(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, омӯзгорон ва пешқадамону собиқадорони соҳаи маориф машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид.

Дар машварат аз ҷониби нотиқон доир ба дастовардҳои соҳаи маориф дар даврони Истиқлолият маърӯзаҳо ироа гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳамасола баргузории машварати августии омўзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек буда, нишони қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати фидокоронаи омўзгорон мебошад. Ва сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки феълан дар шаҳри Хуҷанд 48 муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 мактаби хусусӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 1 мактаб – интернати ёрирасон, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 комплекс кўдакистон - мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино ва инчунин 32 кўдакистони давлатӣ, 12 кўдакистонҳои хусусӣ, 1 Маркази ислоҳнамоӣ - педагогӣ барои кўдакони норасоии нутқдошта фаъолият дошта, дар онҳо 40273 нафар хонандагон ва 9415 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи омўзгорону мураббиён дар муассисаҳои маорифи шаҳр 2936 нафарро ташкил дода, аз онҳо 2729 нафар бо маълумоти олӣ ва 284 нафарашон бо маълумоти олии нопурра фаъолият доранд. Муайян намудани хонандагони болаёқату соҳибистеъдод ва таълиму тарбияи ҳаматарафаи онҳо яке аз вазифаҳои асосии мактаб, ҷомеаҳои омўзгорӣ ва кормандони соҳаи маориф маҳсуб мешавад.

Бо ин мақсад дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд пешрафти толибилмон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, натиҷаи ҳамин тадбирҳо буд, ки хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар Олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолияти хуб нишон дода, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 102 нафар хонандагони синфҳои 5-11 иштирок намуда, 18 нафар ҷойи якум, 29 нафар ҷойи дуюм ва 55 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ бошад 23 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 5 нафар ҷойи якум, 11 нафар ҷойи дуюм, 7 нафар ҷойи сеюм ва 2 нафар ба гирифтани Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Дар умум, 47 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд, ки ин дар миқёси вилоят беҳтарин мебошад. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта истодаанд. Аз ҷумла хонандагони литсей барои хонандагони болаёқати шаҳр моҳи марти солӣ ҷорӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика дар давлати Таиланд иштирок намуда, хонандаи синфи 6 Абдуллозода Амир ҷойи якум, хонандаи синфи 8 Ботурхўҷаев Ардашер ҷойи дуюм ва хонандаи синфи 6 Султонов Амир сазовори Сипоснома гардиданд.

Санаҳои 19-25 майи соли 2019 дар давлати Ҳиндустон олимпиадаи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он 3 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр барои гирифтани ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла хонандагони синфи 9 литсей барои хонандагони болаёқат Аҳлилулоев Улуғбек аз фанни математика барои гирифтани ҷойи якум ва медали тилло, Шамсиев Муҳаммад аз фанни химия барои гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ ва хонандаи синфи 10 литсейи физикӣ-математикии №1 Саидбоев Ҳабибулло аз фанни математика барои гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Инчунин санаҳои 17-21 июни соли 2019 дар штати Освегои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ аз рўи панҷ категория, ки дар он 1400 нафар хонандагон иштирок намудаанд, ду нафар хонандагони синфи 10-уми литсей барои хонандагони болаёқат Расулов Абдуқаюм ва Фахриддинов Ахмадҷон аз фанни биология сазовори ҷойи сеюм гардидаанд.

Бояд қайд кард, ки дар умум 20 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.

Илова бар ин, дар соли 2019 - 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани Стипендияи Президентӣ ва 60 нафар ба гирифтани Стипендияи Раиси шаҳр мушарраф гардиданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду инкишофи мактабу маориф баён доштаанд: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад.» Раиси шаҳр бо изҳори қаноатмандӣ гуфт, ки кормандони соҳаи илму маорифи шаҳр ин рисолати худро иҷро карда меоянд. Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам мухтасаран аз дастоварду комёбиҳои аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд дар соли сипаришуда фикру мулоҳизаҳои хешро баён намоям.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки давлату ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда истодаанд. Аз ҷумлаи ин дастгириҳо, дар кишвари азизамон, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд бунёду азнавсозӣ шудани даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба шумор меравад, ки имрўз кўдакону наврасони мо дар синфхонаҳои барҳавову замонавӣ бо ҳама таҷҳизотҳои дарсӣ муҷаҳҳаз таълиму тарбия гирифта истодаанд. Танҳо дар 2 соли охир дар шаҳри Хуҷанд ду муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ва се муассисаи нави таълимии томактабӣ бо ҳамаи шароитҳои таълиму тарбия ва бо тарҳу намуди нав бунёд гаштаанд, ба истифода дода шуданд.

Аз ҷумла, муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд барои 1300 нафар хонанда дар як баст, Гимназияи рақами 1-и ба номи Раҳим Ҷалил дар маркази шаҳр барои 640 нафар хонанда дар як баст, Муассисаи таълимии томактабии №28 дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳр барои 320 нафар кўдакон, Муассисаи таълимии томактабии хусусӣ дар маҳаллаи Суғдиёни шаҳр барои 240 нафар кўдакон ва Муассисаи таълимии томактабии №3 “Ғунчаи истиқлол” дар маҳаллаи Сари баландии шаҳр барои 200 нафар кўдакон мебошанд, ки бевосита бо иштироки Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шуд.

Имрўз барои инкишофи ҷисмонӣ ва маънавии насли наврас, таҳсилу фароғати кўдакону наврасон низ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Инро дар мисоли фаъолияти беш аз пеш рушдёбандаи мактабу кўдакистонҳо, муассисаҳои беруназмактабӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, истироҳатгоҳҳои мавсимии бачагона дидан мумкин аст.

Дар иртибот ба ин, бори аввал бо ҷалби беш аз 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз»-и шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шуда, тамоми роҳравҳои асосии урдугоҳ тасполакпӯш гардида, ҳавзи шиноварӣ ошхона, ҳаммом ва саҳнаи гузаронидани чорабинӣ мавриди азнавсозӣ қарор гирифтанд. Саҳни урдугоҳ ва роҳҳои асосию канории он низ пурра бо чароғҳои муосир таҷҳизонида шуда, хобгоҳи бошандагон бо шароитҳои лозимӣ таъмин карда шуд.Соли ҷорӣ дар таътили тобистонаи хонандагон дар урдугоҳи мазкур дар маҷмўъ дар се баст беш аз 430 нафар хонандагони фаъолу боистеъдод ва ятиму камбизоати шаҳр ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки чанде пеш дар рўзҳои истиқбол аз ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори машқу тамрин дар назди муассисаи давлатии таълимии “Мактаб барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд, дар маҳаллаи Темурмалик мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд. Иншооти мазкур бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳр бунёд гашта, дорои ду ҳавзи шиноварӣ, ҳавзи калон ба масоҳати 25 бар 11 метр ва ҳавзи миёна ба масоҳати 6 бар 11 метр, ҳуҷраҳо барои ивази сару либос, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ ва толори машқу тамрин барои дўстдорони намуди варзиши каратэ-до мебошад.

Шаҳрдор дар мавриди таъмини шароити хуби хониш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимӣ 83 адад компютер, 6 адад принтер, 29 адад проектор ва 20 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шуда, айни замон, дар 47 муассисаҳои таълимӣ 71 синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки дар он 1521 компютерҳо, 208 адад принтерҳо, 131 адад тахтаи электронӣ 131 адад ва 173 адад проектор мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд.

Таъкид шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми ифтитоҳи бинои нави гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд доир ба таъсис додани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр баён дошта буданд, ба ин мақсад бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 13.02.19, №113 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 601000 (шашсаду як ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуда, муассисаҳои таълимии шаҳр бо кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр беш аз 90 адад кабинетҳо бо озмоишгоҳҳои фаннии химия, физика ва биология муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъмиру азнавсозии боз даҳҳо адад муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар баробари рушди дигар соҳаҳо дастовардҳо дар соҳаи маориф тайи солҳои охир хеле назаррасанд. Маҳз натиҷаи чунин ғамхориҳо буд, ки имрўз хонандагони мактабҳои мо дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, эътироф ва қадрдонӣ карда мешаванд. Ин ҳама натиҷаи заҳмати холисонаи омўзгорон аст. Албатта, дастоварду комёбиҳои аҳли маориф хеле зиёданд, аммо то ҳанўз ба таври комил онҳо моро қонеъ карда наметавонанд ва муассисаҳои таълимӣ дар ин самт бояд меҳнати фидокорона ва тарбияи шоистаи насли наврасро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дастоварду комёбиҳои ҳам омўзгорон ва ҳам шогирдонро афзунтар намоянд. Барои тақвият бахшидани равобити оилаву мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд қонуни махсус «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки дар тарғиби одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, дар руҳияи ватандўстию хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас нақши муҳим мегузорад ва ҳамаи моро водор бар он менамояд, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоем. Ин қонун агарчанде ба таври қаноатбахш дар ҷомеаи имрўза амалӣ мегардад, вале ҳанўз ҳам ба амалҳои ғайриқонунӣ даст задании наврасону ҷавонон моро ҳушдор медиҳад, ки дар тарбияи онҳо бештар масъулият зоҳир намуда, ба бетарафӣ роҳ надиҳем. Сабабҳои даст ба ҷиноят задани хонандагон нишон медиҳад, ки як қисми он аз беназоратии волидон, омўзгорон, мароқ зоҳир накардани масъулини мактабҳо ба машғулияти хонандагон дар вақти фориғ аз дарс, робитаи мустаҳкам надоштани мактаб бо оила ва дуруст дарк накардани мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.

Мо мисолҳои зиёдеро медонем, ки хонандагони мактабҳо даст ба ҷинояткорӣ ва амали ношоиста задаанд, инро худи сарварони муассисаҳои таълимӣ хуб медонанд. Аз ин рў, ҳамаи директорони мактабҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо масъулияти баланд баҳри пешгирии ҷиноятсодиркунии ноболиғон ва роҳ надодан ба чунин амалҳои ношоиста чораҳои фаврӣ ва таъхирнопазир андешанд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ҷиҳати гиромидошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд, дар яке аз баромадҳои худ дар шаъни омўзгорон чунин фармудаанд: «Муаллимону омўзгорон машъалафрўзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шуълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омўхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрўзанд. Ба ибораи дигар устодон шоҳсутуни низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд.

Таъкид шуд, ки омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, пешаи омўзгорӣ басо сангину заҳматталаб, вале ифтихорист. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша баҳри дастгирии омўзгорон омода аст ва дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ба муаллимон низ ҳамеша дасти ёриву мадади хешро мерасонад. Ин буд, ки бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф, соли ҷорӣ ба 44 нафар омўзгорон роҳхат ба осоишгоҳҳои ҳудуди вилоят ҷиҳати барқарор намудани саломатиашон дода шуда, омўзгорону мураббиёни пешқадам мунтазам бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Раиси шаҳри хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки аҳли маорифи шаҳр ҷавобан ба ин ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдон боз ҳам саҳми босазои худро гузошта, парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда парафшон менамоед.

Сипас, ба 4 нафар омӯзгорони пешқадам нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба пешсафони соҳа Сипонома ва туҳфаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати маорифи вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Барномаи рангини хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва устодони санъат, ки фарогири ватандӯстию меҳанпарварӣ буд, табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...