(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷаласаи васеи кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019 баргузор гардид.

Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи маҷлис 5 мавзуъ, аз ҷумла: ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2019 баҳри баррасӣ ва амалӣ намудани қарорҳои маҷлиси кумитаҳои иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб; ахбороти комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии кумиҷроия дар нимсолаи аввали соли 2019; ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд; тасдиқи фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 24 майи соли 2019 оид ба Ситоди «Обуна -2020» ва меъёри обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва “Шафақ”; тасдиқи қарорҳои маҷлиси Раёсати кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ ва қабули аъзо ба сафи ҳизб; тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2019; даъвати Конференсияи XХII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд; ва масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якум, яъне ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2019 баҳри баррасӣ ва амалӣ намудани қарорҳои маҷлиси кумитаҳои иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ баромад карда аз ҷумла афзуд, ки дар ин давра 1229 нафар шахсони арзанда ба сафи ҳизб ҷалб шуданд. Айни замон шумораи ҳизбиён дар миқёси шаҳр ба 17 ҳазору 300 нафар расидааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 221 нафарро занон ва 8 ҳазору 351 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 6 адад корхонаву муассисаҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис доданд. Ба ҳолати моҳи июл шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаҳри Хуҷанд ба 232 адад расид. Инчунин, 5 адад кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд зимни суханронии худ аз ҳамкории босамари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, саҳми аъзоёну фаъолон ва алоқамандони ҳизб дар раванди бунёдкорию созандагӣ ва ҳалли мушкилоти мардум ёдовар шуда, изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла баён дошт, ки аъзоёни ҳизб таблиғгари фаъоли ҷомеа буда, дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ нақши калон доранд. Бо ташкили шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонон мавқеи ҳизбро дар байни ин қишрҳои ҷомеа мустаҳкамтар намуданд. Гузашта аз ин, шӯрои собиқадорон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд ва минбаъд аз рӯи маслиҳату роҳнамоии пирони кор ва соҳибхирадон фаъолияти ҳизб пеш меравад. Мо аз иқдомҳои пайвастаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бобати пешгирии амалҳои ифротгароиву террористӣ, даъват ба зиндагии ростин, истиқбол менамоем, балки ин ташаббусро минбаъд дастгирӣ хоҳем кард.

Дар рафти музокира раиси ташкилоти ибтидоии «Ориён», директори Коллеҷи омӯзгорӣ Манучеҳра Кенҷазода, раиси ташкилоти ибтидоии «Маркази хун» Мирзонеъмат Наҷмиддинов ва раиси ташкилоти ибтидоии «Пӯлод Толис» Наима Раҳматова маърӯза карданд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода зимни суханронии худ, аз ҷумла гуфт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро аз ҷумлаи беҳтарин кумиҷроияҳои ҳизбии вилоят буда, фаъолияти намунавии он мояи пайравист.

Дар баробари зикри муваффақиятҳо номбурда камбудиҳои ҷойдоштаро зикр намуд, ҷиҳати ислоҳи саривақтии онҳо, боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият маслиҳатҳои судманд дод ва ҳизбиёнро ба истиқболи сазовори ҷашнҳои мубораки 25-солагии ҲХДТ ва 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон даъват кард.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ раиси комиссияи тафтишотии кумиҷроия Абдумавлон Азимов маърӯза кард ва оид ба фаъолияти молиявӣ ба таври муфассал гузориш дод. Аз аъзоёни ҳизб даъват ба амал овард, ки дар мавриди пардохти ҳаққи узвият масъулиятшинос бошанд.

Бо баррасии масоили дигар ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...