(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода се нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр, ки аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2018-2019-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медалҳои тилло ва нуқраро ба даст оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суҳбат бо барандагони медалҳои тиллою нуқра ва сарварони муассисаҳои таълимӣ, ки хонандагонашон ба чунин шарафмандӣ комёб шудаанд, табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки соҳаи маориф нақши калидӣ дар ҳамаи соҳоти хоҷагии халқ дорад. Маҳз аз ин нукта маориф дар меҳвари асосии сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Ҳамасола таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир гардидан ба соҳаи маориф, таҳким бахшидан ба пойгоҳи илмию техникии соҳа, қадршиносии нерӯйи зеҳнӣ имконият фароҳам овардааст, ки дар муассисаҳои таълимӣ насли ҷавони баркамол мусаллаҳ бо донишҳои муосир таълиму тарбия гиранд.

Шаҳрдор гуфт, ки соли ҷорӣ аз рӯйи натиҷаҳои олимпиадаи вилоятӣ хонандагони шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 102 медал мақоми ифтихории якумро ба даст оварданд. Дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳурӣ миёни шаҳру навоҳии мамлакат бо бадастории 47 медал макоми сеюмро соҳиб гардиданд, ки боиси ифтихору саодатмандист. Соли ҷорӣ беш аз 2000 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд тариқи ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои хешро ба донишгоҳҳои олии мамлакат супориданд ва умедворем, ки сазовори унвони баланди донишҷӯйӣ мегарданд.

Раиси шаҳр ба роҳбарияти шуъбаи маориф ва сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр, аз ҷумла гимназияҳои №1, 4 ва МТМУ №16 барои тарбияи чунин хонандагони пешсаф ва намунавӣ миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро расонд.

Барандагони медали тилло Некрӯз Шораҷабов, муҳассили гимназияи №1, медалҳои нуқра Нилуфар Ғоибназарова, хонандаи гимназияи №4 ва толибаи МТМУ №16 Зебо Солибоева аз истиқболи самимонаи Раиси шаҳри Хуҷанд миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки ин дастоварди тамоми муҳассилини шаҳр аст. Эшон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарварони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба макотиби олии дохиливу хориҷӣ таҳсил намуда, мутахассисони варзида гардида, ба Ватану миллати хеш содиқона хизмат менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1078
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2511
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта17242
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта19032
mod_vvisit_counterҲамин моҳ38864
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта92208
mod_vvisit_counterҲамагӣ2178698