(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Дар шароити имрўза ҷанбаи муҳими рушди шаҳрсозӣ ва шаҳрдорӣ дар кишварамон ин ҳифз ва таҷдид (навсозӣ)-и мероси таърихиву фарҳангиамон ба шумор меравад. Дар ҳудуди мамлакатамон миқдори зиёди ёдгориҳои меъмориву археологӣ вуҷуд доранд. Ба қатори онҳо истиқоматгоҳ-бошишгоҳҳои мағоравии одамони ибтидоӣ, петроглифҳо, иншоотҳои ибодатии динҳои мухталиф, қасру кўшкҳои асримиёнагӣ, маҷмааҳои мемориалӣ, работҳо (корвонсаройҳо), хонаҳои истиқоматии анъанавӣ ва ғайра шомиланд.

Шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳои таърихию мадании сарзамини тоҷикон ба ҳисоб рафта, мисли даҳҳо манзилҳои мадании ҷамоаи бостонӣ дар ибтидо ҳамчун бошишгоҳ пайдо ва баъдтар чун маҳалли аҳолинишин рушд ёфтааст. Дар бораи обу хок ва табиати дилфиреби ин сарзамини биҳиштосо, хусусиятҳои ҷуғрофӣ, аҳолӣ, урфу одатҳои мардумони бумии он дар асрҳои пеш аз мелод дар китоби муқаддаси зардуштиён «Авасто», катибаҳои рўисангӣ, асарҳои муаррихон ва сайёҳони юнонию румӣ, арабҳо, сайёҳони Чин маълумоти муфид дода шуда, эшон таассуроти хешро доир ба назокатҳои ин шаҳр дар иртибот бо рўди сероби Сир ба қалам овардаанд. Бинобар қавли муаллифони сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ Искандари Мақдунӣ баъди истилои Осиёи Ми ёна дар соҳили рўди Танаис урдугоҳе бо номи Искандарияи Ақсо бино намуд. Бо мурури вусъати ин сарзамин минбаъд қисмате аз деворҳои ин истеҳком дар бунёди куҳандизи шаҳр истифода гардидаанд.

Хуҷанд дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз шаҳрҳои калонтарин маҳсуб ёфта, дар ҳаёти иқтисодиву фарҳангӣ ва дипломатӣ нақши муҳим бозидааст. Ин шаҳри кўҳан дар қадди роҳи байниқитъавии ҷаҳонӣ – Роҳи Бузурги Абрешим қарор дошта, тавассути он Шарқу Ғарб ба ҳам пайваст мегашт. Бо воситаи ин роҳ ба Хуҷанд тоҷирону сафирон, ҳарбиён, сайёҳони давлатҳои гуногуни ҷаҳон ташриф меоварданд. Маҳз онҳо дастовардҳои санъати амалии кишвари худро ба ин шаҳр интиқол медоданд ва боиси синтези ақидаҳои меъмориву бадеии замони хеш мегаш- танд.19

Бо ҷорӣ гаштани дини ислом дар асрҳои миёна чун дар дигар минтақаҳои хилофати араб симои шаҳрҳо куллан дигаргун гаштанд. Дар шаҳрҳо маҷмааҳои диниву ҷамъиятӣ, кўшку қасрҳо ҳамчун марказҳои бузурги мафкуравӣ, таълимӣ ва давлатӣ созмон ёфтанд.

Дар ташаккули симои асримиёнагии шаҳри Хуҷанд омилҳо зайл нақши муҳим бозидаанд: 1) рушди муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии феодалӣ; 2) сохтори давлатии феодалӣ; 3) мавҷудияти роҳҳои байналхалқӣ ва минтақавии тиҷоратӣ; 4) истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ барои тиҷорат; 5) ташаккул ва фаъолияти бозорҳо; 6) ба сифати дини расмӣ эътироф шудани дини ислом.

Шаҳри бостонии Хуҷанд дар ибтидои асрҳои миёна бо ин- шооти мувофиқи мудофиавӣ таъмин буда, куҳандиз, работ ва шаҳристони он унсурҳои хоси шаҳрсозии ҳамон даврро ба хубӣ таҷассум намудаанд. Бинобар ин муҳорибаи сахти лашкариён ва аҳолии шаҳр ҳанўз дар замони истилои арабҳо, истодагарию мардонагии мардуми ин сарзамин бар зидди душманони худ дар сарчашмаҳои мўътабари таърихӣ сабт гардидаанд. Ин омил бори дигар ҷанбаи қавии таърихан сайқалёфтаи ватандорӣ, ифтихор ва ғурури миллии мардуми шарафманди ин сарзаминро инъикос месозад.

Одатан, чун анъана сохтмони иншоотҳои нав дар ҷойҳои анъанавӣ, дар ҳамон мавзеъҳое, ки аз аҳди қадим хонаҳои ҳукуматдорон (арк, куҳандиз), иншооти динӣ (ибодатгоҳҳо) ва биноҳои ҷамъиятӣ вуҷуд доштанд, бунёд мегаштанд. Дар кишвари мо бунёди маҷмааҳо дар шакли зиёратгоҳҳо дар асрҳои Х-ХV хеле ривоҷ ёфтааст. Барои бунёди чунин иншоотҳо ташаккул ва рушди ҷараёни тасаввуф (сўфия) дар тамоми қаламрави мусулмоннишини Шарқ мусоидат намуд.

Марказҳои ибодатӣ ва ҷамъиятӣ дар намуди маҷмаа дар худ дафнгоҳҳои аввалин мубаллиғони ислом, орифону шайхони ном- вар (дахма, мақбара, мазорот, гумбаз), масҷидҳо, манора, чиллахона, хонақоҳ ва дигар иншоотро муҷассам менамуданд. Ба тар- киби чунин маҷмааҳои ибодативу парастишӣ инчунин мактабҳои олӣ – мадрасаҳо, ки аз номи шоҳон сохта мешуданд, дохил мешуданд. Чунин таркиби маҷамааҳо аз он далолат медод, ки онҳо дар сохтори шаҳрҳо нафақат мақоми диниву парастишӣ, балки мавқеи иҷтимоиву маърифатӣ низ доштанд.

Бунёди чунин марказҳо дар шаҳрҳои асримиёнагӣ ҳодисаи муҳим дар ҳаёти маънавӣ ба шумор рафта, дар сиёсати давлатии ҳокимони вақт нақши муассир мебозид. Нақши чунин марказҳо - маҷмааҳои диниву маърифатӣ ва ҷамъиятӣ дар сохтори меъмории шаҳрҳо хеле муҳим буд. Маъмулан, марказҳои ибодативу парастишӣ ва ҷамъиятӣ бо мўҳташамии худ, бо биноҳои дорои нигоришоти музайян ва тарҳи зебо фарқ мекарданд. Дар ин бобат ёдгориҳои то замони мо расидаи шаҳрҳои кўҳани сарза- мини тоҷикон, ки дар заминаи онҳо мамнўъгоҳҳои шаҳрӣ, шаҳр - осорхонаҳо (Бухоро, Самарқанд, Саразм, Тахти сангин, Ҳисор, Ҳулбук ва дигарон) бунёд шудаанд, шаҳодат медиҳанд.

Дар низоми шаҳрсозӣ ва банақшагирии шаҳрҳо чунин маҷмааҳо ё ансамблҳои меъморӣ ҳамчун ифодагари алоқаи дохилишаҳрӣ нақши муҳим мебозиданд. Ёдгориҳои меъмории то замони мо расидаи Хуҷанди куҳан на танҳо аз санъати балан- ди меъмории ниёгон маълумот медиҳанд, ҳамзамон онҳо имко- ният фароҳам месозанд, ки бо баъзе ҷанбаъҳои ҳаёти маънавии ҳамон замон шиносоӣ пайдо намоем.

Дар ибтидои асрҳои 9-10 соҳили чапи рўди Сир, мавзее ки ҳоло Хуҷанд қарор дорад, сар то сари ҳудуди деворҳои кўҳандизи шаҳр иморату иншооти зиёдеро фаро гирифта, дар работ қасри ҳоким, дар шаҳристон масҷиди ҷомеъ ва дар атрофи шаҳр боғоту токзорҳои серҳосил, киштзори ободу обшор аз нуфузи аҳолии ин мавзеъ дарак медоданд. Аз ин лиҳоз, ободию зебоии ин ман- зил аз давраҳои бостон ба атрофу акнофи олам паҳн гардида, Хуҷанд ҳамчун арўси шаҳрҳо минбаъд шўҳрати бештар пайдо намуд.20 Бинобар мавқеи мусоиди географию иқлим Хуҷанд дар байни шаҳрҳои ҳамсарҳади ин водӣ мақоми марказиро касб на- мудааст. Дар баробари ин, Хуҷанд на танҳо ҳамчун мавзеи до- рои аҳамияти таърихан геостратегӣ рушд намудааст, балки дар дарозои мавҷудияти худ баҳри рушди минтақа саҳм ва мавқеи назаррас гузошта омадааст. Захираи бойи канданиҳои фоиданок, хусусан, маъдан боиси ташаккули ҳунармандӣ ва ба ин васила рушди минбаъдаи шаҳр ва хоҷагии қишлоқи ин мавзеъ низ гардида, дастони пурэъҷози аҳли ҳунар ва пешаварони мухталиф баҳри рушди вазъи иқтисодӣ ҳамаҷониба мусоидат намудаанд. Ҳамчун воҳиди маъмурӣ ва мавзеи ҳокимнишин ташаккул ёфтани шаҳр дар тўли ҳукмронии арабҳо, давлатдории Тоҳириён ва Сомониён аз ташаккули мақом ва нақши муассири он дар низоми маъмурию сиёси асримиёнагӣ дарак медиҳад.

Таърихи пурфоҷиаи шаҳр дар замони ҳамлаи муғул, мардонагии аҳолии ватанпарвари Хуҷанд бо сарварии Темурмалики шуҷоъ ин сарзаминро шўҳраи офоқ гардонид. Гарчанде дар ин давра шаҳр ба харобазор табдил дода шуд, аммо бо азму иродаи қавии мардуми ватандўст дар солҳои баъд аз истилои муғулон аз нав рў ба тараққӣ овард. Бинокорӣ ва сохтмони иншооти муҳими хоҷагии халқ аз нав дар ибтидоии асри ХIV авҷ гирифт ва ин ра- ванд ба бунёди силсилаи меъмориҳои муҳим, ки минбаъд баҳри ташаккули ансамбли калони меъмории шаҳр боис гардиданд, мусоидат намуд. Ба вуҷуд омадани ансамбли меъмории Шайх Маслиҳатдин дар мавзеи Панҷшанбе низ маҳз дар асрҳои ХIII- ХV рост меояд.

Марказҳои ибодатии шаҳрҳо (масҷидҳо, мақбараҳо) дар ҳаёти маънавии аҳолии маҳаллӣ нақши муҳим мебозанд. Онҳо бо мақоми баланди иҷтимоиашон дар марҳилаҳои муайяни таърих мавқеи муҳим касб намудаанд. Мақбараи Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ калонтарин ва нодиртарин ёдгории меъмории шаҳр ме- бошад, ки дар рўзҳои мо бо силсилабиноҳо, аз қабили мақбара, масҷид, хонақоҳ, бозор, ҳаммом, манораҳо ва мадрасаҳои давраҳои мухталифи таърих як маҷмаа (ансамбл)-и воҳиди меъмории суннатиро ташкил медиҳанд. Дар гузашта ин маҷмаа ба сифати дахмаи орифону фозилони Хуҷанд низ хизмат мекард.

Давраи минбаъдаи тараққиёти шаҳрро то имрўз на танҳо аз рўйи бунёди обидаҳои таърихӣ ва осори бозёфтҳои нодир, балки аз дараҷаи ташаккули инфрасохтори ёрирасон ва ташаккулдиҳандаи низоми шаҳрдорӣ, яъне раванди рушди деҳоти атрофи Хуҷанд ба хубӣ дарк карда метавонем. Чунончи, дар асрҳои миёна ҳамчун пойгоҳи асосии ташаккули пешаҳои мухталиф ва нуқтаҳои муҳими стратегии ҳифзи шаҳри Хуҷанд рушд намудани Конибодом, Сомғор, Хистеварз ва дигарон хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Ин нукта далолат бар он дорад, ки ёдгориҳои таърихии тоҷикон дар ҷои холӣ бунёд нагаштаанд. Меъморон ҳангоми бунёди ин ё он иншоот ба хусусиятҳои банақшагирӣ, масоҳату масофа, ороишот, ҷанбаъҳои технологӣ, иқлимӣ, этникӣ, таърихӣ, эстетикии сохтмон эътибори ҷиддӣ дода, инчунин рамзу тимсол, манзара, релеф ва дигар омилҳои ба ин марбут аз назари онҳо дур намемонд. Ҳар як образ - мафҳуми фарҳангиву ҷуғрофии зикргар- дида дар шароити кунунӣ аз мавқеи мустақилонаи фарҳангӣ доштани шаҳр, маркази маърифатӣ будани он далолат медиҳад.

Нақши Хуҷанд дар фазои фарҳангии сарзамини тоҷикон хеле бузург аст. Хуҷанд таърихи зиёда аз дуним ҳазорсоларо паси сар намуда, ба сифати маркази муқовимати аҷдодонамон алайҳи истилогарони юнону мақдунӣ, арабҳо ва муғулҳо эътироф гаштааст. Хучандро «хуршедшаҳр», «тирози ҷаҳон», «мавзеи покон», «шаҳри фозилон», «дарвозаи водии Фарғона», «маркази Тоҷикистони Шимолӣ» меноманд. Муаррихони асримиёнагии тоҷик ба шаҳри Хуҷанд баҳои баланд додаанд. Чунончӣ, муаррих Минҳоҷ Сироҷи Ҷурҷонӣ дар «Табақоти Носирӣ» Хуҷанди қарни ХIII-ро «маркази таълими Қуръони карим дар Мовароуннаҳр» номидааст. Ҷамоли Қаршӣ дар яке аз рисолаҳояш дар бораи Хуҷанд чунин нигоштааст: «Хуҷанд биҳишти заминӣ аст ба ту- файли фаровонии атриёт ва меваҷот. Замини он аз накҳатҳо ва гулҳо пўшиш дорад. Дар Сайҳун киштиҳои бисёр шино меку- нанд. Ҳамчунон ки осмонро ахтарон зиннат медиҳанд, ончунон Хуҷандро кавкабҳои улум, олимони бузургаш оро медиҳанд». Аз байниодамонимашҳуришаҳр Ҷалолиддини Хуҷандӣ, Наҷмиддин ас-Садр ас- Соҳиби Хуҷандӣ, Бурҳониддин ал- Хуҷандӣ зикр шудаанд. Муаллифи китоби «Абдуллонома ё Шарафномаи шоҳӣ» Ҳофизи Таниш дар чорсўи дунё чор шаҳри асри ХVI–ро зинати Мовароуннаҳр номидааст: «Аввал-Бухоро, манбаи илму фазл ва хоки он фахри Руму Чин; дуввум Самарқанд, макони салтанат, соҳиби шаъну шараф, ҳамчун нигин дар қиёси шаҳрҳои дигар ва гавҳари тоҷ; Тирмиз, маъвои авлиёву саҳобагон, лаби дарё ва са- роби обҳои равони дунё; ва чаҳорум, Хуҷанд, ҷойи фароғат, мавзеи покон, макони сўфиён ва ҳадде, ки аз он ҷаҳон оғоз меёбад». Бояд зикр намуд, ки Хуҷандро на танҳо хоки зархезу киштзори сарсабз, рўди шодоб ва меваҳои шаҳдбори он шўҳраи офоқ намудааст. Шўҳрату овозаи Хуҷанд бештар аз ин тавассути фарзандони барўмандаш, олимону орифон, суханварони мум- тоз ба олам густариш ёфт. Олимоне чун Абўмаҳмуди Хуҷандӣ – мунаҷҷим ва риёзидони маъруф, Назириддин Маҳмуд ибни Муҳаммади Хуҷандӣ – табиби номӣ, орифоне чун Умар ибни Ҳорун, Мўниса Маҳастии Хуҷандӣ, Зиёуддини Порсӣ ва Камоли Хуҷандӣ, донишмандон ва фозилоне, ки фаъолияти илмиву адабиашон берун аз Хуҷанд бо Оли Хуҷанд иртибот ёфт ва садҳо дигарон, ки номи некашон дар сарчашмаҳо зикр мешавад, дар ин ҷода саҳми арзанда гузоштаанд.

Донишмандӣ ва фазилати баланди ин фарзандони ватандўст буд, ки дар доираҳои илмию адабии Хуросону Мовароуннаҳр ва умуман, қаламрави забони тоҷикию форсӣ суханварони за- бардасте монанди Хоқонии Шарвонӣ, Ҷамолиддини Исфаҳонӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Заҳири Форёбӣ, Асируддини Ахсикатӣ, Рафедуддини Ланбонӣ ва дигарон доир ба фазилату ҳикмати намояндагони ин хонадон шеърҳо гуфта, хираду заковати сухансароёни Хуҷандро ситоиш кардаанд. То он ҷо ки фозилон ва орифони ин диёр дар соҳати шеъру адаб бо зикри ҷамилашон абадӣ сабт гардидаанд. Саъдии Шерозӣ ба ин маънӣ ишорат намудааст: Яке хори пойи ятиме биканд, Ба хоб андараш дид Садри Хуҷанд, Ҳамегуфту дар равзаҳо мечамид, К-аз ин хор бар ман чӣ гулҳо дамид…

Воқеан, шўҳрат ва овозаи ин диёри донишпарвар ба василаи фарзандони барўмандаш, ки ба ҳукми таъриху тақдир аз ватан дур афтодаанд ва бо истеъдод фаросати баланд дар ривоҷи ҳавзаҳои илмиву адабии Эрону Афғонистон, Туркияю Озорбойҷон ва Ҳинд нақши мунир гузоштаанд, равнақи бештар пайдо намуд. Овоза ва дониши олим ва астрономи тоҷик, навовар ва ихти- роъкор Абўмаҳмуди Хуҷандӣ дар асри Х то ба ҳадде паҳн гардид, ки ба Рай даъват шуд ва мактаби илмии он ҷоро то охири умраш роҳбарӣ намуд. Нақш ва мақоми ин олим на танҳо дар рушди илмҳои дақиқ, махсусан дар риёзиёт ва астрономия бузург аст, балки ў дар тарбияи иддае аз донишмандони ин соҳа саҳми назар- рас гузоштааст. Аз ин ҷост, ки донишманди маъруф Абўрайҳони Берунӣ ўро устод ва раҳнамои худ ба олами илм ба қалам дода, дар бораи ихтирооти ў, ки «Судси фахрӣ» унвон дошта, тўли со- лиёни зиёде дар расадхонаҳои Шарқ мавриди истифода қарор доштааст, нақл менамояд. То кунун таълифоти нодири он олим ва монанди ў нобиғагони илму адаби ин диёр дар ганҷинаҳои китобхонаҳои бузурги олам маҳфуз буда, мутаассифона, қисмати муҳиме аз онҳо ҳанўз таҳқиқ нашудаанд ва муҳаққиқони худро интизоранд.

Дар мавриди эҳёву таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ ба ду масъала эътибор бояд дод. Якум, ҳангоми тармиму таҷдид ва барқарор намудани ёдгориҳои арзишманди меъмории таърихии ин ё он маҳалли шаҳр на танҳо ба эҳёи ҷузъи алоҳидаи он, балки ба барқарор намудани кулли иншоотҳои таърихии муҳити атрофи он эътибор бояд дод. Дар ин радиф ба ҷараёни инкишофи таърихии ёдгории меъморӣ, хусусиятҳои эстетикиву вобастагии функсионалии онҳо дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ, тарғиби ҳифзи ёдгориҳо ва ҷузъиёти дигар низ таваҷҷўҳ намудан зарур аст. Дуюм бояд вазифаҳои зайл - таъмини шароити мусоиди фаъолияти объектҳои таърихӣ, бехатарии онҳо, халал нарасонидан ба зиндагии аҳолие, ки дар атрофи иншооти таърихӣ зиндагӣ мекунанд, ҳаллу фасл гарданд. Ёдгориҳои таърихии меъмориро на танҳо дар шакли экспонати осорхонавӣ истифода бояд бурд, балки фаъолияти пурраи онро таъмин кардан воҷиб аст. Ёдго рии меъморӣ бояд ҳамчун қисми ҷудонашавандаи доимоамалкунандаи ниҳодҳои умумишаҳрӣ эътироф гардад.

Дар назди шаҳрдорон имрўз вазифа меистад, ки барои фаъолияти ёдгориҳои таърихӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ёдгориҳои таърихиро бо назардошти шароити кунунии меъмории шаҳрӣ таҷдид намоянд. Дар ҷараёни эҳёи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ муҳити табиӣ, иқлим, арзиши археологӣ, банақшагирии меъмории шаҳрдорӣ, аз ҷумла релефи маҳал, кўчаву хиёбонҳои шаҳр, маҳаллаҳо, ёдгориҳои фарҳангӣ, хусусияти таърихии сохтмонҳо, намуди ободонии шаҳр, мувофиқ бо тарҳу фазои шаҳр ба эътибор гирифта шавад.

Ниёгони мо аз даврони бостон ба ободии муҳити атроф, тозагиву зебогии табиат, шинондани дарахтон, кабудизоркунии муҳит эътибори ҷиддӣ медоданд. Дар ин росто ба бунёди боғҳо таваҷҷўҳи хоса дода мешуд. Яке аз вазифаҳои шаҳрсозӣ бунёди фазои мусоиди меъморӣ ба шумор меравад, ки ҳадафи он на рақобат, балки созиш ва таъмини ҳамоҳангии иншоотҳои меъморӣ бо табиати атроф аст. Ниёгони мо кўшиш мекарданд, ки бо назардошти иқлим шароити хуб барои истироҳату фароғат муҳайё созанд. Табиист, ки тавассути ёдгориҳои меъморӣ ба инсон таъсир расонида мешуд. Табиате, ки ба композитсияи шаҳр ҳамоҳанг мегардад, салиқа ва зебогии ёдгории меъмориро таъмин месозад. Аз ин лиҳоз, зебоӣ ва тобишҳои табиати маҳал на фақат нигоҳ дошта мешавад, балки дар ташаккули композитсияи шаҳр истифода мегардад.

Шаҳрҳоро бидуни боғу гулгаштҳо тасаввур кардан номумкин аст. Кабудизор гардонидани кўчаву хиёбонҳои шаҳр, бунёди боғҳо ба микроиқлими шаҳр таъсири мусбӣ расонида, ҷузъи муҳими эстетикии фазову сохтори шаҳр маҳсуб меёбад. Дар шафати дарёи Сир ва рў ба рўи кўҳи Мевағул бунёд шудани боғи Хоҷа Камол хеле рамзист. Зеро шукўҳ ва ҳашамати ин диёр дар осори Шайх Камоли Хуҷандӣ васф гардидааст: Аз Оби Хуҷанд бигзару кўҳ, Дар шаҳри ту ин ба ҷуз масал нест. Ин дурр на дар ин ҳақир дарёст, В-ин лаъл ба кўҳи Мевағал нест (Девон, 1376 ҳ.х.)

Меъморони ватаниву эронӣ кўшиш ба харҷ додаанд, ки анъанаҳои меъмориву сохтмонии ниёгонамонро риоя намоянд ва хусусияти табиати Хуҷандро дар бунёди ин ёдгории мўҳташами таърихӣ ба инобат гиранд. Релефи маҳал - аз як тараф дарёи Сир ва аз тарафи дигар Қалъа –Куҳандизи Хуҷанд тобиши баланди маҷмааи таърихии Хоҷа Камолро ба вуҷуд овардааст. Зебо- ии табиии ин мавзеъ бо композитсияи иншооти меъморӣ хеле моҳирона ҳамоҳанг гардида, шуқўҳу шаҳомати ин ёдгориро таъмин намудааст. Бо бунёди ин маҷмаа симои меъмориву бадеии шаҳри Хуҷанд дигаргун гашта, ҷаззобияти он боз ҳам афзун гаштааст.

Меъморону сохтмончиён кўшиш ба харҷ додаанд, ки бунё- ди маҷмааро дар асоси талаботи меъмории муосир амалӣ созанд ва онро бо ормонҳои маданиву иҷтимоии замони нав мутобиқ намоянд. Дар бунёди маҷмаа релефи маҳал пурра ба инобат гирифта шудааст, ҳар як ваҷаби ҳудуд ба таври ратсионалӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Ҷолиби диққат он аст, ки ҳунармандон дар ороишоти биноҳои маҷмаа ба эҳёи услуби наққошиву рассомии суннатиамон эътибор додаанд. Тобиши рангҳои дохилу беруни биноҳои меъморӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар онҳо чӣ услуби наққошони Мовароуннаҳр ва чӣ услуби наққошони Эрон истифо- да шуда, синтези ин услубҳо таъмин гардидааст. Ҳунармандони асил идеалҳои эстетикии ниёгонамонро пайгирӣ намуда, бо завқу салиқаи баланд тимсолҳои барҷастаи фолклор ва назми ниёгонро моҳирона дар нигоришот истифода бурдаанд, ки аз завқи ба- ланди бадеии ҳунармандон шаҳодат медиҳанд.

Ҷўрабек Исомитдинов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...