(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Нисфирӯзии санаи 25.06.2019 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир, канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлуи чойхонаи Сирдарё ҳусни оғоз бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир ки алҳол ҳудуди 300 метрро фаро мегирад, бо назардошти бунёди шиногоҳи нав, майдончаҳои бозии футболу волейбол ва тенис, пайроҳа, истгоҳи нақлиётӣ, нуқтаҳои хизматрасонии обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои шаҳрвандон дар кӯтоҳтарин фурсат бунёд карда шуданд. Дар як вақт зиёда аз 100 нафар варзишгарон дар ин макон ба тамрин машғул гардида, беш аз 1000 нафар сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд истироҳат карда метавонанд. Ҳудуди Маҷмааи истироҳатию фароғатии навбунёд бо чароғпояҳои муосир таҷҳизонида шуда, барои истироҳати комили шаҳрвандон шароити мувофиқ муҳайё карда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва сохтмончиёни маҷмааи истироҳатӣ барои чунин иқдоми созандагӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, дастур дод, ки барои нигоҳдошти хубу тоза ва таъмини амнияти истироҳаткунандагон тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ин мавзеъ дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ дошта, дар ояндаи наздик то ҳудуди беморхонаи шараёни дил соҳили дарёи Сир идома ёфта, ба мавзеъи бузурги истироҳатию фароғатии меҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд мубаддал гардонида мешавад ва ба ҳусни шаҳр таровати дигар мебахшад.

Раиси вилояти Суғд ба роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дастур дод, ки ҷиҳати ба таври доимӣ омода намудани шиногоҳ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир тадбирҳо андешанд ва барои бехатарии шаҳрвандон бунгоҳи назоратӣ таъсис диҳанд.

Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд барои бунёди чунин Маҷмааи бузурги истироҳатию фароғатӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин шиногоҳ дар шаҳри Хуҷанд буда, бори аввал дар замони Истиқлолият бо иқдомоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд ва барои шаҳрвандон барои истироҳат шароит муҳайё карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1200
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3241
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта11894
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта27438
mod_vvisit_counterҲамин моҳ43272
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта108843
mod_vvisit_counterҲамагӣ2462333