(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” баргузор гардида, барандаи шоҳҷоиза ва ғолибони он муайян шуданд.

Дар озмун 55 нафар довталаб, аз ҷумла хонандагон, донишҷӯён, шаҳрвандони синну сол ва касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуда, байни ҳам рақобат намуданд.

Довталабони озмун аз рӯйи шартҳои: аз ёд хондани осори адибон, асарҳои назмӣ ва насрии адибони классикӣ ва муосири тоҷик, намунаҳои ашъори бачагона ва афсона, намунаҳои осори адибони ҷаҳон мутолеа ва шарҳи асарҳои насрии адибони муосири тоҷик ва хориҷӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот аз рӯйи номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти классикии тоҷик”: Шодмонбибӣ Шарофова– докторанти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ҷои 1-ум, Шоира Олимова – донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, факултаи филологияи тоҷик мақоми дуюм ва Мижгона Умарзода, хонандаи МТМУ № 7 зинаи сеюмро ба даст оварданд.

Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти муосири тоҷик” Озодаи Саид – хонандаи МТМУ № 27, ҷои аввал, Аъзамҷон Султонов, хонандаи гимназияи № 4 ҷои дуюм ва Сафияхон Қобилова хонандаи МТМУ № 9 ҷои сеюмро ба даст оварданд.

Аз рӯйи номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” Лайло Қӯзибоева хонандаи МТМУ № 8 мақоми аввал, Абдуаҳад Аҳадов, хонандаи МТМУ № 10 ҷои дуюм ва Муҳамадёсир Баҳодуров хонандаи мактаби хусусии ғайридавлатии “Ирфон” зинаи сеюмро ишғол намуданд.

Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти классикии ҷаҳон Манижа Воситзода, донишҷӯи факултаи филологияи руси ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Маҳастии Сангин, хонандаи мактаби хусусии ғайридавлатии “Пӯлотов” ва Ҷамшед Қурбонбоев, хонандаи гимназияи “Кавсар” мутаносибан ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. “Шоҳҷоиза” насиби Сарфарозиддин Иморуддинов - донишҷӯи факултаи филологияи тоҷик ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров гардид.

Ҳамчунин аъзоёни ҳакамон якдилона хоҳиш намуданд, ки ғайр аз ғолибони озмун ҳамчунин 15 - нафар “Беҳтарин иштирокчиён” низ тақдиронида шаванд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 бори аввал роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар мебошад.

Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик маросими ботантанаи тақдиронидани ғолибони даври шаҳрии озмун даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...