ки этимологияи номи деҳаро бо ҷўйбор пайванд медиҳад, ки ҷиддӣ нест. Ба «руммон»-и арабӣ - тарҷумаи тоҷикиаш «анор» пайвастани номи деҳаро бошад, ақли солим қабул намекунад (пешниҳоди бостоншиноси шодравон Ўктам Пўлодов). Муаллифи қазияи ахир бар он будааст, ки ҳини назорати дусолаашон аз рафти заминкобиҳои мардум (сохтмони манзили шахсии рўмониён дар ибтидои соли 60-уми асри гузашта дар назар аст. - С.З.) нишонае аз замонҳои куҳан ба дами белу каланди ҳашарчиён, мутаассифона, наомадааст. Ва эшон на ба ҳафриёти ҷиддии ҳирфаиву илмӣ, балки маҳз ба чунин ковишҳои рўякии тасодуфӣ такя намуда, фарзияи шифоҳии профессор Т. Р. Каримов ва куҳансолони деҳаро дар бобати дар Рўмон бунёд шудани Александрия Эсхата (олими баландноми Ғарбӣ Ҳаммонд Eschate- ро «охирин кишвари маскун» тарҷума кардааст) комилан рад менамояд. Азбаски на дар замони сари кор будани устоди шодравон Ўктам Пўлодов - ба ҳайси бостоншино- си Осоргоҳи таърихию кишваршиносии вилоят дар солҳои 1959- 1961 ва на минбаъд ҳудуди деҳаи Рўмон майдони ҷустуҷўҳои мўшикофонаи уламои соҳа қарор нагирифт, мо ҳам ин нуқтаи назари бостоншиноси варзидаро алҳол бо асосе ботил карда наметавонем. Бинобар ин, аз он умед дил кандан намехоҳем, ки бо дастгирию мадади ҳукумат ва ашхоси давлатманди савобҷўйи Рўмон арсаи деҳаи мазкур рўзе коргоҳи бостоншиносони пуркору ғаюр ва заррабин мегардад ва нишонаҳои шаҳри қадима албатта, аз ин мавзеи эҳтимолан пурасрор падидор мешаванд. Зеро, маҳз ҷўянда(!) ёбанда аст!

Ҳоло бошад, сари нуктаи дигаре баҳс карданием, ки устод Ўктам Пўлодов оиди этимологияи топоними Рўмон баён дошта буд. Олим мегўяд: «Мо тахмин мезанем, ки фарзияи аз вожаи «Румиён» ба вуҷуд омадани «Рўмон» камэҳтимол аст, зеро бадал- шавии «Румиён» ба «Рўмон» дурандароз ва мураккаб мебошад… Аниқтараш он аст, ки топоними «Рўмон» аз вожаи «Руммон» ба вуҷуд омадааст, ки барои ин кифоя буд, ки садои у ба «ў» таб- дил ёбаду аз ташдид ҳарфе ихтисор шавад. Чунин ҳодиса дар топонимҳо бисёр рух медиҳад».

Чунон ки мебинем, далели асосии бостоншиноси гиромиқадр мураккабӣ ва фурсатталабии раванди бадалшавии вожаи «руми- ён» ба «Рўмон» аст, ки, албатта, онро напазируфтан аз рўи адолат намебуд. Лекин ногуфта намонад, ки ин ҷо як навъ тангназарии эшон низ баръало ба назар мерасад: Магар мардуми Хуҷанд во- жаи «румиён»-ро айнан дар ҳамин шакл ба кор мебурданд?! Агар мухтассоти шеваи гуфтори хуҷандиёнро ба эътибор бигирем, онҳо ин калимаро ҳатман дар шакли «румон» талаффуз менамуданд, ки муродашон, бешубҳа, «румиён» буд. Дар ин бобат баъди андаке муфассалтар сухан хоҳем кард.

Бостоншинос мўътақид будааст, ки сабабгори «Рўмон» ном гирифтани деҳа аз анор бой будани он будааст. Банда ин пешниҳодро ба ҷон мепазируфтам, ба шарте, ки деҳа на «Рўмон», балки «Анористон», «Анорзор» ё «Деҳаи Нор» ном медошт. Охир, мардуме, ки бо шеваи зебою фаҳмо маскангоҳашонро «Кони Бо- дом», «Себистон», «Қандақзор», «Тути Калон», «Арчамайдон», «Лолазор» номгузорӣ карда метавониста бошанд, чӣ зарур буд, ки ба ҷои «Анорзор»-и дилкаши тоҷикӣ «Руммон»-и нофаҳмои ара- биро мавриди истифода қарор диҳанд?! Албатта, чунин рўйдод хилофи мантиқ аст ва ба мардуми худшиносу меҳанпарасти мо асло хос нест! Агар дар баъзе маҳалҳо топонимҳои ғайритоҷикӣ (амсоли «Қатаған», «Қаторбулоқ», «Учбоғ», «Оқтош») мавҷуд бошанд, онҳо на аз ҷониби тоҷикон, балки сокинони аҷнабӣ номгузорӣ шудаанд. Дар ҳавои чунин амри ғашангез тасаввур бикунем, ки гўё деҳаи моро баъди истилои шаҳри Хуҷанд арабон бунёд ниҳода, ба сабаби маҳз ҳамин маҳал (на дигар ҷойҳои Хуҷанд!) аз анор бой буданаш бо забони худ «Руммон» ном додаанд, ба ҳақиқати таърихӣ рост намеояд: манбаъҳои мўътабари хаттӣ, ки одатан доир ба истилои араб аз кўчактарин ва ночиз- тарин далелҳо суд меҷўянд, ба ин гуна рўйдод - аз ҷониби тозиён сохта шудани шаҳрак дар Хуҷанд ишорае намекунанд. Аҷоиб, ки ойинаи ҷаҳоннамои хотираи мардум ҳам аз ин нукта дараке намедиҳад!

Воқеан, аз «руммон»-и арабӣ ҷустани этимологияи номи деҳа маҳсули хаёли иддае таърихшиносон ва бархе сухандонони даврони шўравӣ мебошад. Мутаассифона, ин ақидаи беасосро минбаъд хуҷандшиноси варзида Саидҷон Марофиев ва адиби тавоно Аҳмадҷони Раҳматзод низ дастгирӣ намуданд. Масалан, устод Раҳматзод дар китоби «Парвозгоҳи бузургон» чунин таъкид кардаанд: «… аз калимаи «руммон» пайдо шудани номи деҳа ба ҳақиқат наздиктар мебошад. Зеро, агар деҳа аз вожаи «румиён» бошад, пас дар дигар маҳалҳои шаҳр ва ё гирду атрофи деҳа (Пуличуқуру Шайхбурҳон ва ё Кулангир) маҳалҳои маскуни гурўҳҳои румиҳо аз эҳтимол дур набуд. Монанди он ки дар деҳаи Қистакўз маҳалла ва ҷўйи Муғулон ҳаст ва ё дар Ғозиён маҳаллаи Арабону Арабхона вуҷуд дорад, дар деҳаи Рўмон ва ё деҳоти атрофи он, ки басо зич ҷойгир шудаанд, маҳаллае ё гузаре ба номи румиҳо мансуб мешуд. Бегуфтугў, шўҳрати оламшумули анори Хуҷанд боиси ба вуҷуд омадани номи деҳаи Рўмон шуда- аст. Азбаски «руммон» калимаи арабист, пайдоиши номи деҳа ҳам ба замони афзудани нуфузи арабҳо дар Хуҷанд ва равнақу ривоҷи тиҷорат бо мамолики арабзабон вобаста мебошад».

Дар иртибот ба «руммон»-и арабӣ нуктаеро таъкид кардан мехоҳам: хуб, фаразан, хуҷандиён ҳини бо арабӣ номгузорӣ намудани деҳаашон вожаи бегонаро пазируфта, онро забонзад карда бошанд, пас, чаро барои ифодаи сабабгори асосӣ - меваи анор аз корбасти он худдорӣ намуданд; чаро мардуми мо дар за- бони гуфтугўии худ ба ҷои «анор»-и қадима «руммон»-и арабиро нигоҳ надоштанд?! Вожае, ки дар истеъмоли халқ набошад, чӣ гуна ба сифати номи маҳал интихоб карда шуд?! Шубҳае нест, ки хуҷандиён ҳангоми номгузории Рўмон ба ҳеч ваҷҳ «руммон»-и арабиро баргузида наметавонистанд: ганҷинаи забони тоҷикӣ аз замонҳои қадимтарин вожаи «анор»-ро бо варианти зебои адабиаш-«нор» ба сони гавҳараки дида эҳтиёт менамуд ва ба «қарз»-и бегонагон эҳтиёҷе надошт!

Акнун оиди трансформатсия. Чаро мо бадалшавии «Рўмон»-ро маҳз аз вожаи «Румиён» мекобем, охир?! Барои чӣ хусусиятҳои забони модариамон, бавежа шеваи Хуҷандро, ба эътибор намегирем?! Мардуме, ки ба сони «Арабон», «Муғулон», «Маддоҳон», «Ҷуҳудон» топонимҳо офарида бошанд, магар во- жаеро дар шакли «Румон» ба маънои (Румиҳо ё румиён) корбаст карда наметавонистанд магар? Дар чунин ҳолат трансформатси- яи (бадалшавӣ) як овоз чӣ душворие дорад? Хулласи калом, на фарзияи соддалавҳонаи «рў+монд»-и С. Марофиев, на «ҷўйбор»-и А.А. Кушакевич ва на «руммон»-и Ў. Пўлодов ба ҳақиқати таърихӣ созгор нестанд. Ба андешаи мо, Рўмон аз деҳаҳои бостонӣ ягона маскангоҳест, ки таърихи пайдоишашро нафақат ба давраи аниқ, зиёда аз ин бо рақамҳои мушаххас муқаррар метавон кард: он 2342 сол муқаддам (яъне, дар соли 327-уми пеш аз мелод) бо супориш ва ширкати шахсии Александри Мақдунӣ (дар адабиёти таърихӣ ва бадеии форсӣ Искандари Зулқарнайн) бунёд ёфтааст. Сабабгори «Рўмон» унвон гирифтани деҳа низ ин чеҳраи олам- шумул будааст. Табиист, ки на феълан, балки нисбиятан.

Камина ин ақидаро на ба он сабаб бо қатъият изҳор медо- рам, ки воқеиятро ба ранги хоҳиш вонамуд карданӣ бошам ва ё танҳо аз рўи ҳавову ҳавас кўр-кўрона ба даврони куҳан зўран пайвастани порае аз Меҳани азизамонро муроди хеш қарор дода бошам. Ин иқдому даъво асосҳое доранд, ки нодида гирифта- ни онҳо беэътиноӣ ва шояд хиёнат ба таърихи Ватан хоҳад буд. Марҳамат, хонеду доварӣ кунед. Устоди Донишгоҳи Кембриҷ профессор Николас Ҳаммонд дар асари бузургаш «Таърихи Юнони Қадим», ки имрўз, бешак, ҷамъбасти илмии сарчашмаҳои куҳани юнонӣ маҳсуб мешавад, баробари ишораи он ки «Шаҳрҳои Александрия номгириф- та (аз ҷумлаи онҳо Ҳирот дар Ориё, Ғазна дар Арахосия, Марв дар Марғиён ва Хуҷанд дар Суғдиён) ба тарзи юнонӣ тарҳрезӣ гардида, ба муассисоти музофотии шабеҳи юнонӣ доро буданд» таъкиди аҷибе менамояд: «Дар Хуҷанд, ки чун Александрия Эс- хата машҳур аст, нахустин шуда сипоҳиёни кирояи юнонӣ, да- стаи мақдунӣ ба сифати гарнизон (муҳофизон- С.3.) ва қабилаҳои таҳҷоӣ сукунат гирифтаанд». Дар нашри дубораи «Таърихи умумиҷаҳонӣ. Давраи эллинӣ» (Минск, Москва, соли 2002) ин нукта бештар қувват дода мешавад: «Сипоҳи мақдунӣ ба пеш -ба водии ҳосилхези Яксарт (Сирдарё) ҳаракат намуд. Дар соҳили ин дарё шаҳри Александрия Эсхата бунёд карда шуд, ки дар Суғдиён такягоҳи Александр гардид. Сабабҳои асосии бунёди маскангоҳҳои нав ва ё васеътар кардани шаҳракҳои мавҷуда ба назардоштҳои иҷтимоӣ ва стратегӣ марбут буданд… Дар ин ҷо аҳолии омехта – мақдуниҳо, юнониён, эрониҳо зиндагӣ мекар- данд».

Инак, дар Хуҷанд ва ё дар қарибиҳои он бунёд гардидани шаҳраке аз ҷониби Искандари Мақдунӣ далели шайъии таърихӣ аст! Нишонаҳои Александрияи Канорӣ ё Искандарияи Ақсоро дар куҷо бояд ҷуст: дар ҷои ҳозираи Хуҷандшаҳр ва ё ягон мав- зеи дигар? Аллома Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон» мавқеи онро байни Хуҷанду Бекобод ва ё ноҳияи шаҳри Хуҷанд (курсив аз мо.-С.З) тахмин кардаанд. Фарзияе ҳам ҷонибдорӣ мегардид, ки мояи мақсудро дар деҳаи Ғозиён бояд ҷуст. Ногуфта намонад, ки таъбири таърихшиноси нобиға «ноҳияи шаҳри Хуҷанд» деҳоти Пуличуқур, Рўмон, Шайхбурҳон, Марғзорак, Ғозиён, Хистеварз, Сомғар, Деҳмой, Овчи-Қалъача, Тагоб, Андарақ, Сойча ва Ёва маҳсуб мешавад. Бо далелу санадҳои раднопазир муқаррар намудани макони бунёди Александрия Эсхата кори бостоншиносон ва таърихдонон аст. Ҳамзамон бовар дорам, ки мулоҳизаҳои то андозае оми- ёнаи ашхосе чун мо дар ин ҷода ба аҳли тахассус ҳидояте, таконе ва раҳнамое буда метавонист. Инак, банда бар он ҳастам, ки маҳз деҳаи Рўмон номи шаҳри бинокардаи Александри Мақдуниро то ба даврони мо расонидааст. Мардуми маҳаллӣ шаҳраки то- забунёдро на бо номи мураккаби аҷнабиён, яъне Александрия Эсхата, балки бо лаҳҷаи барояшон осон ва гўшнавоз пазируфта метавонистанд. Ногуфта намонад, ки чунин масканҳо (ба истис- нои Искандарияи Миср, ки то ба имрўз дар номи худ хотираи шоҳи ҷаҳонгирро маҳфуз доштааст) танҳо дар маъхазҳои хаттӣ бо унвони Александрия ёдовар мешуданду аз ҷониби сокинони таҳҷоияшон бо номҳои дигар пазириш ёфта буданд.

Пас Хуҷанди навро (Александри Мақдунӣ ба сабаби муқовимати сахт ва ҷангҳои шадиди хуҷандиён шаҳри мавҷудаи Хуҷандро ба хок яксон кард, ки он мавзўи баҳси дигар хоҳад буд) тоҷикон чӣ номе дода буданд? Бешак, унвоне интихоб карда мета- вонистанд, ки дар он аз юнониёни истилогар ёдрасӣ мешуд. Ма- гар гузарҳои «Арабон», «Бешкаппа» дар шаҳри Хуҷанд, «Арабхона» дар Бухоро, «Муғулон» дар Панҷакат, гузари «Ҷуҳудон», «Ўзбекқишлоқ», «Ўрусхона», «Лўлимаҳалла» дар бархе навоҳии Ватанамон ва амсоли инҳо аз ташрифу нақши аҷнабиён гувоҳӣ намедиҳанд? Аз ин рў, ба шаҳраки нав низ номи лоиқе гузошта, хуҷандиён тадриҷан Хуҷанди ба хуну хок оғўштаашонро дубора эҳё намуданд ва ҳамзамон дар ҳамсоягии он дар тўли бисту се аср Александрия Эсхата борҳо бадали либос карда бошад ҳам, номи бостониаш – Рўмонро ба насли имрўзин ёдгор овард. Чаро шаҳри канории империяи Александри Мақдунӣ ме- тавонист Рўмон ном бигирад? Посухро аз сарнавишти он на- фароне бояд ҷуст, ки сипаҳсолори оламгир дар соҳили Яксарт ҷойгузинашон карда, худ аз паи тўъмаи дигар - мулки Ҳинд раво- на гардид. Зеро, маҳз ҳамин мардуми аҷнабии истилогар сабаб- гори тавлиди номи маскангоҳи аждоди мо шудаанд.

Оид ба рўзгори минбаъдаи муҳоҷирони юнонӣ, бахусус, бозгашти эшон ба ватанашон ахборе мушаххас вуҷуд надорад ва гумони ғолиб он аст, ки аксарияти кулли онон дар Хуҷанд (ва Александрияҳои дигари бунёдкардаи мақдуниён) абадан муқимӣ гаштанду раво-раво ба тоҷик табдил ёфтанд. Нуқтаи назари бан- да бар пояҳои зерин асос ёфтааст: Якум. Тамоми таърихнигорони юнонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Александри Мақдунӣ дар шаҳрҳои навбунёдаш асосан сипоҳиёни маъюбу маслуқ, аз ҷанг саркашидагон ва ба истилоҳ ветеранҳоро сокин мекард, ки ағлаб тавону бурдборӣ бохта, сафари бозгаш- танро ба ватани дурдасти хеш феълан таҳаммул карда намета- вонистанд. Воқеан, аз нигоҳи уламои ондавраи юнонӣ олами ободон (ин истилоҳ аз Берунист, ба юнонӣ бошад «ойкумена» мегўянд) гўё аз Оби Бузург (уқёнуси Атлантик - С.З.) оғоз шуда, дар Шарқ дар соҳили Яксарт, яъне, Сирдарё интиҳо меёфт; Дуюм. Александр ба шарофати сиёсати хирадмандона - равнақ бахшидани хешутабории юнониёну эрониён ноил гардид, ки кишвару шаҳрҳои зиёдеро бидуни ҷангу пархош тасарруф бикунад. Ў нафақат худ ба ду нафари эронинажод никоҳ баста- ву пўшоки шоҳони Форс ба бар кард, зиёда аз ин, ба зердастон талқин менамуд, ки забон, урфу одот ва оини мардуми таҳҷоиро омўхта, дар ин ҷода эҳтироми асил зоҳир бикунанд. Аз ин рў, на фароне, ки дар Хуҷанд сукунат ёфта буданд, дар муддати кўтоҳ соҳиби оила ва фарзандон шуда (ин амалро Александр барои эшон фарз карда буд), хештанро бо риштаҳои ногусастанӣ бо ин диёр ва мардумони он пайваста буданд; Сеюм. Баъди ҳамагӣ чаҳор соли бунёди Рўмон (Алексан- дрия Эсхата) Александри Мақдунӣ дар соли 323-юми пеш аз ми- лод ба шаҳодат расид. Империяи бузурги ў пош хўрда, ағлаби кишварҳо юғи асорат аз гардани худ партофта, зарур ояд, ҷангҳои озодихоҳӣ намуданд. Табиист, ки дар чунин айёми хунрез «юно- ниёни хуҷандӣ» хуб дарк мекарданд, ки аз миёни ҳазорон дашту дараҳои маргбор то ба Юнон, Мақдун ва Рум расиданашон кам эҳтимол дорад. Аз ин хотир, ба тақдир тан дода, сокини муқимии Рўмон гаштанро авло медонистанд. Ҳақиқати талх барои эшон он буд, ки пас аз марги пешвои кабирашон ғосибони собиқ ҷуз мардуми маҳаллӣ муттако ва паноҳбахши дигаре надоштанд!

Ҳамин тариқа, қисми зиёди аҷнабиён дар Хуҷанд, ба қавле рагу реша ронда, наслҳои минбаъдаашон бо тақозои гирудори рўзгор шояд асли тухмаи падарони хешро ба дасти фаромўшӣ су- пурданд. Воқеан, нуктаеро ҳам таъкид бояд кард, ки дар айёми куҳан мардумони эронӣ ва юнонӣ, ки аслан ориёнажод ҳастанд, чун имрўза байни ҳам тафриқаҳои шадид намегузоштанд, ба ҳамдигар хешу табор шудани онҳо амри воқеие будааст, ки ягон ҷониб инро барояш на таҳқир, балки ифтихор мепиндошт. Чунки дар он замон ҷангҳо ҳанўз табиати миллӣ ва динӣ нагирифтаву бештар хислати кишваркушой ва сарватталабӣ доштанд. Хешу- табории, бахусус ҷилавдорони замони қадим, эрониёну юнониён гарави осоиши олам буд. Аз ин рў, ақидаи бархе олимону муарри- хон ҷон дорад, ки дар рагҳои худи Александри Мақдунӣ ҳам хуни эронӣ ҷорӣ буд. Нуктаи мазкурро худи ин симои барҷастатарини таърихи инсоният ҳам бо баъзе муносибатҳои наҷибонааш ба мардуми эронинажод, бахусус суғдиҳову бохтариҳо, ҳам бо раф- тори шахсӣ (хонадоршавии расмиаш бо духтари Доро ва Рухшо- наи суғдӣ) ва ҳам бо тавлиди вориси мақдунию эрониасли хеш – Александри Чоруми ғўрмарг борҳо собит карда буд. Акнун расидем бар сари он ки Мақдуну Юнон ва Александр ба Рўмони мо чӣ иртиботе доранд.

Мусаллам аст, ки то Инқилоби Октябр мардуми мо, дар қатори аксари шарқиён, ҷумлаи кишварҳои Ғарбро «Фаранг» ва ҳамаи аврупоиёнро «фарангӣ» меномиданд. Ҳамчунин онҳоеро, ки ба тамаддуни ғарбӣ мароқ дошта, аз илму дастовардҳои тех- никиаш бархурдор шуда ва ё ба саёҳати Аврупо муяссар шуда бошанд, «фарангӣ»-ашон мехонданд. Мисоли Яъқубҷони Фаран- ги Хуҷандӣ гувоҳӣ бар он медиҳад, ки ин сифат як навъ унвони ифтихорӣ буда, эҳтироми баланди мардумро ба кишварҳои ғарбӣ ва шахсони аврупоипараст ифода мекард. Яъне, «Фаранг» тимсоли пешрафту пешқадамӣ, нобиғагиву фарзонагӣ буд. Дар замони қадим ва асрҳои миёна бошад, ба ҷои ин вожжа «Рум» ва румӣ» роиҷ буд. Аҷоиботи таърихро бинед, ки дар он айём барои фарангиёни баъдина истилоҳи «эронӣ, форсӣ» дар радифи юнонӣ мояи ифтихору пайравӣ ва маҳаки пешрафту шукуфоӣ буд! Дар он замон мардуми мо аз кишварҳои ҳамҷавор ғолибан Чину Ҳиндустон ва аз мамолики дур Мисру Румро беҳтар медонистанд. Бино бар ин, дар миёни мардум ва ҳатто бархе адабиёти хаттӣ, Александри Мақдуниро Искандари Румӣ ва ватанашро Рум мегуфтанд. Масалан, дар «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммади Балъамӣ ишораи зерин ҷой дорад: «Ё малик, донӣ, ки Рум аз Аҷам чӣ бало дидааст аз паси Искандари Румӣ». Инро иштибоҳ набояд пиндошт, зеро дар ин маврид таҳти таъбири мазкур ҳам Рум, ҳам шаҳру давлати мутараққии ҳамном (аниқтараш, Рими асил) ва ҳам кулли шаҳру давлатҳои дигар - Юнон, Мақдун, Спарта, Афина ва умуман Аврупои онвақтаро дар назар медоштанд. Барои тасдиқи ин ақида боз аз ҳамон ки- тоби маъруфи «Таърихи Табарӣ» санадҳо пайдо метавон кард: «Пас Доро бирафт ва ба замини Ироқу Бобул шуд. …дар Балх маликон ҳам хироҷ ба ў фиристодандӣ ва мулки Турку Рум ва Ҳинд. Ва эшонро юнониён хондандӣ». Ва боз дар ҷое: «Фасл дар зикри ха- бари он ки аз паи Искандар мулки Рум ва Аҷам киро будаст». Хулоса, аз эҳтимол дур нест, ки ҳамсафони Александри Мақдунӣ, аз ҷумла, ғосибони дар шаҳри навбунёди Хуҷанд сокингаштаро ҳам мардуми маҳаллӣ «румиён», дақиқтар ба шеваи хуҷандиён гўем, «румон» мепиндоштанд. Шояд бадин сабаб ин нишемангоҳро дар аввал «Шаҳри румиён ё румон» ва равораво «Румиён ё румон» гуфта бошанд, ки оқибат ба «Рўмон» мубаддал шуданаш барои мурури замон ва рўзгори гардон мушкиле надошт.

Воқеан, маҳз дар чунин шакл ном гирифтани ҳамсафони Александри Мақдунӣ маҳсули тахайюлоти нависандаи ин сатрҳо нест. Мардуми мо ғарбиёнро аз қадимулайём «румонӣ» меномидаанд. Дар ин маврид дастгири мо ин карат ҳам, пеш аз ҳама, «Таърихи Табарӣ» мешавад: «Седигар шаб Парвез румониёнро кас фиристод, ки шумо фардо биёсоед, то ин бист ҳазор савори Аҷам ҳарб кунад». Далели дигарро аз осори Маликушшуаро Баҳор пайдо кардем, ки ў дар қасидаи «Лавҳи ибрат», ки пас аз зиёрати бархе харобаҳои шаҳри сармадии Рим иншо кард, баён доштааст: Бар харобаҳои Рум гар гузар кунӣ рўзе, Қиссаҳо туро гўянд аз залолати румон. Аз канори Баҳру-р-рум андаке шав онсўтар, Гом неҳ ба соҳил бар, шав ба хитаи Юнон.

Марҳамат, худ қазоват кунед: бадалшавии «румон»-и кор- басткардаи «Таърихи Табарӣ» ва Маликушшуаро Баҳор ва шояд садҳо манбаъҳои ҳанўз ба дастамон норасидаи осори га- ронмояи ниёгонамон ба «Рўмон»-и хуҷандиён чӣ мушкилие аз соҳибзабонону соҳибдеҳагон талаб мекард?! Шояд ёдрас карда- наш кофӣ будагист, ки мардумони Бухорою Самарқанду Хуҷанд баробари шунидан инқилоби Уктабирро ҳамоно дар шакли «инқилоби Ўктабир» пазируфтанду вожаи «урус»-ро ҳанўз аз иб- тидо «ўрус» гуфтан роиҷ гардид, яъне, табдили «у» ба «ў» ягон эҳтиёҷ ба фурсат надошт. Биноан, имони мо комил аст, ки агар Искандари Мақдунӣ дар рўзи ҳаждаҳуми баъди бунёди шаҳраки наве дар шафати Хуҷанд дар он мардумони гуногуннажодро маскун карда бошад, хуҷандиён ҳамоно манзили нави ҷангҷўёни мақдуниро бо унвони «РЎМОН», яъне шаҳри ҷойгиршудаи «ру- миён» мусаммо карданд. Дар фуроварди сухан умед мебандем, ки дар оянда шаро- ити созгор ба ҳафриёти бобарору пажўҳишҳои пурбори ҳама манотиқи сарзамини пурасрори мо, аз ҷумла, деҳаи Рўмон имкон медиҳад ва он гоҳ гиреҳи ин муаммо ҳам кушода мегардад.

Солеҳи ЗАРИФЗОД

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...