(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар назди майдони Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд маросими оғози расмии ярмарка-фурўши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш баргузор гардид.

Дар ярмарка аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои истеҳсоли либосҳои мактабӣ, соҳибкорони инфиродӣ либосҳои мактабӣ, аспобу анҷоми мактабӣ ва дигар лавозимоти хонишро барои шаҳрвандон аз бозор 10-30 фисад арзон манзур намуданд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баъди шиносоӣ бо маҳсулоти пешкашгардидаи ярмарка-фурўши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш назди ҷамъомадагон баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки басо рамзист, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллат - таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати соли хониши нав дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш гузаронида мешавад. Аз ин рў, мо бояд дар ин рўзҳои пур аз шодию нишот ҳама якдилу якҷон камари ҳимматро мустаҳкам баста, софдилона баҳри рушду нумўи ҳамаҷонибаи кишвари азизи худ заҳмат кашем. Мо хуб эҳсос мекунем, ки ояндаи ҷамъият дар дасти насли нав – кўдакону наврасон мебошад. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду инкишофи мактабу маориф баён доштаанд: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад.»

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд пешрафти толибилмон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст. Натиҷаи ҳамин тадбирҳо буд, ки хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар Олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолияти хуб нишон дода, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 102 нафар хонандагони синфҳои 5-11 иштирок намуда, 18 нафар ҷойи якум, 29 нафар ҷойи дуюм ва 55 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ бошад 23 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 5 нафар ҷойи якум, 11 нафар ҷойи дуюм, 7 нафар ҷойи сеюм ва 2 нафар ба гирифтани Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Илова бар ин, дар соли 2019 - 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани Стипендияи Президентӣ ва 60 нафар ба гирифтани Стипендияи Раиси шаҳр мушарраф гардиданд.

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки омўзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҳамасола баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кўшишу ғайрат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани Дастурамали вазорати маориф дар бораи либоси тавсиявии хонандагони муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои нав ба навро пеш гирифта истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар ниҳоди хонандагон тасмим гирифт, ки ҳар як мактаб дар намуди алоҳида соҳиби либоси мактабии худ гардад. Ин буд, ки муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагон дар ҳамкорӣ бо 9 коргоҳҳои дўзандагии шаҳр корбарӣ намуда истода, дар ин бора шартномаҳои дутарафа ба имзо расонида шудааст. Бояд қайд кард, ки дар соли таҳсили 2019-2020 ба 20364 нафар хонандагон дўхтани либоси ягонаи мактабӣ ба нақша гирифта шудааст.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки либоси ягонаи мактабӣ тафовути иҷтимоии байни хонандагонро аз байн мебарад ва шогирдони мо бо дарки масъулияти баланд собитқадамона дар ҷодаи илму донишомўзӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Сипас, туҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба миқдори 160 адад либосҳои мактабӣ ба наврасони камбизоат ва ятим тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...