(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Тавре, ки иттилоъ дода будем, дар толори Муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги Суғдиён” даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2018 таҳти №АП-1127, оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи саъат ва ҳунар гузаронида шуд.

Дар даври интихобии довталабон аз рӯи 4 номинатсияҳои дар Низомномаи озмун зикргардида, 157-нафар шахсони синну сол ва касбу кори гуногун иштирок намуда, истеъдоду маҳорати ҳунариву эҷодии худро манзури мутахассисон гардониданд.

Бо назардошти талаботҳои низомномаи озмун, 95 – нафар довталабон ва аъзоёни дастаҳои ҳунарӣ ҷиҳати иштирок ба даври шаҳрии озмун пешниҳод ва пазируфта шуданд.

Дар рафти чорабинӣ номинатсияҳои ба озмун пешниҳодшударо 9 – нафар аъзоёни ҳакамони озмун баҳогузорӣ ва ғолибонро муайян намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинӣ намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Солиев, муовини раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Сангалӣ Ҳомидов, директори Маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Олимҷон Юсупов ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок ва рафти озмун пурра сабт карда шуд.

Боиси зикр аст, ки дар озмун ба ғайр аз сарояндагону навозандагон, шоирону ровиён гурӯҳи ҳамсароён, ансамбли созҳои миллӣ, оркестри асбобҳои халқӣ низ фаъолона иштирок намуда, бо иҷрои асарҳои баландмазмун ва суруду оҳангҳо ба озмун ҳусни тоза зам намуданд.

Баъд аз пурра ба иҷро расидани баромад ва асарҳои ба озмун пешниҳодшудаи довталабон, ғолибон аз рӯи номинатсияҳои зерин муайян карда шуданд. Дар номинатсияи “Сарояндаи академикӣ”: ҷои аввал суруди умумии ҳамсароён “Як дона гул”, мақоми дуюм гурӯҳи “Трио” ва ҷойи сеюмро Шерзод Абдуллозода ба даст оварданд. Дар номинатсияи “Навозандаи академикӣ”Ширин Ҳамдамова, Дилрабо Убайдулоева ва Бобоев Нурмуҳаммад мутаносибан ҷойи ифтихориро ишғол намуданд. Аз рӯйи номинатсияи “Навозандаи анъанавӣ” ҷои аввал насиби Фарҳод Ёрматов, ҷои дуюм луҳаммадюнус Эргашев ва насиби ҷои сеюм Содирхон Убайдуллоев гардид.Сардор Солиев, ансамбли наврасон ва ҷавонони санъати мусиқии “Шашмақом” ва Гулноза Ғаффорӣ дар номинатсияи “Сарояндаи анъанавӣ” мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Дар номинатсияи “Сарояндаи эстрадӣ” Дилноза Каримова ҷойи аввал, ансамбли “Навои ҷавонӣ” мақоми дуюм ва Шерози Камол зинаи сеюмро ишғол карданд. Нозила Каримова, Наврӯз Масаидов ва Муродҷон Неъматҷонов аз рӯи номиннатсияи “Ровӣ” ғолибият ба даст оварданд. Дар номинатсияи “Оҳангсоз”Назира Ҳамдамова ва Зайниддин Каримов дастболо гардиданд. Аз рӯйи номинатсияи “Шоир” Толиби Луқмон, Азимҷони Алӣ ва Бузургмеҳри Мутрибӣ беҳтаринҳо дониста шуданд.

Дар рафти ҷамъбасти озмун аз ҷониби ҳакамон ғайр аз ғолибон ҷиҳати иштирок ба даври вилоятии озмун 7-нафари дигар аз ҷумла: дар қатори мутрибон: Анвар Норматов, Нозим Болтиев ва ансамбли чангнавозон, аз ҳисоби навозандагони академикӣ: Фирдавс Маҳмудов, Абдукарим Абдураҳимов, Ансамбли рубобнавозон ва Дилмурод Каримов пешниҳод гардиданд.

Ансамбли созҳои миллии “Дилнавоз” Шоҳҷоизаи озмунро ба даст овард ва соҳиби 5000 сомонӣ гардид.

Дар қисмати ҷамъбастии озмун Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамаи ғолибонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки мақсади асосии озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию меросӣ иборат мебошад. Озмуни имрӯза собит намуд, ки дар шаҳр чеҳраҳои нави санъат вуҷуд доранд, ки то ҳол муаррифӣ нагардидаанд. Ин гуна озмунҳо имконият медиҳад, ки истеъдодҳои ҷавон дар ин заминаи хешро муаррифии шоиста намоянд.

Сипас ба ғолибон диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...