08 Август 2019
Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, вусъат додани корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар маҳалҳо ва масоили рӯзмарра бо иштироки собиқадорони меҳнат, адибон, олимон ва Шаҳрвандони фахрии шаҳр мизи мудаввар баргузор гардид.
Миззи мудавварро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода оғоз намуда, аз ҷумла қайд кард, ки мақсад аз баргузории мулоқот дар байни сокинони маҳаллаҳои шаҳр бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҷеъ ба дастовардҳои Истиклолияти давлатӣ, саҳми Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, тарбияи маънавии мардум ба зебоипарастӣ, фарҳанги хонадорӣ ва ғайраҳо мебошад.
Таъкид гардид, ки имрўзҳо дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва омода намудани иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, аз ҳамаи собиқадорони меҳнат, адибон, зиёиён ва Шаҳрвандони фахрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро якҷоя бо раисони маҳаллаҳо, кўчаҳо ва фаъолон ҷиҳати баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ ва саҳм гузоштани сокинон ба ободониву кабудизоркунии кучаву манзилҳояшон гузаронанд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ зимни баромади худ қайд кард, ки ҳамагон дар арафаи ҷашни пуршукўҳи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар шаҳр вусъати тоза гирифта, даҳҳо адад иншоотҳи гуногуни иҷтимоию истеҳсолӣ дар арафаи ин ҷашни пуршукўҳ мавриди ифтитоҳ қарор дода хоҳанд шуд. Алҳол барои дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор намудани ҷашни дар пешистода дар ҳудуди шаҳр мунтазам шанбегиҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуда, ҳамарўза корҳои ободонӣ аз тарафи сохторҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр рафта истодааст. Илова бар ин аз ҳисоби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шахсони мутассаддӣ низ дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр вобаста карда шудаанд.
Усмонҷон Юсуфӣ бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки мутаассифона аз ҷониби бархе сокинону фаъолони шаҳр корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, аз ҷониби онҳо дар ин самт фаъолнокӣ суст мебошад. Аз ин рў аз зиёиёну адибон ва шаҳрвандони фахрӣ хоҳиш карда шуд, ки байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ вусъат дода шуда, дар ин замина маданияти шаҳрдорӣ баланд бардошта шавад.
Дар ҷараёни мизи мудаввар раиси собиқадорони ҷангу меҳнат – Муъминҷон Орифӣ, Шаҳрвандони фахрӣ Шуҷоат Ҳасанова, Юсуф Қурбонов, Абдушукур Назаров, фаъолзан Муҳаббат Нозимова,раиси куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ Ҳамроҳ Атаева, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муҳиддин Файзуллоев, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Матлуба Муинова ва дигарон баромад намуда, омодагии хешро изҳор ва пешниҳодҳои ҷолиб доир ба баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ ва тарғиби ободкориро ироа доштанд.
Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки бо ҷалби васеъи аҳолӣ тадбирҳои ободониро вусъат бахшид ва чун солҳои қаблӣ саҳми фаъолонро дар кўчаву маҳаллаҳо дар самти ободонии маҳалли зист тақвият ва ин анъанаро идома бояд дод. Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъсис додани Шўрои ҷамъиятии маданияти шаҳрдорӣ бо иштироки фаъолон, зиёиён ва шаҳрвандони фахрӣ айни муддао дониста шуд.
Дар анҷоми мизи мудаввар таъкид гардид, ки фаъолону собиқадорон ва зиёиёну мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ пуштибонии худро аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода идома бахшида, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидонидани шаҳри бостонии Хуҷанд саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд