(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯзҳо дар қаламрави шаҳри бостони Хуҷанд баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. 

Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гаштааст. Баробари ба тасвиб расидани фармону қарорҳои дар боло зикршуда, тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри бостонии Хуҷанд нақша –чорабиниҳо тартиб доданд ва фаъолияти худро дар асоси он ба роҳ монданд. Ин буд, ки аллакай дар шаҳри Хуҷанд аз 510 иншооти ба нақшагирифташуда зиёда аз 200 адади он мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд ва зиёда аз 1000 нафар ҷойи нави корӣ ба вуҷуд омад.

Дар баробари бунёдкориҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳамзамон корҳои ободониву гулкорӣ ва мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза мегиранд. Аз 35, 8 километр нақшаи пешбинишудаи мумфаршкунии роҳҳои шаҳри Хуҷанд дар соли 2019, аллакай 4 кӯчаи асосии шаҳр бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пурра мумфарш карда шуд.

Ҳамчунин бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ амалӣ карда мешаванд. Ин тадбирҳои давлатӣ боиси қаноатмандӣ ва руҳбаландии аҳолӣ гардида, дар ҳар як маҳаллаву кӯчаҳои шаҳр ташаббусҳои наҷиби саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва мумфаршкунии кӯчаҳо сурат гирифта истодааст. Чунин ташаббусҳои хайрхоҳона дар зиёда аз 10 кӯчаҳои шаҳр амалӣ карда шуд.

Дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба мумфаршкунии боз як кӯчаи шаҳр, роҳи кӯчаи Инъом Деҳқонови маҳаллаи Ваҳдат ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бояд қайд намуд, ки кӯчаи мазкур дар маҳаллаи навбунёд воқеъ гардида, дарозии он 500 метру бараш 6 метр мебошад ва ҳаҷми умумии корҳои мумфаршкунӣ беш аз 3000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин амали дастҷамъона саҳми бошандагони кӯча низ назаррас аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки таҷдиду азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, бо харҷи маблағҳои буҷавӣ, саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ он вусъат дода мешавад. То ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд мумфарш хоҳанд шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз124
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2382
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4586
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта19573
mod_vvisit_counterҲамин моҳ72191
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта79257
mod_vvisit_counterҲамагӣ2019269