(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди равғани ҶДММ «ЗирвЭко» ба истифода дода шуд.

Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдумубин Абдушукуров таъсис дода шуда, дар он дар як шабонарӯз то 30 тонна равғани растанӣ коркард мешавад.

Равғани хоми офтобпараст, пахта, рапс ва соя аз корхонаҳои равғанкашии ватанӣ ва инчунин аз хориҷи мамлакат ба ин корхона дастрас гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон дар 7 марҳила ва дар шароити пӯшида поксозӣ карда мешавад. Дар натиҷаи полоиши чандкарата равғани безарар, баландсифат ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ омода карда мешавад. Дар корхонаи муосири ҶДММ «ЗирвЭко» 40 нафар сокини маҳалӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд. Маоши кормандон ба ҳисоби миёна 1500 сомониро ташкил медиҳад. Таҷҳизоти корхона замонавӣ буда, ҷараёни коркарди равғани растанӣ тавассути технологияи муосир назорат мегардад. Маҳсулоти ба корхона воридшуда ва ҳам баъди коркард, яъне маҳсулоти тайёр аз ташхиси пурра гузаронида мешавад. Дар заминаи коркарди дуруст ва ташхиси ҳамаҷониба мутахассисон ба сифат ва бехатарии маҳсулот кафолат медиҳанд. Ташхисгоҳи ҷамъият бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона дар масоҳати 1000 метри мураббаъ ва дар 7 қабат васлу насб гардидааст. Чунин намуди технологияи коркарди равғани растанӣ бори нахуст ба мамлакат ворид карда шудааст ва барои муҳити зист зарар намерасонад. Барои нигоҳдории равған дар саҳни корхона ва инчунин дохили бинои асосӣ зарфҳои махсуси ба ҳама ҳолат тобовар гузошта шудааст, ки ҳаҷми умумии ғунҷоиши онҳо ба 400 тонна баробар мебошад. Баъди коркарди пурра равғани растанӣ бо тамғаи «Олия» ва «Софӣ» дар ҳаҷми аз 0,5 то 5 литр банду баст мешавад.

Маҳсулоти корхона асосан дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта шуда, ҳамчунин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешавад.

Дар оянда масъулон нақша доранд, ки истеҳсоли чарбуи растаниро низ ба роҳ монанд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф таҷҳизоти асосӣ аллакай харидорӣ ва ворид карда шудааст. Технологияи истеҳсоли чарбу аз равғани растанӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ 10 сол пеш ба роҳ монда шудааст ва дар миқёси Осиёи Миёна ҳанӯз вуҷуд надошт. Баъди ба кор андохтани ин хати истеҳсолӣ корхонаи ҶДММ «ЗирвЭко» дар ҷаҳон 26 -умин корхонаи истеҳсолкунандаи ин намуд маҳсулот ба ҳисоб хоҳад рафт.

Чарбуи растанӣ асосан барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, хоса маҳсулоти ширӣ, гуштӣ, шириниҳо ва ғайра истифода бурда мешавад ва имрӯз ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

Корхонаи коркарди равғани растании ҶДММ «ЗирвЭко» дар маҳаллаи «Ваҳдат» — и шаҳри Хуҷанд дар майдони қариб 1 гектар бунёд карда шудааст.

Иқдоми соҳибкор аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании воридотивазкунанда ва ҳамчунин содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат шоёни таҳсин арзёбӣ гардид.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...