(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

alt Бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи навтаъсиси муштараки мурғпарварии ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корхонаи муштараки мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидани муносибатҳои байнидавлатӣ бо ҷумҳурии дӯсту ҳамсоя Ӯзбекистон бо иқдоми соҳибкори самарқандӣ Заршед Муҳаммадиев ва соҳибкори маҳаллӣ Абдуаҳад Раҳимов бунёд гардида, баҳри истеҳсоли чӯҷаи бройлерӣ пешбинӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ин коргоҳ дар марҳилаи аввал тухмҳоро аз шаҳри Самарқанд ворид намуда, бо таҷҳизоти муосир парвариши чӯҷаро ба роҳ мемонад. Иқтидори истеҳсолии моҳонаи чӯҷаи навъи бройлерӣ дар ин коргоҳ 100 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» истеҳсоли гӯшти мурғро низ ба роҳ мондааст, ки дар як моҳ то 100 тоннаро ташкил медиҳад. Чӯҷаҳо бо усули муосир парвариш ва нигоҳубин карда мешавад.

Корхона дар шаҳру навоҳии Исфара ва Мастчоҳ филиали хешро ифтитоҳ намуда, баҳри тавсеаи фаъолияти хеш нақшаҳои мушаххас дорад. Алҳол дар самти рушди корхона беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардида, то охири соли ҷорӣ он ба 500 ҳазор доллар расонида мешавад. Миқдори умумии кормандон бо назардошти филилалҳо ба зиёда аз 50 нафар расонида мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ин иқдоми роҳбарияти корхонаи навтаъсис истиқболи гарм намуда, омодагии хешро ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда баҳри ташкили филиалҳои корхона дар гӯшаву канори шаҳр баён дошт.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки истеҳсол ва фурӯши гӯшти парҳезии мурғ ва талаботи он дар бозори дохилӣ бештар гардида, имкон дорад, ки корхона дар муддати кӯтоҳ ба муваффақиятҳо ноил гардад.

Машокир Назаров, директори КДФ «Паррандапарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки маҳз бо дастгирии Роҳбарияти Давлату Ҳукумат баҳри воридоти технологияи истеҳсолотӣ ва ба роҳ мондани молҳои воридотивазкунанда имтиёзу дастгириҳои зиёд роҳандозӣ гардидааст.

Муассиси корхонаи мурғпарварии ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» Заршед Муҳаммадиев изҳори омодагӣ намуд, ки бо вориди технологияи муосир ва зиёди намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...